Бародари қаҳрамон

Хабари аз олам гузаштани дӯстам адиб Аюбҷон Кенҷаевро дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» хондаму олам дар назарам тира гашт ва беихтиёр суҳбати телефониеро, ки як моҳ пештар бо ӯ доштем, ба хотир овардам. Аюбҷон аз ман илтимос карда буд, ки ба муносибати 80-солагии зодрӯзаш, ки бояд 5-уми марти соли 2025 баргузор мегардид, лавҳае нависам. Сад афсӯс, ки ин орзуро дӯсти давраи ҷавониам ба хок бурд. Ба ҳар ҳол, қарзи бародарӣ дониста, хотиротамро пешкаши хонандагони арҷманд менамоям.
Банда аз аввали солҳои 70-уми қарни сипаригашта бо рӯзноманигори ҳақиқатпараст ва адиби пуркор Аюбҷон Кенҷаев шиносоӣ дорам. Дақиқтараш моҳи декабри соли 1972 комсомолони ноҳия дар ҷаласаи навбатии Кумитаи комсомоли ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолуддини Балхӣ) маро ба сифати котиби якум интихоб намуданд ва дар чунин лаҳзаи пурэҳсос ҷавони миёнақади сиёҳҷурдаи аспрӯй дар пешорӯям рост шуда, бо лаҳни ширин муроҷиат намуд:
– Ман Аюбҷон Кенҷаев, ходими адабии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (айни замон «Ҷавонони Тоҷикистон»), мехоҳам бо шумо перомуни фаъолияти корӣ суҳбате анҷом диҳам.
Азбаски дар ташвишу тараддуди гусел кардани меҳмонону иҷрои супоришҳои роҳбарияти кумитаи ҳизби ноҳия будам, мусоҳибаро ба вақти дигар гузоштем.
Дар рӯзҳои аввали моҳи январи соли 1973 ба Кумитаи Марказии комсомоли ҷумҳурӣ омада, пас аз анҷоми корҳои худ ба идораи рӯзнома даромадан замон дӯстам Гулназар Келдӣ бо лабханди ба худаш зебанда ба пешвозам қомат бардошт ва шӯхиомез гуфт:
– Аз афтат маълум, ки касеро меҷӯйӣ?
– Аюбҷонро, – бо лаҳни худаш ҷавоб гардондам.
– Бародари қаҳрамонро, – Гулназар даст барои вохӯрӣ дароз кард.
– Бародари қаҳрамон? – ҳайрон савол додам ва кафи гарми дасти дӯстамро бо меҳр фишурдам.
– Магар намедонӣ? – бо оҳанги таънаомез суҳбатро давом дод шоири ҷавон, – Аюбҷон бародари Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ Ҳодӣ Кенҷаев мебошад ва айни замон ӯ раиси ҷамоати деҳоти Қистакӯз аст.
– Аз оилаи қаҳрамон рӯзноманигор баромадааст гӯй, – шӯхӣ кардам.
– Ва рӯзноманигори ҳақиқатпараст, – ба фикрам розӣ шуд ходими рӯзнома ва илова кард: – Ҳоло ӯ дар сафари хидматӣ ба вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) рафтааст.
– Эҳ, афсӯс, – нидо кардам. – Бо ман мусоҳиба кардан мехост.
– Ҳеч гап не, – маро таскин дод Гулназар. – Пас аз як ҳафта боз бо баҳонае ба пойтахт меоӣ. Ман Аюбҷонро огоҳ мекунам.
Хулоса, мусоҳиба бо ҳар гуна сабабҳо сурат нагирифт, зеро ҳаёт қоидаву қонунҳои навиштаву нонавиштаи худро дорад. Вале шиносоии мо ба дӯстии мустаҳкаму қавие мубаддал гашт.
Азбаски «Комсомоли Тоҷикистон» рӯзномаи дӯстдоштаам ба шумор мерафт ва бо он то ҳол ҳамкорӣ дорам, хабару мақолаҳои шавқовару хонданбоби дӯстамро, ки хонандагонро ба накукориву созандагӣ даъват мекард, пайваста мутолиа мекардам. Дар ҳамон давр натанҳо дар «Комсомоли Тоҷикистон», балки дар дигар саҳифаҳои матбуот мақолаҳои аз ҷиҳати ахлоқӣ асосонок менавишт, оид ба масъалаҳои иҷтимоиву сиёсиву ҷамъиятӣ ибрози назар мекард. Навиштаҳояш саривақтӣ ва фоидабахш буданд, хонандаро ба накукориву фидокорӣ водор месохтанд.
Аюбҷон ҳамчун журналисти соҳибистеъдод ҳаёти ҷавонони наҷибу заҳматкашро дар саҳифаҳои рӯзнома акс мекунонд. Меҳри рӯзноманигорӣ аз давраи донишҷуйӣ дар дили Аюбҷон ҷой гирифта буд, ки аз курсии донишҷӯйӣ дарҳол ӯро ба рӯзномаи ҷавонон даъват намуданд. Шоир бе сабаб барои чунин мардони саодатманд насурудааст:
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,
Меҳри онро бар дилаш андохтанд.
Аюбҷон одати аҷибе дошт. Чун бо ҳам вомехӯрдем, аз ҳаёти пуршӯру шари худ қиссаҳои аҷибу ғариб мекард. Яке аз саргузаштҳояшро ҳангоми таҷрибаомӯзӣ дар мактаби миёнаи ноҳияи Ғарм (айни ҳол Рашт) дар ҳикояам «Ариза», ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз чоп баровард, истифода бурдаам.
Дӯстам Аюбҷон баъди панҷ соли меҳнати садоқатмандона ба рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба кор гузашт. Гарчанде Аюбҷон соли 1987 бо сабабҳои оилавӣ ба зодгоҳаш деҳаи Қистакӯз баргашта бошад ҳам, алоқаи дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамкории адабии мо то охири умраш давом кард ва ба назарам чунин менамояд, ки мо аз ҳамдигар ҳеҷ гоҳ ҷудо набудем. Ва ҳар гоҳе ки ман аз рӯйи вазифаи хидматӣ ба шаҳри бостонии Хуҷанд мерафтам, Аюбҷон зуд ҳама корашро як тараф монда, ба наздам меомаду маро ба чойхонаи Қистакӯз даъват мекард ва мо соатҳо ҷавониро ба ёд оварда, хотираҳои ширини аз сар гузаронидаи ҳамдигарро нақл мекардем.
Афсӯс, ки 80-солагии дӯстамонро бо ҳузури худаш ҷашн нагирифтем.
Зариф ҒУЛОМ,
адиб