Барандагони Ҷоизаи Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ
Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон ва профессор Равшан Раҳмонӣ ба ҷоизаи байналмилалии Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ сарфароз гардиданд. Ҷоизаи мазкур дар ҷаласаи умумии Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба муносибати бузургдошти 1050-солагии Абурайхони Берунӣ таҳти унвони “Абурайҳони Берунӣ – кашшофи асрори табиат”, ки бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ЮНЕСКО рўзҳои 9-10 октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, супурда шуд.
Хотирнишон бояд кард, ки ба ин ҷоизаи байналмилалӣ донишмандони кишварҳои гуногун, махсусан кишварҳои форсизабон барои дастовардҳои назарраси илмӣ соҳиб мешаванд.