АҲМАДХОН ТӮРАХОН

ТӮРАХОНИ АҲМАДХОН 1 июни соли 1935 дар деҳаи Шаршари ноҳияи Кангурт таваллуд ёфтааст.

Даҳ сол дар хонаи кӯдакон тарбият гирифта, соли 1955 муҳассили Институти давлатии театрии ба номи А.В.Луначарский (Маскав) шуда, соли 1960 соҳиби диплом гардидааст.

Баъди як соли дар Театри давлатии мазҳакавӣ-мусиқии ба номи А.С. Пушкини шаҳри Хуҷанд кор кардан ба Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гузашта, то имрӯз яке аз актёрону режиссёрони ҳамин театр аст.

Муаллифи пйесаҳои «Олами пурасрор», «Карим-Девона», «Сафар Амиршоев», «Гилеми кабуд», «Оилаи аскар», «Мулки меросӣ», «Бе пир марав…», «Мастӣ-пастӣ», «Қиссаи аҷибу ғариб», «Баҳроми Чӯбина», «Буд набуд….» ва чанди дигар аст.

Дар филмҳо ва намоишҳои телевизионӣ нақшҳои ҷолиб офаридааст.

Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон.

Аз соли 1995 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо