Аслҳои нақди шеъри муосир

 Аслҳои нақди шеъри муосир

Рустам ВАҲҲОБЗОДА

Адабиёти тоҷик, бахусус назму наср, нақди адабӣ ва драматургия дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба дигаргуниҳои ҷиддӣ ва касби сабку равиш, инчунин услубҳои тозаву рангин комёб гардид. Дар Анҷумани навбатии нависандагони Тоҷикистон роҷеъ ба ин падидаву пешрафтҳо гуфтугўи амиқу густарда ба миён омад. Аз ин лиҳоз ҳафтаномаи мо тасмим гирифтааст, ки оид ба шеваҳои нақду арзёбии осори адибони муосир дар соли равон фикру андешаҳои адибону донишмандони ботаҷриба ва шинохтаамонро дар бахшҳои гуногун ба табъ расонад. Мақолаи Шоири халқии Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» ба ин гуфтугў оғоз мебахшад.

Барои таъйини аслҳои нақди шеъри муосир зарур аст, ки мутобиқ бо шароити нави таърихию иҷтимоӣ назарияи (консепсияи) илмию идеявии (на идеологии) адабиёт таъйин гардад. Аз ибтидо бояд гуфт, ки баёноте аз қабили арзишҳои умумибашарӣ ва эстетикаи умумӣ дар ин маврид меъёри қонеъкунанда нест. Зеро адабиёти ҳар миллате дар баробари он, ки ҷузъи адабиёти ҷаҳон мебошад, дар чаҳорчўби арзишҳои суннатӣ ва нави таърихию иҷтимоӣ ва ҳунарию эстетикии хосси худ ба ҷаҳон арза мешавад. Вақте ки мо адабиёти рус, инглис, амрико ва аз ин қабил мегўем, меъёри таъйинкунандаи ин мафҳумҳо танҳо забон ва ё жанрҳо ва шаклҳои хосси адабӣ нест, балки унсурҳои дигари дорои арзиши маънавию ҳунарӣ низ ҳаст. Ин унсурҳо гоҳо то ҳадде муҳим мешаванд, ки адабиёти ба забонҳои дигар таълифшуда низ бо вуҷуди ин унсурҳо моли адабиётҳои мазкур мешавад ва баракс, адабиёте ба ин забонҳо метавонад вуҷуд дошта бошад, ки моли соҳибони ин забон ба шумор наояд. Ба назар мерасад, ки унсурҳои муҳимми як адабиёти миллӣ таҷаллои ормонҳо ва аҳдоф, ҷаҳонбинӣ, завқу салиқа, суннатҳо ва боварҳо, таҷрибаи таърихӣ ва адабию ҳунарии он миллат мебошад. Албатта, манзур ин нест, ки адабиёт баёни дигаре аз аҳдоф ва барномаҳои сиёсии ҳар кишваре бошад, балки манзур таҳқиқ ва натиҷагирии фалсафию бадеӣ аз ин мафоҳим бар мабнои арзишҳо ва таҷрибаи таърихии адабиёти миллӣ мебошад. Ғановати адабиёти ҷаҳон низ ба ҳамин восита таъмин мегардад.

Назарияи илмии адабие, ки аз даврони Шўравӣ барои мо боқӣ мондааст, ҳамроҳ бо адабиёти ин даврон ҷанбаҳои мусбати зиёде дорад, ки дар сурати ҳифзи оқилона ва корбурди бамавриди онҳо метавон имтиёзоти барҷастаи адабиёти миллии мо ҳифз ва таъмин гардад. Аз ҷумла: вуҷуди ҳадафи мушаххас (ғоя ё муроди адабӣ), тасвири мушаххас, таносуб ва эътидол дар шаклу мундариҷаи асари бадеӣ, таносуби анъана ва навоварӣ, риоя ва инкишофи унсурҳои суннатии адабиёт (аз ҷумла арўз, қофия, саноеъи адабӣ, жанрҳо ва навъҳо, системаи образҳо ва асотир), риояи арзишҳои ахлоқӣ, эътидоли равоншинохтӣ ва ғайра. Аз тарафи дигар, бо касби истиқлол ва густариши равобит ва донишҳои адабӣ имкони такмили ин донишҳои назарӣ ва таҷрибаҳои амалӣ дар офариниши осори адабӣ ба миён омадааст. Пас мебояд бо ҳифзи таҷрибаҳои мусбати ин даврони адабиётамон ва ҳамзамон ба кор гирифтани дарёфтҳо ва андўхтаҳои нав назарияи нави илмии адабиётро тарроҳӣ кард, то дар чаҳорчўби он қазоватҳои мо дорои меъёри маъқул ва мушаххасе бошад.

Аз ҷумла дар ибтидо бояд мушаххас кард, ки мо адабиётро имрўз ҳам мисли собиқ як падидаи иҷтимоӣ медонем ва ё сирфан хусусию зеҳнӣ (субъективӣ)? Агар ҳанўз онро воқеан ва сидқан як падидаи иҷтимоӣ бишиносем, пас ногузир ҳастем, ки барои адиб ва адабиёт риояи меъёрҳо ва масолеҳи иҷтимоиро қабл аз ҳама дар сатҳи ҷомеаи имрўзи худ ва арзишҳову манфиатҳои маънавию моддии он лозим бишуморем ва аз ҳамин дидгоҳ нақду баррасӣ бикунем, вале агар онро падидаи хусусию зеҳнӣ медонем, пас нақди мо танҳо метавонад ҷанбаи шарҳу тафсирро дошта бошад, на довариро.

Бар пояи шинохти адабиёт чун як падидаи иҷтимоӣ аз ибтидои пайдоиши он навъҳои зерини нақди адабӣ ба майдон омадааст:

— нақди иҷтимоӣ;

— нақди ахлоқӣ;

— нақди ҳунарӣ;

— нақди равоншиносӣ;

– нақди сохторшиносӣ

Ва ахиран бар пояи адабиётшиносии татбиқӣ (муқоисавӣ) метавон аз пайдоиши нақди татбиқӣ (муқоисавӣ) сухан ба миён овард, ки бо нақди сохторшиносӣ шабоҳатҳое дорад.

Бешак, беҳтарин нақд он аст, ки ба иқтизои зарурат ба таври мутаносиб ва бамаврид аз ҳамаи унсурҳои ин навъҳои нақд ба кор бурда шавад. Масалан, ҳеч навъ асари дорои мазмунҳои олии ахлоқӣ ё иҷтимоӣ бидуни вуҷуди унсурҳои ҳунарӣ наметавонад моли асили адабиёт маҳсуб шавад. Танҳо дар сурати вуҷуди арзиши ҳунарӣ он асар метавонад ҳамчун моли адабиёт мавриди нақди адабӣ қарор дода шавад. Дар айни ҳол як асари дорои арзишҳои барҷастаи ҳунарӣ дар сурати вуҷуди хатари зиёни маънавӣ, иҷтимоӣ, равонӣ ва ахлоқӣ дар он, натанҳо дорои арзиши солими маънавӣ нест, балки ҳар қадар ҳунармандонатар бошад, ба ҳамон андоза зарари бештар дорад. Танҳо нақди ҷомеъ, яъне дарбаргирандаи ҳамаи ин унсурҳои маънавию ҳунарӣ метавонад арзиши воқеии як асари бадеиро ба дурустӣ таъйин намояд.

Метавон гуфт , имрўз яке аз заъфҳои умдаи нақди адабии мо бархўрди мавридӣ ва ҷузъӣ (эпизодӣ) бо осори адабӣ, хусусан ашъор мебошад. Яъне мо бар асоси чанд байт ё як-ду қитъа шеър ё ҳатто як-ду ташбеҳ ё маҷозу киноя, ки он ҳам аксаран иттифоқӣ (тасодуфӣ) мебошад, дар бораи эҷодиёти як шоир натиҷагирӣ менамоем, дар сурате, ки манзараи куллии ҷаҳонбинии адабию ҳунарии ин шоир, мавқеи иҷтимоию диди эстетикии ў бароямон маълум нест ва умуман маълум нест, ки ў дар кулл дорои чунин мавқеъе ҳаст ё не? Ин на ба он маъност, ки касоне барои надоштани чунин мавқеъ ва низоми ҷаҳонбинии адабӣ ва системаи арзишҳои ҳунарӣ маҳкум шаванд, балки ба он маъно, ки ҷиҳати касби он аз тарафи адибони соҳибтаҷриба ва соҳиби мактаб ҳидоят шаванд.

Заъфи дигари нақди шеъри имрўз шояд ин аст, ки хоста ва ҳадафи шоир аксаран чун натиҷаи кори ҳунарии ў муаррифӣ мешавад. Дар сурате, ки ҳатто гоҳо ин хоста ва ҳадаф танҳо ба сурати як мавзўъ матраҳ шудааст ва шоир барои таҷассуми бадеии ин мавзўъ ҳеч навъ фаъолияти воқеан адабӣ ба харҷ надодааст. Масалан, гуфтааст: «Эй Ватан, ман туро мепарастам» ва мунаққид бо овардани ҳамин ҷумла саҳифаҳоро дар ситоиши «меҳанпарастии» ин шоир пур кардааст.

Аз тарафи дигар, дар чанд соли ахир ба хотири таъкид бар зарурати тасвир ва ҷавҳари тахайюл дар шеър, ки воқеан то ҷое камранг шуда буд, ин нукта он қадар ба таври мукаррар дар сархати нақдҳо ва баррасиҳои адабӣ қарор гирифт, ки ба хотири ҳарчи бузургтар ҷилва додани он ба унсурҳои дигари назм ва шеър бетаваҷҷуҳӣ ва ҳатто беэътиноии ошкор сурат гирифт. То ҳадде ки бархе пиндоштанд, унсурҳое чун қофия, вазн, радиф, саноеъи лафзӣ барои шеър зотӣ нестанд ва нуқс дар онҳо равост ва вуҷуди тасвиру тахайюл ин нуқсҳоро ҷуброн мекунад. Дар ҳоле, ки ин ҳама худ зарфҳои озмудаи ҷавҳари тахайюл ва тасвир ҳастанд, абзорҳои озмудаи шеърофарин ҳастанд. Навовартарин шоири ҷаҳон Маяковский қофияро «ҷони шеър» медонад ва ҳамчунин шоирони навовари ҷаҳон вазн, мусиқӣ ва оҳанги шеърро асли асосии шеър мешуморанд. Дар маҷмўъ метавон гуфт, ки ин якҷонибанигарӣ дар нақди шеър то ҷое барои ривоҷи беэътиноӣ нисбат ба зарурати саводи адабӣ дар байни шоирони нисбатан ҷавон ва дил супурдани онҳо ба «нубуғи сириштӣ» ва «илҳоми муфти осмонӣ» мусоидат намуд. Имрўз нуқси вазн, қофия, таносуби маънавӣ ва ҳамчунин коҳиши шадиди танаввуъ ва гуногунии онҳо ба равшанӣ эҳсос мешавад. Кор то ҷое расидааст, ки ҳатто гоҳо чунин нуқсонро ҳусн, аломати истеъдоди зотӣ ва набудани чунин нуқсонро нишонаи беистеъдодӣ ва танҳо саргарм шудан ба вазну қофия медонанд. Ин унсурҳои суннатии шеъри мо, ки зарф ва ҷомаи барозандаи садҳо шоҳкори ҷаҳоншумул будаанд, то ҷовидон имконоти бепоёни ҳанўз номакшуфро дар худ ниҳон доранд ва ҳиммату истеъдодҳои ҷавонро набояд аз онҳо дурбош дод.

Суннатҳои адабӣ, жанрҳо, унсурҳои назм, чи вазну қофияву радиф ва системаи образҳову асотири адабии суннатӣ барои мо як ганҷи шойгон, як нақди азими маънавӣ ҳастанд, ки дар сурати истифодаи ҳунармандона ҳеч гоҳ куҳна намешаванд. «Накўҳидатарин» жанри назми суннатии мо қасида (бо вуҷуди мадҳия) дар коргоҳи шоирии адиби тавоное чун Лоҳутӣ ба воситаи қасидаи «Кремл» дар рўзгори худаш ба тозатарин ва амиқтарин шеъри рўз табдил шуд (манзур вуҷуди нигоҳ ва назари хоссу вижаи шоир дар сатҳи болост) ва имрўз ҳам шоири тавоное метавонад онро тозатар кунад. Ҳамчунин ғазал борҳо ба маҳкумият дучор шуд ва ба воситаи қареҳаву истеъдоди шоирони тавоно дубора қад алам кард. Дар маҷмўъ сарнавишти арўз ҳам чунин будааст. Ҳеч кас барои сурудани ин анвоъи шеър маҷбур нест, вале барои ҳукми мутлақ ба тарди онҳо аз майдони адабиёт низ ҳақ надорад. Ин суннатҳои адабӣ сурати ҳофизаи адабии миллии моро низ ташкил медиҳанд ва байни мову хонанда пули мустаҳкам ва озмудашудаи иртибот мебошанд. Инҳоро бояд азизу муҳтарам донист ва инкишоф дод.

Дар айни ҳол имрўз мо бояд бар ин нукта қарор намоем, ки шеъри нав, арўзи нав ё ба истилоҳи роиҷ дар Эрон «нимоӣ» ва шеъри сафед аз имтиҳони замон гузаштаанд. Шеъри нав, арўзи нав, нимоӣ шеърест бар мабнои арўз, ки дар он шумораи аркон ва мавқеъи қофия дар мисроъ озод ва ба ихтиёри шоир ва муқтазои тамомияти шеър аст. Шеъри сафед шеърест аз қолаби арўз озод, бар асоси ритми дохилии шеър ва қофия дар он ба иқтизои зарурат метавонад бошад ё на. Мазмуни барҷаста ва баёни хос дар шеъри сафед бояд зеҳнро аз талаби вазну қофия фориғ созад, дар акси ҳол набуди вазну қофия ҳеч узре ва сабабе надорад. Дар адабиёти имрўзи мо ҳам шеъри наву сапеди бумӣ, бархоста аз таҷрибаҳои дохилӣ вуҷуд дорад ва ҳам шеъри наву сапеди нашъатгирифта аз таҷрибаҳои адибони ҳамзабон.

Имрўз инкори ин навъҳои шеър кори беҳуда аст ва вуҷуди онҳо барои муаррифии ин бахш аз назми мо дар сатҳи адабиёти муштараки форсизабон ва адабиёти ҷаҳон зарур мебошад. Нақди адабии мо ба ҷои инкори беҳудаи онҳо бояд бо омўхтани таҷрибаҳо ва ҷараёнҳои гуногуни ин анвоъи шеър адибони ҷавонро барои беҳбуди он ҳидоят намояд.

Ҳамчунин набояд масъаларо дар мавриди интихоби анвоъи суннатӣ ё нави шеър ба сурати «ё ин ва ё он» матраҳ кунем, балки «ҳам ин ва ҳам он». Шоирони тавонои мо устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар ва… аз анвоъи гуногуни шеър ба таври аҳсан истифода кардаанд. Дар адабиёти ҳамзабонон низ вазъ чунин аст. Аз ҷумла дар фаъолтарин ва муосиртарин сомонаҳои адабии форсизабон, ки шоирони ботаҷриба ва маъруфи форсизабон ҳамроҳ бо ҷавонтарин истеъдодҳои адабӣ ҳамарўза ширкат менамоянд, шумори анвои ашъори суннатӣ агар бештар набошад, камтар аз шеъри наву шеъри сапед нест. Танҳо навъи шеър ба ҳеч ваҷҳ таъйинкунандаи арзиши адабию ҳунарии он намебошад.

Мавриди дигаре, ки ахиран дар нишастҳои нақди адабӣ ва беш аз он дар саҳифаҳои нашрияҳои хусусӣ ба доварӣ кашида мешавад, мизони ҳифзи мавзўъҳо ва системаи образҳои суннатии адабиёти ирфонӣ ва тасаввуфӣ мебошад. Тавре ки мушоҳида шудааст, дар ин замина довариҳо аз ду қутби комилан мухолиф сурат мегирад. Баъзеҳо муътақиданд, ки назми муосир аз ин суннатҳо ба куллӣ дур шудааст ва ин боис гардида, ки шеъри мо аз равнақ ва шуҳрати пешин маҳрум гардад ва ҳамчунин дар сатҳи ҷаҳонӣ дар пояи назми ҳамзабононамон, ки ба ин мавзўъҳо бештар таваҷҷуҳ доранд, қарор нагирад, бархе дигар дар ин замина эҷоди осори муосирро як кори беҳуда ва вопасгароӣ ва беш аз он ҳамроҳ бо хатари роҳ ёфтани таассуб дар адабиёт медонанд. Дар ин маврид низ бояд гуфт, ки чун ҳамеша ҳақиқат дар миёна, эътидол аст, на дар ифрот ва на дар тафрит. Воқеан, ашъоре имрўз ба хонандаи муосир арза мешавад, ки муаллиф бидуни огоҳӣ аз асли фалсафа ва ҳикмати ирфону тасаввуф ва татбиқи он бо масоил ва хостаҳои рўз ва фазои фарҳангии мавҷуд, завқу салиқа ва сатҳи огоҳии хонандаи муосир, танҳо ба зоҳири таъбирҳо, истилоҳоти шеърӣ, асотир, шабакаи сувари хаёл (системаи образҳо), ва ғ. аз адабиёти ирфонӣ сар- гарм шуда, таълифоти мавҳум ва ғайриқобили тафсиру таъбири маъқулро ба дасти чоп медиҳад. Шумораи чунин осор ва беш аз он мақолаҳои бардурўғ тавсифу «таъбиркунандаи» онҳо, мутаассифона, кам нест ва ин чиз боиси ривоҷи бештари чунин осори мавҳум мегардад.

Аз тарафи дигар, касоне ҳастанд, ки ба маҳзи мушоҳидаи чанд адад аз истилоҳоту таъбирҳои шоирона, асотиру сувари хаёли суннатии куҳани ориёӣ ва ё исломию ирфонӣ шоирро маҳкум ба куҳнапарастӣ, вопасгароӣ ва ҳатто таассуб мекунанд. Ба гунае, ки масалан устура ё образи Прометей ё Данко дар шеър нишони навҷўию навгўӣ ва баракс истифодаи асотире чун Фарҳод ё Мансури Ҳаллоҷ нишони ақибмондагӣ ва куҳнагароӣ дониста мешавад, дар ҳоле ки агар манзур умри ин асотир аст, аввалиҳо тозатар аз дувумиҳо нестанд, на дар фолклор ва на дар адабиёт. Ин навъ нигариш дар адабиёти ҳамзабонони мо низ замоне роҳ ёфта буд ва ҳанўз ҳам осори он боқист.

Ин тарзи андеша танҳо ба соҳаи назм ва адабиёт маҳдуд намешавад, балки дар бахши илм ва матбуот низ арзи андом мекунад, ки метавон онро гўшае ё намуде аз эҳсоси пессимизм ва камбинӣ (намехоҳам нигилизм бигўям) нисбат ба адабиёт ва фарҳанги миллии худ донист. Масалан, барои касоне, ки пайрави ин гуна андеша ҳастанд, як иқтибос (ё тазмину талмеҳ) аз Гегел ё Бекон ё Декарт ё Шекспир ё Гейне ё Достоевский ба маротиб эътиқодбахштар ва қонеъкунандатар аз иқтибоси айни ҳамон маъно (бе каму кост, ҳатто комилтару зеботар) аз Берунӣ, Ибни Сино, Ибни Рушд, Фирдавсӣ, Мавлоно, Бедил ё Иқбол мебошад. Дар ин маврид бо итминон метавон масъаларо чунин матраҳ кард, ки оё аз матни андешаи башарӣ чӣ чизи хубу созандаеро метавон пайдо кард, ки назири он дар сурати бамаротиб мўҷазтар, зеботар, фаҳмотар ва пазиротар дар матни фарҳангу адаби миллӣ ва забони модарии мо ба чандин шаклу тақрир пайдо нашавад? Агар чунин вусъати назар даст бидиҳад, шоири мо низ метавонад мисли Иқболи Лоҳурӣ ҳама андешамандони ҷаҳонро дар маҳзари Мавлоно ба шунидани ҳарфи жарфи ў фаро бихонад ва бо ў ба муколама бинишонад.

Ҳамчунин бархўрде нисбат ба жанрҳои адабӣ гоҳо ба мушоҳида мерасад, ки шояд аз таъсири адабиёти ҳамзабонони мо ва умуман адабиёти хориҷист. Масалан, дергоҳе дар маҳофили адабии ҳамзабонони мо дар қолаби шеърҳои кўтоҳи «ҳойку»-и японӣ, ки хеле куҳану қадимист, шеър гуфтан, навоварӣ ва нишонаи истеъдоди беназир дониста мешуд, дар ҳоле, ки ба фард, дубайтӣ ё рубоии ҷаҳоншумули мо чун ба чизи пешипоуфтодае назар мешавад. Шумо кадом намунае аз ин навъ ашъорро медонед, ки шуҳраташ дар дунё бештар аз рубоиёти ҳакимонаи Хайём бошад? Беш аз ин, жанрҳои мазкур чӣ решаву пайванде дар рўҳу равони мардуми мо ва ҳамзабонони мо доранд? Магар имрўз дар жанрҳои суннатӣ шеъре наметавон суруд, ки адабиёти миллии моро ҳам ба лиҳози шакл ва ҳам муҳтаво дубора ба сатҳи ҷаҳонӣ бибарад?

Ҳаргиз манзур ин нест, ки мо аз мутолиа ва суд бурдан аз андешаҳо ва сохтаҳои ҳунарии мардуми олам даст бардорем ва ба худ маҳдуд шавем, балки баракс, ин андешаҳо ва овардаҳои ҳунариро он қадр пажўҳишгарона ва амиқ бишиносему аз худ бикунем, ки дар баробари онҳо худро лолу бечора ва маҷбур ба иқтибосу тақлиди хушк надонем. Дар он сурат хоҳем дид, ки дар анбони фарҳангу адаби мо ҳам чизҳое на камтар аз он вуҷуд дорад.

Ҷаззобияти ашъори устод Мирзо Турсунзода дар паҳнаи Шўравии собиқ ва ҷаҳон аз сўе агар аз сабки шоиронаву андешаҳои дилпазири худаш буд, аз сўи дигар ба воситаи тазминҳои бамаврид ва ҳакимона ва муосирандешона аз осори Рўдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил ва… таъмин мешуд, ки ин тазминҳо ва ин номҳои оламшумул, монанди алмос дар нигинхонаи шеъри ў назаррабоӣ мекарданд. Магар устод Турсунзода аз тозатарин афкор ва ашъори ҷаҳонии замони худ, бузургтарин шахсиятҳои ҷаҳон камтар аз мо огоҳӣ дошт?

Ин дар ҳолест, ки образҳо ва асотири суннатӣ аз қабили қаҳрамонони ҳамосаи миллии мо «Шоҳнома» ё насри ривоятию достонҳою манзумаҳои ирфонӣ дар миёни мардум чун тимсоли зинда мавҷуд ва ҳампою ҳамроҳи он ҳастанд. Жанрҳои шеъри суннатӣ ҳамчунин. Бо ин вазъ шоири муосир зимни инъикоси воқеияти рўзгори халқи худ метавонад ин образҳо ва асотирро натанҳо чун шабаҳи хаёли маҳз ё чизи ориятӣ, балки чун ҷузъиёти муҳимми зиндагии маънавии ин мардум ба кор бибарад. Тарзи ин корбурд ва натиҷаи мусбат ё манфии он чун дар ҳамаи мавридҳои дигар, ба ҳадаф ва лаёқати адабии соҳиби осор вобаста мебошад.

Хулоса, ҳифзи чунин унсурҳои суннатии адабиёт ва эҷодкорона, мутобиқ бо ниёзҳо ва фазои мавҷуди фарҳангу адабиёти миллӣ инкишоф додани онҳо натанҳо мамнўъ нест, балки ҷо дорад, ки яке аз вазифаҳои муҳим ва асли инкорнопазир дониста шавад. Дар айни ҳол ба сурати тақлидӣ ва бидуни ибдоъу навоварӣ кор гирифтан аз онҳо, чи худӣ ва чи иқтибосӣ, ҳадди ақал шоёни тавсифу ситоиш дониста нашавад.

Имрўз ниёзи шадиде ба нақди адабии ҷомеъи таъйинкунандаи хусусиятҳои ҷараён ва тамоюлоти назми муосир дар заминаи дарку маърифати адабӣ, сабк, мавзўъҳо ва масоили мавриди таваҷҷуҳи адибон ва оянданигарии ҷараёни рушди назми муосир эҳсос мешавад. Манзур аз нақди мавзўъӣ на он аст, ки танҳо ба мавзўъ таваҷҷуҳ шавад, балки баракс, дар назар гирифта шавад, ки муҳимтарин мавзўъҳои назми имрўзи мо, масалан, ватан, истиқлол, забони модарӣ, ҳувият ва ғайра то чи ҳад бар бунёдҳои маърифатӣ ва ҷаҳоншинохтии фалсафию адабию эстетикӣ устуворанд ва оё маърифати адабие, ки аз ин мафҳумҳо мешавад ва ҷамъбасти адабие, ки сурат мегирад, дар хонанда чи таъсире хоҳад дошт ва аз назари бадеӣ чи имтиёзе бо осори пешин доранд. Дар акси ҳол он гуна, ки аз баёноти то ҳол арзашуда маълум мегардад, фақри ҳунарии осори дар ин заминаҳо таълифшуда боиси камтаваҷҷуҳии хонандагон ба ин мавзўъҳои воқеан муҳим гардидааст.

Дигар хабарҳо