Асарҳои Пешвои миллат дар боби таърих ва тамаддун сазовори Ҷоизаҳои байналмилалӣ гаштанд!

 Асарҳои Пешвои миллат дар боби таърих ва тамаддун  сазовори Ҷоизаҳои байналмилалӣ гаштанд!

Тибқи қарори ҳайати доварони Озмуни VII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои ИДМ китоби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» дар номинаи «Муколамаи фарҳангҳо» сазовори ҷойи аввал гардид. Дар умум, ноширони тоҷик дар ин озмун дар номинаҳои мухталиф соҳиби 9 ҷоизаи байналмилалӣ шуданд.
Маросими ҷоизасупории ғолибони Озмун 4-уми декабри соли равон дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргузор гардид, ки дар он аз ҳафт кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил беш аз 60 нашриёт иштирок карданд.
Ноширони кишварҳои ширкаткунанда китобҳои худро аз рўйи номинаҳои «Иттиҳод», «Ватани ман», «Китоб барои кўдакону наврасон», «Илм ва маориф», «Муколамаи фарҳангҳо», «Китоби мусаввар», «Санъати тасвирсозӣ», «Дар Иттиҳод нашр шудааст» пешниҳод намуданд.
Намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия доир ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ ва ҳамраиси Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ Михаил Шведкой маросимро оғоз бахшида, ҳавасмандгардонии  барҷастатарин ташаббусҳо дар соҳаи нашри китоб, баланд бардоштани фарҳанги нашри китоб ва рушди санъати китоб дар кишварҳои муштаракулманофеъ ва дастгирии фазои муштараки фарҳангии ИДМ-ро ҳадафи асосии озмун унвон кард.
Бояд зикр намуд, ки қаблан низ китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар номинаи «Илм ва ҳаёт» ҳолиби Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои узви ИДМ шуда буд.
Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои ИДМ аз соли 2004 ҳамасола бо ибтикори Шурои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, паҳнкунии китоб ва маводи полиграфӣ бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад.

Дигар хабарҳо