АНҶУМАНИ XVI НАВИСАНДАГОН

 АНҶУМАНИ XVI НАВИСАНДАГОН

11 ноябри соли равон Анҷумани XVI нависандагони Тоҷикистон баргузор  гашт. Аъзои ИНТ субҳи он рӯз дар пояи ҳайкалҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Садриддин Айнӣ ва оромгоҳи Мирзо Турсунзода ба расми эҳтиром гул гузоштанд.

Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим дар Хонаи адибони ба номи  Мирзо Турсунзода ба кори анҷуман оғоз бахшид. Ёрдамчии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода Паёми табрикии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вакилони Анҷуман ироа намуд.

Сипас Низом Қосим дар бораи бурду бохти адабиёти тоҷик дар панҷ соли  охир дар тамоми бахшҳо – назму наср, очерку публитсистика, тарҷумаву нақди адабӣ, драмматургияву ҳаҷв маърӯзаи муфассал кард.

Дар қисмати музокира Аҳмадҷон Раҳматзод, Ҳақназар Ғоиб, Лаълҷубаи Мирзоҳасан ва Озар Салим дар бораи фаъолияти бахшҳои минтақавии ИНТ сухан ронданд. Ҳамчунин Камол Насрулло, Абдулҳамид Самад, Шералӣ  Мӯсо, Абдурофеъ Рабизода ва дигарон низ роҷеъ ба осори назмию насрии панҷ соли охир ибрози назар намуданд.

Музокиракунандагон фаъолияти панҷсолаи ИНТ-ро қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Дар идома ҳисоботи раиси комиссияи тафтишоти ИНТ Азизи Азиз шунида шуд.

Сипас Ато Мирхоҷа дар бораи Оинномаи ИНТ бо тағйироту иловаҳо сухан гуфт ва вакилони Анҷуман онро мақбул донистанд.

Баъдан вакилони Анҷуман якдилона ва ошкоро Низом Қосимро раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб намуданд.

Дар идома аъзои нави Садорати ИНТ интихоб гардиданд.

Баъди анҷоми кори Анҷумани XVI дар ҷаласаи аввали Садорат аъзои нави Раёсати ИНТ интихоб шуданд.

Ҳамчунин дар маҷлиси Садорат Толиби Луқмон муовини аввал, Сироҷиддин Икромӣ муовини раиси ИНТ, Абдуллоҳи Раҳнамо сармуҳаррири  ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», Ато Мирхоҷа сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ», Равшан Махсумзод сармуҳаррири фаслномаи русии «Помир», Насимбек Қурбонзода мудири бахши адабиёти кӯдак, Муродалӣ  Собир директори Маркази тарғиби адабиёт ва Наҷмиддин Салоҳиддинзода  раиси Хазинаи адабиёти ИНТ таъйин гардиданд.

Садорати ИНТ

Абдураҳмон Абдуманнон
Ёқуб Абдуманнонзода
Хушомади Алидод
Сурайё Аҳмадзод
Файзи Ашӯр
Бузургмеҳри Баҳодур
Маъруф Бобоҷон
Рустам Ваҳҳобзода
Муҳаммад Ғоиб
Ҳақназар Ғоиб
Нозир Ёдгорӣ
Исмоил Зарифӣ
Раъно Зоирдухт
Сироҷиддин Икромӣ
Муҳаммадюсуф Имомзода
Аламхон Кӯчарзода
Низом Қосим
Толиби Луқмон
Равшан Махсумзод
Лаълҷубаи Мирзоҳасан
Ато Мирхоҷа
Рӯдобаи Мукаррам
Ҷовид Муқим
Баҳманёр Муродӣ
Абдурауф Муродӣ
Бахтиёр Муртазо
Карим Мӯсо
Шералӣ Мӯсо
Мисбоҳиддини Нарзиқул
Камол Насрулло
Кароматулло Олимзода
Аҳмадҷон Раҳматзод
Баҳром Раҳматзод
Абдусаттори Раҳмон
Ҳафиз Раҳмон
Абдуллои Раҳнамо
Шодӣ Раҷабзод
Муҳриддин Сабурӣ
Ҳафиз Сайфуллоев
Озар Салим
Носирҷон Салимӣ
Наҷмиддин Салоҳиддинзода
Абдулҳамид Самад
Саид Сангин
Абдунабӣ Сатторзода
Давлат Сафарзода
Андрей Сметанкин
Шамсиддини Солеҳ
Ҳасани Султон
Тоҷибой Султонӣ
Муҳаммадулло Табарӣ
Замира Ӯлмасова
Фарзона
Хайрандеш
Сурайё Ҳасансултон
Муҷибахон Ҷавҳарӣ
Амонбой Ҷуманов
Муҳиддин Шоҳин
Юнус Юсуфӣ

 Раёсати ИНТ

Рустам Ваҳҳобзода
Нозир Ёдгорӣ
Сироҷиддин Икромӣ
Низом Қосим
Толиби Луқмон
Равшан Махсумзод
Ато Мирхоҷа
Мисбоҳиддин Нарзиқул
Рӯдобаи Мукаррам
Абдуллои Раҳнамо
Муҳриддин Сабурӣ
Наҷмиддин Салоҳиддинзода
Давлат Сафарзода
Муҳаммадулло Табарӣ
Хайрандеш
Муҷибахон Ҷавҳарӣ
Муҳиддин Шоҳин

Комиссияи тафтишот

Наҷмиддин Салоҳиддинзода
Муҳриддин Сабурӣ
Саид Сангин

Дигар хабарҳо