АНОРИ ЛОИҚ

 АНОРИ ЛОИҚ

20 май – зодрӯзи устод Лоиқ Шералӣ

Дар замони шӯравӣ кишту пар­вариши пахта яке аз соҳаҳои судо­вари Тоҷикистон ба шумор мерафт. Пахтаро “тиллои сафед” мегуфтанд. Барои тавлиди ҳарчи бештари он аз роҳу василаҳои гуногун ва таҷҳизоту васоили фаннӣ истифода мебур­данд, байни вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳи­яҳо ва воҳидҳои бузурги кишоварзӣ мусобиқа ба роҳ мемонданд. Соли 1968 кишоварзони ноҳияи Ёвон дар ҷумҳурӣ пеш аз ноҳияҳои дигар барномаи ҷамъоварии пунбаро иҷро карданд. Ба ифтихори ин дастоварди муҳими кишоварзони Ёвон мақомоти ҷумҳурӣ дастур доданд, бо ҳузури олимон, адибон ва аҳли ҳунар барно­маҳои адабию мусиқии телевизионӣ ва родиёӣ таҳия ва пахш шаванд. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шоири зиндаёд Лоиқ Шералиро ба­рои ҳузур дар як барномаи телевизи­онӣ ва шодбошии деҳқонони ноҳияи Ёвон пешниҳод кард.

Банда, ки он замон мудири бар­номаҳои Телевизиони Тоҷикистон будам, бо Лоиқ равобити дӯстона доштем. Аз ин рӯ, ба истиқболаш баромадам ва дар саҳни ҳавлии те­левизион ӯро пешвоз гирифтам. Лоиқ аз ҷайбаш як даста шеъру рубоии тозаэҷодашро баровард ва гуфт, ки мехоҳад онҳоро дар барнома бихо­над. Ба Лоиқ пешниҳод кардам, то бо ҳам ба идораи барномаҳои адабӣ биравем. Гуфтам, ҳамон ашъореро, ки масъулони барнома интихоб ме­кунанд, дар барнома қироат хоҳед кард. Яке аз шеърҳои интихобшуда ин буд:

Ба омоче, ки мероси худоист,
Замини бандагиро карда шудгор,
Гузашт ӯ сарҳади бечорагиро,
Ба бахту бо замин шуд ҷовидон ёр.

Зи даст омочро ҳаргиз наяфканд,
Ба дил гуфти ҳакимон хонда-хонда:
“Худо испор дода баҳри Одам,
Ба Ҳавво чарху дук мерос монда”…

Боре шунидам, ки шоир Акобир Шарифӣ сахт бемор шуда ва бистарӣ аст. Моҳе қабл ҳамсари ӯ – Гулчеҳра Сулаймонӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, даргузашта буд. Ба аёдати ӯ рафтем. Вай моро дида, ашк рехт.

– Барои мард беҳамсарӣ мушкил будааст, пазмони дидори Гулчеҳра шудаам, ба хаёлам, ман ҳам ба назди ӯ меравам…

Ӯро таскин дода гуфтам:

– Ин гапҳоро монед, Шумо бояд 100 сол умр бубинед.

Баъд аз ин гуфтугӯ чеҳраи Акобир кушода шуд. Аз зери болинаш яке аз шумораҳои маҷаллаи “Садои Шарқ”-ро берун овард ва онро сафҳагардон намуд. Сипас як рубоии Лоиқро, ки дар васфи модараш суруда буд, қироат кард:

Дар он соат, ки дилгирам, куҷоӣ, модари пирам?
Биё, бинмой тадбирам, ки дар гирдоби тақдирам.
Сарам хоҳад навозишҳои дастони туро имрӯз,
Дилам хоҳад нигоҳи гарми чашмони туро имрӯз…

– Ана шоиру мана шеър, мо ҳам даъвои шоирӣ дорем. Лоиқ аз лиҳози ашъори баландмазмунаш дар ра­дифи шоирони классики мо қарор дорад, – гуфт Акобир Шарифӣ…

Лоиқ шоири тавоно ва хуш­баён буд. Ҳамеша кӯшиш мекард шеъре ба хонандааш пешкаш кунад, ки ҳарфу тасвири тоза ва обуранги бадеӣ дошта бошад. Вай сабки хоси худро дошт, ба касе тақлид наме­кард. Шоирони навқалам аз сабки ин устоди забардаст илҳом гирифта, орзу мекунанд, ки шеърашон мисли ашъори Лоиқ баландпарвоз бошад. Аз вежагиҳои сабки эҷодии Лоиқ баёни сода, равон ва фаҳмост. Аз ин лиҳоз, мухлисону хонандагони шеърҳои Лоиқ нисбат ба шоирони дигари муосири мо бештар ҳастанд. Маҷмуаҳои ашъори ӯ дар кишварҳои ҳамзабони мо ва мамлакатҳои дигар низ баргардону тарҷума ва бо теъдо­ди зиёд ба нашр расидаанд.

Рӯзе пазмони дидори набераҳоям шуда, ба хонаи духтарам Саодат рафтам. Дар болои дари вурудии хонаашон ин лавҳаро насб карда буданд: “Кӯчаи ба номи Лоиқ, хонаи рақами 18”. Рости гап, аз дидани ин навишта бисёр хурсанд шудам. Ду даст пеши бар гузошта, таъзим кар­да, вориди ҳавлӣ гардидам:

– Чи хуб, ба кӯчаатон номи дӯсти ман Лоиқ гузошта шудааст, – гуфтам ба духтарам.

Баъд аз чанд муддат дар макта­би рақами 54-и пойтахт осорхонаи Лоиқ кушода шуд. Дар ин ҷо баъзе васоили шахсӣ ва кории шоирро гу­зоштаанд. Кормандони телевизиони “Сафина” аз ифтитоҳи хона-музеи Лоиқ барномае таҳия карданд. Дар ин барнома ҳамсари шоир Зебуни­со гуфт, ки дар хонаи онҳо 7 ҷомаи нави оҳарашон маҳфуз будааст, ки аз ҷашну маросим ба Лоиқ туҳфа кардаанд: «Ба Лоиқ гуфтам, ки аз ҳа­мин ҷомаҳои нав якеашро пӯшед ва ин ҷомаи куҳнаро аз танатон бадар кунед. Шуморо мардум ҳамчун шо­ири халқӣ мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Ин ҷомаи рангбохтаро ба тан кардани шумо айб аст, одамон эрод мегиранд…»

– Бошад, ҳарчӣ гӯянд, эрод биги­ранд, боке нест… Ин ҷомаро модари азизу меҳрубонам бароям бо дасто­ни худашон дӯхтаанд, то лахту пора шуданаш онро мепӯшам, – посух додааст Лоиқ ба ҳамсараш.

Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам,
Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад нийят,
Ки рӯзи тӯй дида бар қади ман, бишканӣ армон,
Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният…

Лоиқ ба модараш меҳру муҳаб­бат ва садоқати бепоён дошт, аз ин лиҳоз, ашъори зиёде дар васфу ситоиши модар суруд. Ӯ дар яке аз шеърҳои ба модар бахшидааш чунин мегӯяд:

Замину осмони ман туӣ, модар, туӣ, модар,
Ҷаҳони бекарони ман туӣ, модар, туӣ, модар.
Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш,
Ягона меҳрубони ман туӣ модар, туӣ модар.

Лоиқ шоири ватансарост, меҳру муҳаббаташ ба модару Меҳан бе­андоза аст. Ӯ дар як шеъраш чунин мегӯяд:

Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар…

Лоиқ аз шоиронест, ки бо шеъри баландаш сазовори эҳтироми мар­дум гардидаанд. Биноеро, ки ман­зили зисти шоир дар он воқеъ буд, мардум шӯхиомез “Қасри сафед” меноманд. Ин бино барои шахсони соҳибмансабу баландмақом сохта шуда буд. Масофаи байни хонаи ману Лоиқ камтар аз 200 метр аст. Дар ҳамин масофаи байни хонаҳо за­мини санглохе буд. Лоиқ аз ҳамон ҷо 3,5 сотихашро гирифт ва дар вақтҳои фориғ аз эҷод дар он ҷо ма­шғул буд, онро аз алафҳои бегонаю санг тоза мекард ва зироатҳои гуногун кишт менамуд. Ҳар гоҳе ки ба заминаш ҳозир мешуд, ӯро аз айвони хонаамон дида ба наздаш мерафтам ва суҳбат мекардем. Боре аз ман пурсид, ки дар бораи деҳқонӣ ва зироаткорӣ чизе медонам?

– Бале, бисёр медонам, зеро аз 13 то 18-солагӣ дар колхоз кор кардаам. Дар бораи киштукори зироатҳо, парваришу ҷамъоварии онҳо маълумоти аз агроном камтар надорам, – посух додам ба вай.

–Ту медонӣ, ки хок бӯй дорад, боре хокро бӯй кашидаӣ? Бӯйи аҷибе дорад хок, – гуфт Лоиқ

Баъд як каф хокро гирифта, ба сӯям дароз кард:

– Бӯй каш, бӯяш форам аст. Охир, тамоми зироатҳо, меваю сабзавот, гиёҳҳои дармонбахши кӯҳӣ, ки мо бе онҳо зиндагӣ карда наметавонем, аз хок мерӯянд ва дар фарҷоми роҳи зиндагӣ ҳамин хок моро ба оғӯши худ мегирад. Хок муқаддас аст, хоки Ватан! Беҳуда нест, ки шахсони боандеша ба ҳангоми сафар як каф хоки Ватанро бо худ мегиранд.

Лоиқ баъди ин суханҳо каме ба андеша рафт, сипас корашро идома дод. Дар пораи заминаш як палу се-чаҳор ҷӯя кашид, дар онҳо пиёз, гаш­нич, шибит кошт ва гирдогирди пали пиёз лаблабу шинонд. Дар ҷӯяҳои ка­шидааш ниҳоли помидор, бодинҷон ва қаламфури булғорӣ кошт. Дар ҳар ҷо-ҳар ҷойи ин замин ниҳолҳои зардолу, олучаю гелос, себу анор шинонд. Ниҳолҳо сабз шуданд ва дар тӯли 30 сол қад кашиданд.

– Касе, ки дар деҳа ба дунё омада, ба камол расидааст, ба шаҳр, ки омад, хумори кори деҳқонӣ доманашро раҳо намекунад. Ман ҳам ин пораи заминро на барои суде ба даст овардан, балки барои хуморшиканӣ ё ҳевашиканӣ гирифтаам, – суханашро идома дод Лоиқ…

Баъди даргузашти Лоиқ як бегоҳи фасли дай ба ҳавои тоза баромадам ва дидам, ки дар ҷойи боғчаи ӯ май­дончаи бозӣ барои кӯдакон сохтаанд ва аз ниҳолҳои шинондаи Лоиқ осоре намондааст. Дар як гӯшаи ин замин дарахти азими печида бо латтапо­раҳои куҳнаро дидам. Як навдаи ин дарахтро шикастам, ниҳол сабз буд ва ҳанӯз “ҷон” дошт. Дуртар аз ман ҷавонмарде истода буд. Ба назди ӯ рафтам. Вай Ҷамшед, писари кало­нии дӯстам Улфатшоев будааст. Па­дараш собиқ мудири шуъбаи Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ буд. Аз Ҷамшед пурсидам, ки ин чӣ дарахт аст, ки онро латтапеч кардаанд?

– Вай дарахти анор аст, дастниҳо­ли шоири бузурги мо – Лоиқ! Ҳама медонанд, ки он дастниҳоли Лоиқ аст ва касе ҷуръати канданашро намекунад. Анори шириндона. Ҳар як донаи он мисли шеърҳои Лоиқ ширину гуворост, – гуфт Ҷамшед.

Дарахти анор воқеан табиати ноз­ук дорад, дар деҳот онро ба як паҳлу хобонда, бо пахол решаю шоху тана­ашро мепӯшонанд, то ки дар сардии зимистон осеб набинад. Азбаски анори Лоиқ дарахти баланди башоху панҷа аст, онро имкони хобондан нест, зеро мешиканад. Бинобар ин, дар фасли зимистон дарахтро бо ҳар гуна ҷомаю латтапораҳо пӯшонда, аз сармо ҳифз мекардаанд.

Халқ нисбат ба шоири дӯстдоштаи худ меҳру садоқати беандоза дорад ва аз ин лиҳоз, ҳарчи аз Лоиқ мерос монда, онро мисли гавҳараки чашм азизу гиромӣ медоранд.

Лоиқ шоири меҳанпараст ва миллатдӯст буд. Ӯ миллаташро баробари ҷонаш дӯст медошт ва ифтихор мекард, ки фарзанди мил­лати куҳанбунёди тоҷик аст. Вай дар як дубайтиаш дар ситоиши миллати хеш чунин гуфта:

Туӣ буду набудам, миллати ман,
Туӣ самти суҷудам, миллати ман.
Суруди умри ман поён пазирад,
Ту мехонӣ сурудам, миллати ман.

Солҳо мегузаранд, аммо номи зиндаёд Лоиқ Шералӣ ва шеъри ӯ ҳамчунон сари забонҳост. Ном ва осори ин шоири пуровоза дар ҳофи­заи таърихии халқ бо хатти заррин сабт шудааст.

Искандар МИРЗОЕВ

Дигар хабарҳо