Андешаҳо дар ҳошияи мақолаи “Садриддин Айнӣ ва инқилоби маданӣ”-и С. Ятимов (“Адабиёт ва санъат”, 28 май, 2025, № 21)

 Андешаҳо дар ҳошияи мақолаи “Садриддин Айнӣ ва инқилоби маданӣ”-и С. Ятимов (“Адабиёт ва санъат”, 28 май, 2025, № 21)

Pile of the old books and a quill in the inkwell isolated on a white background

Хуб аст, ки узви вобастаи АМИТ С. Ятимов дар мақолаи “Садриддин Айнӣ ва инқилоби маданӣ” (28 май, 2025, №21) аз шахсияти устод Айнӣ ва ҳамчунин баъзе масъалаҳое, ки ба адабиёти давр робита доранд, ёдовар шудааст.

Оре, устод Айнӣ шахсе буд, ки дар он замони пурошӯбу пурихтилоф бо азми қавӣ, бо китобу мақолаҳои пуршумор хидматҳои бебадал кард, маърифату маънавиёти халқи тоҷикро ба ҷаҳониён намоиш дод, хурофоту таассуби диниро, ки ҳазор сол боз чашму гӯши халқро дар торикӣ баста медошт, ошкоро маҳкум намуд ва роҳи наҷотро ба мардум нишон дод.

Баъдтар, ки устод солманд ва ҳам аз таҷрибаи зиндагӣ бештар бархурдор шуд, “Ёддоштҳо”-ро навишт. “Ёддоштҳо” ҳуҷҷати гӯёи таърихӣ аз рӯзгори Бухорои асри нуздаҳ аст. Бузургӣ ва сол то сол афзудани қадри он аз ҳамин ҷост. Касе, ки дар бораи он замон асаре навиштанӣ шавад, “Ёддоштҳо” роҳнамои ӯ хоҳад буд.

Оре, асари комили адабӣ таби­ист, ки маҳсули ҷаҳонбинии миллии адиб аст. Он бояд дар адабиёт тавре зуҳур кунад, ки хонандаро ба маъри­фати чизҳои барояш ноошно ҳидоят намояд, ба андешидан водорад, чизе биомӯзонад.

Бале, адабиёт ҳамон вақт мон­дагор аст, ки чизе ба ёду хотири хонанда зам кунад. “Дони ором”-и Шолохов барои он асари ҷаҳонӣ шуд, ки нависанда дар он тамоми қабоҳа­ту разолати ду тараф – сафедҳо ва сурхҳоро тасвир кард. Масалан, як комсомоли бадхӯ (номаш Михаил) ба деҳаи Татарский (он лаҳза аҳли деҳа овозаи омадани сурхҳоро шунида, мегурехтанд) хонаҳои мардуми до­роро ба коми оташ дод, мӯйсафеде­ро ба номи Гришабобо дар хонааш оташ зад. Қаҳрамони асар Григорий Мелехов то охири умраш инқилобро напазируфт.

Дар суҳбате Шолохов меорад: “Барои казак шими лампасдор ва фуражка боиси ифтихор буд, дар замони болшевикҳо казакҳо аз тарс онҳоро таги хок мекарданд, шабона бурда ба дарё мепартофтанд, то ки чашмашон наафтад”. Яъне нависан­да дарди замонаш ва ҳам таърихи ростинро гуфт. Ҷаҳони куҳнаро бо сухан, ба таври бадеӣ нав карда, ба хонанда нишон дод.

Мо имрӯз медонем, ки солҳои 20 ва 30 дар зиндагии халқамон чӣ ҳодисаҳои мудҳише рӯй дода бу­данд. Нависандаҳои мо аз онҳо ёд накарданд ва ёд кардан ҳам наме­тавонистанд. Ҳангоми омад-омади рус мешуд, мардум ба кӯҳ мегурехт. Дар солҳои колхозкунӣ он қадр дар ҳаққи мардум ситам шуд, ки дар атрофи Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) деҳаҳои зиёд холӣ монданд. Дар шаҳри Кӯлобу атрофаш бештар аз ними мардум ба тарафи Афғонистон гузашта рафта буд. Гурезогурези мардум аз Фарғона, Самарқанд, шаҳрҳои Миёнкол, Бухоро, азоби роҳ, азоби солҳои ғарибиву бева­танӣ барои нависандаҳо пӯшида ва ҳам гуфтанашон мамнуъ буд. Он мардуми гурехта, ки хурҷин-хурҷин китобҳояшонро ҳамроҳ бурданд, ҳама агарчи деҳқоннажод, косиб ва баору номус буданд, хӯйи ашрофӣ доштанд. Аксари онҳо азоби бева­танӣ кашида, бо гадоиву гуруснагиҳо ҷон бохтанд.

Имрӯзҳо, шукр, аз ҳавои озоду ободи истиқлоли Ватан нафас меги­рем, пас бояд таърихи ростинамонро бигӯем. Кишварҳои пешқадам мисли Англия ва Фаронса 400 сол мешавад, ки таърихашонро менависанд. Чу­нин таърихномаи ҳақиқӣ хонандаро тозиёнаи бедорӣ зада, ба оянда роҳ нишон медиҳад. Таърихи дурӯғ ба бероҳиву бенишонӣ мебарад.

Имрӯзҳо мегӯянд: “Адибони солҳои 60-90-и садаи гузашта миёни мардум маъруфият доштанд”.

Оре, маъруфият доштанд, чунки замона барояшон муҳит сохтаву муҳтарамашон карда буд. Беҳта­рин асари адибони олам барояшон дастрас буд. Повести нависандаеро маҷаллае чоп мекард, дар соли ди­гар нашриёт онро ба нашр мерасонд. Баъдтар Маскав бо теъдоди 50-100 ҳазор нусха онро чоп мекард. Аз ҳар се нашриёт нависанда пули калон мегирифт. Яъне пули се мошин.

Ҳукумати шӯравӣ беҳуда ин корро намекард. Донишмандонаш гӯшрас карда буданд: “Хоҳем, ки ҷамъи­ятамон босавод, дорои иқтидори илмӣ бошад, бояд қадри китобро бардорем”.

Баъд аз устод Айнӣ Сотим Улуғзо­да романи “Навобод” ва Ҷалол Икро­мӣ романи “Шодӣ”-ро навиштанд, ки ҳарду аз ҳаёти замони колхозӣ ва баъди ҷанг нақл мекунанд. Онҳо муҳити ҳаёти худро навиштанд. Нақди адабӣ дар бораи осорашон изҳори назар кард. Чунонки дар мақолаи мазкур барҳақ омадааст: “Робитаи сахту устувор буд миёни адиб ва ҷомеа”.

Ба қавли як донишманди рус, Русия ҳар пешравие, ки дорад, аз адабиёт аст. Оре, халқи русро адабиёташ баандеша, донишвар ва ватанпараст кард, ба ҷаҳониён шиносонд. Расул Ғамзатови доғистонӣ дар як мақолааш меорад: “Чингиз Айтматов бо асарҳояш Қирғизистонро чандин маротиба васеътар кард”. Маънои суханаш ин аст, ки чун асарҳои нависанда ба 170 забон тарҷума шуданд, мардуми он кишварҳо халқи қирғизро шинохт ва дӯст дошт.

Нависандаи машҳури олмонӣ Эрих Мария Ремарк дар номае ба ра­фиқаш менависад: “Китоби “Шуълаи ҳаёт”-ро соли 1952 навиштам, дар як моҳ 90 ҳазор ба фурӯш рафтааст, боз ҳар рӯз одамон ба нашриёт занг мезананд, ки чаро китобро кам чоп кардед”.

Мо медонем, ки баъди ҷанги ду­юми ҷаҳон бештари шаҳрҳои Олмон хароб шуда буданд. Мардумаш на ҷойи кор дошт, на маош мегирифт. Ҳоли онҳо аз аҳволи мо дар солҳои 90 бадтар буд. Лекин, бубинед, дар чунин ҳолат он мардум китоб меха­рид. Гурусна буд, вале аз маърифат дур намешуд. Аз ҷанги касофатбори мо сивупанҷ сол гузашт. На вазир, на вакил, на муаллим, на як ман­сабдоре (ба истиснои нафарони ангуштшумор) ба мағозаи китоб сар намезананд. Китоб як чизи нодар­кор шудааст. Чунин менамояд, ки муаллим уҳдадорияшро фаромӯш кардааст. Намедонад, ки кораш ба донишҷӯ дониш додан аст. Дар замони шӯравӣ вазир аз зердасташ мепурсид: “Китоби фалон нависанда аз чоп баромадааст, хондӣ?” Ҳокими ноҳия ҳам аз зердасташ чунин савол мекард. Ҳалқаи пурсиш то муаллим, то донишомӯз, то устои корхона мерасид. Дар чунин ҳолат китоби нависанда қадр пайдо мекард. Нависандаро халқаш мешинохт, эҳтиром менамуд. Ҳоло вазир як тараф, му­дири як шуъба нависандаро бо рӯйи турш қабул мекунад. Сабаби ин ҳама ба китоб беэътино будан ва хотираи таърихӣ надоштан аст.

Боз ҳам аз дуриҳои аср сухани устод Айнӣ ба гӯшам мерасад: “Дар пас мондани тоҷикон аз дигар қавмҳои Туркистон сабаб бисёр аст. Сабаби калон камсаъйии худи тоҷикон аст”. Ва сабаби дигар, ба назари мо, бетафовутӣ ба гузашта ва ба таърихамон аст. Мегӯянд, таърихи Байҳақӣ, ки онро “шоҳкори таърихи адаби форсӣ” меноманд, дар сӣ муҷаллад будааст, вале фақат панҷ ҷилди он ба дасти мо расидааст. Чунин бетарафӣ, бехабарӣ, китобҳоро эҳтиёт накарданамон буд, ки неъматҳои ватани офтобиямон ба коми дигарон шуданд.

Ин ҷо сухани машҳури Умари Хайёмро ба таври мухтасар ёдрас мешавем: “Хоҷаи бузург (вазир) Кошонӣ ҷониби Умар мегӯяд: «Та­ваҷҷуҳи Султон чи кунӣ, ки даҳ ҳазор динор марсуми ту бошад?» Ҷавоби Умар чунин аст: «Агар хоҳӣ, аз ҳар деҳае дар навоҳии Кошон чун ту даҳ-даҳ берун орам, ки кори вазир бику­над, аммо сад сол осмон ва ахтарон дар мадор ва сайр ба шебу боло ҷон бояд кандан, то аз ин осиёбак донае чун Умари Хайём берун афтад.»

Умари Хайём қадри худро медо­нист, ки чунин суханро гуфт. Баъзе амалдорони мо ҳам бояд донанд, ки кори онҳоро дигарон ҳам мекунанд. Аммо бояд ба гӯш бигиранд, ки на­висанда дар чор ё панҷ сол роман менависад. Чун нашриёт мусаҳҳеҳ надорад, чанд дафъа ба он ҷо равуо намуда, кори мусаҳҳеҳро мекунад. Бо пули худаш сад нусха китоб чоп мекунад, панҷоҳтояшро ҳадя ме­диҳад, боқиро ба мағоза месупорад. Ва ба умед чор-панҷ бор меравад ва аз фурӯшанда чунин ҷавоб ме­шунавад: ”Харидор нест”, “Дигар намеравад”. Ин сахт аламовар аст.

Адибони имрӯзамон Кӯҳзод, Кароматуллоҳи Мирзо, Абдулҳамид Самад, Фарзона, Низом Қосим, Рустам Ваҳҳобзода, Ато Мирхоҷа, Абдуғаффори Абдуҷаббор, Равшан Махсумзод, Юнус Юсуфӣ ва дигарон дар донишу истеъдод аз адибони пешин кам нестанд, балки забони асарҳояшон бартарӣ дорад. Мо бояд ба назар бигирем, ки адиб маҳсули замонаш аст. Афкор ва гуфтори қаҳрамони замони инқилоб дигар буд. Қаҳрамони асари имрӯз, фарз кардем, наметавонад мисли “Одина”-и устод Айнӣ ё мисли “Чапаев”-и Фурманов ё мисли “Шодӣ”-и устод Икромӣ фикр кунад. Агар асарҳои ин адибон ба дасти хонанда нарасанд, агар мунаққиде дар бораашон сухан нагӯяд, пас гуноҳи адиб чист?!

Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2009 фармуда буданд: “Ҳар ноҳия бояд мағозаи китоб дошта бошад”. Ин фармуда то ҳол дар бештари ноҳияҳо иҷро нашудааст. Чунин нест, ки дар ҷумҳурӣ китобхон намондааст. Дар ҳар деҳа чанд нафар китобхон ёфт мешавад. То оғози ҷангҳо дар мағозаҳои деҳот гӯшаи китоб буд, китобҳо ба фурӯш мерафтанд. Имрӯз ҳам бояд тарғиби китобро хуб ба роҳ монем. Дар хиёбони марказии пойтахт бояд мағозаҳои китобро зиёд кард. Чоп ва фурӯши китобро ҳукумат чун солҳои пеш ба зиммаи худ гирифта, ба ноҳияҳо мерасонд, хуб мешуд. Он гоҳ омӯзгорон аз асари нависандаи замонашон огоҳ мешуданд. Муаллиме, ки аз адабиёти замонаш огоҳ нест, ба мисли замини шӯрзада ҳосил намедиҳад.

Дар вазоратҳо, ҳокимиятҳои поё­ну боло пеш аз он ки касеро ба кор бигиранд, бипурсанд, ки солҳои охир кадом китобҳоро хондаӣ. Аммо пур­сишро касе бикунад, ки худ китобхон бошад…

МИРЗОНАСРИДДИН,
нависанда

Дигар хабарҳо