АМИНЗОДА МУҲИДДИН

МУҲИДДИН АМИНЗОДА 22 марти соли 1904 дар шаҳри Хуҷанд зода шудааст.
Соли 1925 дар Курси омӯзгории Самарқанд, солҳои 1928-1929 дар Донишгоҳи мусиқии Ӯзбекистон таҳсил кардааст.
Солҳои 1933-1937 мудири бахши адабии Театри давлатии Хуҷанд ва муаллими Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳр будааст.
Баъдан, соли 1937, Душанбе омада, дар Театри давлатии опера ва балети ҷумҳурӣ кор кардааст.
Баъдан, солҳои тӯлонӣ, дар шаҳри Хуҷанд кору зиндагӣ кардааст.
Солҳои охири ҳаёташ дар Душанбе гузаштааст.
Оғози фаъолияти адабияш ба нимаи дувуми солҳои бистуми асри гузашта рост омада, дар мавзӯъҳои рӯз шеър мегуфт.
Соли 1933 драмаи «Шараф», соли 1940 (ҳамроҳи Р.Ҷалил) достони «Ленинобод»-ро таълиф кардааст.
Беҳтарин сурудаҳояш дар маҷмӯаҳои «Чаман» (1935), «Баҳори ватан» (1939), «Садои зафар» (1944), «Шеърҳои мунтахаб» (1949), «Маҷмӯаи шеърҳо» (1952), «Мунтахаби шеърҳо» (1954), «Шеърҳо» (1956), «Аз ҳар ҷо як шингил» (1959), «Баҳори дил» (1964), «Мунтахаби осор» (дар ду ҷилд; 1976,1980) гирд омадаанд.
Соли 1963 китоби ашъори ҳаҷвиаш «Я и мы» ба забони русӣ чоп шудааст.
Достони «Фарҳоду Ширин»-и Алишери Навоӣ, «Борис Годунов»-и А.С.Пушкин, «Духтар ва марг»-и М.Горкий, «Мамлакати Муравия»-и А.Твардовский, қиссаи «Сирри ҳарбӣ»-и А.Гайдар, «Писари полк»-и В.Катаев, драмаҳои «Любов Яровая»-и К.Тренев, «Бой ва хизматгор»-и Ҳ.Ниёзӣ, «Гулсара»-и К.Яшин, «Оршин Мол Олон»-и В.Ҳоҷибеков, либреттои операи «Евгений Онегин»-и П.Чайковский, «Арӯси шоҳ»-и Н.Римский-Корсаков ва дигаронро моҳирона ба тоҷикӣ гардондааст.
Ходими шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Бо чанд нишону ифтихорнома сарфароз гардидааст.
Осорхонааш дар Хуҷанд фаъолият дорад.
Аз соли 1935 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
9 сентябри соли 1966 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо