АЛӢ ҚУРБОН

ҚУРБОН АЛӢ (Ӯрмонов Қурбоналӣ) 5 январи соли 1936 дар деҳаи Ёваи ноҳияи Хуҷанд таваллуд ёфтааст.

Соли 1959 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории 6а номи С.М.Кировро хатм карда, дар вазифаҳои нозири калони Хонаи эҷодиёти халқи Идораи фарҳанги вилоят, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи ноҳияи Зафаробод, мухбири махсуси рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Ҳақиқати Ленинобод» фаъолият бурдааст.

Намунаҳое аз офаридаҳои ӯ аз соли 1972 дар нашрияҳои даврӣ ба табъ расидаанд.

Қиссаи «Пораи дили ман» аз ҳаёти ҷавонони деҳот нақл мекунад, ки дар моҳномаи «Садои Шарқ» (1976) интишор ёфтааст.

Ҳамчунин, муаллифи китобҳои «Ташаббус» (1976), «Ашти Калон» (ҳамроҳи З.Дӯстматов, 1978), маҷмӯаи ҳикояҳои «Кавкаб» (1976), қиссаву ҳикояҳои «Пораи дили ман» (1980) мебошад, ки дар авроқашон корномаи ризқофарандагони саҳроҳои кишоварзӣ ва рӯҳияи созандагию бунёдкории мардуми оддӣ некӯ таҷассум ёфтаанд.

Аз соли 1975 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 1984 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо