АКБАР ШАРИФ

 АКБАР ШАРИФ

АКБАР ШАРИФ 26 феврали соли 1963 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна (1984) Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо хатм карда, муддате дар мактабҳои ноҳияи Панҷ ба таълиму тарбия машғул шудааст. Сипас ба кори рӯзноманигорӣ гузашта, ду сол ба ҳайси муовини сардабири рӯзномаи «Наврӯзи Ватан» адои вазифа кардааст. Солҳои охир корманди шуъбаи мусиқии Телевизиони тоҷик буд.

Аз солҳои донишҷӯйӣ ҳикоя менавишт. Ҳикояҳои ӯ дар маҷаллаи «Садои Шарқ», ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ чоп шудаанд. Мавзӯъ ва каҳрамонони қиссаву ҳикояҳои ӯ тозаву дилнишин мебошад. Дар онҳо ишқи поку ҳиссиёти беолоиши ҷавонӣ, ғуруру номусу нанги инсонҳо басо хушрангу зебо тасвир ёфтаанд. Хусусан, қиссаи «Тақдир», ҳикояҳои «Романи нав», «Падарам меояд», «Оқила» ва «Ҳасрат», ки дар ягона китоби ӯ «Атри ашк» (1996) гирд омадаанд, гувоҳи соҳибистеъдодии адиби ҷавонанд.

Узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон аст.

Соли 1997 дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид.

Дигар хабарҳо