Аз эҷоди ғолибони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
Шаҳёд
***
Бешу кам аст пушти сар аз шукри зиндагӣ,
Дарду ғам аст даргузар аз шукри зиндагӣ.
Дунё кирои ҳасрату ташвиш кай кунад,
Ин шом мешавад саҳар аз шукри зиндагӣ.
Гар тирамоҳ қиссаи ғамгини умри мост,
Ояд баҳор ҷилвагар аз шукри зиндагӣ.
Вақте ки шеъру мусиқии нағз доимист,
Охир, чӣ боядат дигар аз шукри зиндагӣ!
Лабханд мезананд чу бобуна кӯдакон,
Дорем ин қадар шакар аз шукри зиндагӣ.
Дасти латифи модари мушфиқ бувад ба сар,
Кӯҳест дар пасат падар аз шукри зиндагӣ.
Шукри ду-се нафар, ки зи сидқанд ёварат,
Пешат ситода чун сипар аз шукри зиндагӣ.
Дар кӯчаҳо фазои амонист рӯзу шаб,
Аз ишқ мерасад хабар аз шукри зиндагӣ.
***
Ғамгин буванд бе ту дигар тирамоҳҳо,
Дар сина нест ғайри аламҳову оҳҳо.
Ҳамроҳи ман ба зиндагӣ асло намешавӣ,
Хоҳам кашам ҷудо зи ту сад ранҷи роҳҳо.
Ҳастӣ гуноҳкор ба танҳоиям ҳанӯз,
Дигар, биё, макун ту, азизам, гуноҳҳо.
Гарм аст дастҳову дилам бо ту бар ҷаҳон,
Сард аст бе ту шому хунуктар сабоҳҳо…
Як рӯз мерасӣ чу пушаймон зи рафтанат
Аз роҳҳо, ки бе ту гузаштаст моҳҳо.
Имрӯзҳо ҳавои дилам тиратар шудаст,
Рӯзардтар буванд кунун тирамоҳҳо.
ХАНДАШЕЪР
Рӯйи тоқи хотири озурдаат
Ман китоби пур зи армони туам.
Чор фасли рӯзгоронат, дареғ,
Ёди зарди тирамоҳони туам.
Шеър мегӯӣ барои номи ман,
Шеърҳоят маънии номи мананд.
Байт-байт истораи сӯзандаю
Шодии субҳу ғами шоми мананд.
Хандаҳоямро бубину зинда бош,
Гиряҳоямро бубину шеър гӯ.
Бо дигарҳо боғ меоӣ агар,
Ғунчаи ёдам бичину шеър гӯ.
Гуфта будӣ: Беҳтарин шоир Худост,
Беҳтарин шеъри Худо ман будаам.
Хандашеърамро ту мехонӣ мудом,
Хандашеърамро ба ту бахшидаам.
ПАНДИ ЛӮЛӢ
Лӯлие зери барфу боронҳо,
Тифлаки ширхора дар оғӯш,
Дам ба дам гарм бӯсаҳо мезад
Аз муҳаббат ба ҳар ду парраи рӯш.
Пеш рафтам, салом додаму пас
Рӯйбинон ду-се дирам додам.
Гуфтамаш аз ҳавои сард, вале
Аз ҷавобаш ба ҳайрат афтодам.
Гуфт бар ман, ки кӯдаке дорӣ?
Гуфтам: — Оре, ҳазор шукри Худо.
Мекунам кор аз саҳар то шом,
Монда ҳамроҳи модарам ӯро.
Гуфт лӯлӣ, ки дар канори ман
Тифлам асло намехурад сармо.
Лек тифли ту бе ту гар бошад,
Бе канорат хунук хурад ҳар ҷо.
ШИНОХТ
Таъбири хобҳои ғамолудаам туӣ,
Дилтангии зиёдаву беҳудаам туӣ.
Ойинае, ки рӯй ба рӯяш тамоми умр
Ин сон дуруштрӯву ҳазин будаам, туӣ.
Ҳар сурате, ки ғусса дар он дидаӣ, манам,
Оҳангҳои талх, ки бишнидаӣ, манам.
Он шохаи гуле, ки наруста ба завқи ту,
Аммо зи боғи қисмати бад чидаӣ, манам.
Уммедҳои рафта ба бодам дигар туӣ,
Бо ман қарибу лек зи ман бехабар туӣ.
Эй, ки ғариб гаштаӣ акнун ба чашми ман,
Дар сарзамини бовари ман дар ба дар туӣ.
Эй ҳайкали хамӯш, агар дар канори ман
Истодаӣ, вале нашудӣ ҳеҷ ёри ман.
Дигар намонда ғайр зи писханди душманон
Аз ишқи қиссагаштаву овозадори ман.
БЕ ПАНОҲИ НИГОҲ
Дар паси пилкҳои боронӣ
Гоҳ дар хоб мешавӣ зоҳир.
Суратат ғуссадору ошуфта
Мисли андешаҳои як шоир.
Илтиҷо мекунам, биё як шаб,
Бо худат, меҳрубон, маро ҳам бар!
Зистан бе ту сахт душвор аст,
Рӯзам аз рӯз мешавад бадтар!
Оҳ, ман аз сукут метарсам,
Лаб кушо, ҳарф зан, куҷо рафтӣ?
Охир аз рӯзгор дил кандӣ
Ва ба меҳмонии Худо рафтӣ.
Нестӣ, оҳ мекашам ҳар дам,
Саҳмам аз рӯзгор берангист.
Бе ту дунё чи қадр дилгир аст,
Лаҳзаҳоям тамом дилтангист.
Эй азизи баҳоргунаи ман,
Ҳол дар зери хок хобидӣ.
Хонаат ғарқи нур бод, ки ту
Дар ҷаҳон рӯзҳои кам дидӣ.
Кош аз рафтанат хабар будам,
Пеш аз мурдани ту мемурдам.
Эй нигоҳат паноҳи Шаҳёде,
Бе паноҳи нигоҳат афсурдам.
ОТАШБОЗ
Чи зебо омадӣ имшаб ба хобам,
Чи зебо аз дилам ғамро рабудӣ,
Басе гулдаста овардӣ бароям,
Ба бедорӣ, Худоё, кош будӣ.
Раҳораҳ гул дамид аз нақши поят
Ба хушкистони қалби тираи ман.
Дилам бишкуфт чун гулдастаҳоят,
Мазан оташ диламрову мабишкан.
Садо додӣ ба дунёи сукутам,
Садоят буд лабрези муҳаббат.
Дилам аз хонаи тангаш бурун шуд,
Дигар бар ман намесозад итоат.
Чи зебо омадӣ имшаб ба хобам,
Худоё, кош бедорам накардӣ,
Ки дар бедориям ҳаргиз наойӣ,
Ту оташбоз, аммо барф будӣ.
ДӮСТДОРӢ
Аз дил, зи чашмҳои ҳазинам дурудҳо,
Эй ошиқи шикастадили беқарори ман.
Донӣ, ки ман намерасам аз ҳеҷ раҳ, вале
Ҳастӣ умедвори ману интизори ман.
Ман дар миёни ин ҳама мардум надидаам,
Касро, ки бо нигоҳ бигӯяд сухан зи ишқ.
Ҷуз чашмҳои сурх зи бехобию табат,
Як чашм гап намезанад охир ба ман зи ишқ.
Гӯянд одамон, ки яке бесару паноҳ,
Девона аст, раҳм ба ҳолаш намекунӣ?
Бо ӯ намешавиву ба додаш намерасӣ,
Осон чаро хаёли муҳолаш намекунӣ?
Занҷири меҳрро бибурам аз барои чӣ?
Охир чӣ гуна дил канам, эй меҳрубонтарин?
Донам, ки дӯст дориям аз ҷону дил ҳанӯз,
Хоҳад ҳама, ки дӯст бидорандаш инчунин.
***
Ба меҳру орзуям чашм пӯшид,
Ҷавоби дил, чӣ гӯям, чашм пӯшид?
— Зи ту хушрӯйтар дар ду ҷаҳон нест,
Ҳамегуфту ба рӯям чашм пӯшид.
***
Дар ҷойи дили хеш чу оҳан задаӣ,
Дар хонаи дигарон нишеман задаӣ.
Ҷамъ оварда, санги мазорат созам
Ҳар санг, ки сӯйи миллати ман задаӣ.
***
Эй оби ту оби зиндагонӣ, Варзоб,
Тавъам ҳастӣ ту бо ҷавонӣ, Варзоб.
Ду соҳили ту шоҳиди табъат бошад,
Бо шӯр фақат ғазал бихонӣ, Варзоб.
Руъё Усмонӣ
Дар шумори лаҳзаҳои бетуӣ
Мекашам дарди гарони ишқро.
Бе ту андар боғи хушки зиндагӣ
Мешамам атри хазони ишқро.
Боз аз субҳи нигоҳам мечакад
Қатраҳои ашк бар пироҳанам.
Дар дилам ёди ту, дар лаб номи ту,
Кош чун хуршед ойӣ диданам.
Бо хаёли меҳрбахшат зиндаам,
Эй азизи дур аз чашмони ман.
Зуд о, чун навбаҳори сабзпўш,
То шукуфад ғунчаи армони ман.
Баъди ту ҳар шаб хаёлан меравам,
Бар биҳишти лаҳзаҳои вопасин.
Чун фаришта меравам бар осмон,
Зистан бе ту нахоҳам дар замин!
Бахтиёри Раҳмон
Меҳан, ба роҳи ҳифзи ту мурдан намурдан аст,
Ҷони азизи хеш супурдан намурдан аст.
Андар ҷаҳони ҳодисахези зи фитна пур
Макру фиреби ғайр нахўрдан намурдан аст.
Аз ҷаҳлу чанги наҳси таассуб раҳида, пас
Дасти фарози фазл фишурдан намурдан аст.
Осудаҳоли кишвари ғурбат шудӣ агар,
Меҳан зи лавҳи ёд набурдан намурдан аст.
Ҳар лаҳза дар ҷаҳон, ки пур аз ҳарфи нестист,
Худро ситоди даҳр шумурдан намурдан аст.
Чанд рубоӣ
Хандидию пайкари маро рақсондӣ,
Пои нигаҳу сари маро рақсондӣ.
Зебоғазали дилам шудӣ, эй бону,
Ҳар вожаи дафтари маро рақсондӣ.
Ҳар кас, ки зи ҷону дил талоше дорад,
Шоиста ҳаётеву маоше доред.
Бо чашми хирад, биё, ба ин вожа нигар:
Шак нест, ки ҳар талош «ош»-е дорад.
Ман дар ту надидаам дили маҳзунро,
Як рамзи дақиқи Лайлии дилхунро.
Бо ин ҳама дар ишқ бихоҳӣ аз ман
Девонагии накардаи Маҷнунро.
Ёде чу намекунӣ гаҳе ёронро,
Афсўс, нахўрдаӣ ғами ҳиҷронро.
Бо чашми зи ҳаҷри ёр норехта ашк
Бешак, монӣ баҳори беборонро.
Одинамуҳаммади Сўфӣ
Эҳдо ба Пешвои миллат
Шаби сиёҳ буду моҳтоб равшан шуд,
Сапедадам нигаҳи офтоб равшан шуд.
Тамоми халқ, ки як умр хоби бад медид,
Ба лутфу фазли ту таъбири хоб равшан шуд.
Барои ваҳдати миллат, барои озодӣ
Ба зеҳни мардуми мо инқилоб равшан шуд.
Сипос омаданатро, ки бо хирадмандит,
Бубин, ки чашми саводу савоб равшан шуд.
Ба ибтикори ту баҳри ҳаёту ободӣ
Дили табиату олам зи об равшан шуд.
Дубора баъди ҳазорон сукуту торикӣ
Чароғи деҳкада пеши китоб равшан шуд.
Даруни сафҳаи фарҳанги тоҷикон имрўз
Хушиву ишқ ба ҷои азоб равшан шуд.
Суруди сулҳ пазирад дили шикастаи халқ,
Дубора савту садои рубоб равшан шуд.
Фурўғи омадани туст субҳи доноӣ,
Чароғҳои хирад беҳисоб равшан шуд.
Ғазали Ваҳдат
Ваҳдат нишона аз сари болои мову туст,
Феҳрасти вожаҳои тасаллои мову туст.
Аз ҷангу биму таҳлука безор гаштаем,
Хуршеди бахту хандаи зебои мову туст.
Дар шаҳкитоби илму адаб муҳтаво шудаст,
Як шоҳкори шеъру таманнои мову туст.
Тасвири он кабўтари зебо, ки пар кашад,
Ранги сапеду сабзи муҷаллои мову туст.
Ором бар Ватан чу расидем, пушти ин:
Дасти дуои модари раҳпои мову туст.
Шукронаи Худо, ки ба имрўз омадем,
Ваҳдат масири равшани фардои мову туст.
Баҳманёр Муяссарзода
Бо буданат дар боғ марям зинда мемонад,
Накҳат ҳамеша, шак надорам, зинда мемонад.
Тифле дигар барвақт бар ҷаннат нахоҳад рафт,
Дар хонааш гандум фароҳам, зинда мемонад.
Асло арўсе ҷомаи нилӣ намепўшад,
Ду дил тапида дар бари ҳам зинда мемонад.
Бо ибтикору ёриву бо меҳрубоният
Ҳар ташналаб дар рўи олам зинда мемонад.
Эй Пешво, эй сарпарасти сулҳу оромӣ,
Ин мамлакат бо ту, муаззам, зинда мемонад.