Аз нутқи Лоҳутӣ дар Анҷумани I-и нависандагони Тоҷикистон
Ба муносибати 90-солагии Иттифқи нависандагони Тоҷикистон
…Ба мо баъд аз муддати бисёр билохира муяссар шуд, ки дар ин анҷумани нависандагони худ одамони бори адабӣ доштагиро ҷамъ кунем. Дар ҳамин наздикӣ нависандагони ҷавони мо ҳамчун мурғ маҷбур буданд, ки аз як боғ ба боғи дигар, аз як ҷо ба ҷойи дигар парида раванд, зеро онҳо ба ояндаи худ боварӣ надоштанд.
Ман чанд моҳ пеш аз омадани роҳбарияти нав ба Тоҷикистон омадам, ба ман лозим омад, ки бо бисёр рафиқон нависандагони мо суҳбат кунам. Ман аз онҳо ин тавр ҷавобҳо мегирифтам: яке мегуфт вайро аксулинқилобчӣ мешуморанд, дигаре мегуфт, ки вайро аз Иттифоқи нависандагон баровардаанд, савумӣ мегуфт, ки вайро ҳатто аз ҳуқуқи гражданӣ маҳрум кардаанд ва мазкур маҷбур аст, ки аз ин зиндагонии гурусна гурезад, зеро ҳатто ба вай кор ҳам намедиҳанд ва ғайра.
…Агар ба ҳаракати адабӣ роҳбарии дуруст мешуд, одамоне мешуданд, ки ин саҳвҳоро ислоҳ мекарданд, бегуфтугӯ, касоне, ки баъзан саҳви майда карда буданд, худро ислоҳ мекарданд, дар бобати инкишофи адабиёти ҷумҳурияти мо кори фоиданок мебурданд…
Аз тарафи дигар ҳодисаҳои «чапӣ» рӯй медод, тамоми нависандагонро бадном карда, онҳоро таҳдид мекарданд ва донистан намехостанд, ки ин мардак то чи андоза гунаҳкор аст ва моҳияти гуноҳи вай аз чӣ иборат аст…
Дар натиҷаи ин гуна кори зарарнок, ташкилоти Иттифоқи нависандагон қариб нест шуда мерафт.
Мо бояд ва вазифадор ҳастем, забони худро нағз до-нем, мо бояд вайро аз ҳамаи ифлосиҳое, ки дар вай ҳастанд, тоза кунем ва бояд мо махсусан инро дар ҳаққи забони тоҷикии мо кунем, ки мо ниҳоятдараҷа аз зиндагӣ ақиб мондаем, зиёдтар аз ҷумҳуриятҳои дигар аз маданият ақиб мондем.
…Мо, нависандагони шуроӣ, ҳам бояд барои моли худ, барои асарҳои худ истеъмолкунандаи шуроӣ тайёр кунем… мо бояд тавре кунем, ки ин асарҳоро мушҳо нахӯранд.
Аз китоби «Таърихи Иттифоқи нависандагон
ва рушди адабиёти тоҷик»-и
Ато МИРХОҶА