Аз Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ
Аз Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ
Кумита озмуни асарҳои адабиву ҳунарӣ, меъморӣ ва публитсистиро барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар соли 2026 эълон мекунад. Пешбарӣ ва қабули асарҳои довталабон то 25 декабри соли 2025 сурат мегирад.
Ба озмун асарҳое, ки дар соҳаҳои адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика ҳамчун дастоварди арзишманди эҷодӣ сазовори эътирофи ҳамагонӣ шудаанд, пешниҳод мегарданд.
Ба дарёфти Ҷоиза асарҳои меъмориву мусиқие, ки дар панҷ соли охир эҷод гардидаанд, ҳамчунин, филмҳои синамоиву телевизионӣ, намоишҳои театриву телевизионӣ, барномаҳои сарояндагиву навозандагӣ, рақсӣ ва асарҳои публитсистие, ки дар се соли охир таълиф шудаанд, пешниҳод мешаванд. Асарҳои пешбаришаванда бояд як сол пештар аз соли мукофотдиҳӣ манзур шуда бошанд.
Дар бахшҳои адабиёт — 1 ҷоиза, театр ва синамо — 1 ҷоиза, мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ — 1 ҷоиза, санъати тасвирӣ ва меъморӣ — 1 ҷоиза, эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон (адабиёт, театр, синамо, мусиқӣ, санъати тасвирӣ…) — 1 ҷоиза, журналистика — 1 ҷоиза ва 1 ҷоизаи махсуси байналмилалӣ барои тарҷума, пажуҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ (барои муаллифони хориҷӣ) муқаррар шудааст.
Асарҳо аз ҷониби вазоратҳову кумитаҳои давлатӣ, кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба адабиёту санъат ва журналистика алоқаманданд, инчунин, аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттифоқҳои эҷодӣ пешбарӣ мешаванд. Дигар муассисаҳои илмиву фарҳангӣ, аз ҷумла пажӯҳишгоҳҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, ҷамъиятҳо, бунёдҳо, нашриёт, идораҳои маҷаллаву рӯзномаҳои соҳаи адабиёту санъат, муассисаҳо ва дастаҳои ҳунарӣ пешбарии асарҳои довталабонро ба воситаи ҳайатҳои мушовара, садорат ва раёсати вазоратҳову кумитаҳо ва иттифоқҳои марбутаи эҷодӣ анҷом медиҳанд. Аз ҷониби як ташкилот барои дарёфти як ҷоиза набояд бештар аз ду асари сазовор пешниҳод гардад.
Пешбарии асарҳо тавассути мактуби расмӣ бо имзои сарвар ва пахши муҳри асосии идора, зикри ному насаб ва тахаллуси муаллиф, унвонҳои ифтихорӣ ва илмии ӯ, ҷоизаҳои пешинааш, номи асари пешниҳодшаванда, санаи интишор ё намоиши аввалини оммавии он эътибор дорад. Дар мактуби пешниҳодӣ арзиши бадеӣ ва муҳтавои асари довталаб бояд ҳаматарафа акс биёбад. Инчунин, бояд ҳуҷҷатҳои зерин замима шаванд: қарори ҳайати мушовараи вазорат, кумита ва раёсати иттифоқи эҷодии пешбарикунанда, суратмаҷлиси муҳокимаи ҳайати мушовара ё раёсати ташкилот бо нишондоди натиҷаи овоздиҳии пӯшида ва суратмаҷлиси шӯрои бадеӣ ё илмии он, тақризҳо, нишонии зист, зиндагинома ва 2 дона расми муаллифи довталаб дар ҳаҷми 9×12.
Дар бахшҳои адабиёт ва журналистика аз тарафи ҳар як довталаб 10 нусха асари пешбаригардида дар шакли китоб ё маҷалла бебозгашт ба Кумита супорида мешаванд.
Дар бахши театр барномаи сабтшудаи намоиш, рӯйхати нақшофарандагон, матни асар (пйеса, сенарий, либретто), сабти видеоии он (СБ ва БУО) ва дигар василаҳо пешниҳод мегарданд.
Дар бахши синамо филмнома ва сабти видеоии филм қабул карда мешаванд.
Дар бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ пешниҳоди нотаҳо, сабти овозӣ ва наворҳои ҳунарӣ шарт аст.
Дар бахши санъати тасвирӣ асарҳо дар намуди аслӣ ё нусхаи онҳо дар шакли албом пешниҳод мешаванд. Дар ҳолати пешбарии асарҳои ороишии саҳна ё филмҳо пешниҳоди наққошиҳо ва ангораҳои онҳо зарур аст.
Дар бахши меъморӣ албоми суратҳои гуногуни иншооти бунёдшуда, лоиҳаи комил, аксҳои композитсионӣ ва шарҳи хаттии ғояи асосии онҳо пешниҳод мегарданд.
Дар бахшҳои эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон, ҷоизаи махсуси байналмилалӣ барои тарҷума, пажӯҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ низ мавод ва талабот мувофиқи навъи асар тибқи меъёрҳои зикргардида мебошад.
Дар мавриди пешниҳоди асарҳои эҷодиёти гурӯҳӣ (намоишҳо, филмҳо, ҳайкалҳову муҷассамаҳо ва ғайра) дар хусуси саҳми ҳар як муаллифи асосӣ бояд маълумоти алоҳида оварда шавад ва шумораи номзадҳо набояд беш аз 8 нафар бошад. Ба ҳайати довталабон дохил кардани шахсон аз рӯи аломатҳои маъмурӣ ва машваратӣ мумкин нест.
Як номзад наметавонад дар як вақт бо ду ё зиёда асари худ барои ҷоиза довталабӣ кунад.
Пешниҳоди такрории асарҳои тақдиршуда ё пештар ба ҷоизаи мазкур пешбаригардидаву баррасишуда манъ аст.
Асари нави барҷастаи барандаи собиқи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, агар падидаи фавқулодаи адабиву ҳунарӣ бошад, танҳо баъди 5 сол аз санаи мукофотгирии аввала ба озмун роҳ дода мешавад.
Барои гирифтани маълумот ва супоридани ҳуҷҷатҳову маводи пешниҳодӣ ба нишонии зерин муроҷиат карда шавад: шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 8, қабулгоҳи Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, телефон: 907759797



