Аз Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ
Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ озмуни асарҳои адабиву ҳунарӣ, меъморӣ ва публитсистиро барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иоми Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2024 эълон мекунад. Пешбарӣ ва қабули асарҳои довталабон то 25-уми декабри соли 2023 сурат мегирад.
Ба озмун асарҳое, ки дар соҳаҳои адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика ҳамчун дастоварди баландпояву гаронмояи эҷодӣ сазовори эътирофи ҳамагонї шудаанд, пешниҳод мегарданд.
Ба дарёфти Ҷоиза бояд асарҳои адабӣ, мусиқӣ, меъморӣ ва пажӯҳишҳои хоссаи адабиёту санъат, ки дар ҳудуди панҷ соли охир то санаи соли мукофотдиҳӣ эҷод ва бунёд гардидаанд, инчунин, филмҳои синамоиву телевизионӣ, намоишномаҳои театриву телевизионӣ, барномаҳои консертии сарояндагиву навозандагиву рақсӣ ва асарҳои публитсистӣ, ки дар ҳудуди се соли охир то санаи соли мукофотдиҳӣ манзури умум гардидаанд, пешниҳод мешаванд. Асарҳои пешбаришаванда бояд як сол пештар аз санаи соли мукофотдиҳӣ ба табъ расида, ё иҷро гардида, ё намоиш ёфта, ё бунёд шуда бошанд.
Дар бахшҳои адабиёт — 1 ҷоиза, театр ва синамо — 1 ҷоиза, мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ — 1 ҷоиза, санъати тасвирӣ ва меъморӣ — 1 ҷоиза, эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон (адабиёт, театр, синамо, мусиқӣ, санъати тасвирӣ…) — 1 ҷоиза, журналистика — 1 ҷоиза ва 1 ҷоизаи махсуси байналмилалӣ барои тарҷума, пажӯҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ (барои муаллифони хориҷӣ) муқаррар шудааст.
Пешбарии асарҳо аз ҷониби вазоратҳову кумитаҳои давлатӣ, кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба адабиёту санъат ва журналистика алоқаманданд, инчунин, аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттифокҳои эҷодӣ сурат мегирад. Дигар муассисаҳои илмиву фарҳангӣ, аз ҷумла пажӯҳишгоҳҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, ҷамъиятҳо, бунёдҳо, нашриётҳо, идораҳои маҷаллаҳову рӯзномаҳои соҳаи адабиёту санъат, муассисаҳо ва дастаҳои ҳунарӣ пешбарии асарҳои довталабонро ба воситаи ҳайатҳои мушовара, садорат ва раёсати вазоратҳову кумитаҳову иттифоқҳои марбутаи эҷодӣ анҷом медиҳанд. Аз ҷониби як ташкилот барои довталабии як ҷоиза набояд бештар аз ду асари сазовортарин пешниҳод карда шавад.
Пешбарии асарҳо дар шакли мактуби расмӣ бо имзои сарвар ва пахши муҳри асосии идора, зикри ному насаб ва тахаллуси муаллиф, унвонҳои ифтихорӣ ва илмии ӯ, ҷоизаҳои пешинааш, номи асари пешниҳодшаванда, санаи интишор ё намоиши аввалини оммавии он эътибор дорад. Дар мактуби пешниҳодӣ арзиши бадеӣ ва муҳтавои асари довталаб бояд ҳаматарафа акс биёбад. Инчунин, бояд ҳуҷҷатҳои зерин замима шаванд: қарори ҳайати мушовараи вазорат, кумита ва раёсати иттифоқи эҷодии пешбарикунанда, суратмаљлиси муҳокимаи ҳайати мушовара ё раёсати ташкилот бо нишондоди натиҷаи овоздиҳии пӯшида ва суратмаљлиси шўрои бадеӣ ё илмии он, тақризҳо, нишонии зист, зиндагинома ва 2 дона расми муаллифи довталаб дар ҳаҷми 9×12.
Дар бахшҳои адабиёт ва журналистика аз тарафи ҳар як довталаб 10 нусха асари пешбаригардида дар шакли китоб ё маҷалла бебозгашт ба Кумита супорида мешавад.
Дар бахши театр барномаи сабтшудаи намоишнома, рӯйхати нақшофарандагон, матни асар (пйеса, сенарий, либретто), сабти видеоии он (СБ ва БУО) ва дигар василаҳо пешниҳод мегарданд.
Дар бахши синамо сенария ва сабти видеоии филм қабул карда мешавад.
Дар бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ пешниҳоди нотаҳо, сабти овозӣ ва наворҳои ҳунарӣ шарт аст.
Дар бахши санъати тасвирӣ асарҳо дар намуди аслӣ ё нусхабардории онҳо дар шакли албом пешниҳод мешавад. Дар ҳолати пешбарии асарҳои ороишии саҳна ё филмҳо пешниҳоди наққошиҳо ва ангораҳои онҳо зарур аст.
Дар бахши меъморӣ албоми суратҳои гуногунпаҳлӯи иншооти бунёдшуда, лоиҳаи комил, аксҳои композитсионӣ ва шарҳи хаттии ғояи асосии он пешниҳод мегардад.
Дар бахшҳои эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон, ҷоизаи махсуси байналмилалӣ барои тарҷума, пажӯҳиш ва таргиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ низ мавод ва талабот мувофиқи навъи асар тибқи меъёрҳои зикргардида мебошад.
Дар мавриди пешниҳоди асарҳои эҷодиёти гурӯҳӣ (спектаклҳо, филмҳо, ҳайкалҳову муҷассамаҳо ва ғайра) дар хусуси саҳми ҳар як муаллифи асосӣ бояд маълумоти алоҳида оварда шавад ва шумораи номзадҳо набояд беш аз 8 нафар бошад.
Ба ҳайати довталабон дохил кардани шахсон аз рӯи аломатҳои маъмурӣ ва машваратӣ мумкин нест.
Як номзад наметавонад дар як вақт бо ду ё зиёда асари худ барои ҷоиза довталабӣ кунад.
Пешниҳоди такрории асарҳои тақдиршуда ё пештар ба ҷоизаи мазкур пешбаригардидаву баррасишуда манъ аст.
Асари нави барҷастаи шахси барандаи собиқи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, агар падидаи фавқулодаи адабиву ҳунарӣ бошад, танҳо баъди 5 сол аз санаи мукофотгирии аввала ба озмун роҳ дода мешавад.
Барои гирифтани маълумот ва супоридани ҳуҷҷатҳову маводи пешниҳодӣ ба нишонии зерин муроҷиат карда шавад: шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 8, қабулгоҳи Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ (бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ошёнаи 2), телефон: 224-57-49.