Аз «Иди тоҷик» то «Ҷумҳурият»

Рушди матбуоти даврии тоҷик се давраи мукаммалро фаро мегирад. Давраи аввал то инқилоби ибтидои садаи ХХ-и рус ва инқилоби Бухоро (1912-1921), давраи дуюм замони шуравӣ (1924-1991) ва давраи сеюм пас аз Истиқлоли Тоҷикистон (аз соли 1991 инҷониб). Ҳар яке аз ин давраҳо дар иртибот ба омилҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву касбӣ боз марҳалаҳои ҷудогонаро фаро мегиранд.
Поягузори давраи аввали матбуоти тоҷик «Бухорои шариф» аст, ки 11-уми марти соли 1912 рӯйи чоп омада, то 3-юми январи соли 1913 ҳамагӣ 153 шумора интишор гардид. Ин давраи матбуоти даврии тоҷик бо нашри ҳафтаномаи «Шуълаи инқилоб» ба поён мерасад. Макони интишори матбуоти ин давра шаҳрҳои бостонии Бухорову Самарқанд мебошанд.
Давраи дуюми матбуоти даврии тоҷик дар Самарқанд бо чопи рӯзномаи «Овози тоҷик» ибтидо ёфта, баъдан дар Душанбе реша гирифт ва дар саросари Тоҷикистон доман густурд. Дар ин давра матбуоти тоҷик ҳамчун низоми муайяни воситаи ахбори омма шакл гирифт ва рушд ёфт. Ба ин мазмун, дар таърихи матбуоти даврии тоҷик «Бухорои шариф» ба сифати аввалин нашрияи тоҷикӣ, «Шуълаи инқилоб» нахустин нашрияи ҳизбӣ бо забони тоҷикӣ дар Туркистон, «Овози тоҷик» аввалин рӯзнома барои тоҷикони муқими Ӯзбекистон ва «Ҷумҳурият» аввалин нашрияи расмии ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Ба тариқи расмӣ поягузори матбуоти давраи шӯравии Тоҷикистон нашрияи «Ҷумҳурият» мебошад.
Ин нашрия дар тӯли фаъолият бо номҳои «Иди тоҷик» (1925), «Бедории тоҷик» (1925-1928), «Тоҷикистони сурх» (1929-1954), «Тоҷикистони советӣ» (1955-1990) ва «Тоҷикистони шуравӣ» (1991) интишор гардида, аз 9-уми сентябри соли 1991 бо номи «Ҷумҳурият» чоп мешавад. Аз соли 2000 Нашрияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 14-уми марти ҳамин сол бо фармони Президенти мамла-кат Эмомалӣ Раҳмон «Ҷумҳурият» Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
Фаъолияти нашрия дар давраҳои гуногун аз вежагиҳои умумӣ ва хосса бархурдор аст. Чунончи, агар он дар нимаи дуюми солҳои бистуми Тоҷикистони мухтор ба масъалаҳои мактабу маориф, озодии занон, ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб намудани мардум таваҷҷуҳи бештар намуда бошад, дар солҳои сиюм дар татбиқи се барномаи стратегии ҳукумати вақт – коллективонидани хоҷагии қишлоқ, саноатикунонии мамлакат ва инқилоби маданӣ кӯшида, бо инъикос ва таҳлилу баррасиҳои масъалаҳои марбут ба ин барномаҳо саҳм гирифтааст. Ташкили рубрикаи «Адабиёт ва саноеи нафиса» (5-уми майи соли 1930) аз як тараф, барои чопи ҳикояву очерк, шеъру достонҳо дар саҳифаҳои рӯзнома имкон фароҳам оварда бошад, аз ҷониби дигар, дар инкишофи адабиёт ва сайқал ёфтани маҳорати адибон таъсири мусбат гузоштааст.
Нақши нашрияи “Тоҷикистони советӣ” дар солҳои ҶБВ дар самти ташкили қувваҳои моддию маънавии мардум барои муҳофизати Ватан басо муҳим аст. Ин нақш бо се роҳ амалӣ мегардид. Якум, огоҳ намудани мардум аз воқеаву ҳодисаҳои фронтӣ; дуюм, тавассути чопи мақолаву очеркҳо дар хусуси шахсони ватанхоҳ ва корнамоиҳои ҷанговарон бедор кардани ҳисси ватандӯстиву инсонпарварии омма; сеюм, сафарбар намудани халқ, бахусус ҷавонон барои мудофиаи мамлакат.
Дар солҳои баъд аз ҷанг ва хоса солҳои 1950-1970 дар рӯзнома мавзуъҳои хоҷагии қишлоқ – инкишоф додани соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани маърифати иҷтимоию ахлоқии мардум ва амсоли ин вежагии хос пайдо кардааст. Дар инъикосу баррасӣ ва тасвири корномаи пешқадамони истеҳсолот ва баланд бардоштани ҳисси меҳнатдӯстӣ ва ободкориву созандагӣ дар қатори рӯзноманигорон адибони публитсист низ ширкат варзидаанд. Иштироки неруҳои эҷодӣ ва ҳамкориҳои онҳо бо рӯзнома, аз як тараф, мундариҷаи нашрияро рангоранг гардонида бошад, аз ҷониби дигар, инъикоси раванди бунёдкориҳову созандагиҳо, корномаи диловарони меҳнат дар пайванди таносубии воқеияти ҳақиқӣ ва тасвироти тахайюлӣ шакл гирифтааст.
Дар солҳои ҳаштодум, бахусус дар нимаи дуюми ин даҳсола, ки дар таърих бо номи «Бозсозии Горбачёвӣ» машҳур аст, нашрия бештар матлабҳоеро интишор намудааст, ки барои боло бурдани ҳисси худогоҳиву худшиносии миллии ҷомеа фазои созгорро фароҳам оварданд. Бахусус мақолаҳои Муҳаммадҷон Шукуров, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор Сафиева, Кароматулло Мирзоев, Мутеулло Наҷмиддинов, Ӯктам Холиқназар, Муҳсин Умарзода ва дигарон доир ба паҳлуҳои гуногуни масъалаи худшиносии миллӣ, хоса мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ, пурарзиш буданд.
Дар пешравии кори нашрия роҳбарияти сиёсии давр, аз ҷумла қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншоҳ Шотемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров, адибону публитсистон Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Алӣ Хуш, Самад Ғанӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдулҳамид Самад, сармуҳаррирони он Аббос Алиев, Саидбурҳон Қосимов, Маҳдӣ Таҳмосов, Қосим Дайламӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ашӯр Ҳалимов, Шодӣ Саидов, Ғоиб Қаландаров, Ибод Файзуллоев, Нурмуҳаммад Табаров, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Субҳон Кошонов, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Камол Абдураҳимов, Муҳаммад Ғоиб нақши муҳим гузоштаанд. Имрӯз масъулияти фаъолияти нашрия ба дӯши Қурбоналӣ Раҳмонзода қарор дорад.
Нашрияи «Ҷумҳурият дар тӯли 100 сол ба тарғибу ташвиқи сиёсати давлату ҳукумати кишвар, инъикоси муҳимтарин ҳаводиси рӯз, таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами замон, тасвири чеҳраҳои кору пайкор ва амсоли ин таваҷҷуҳ намудааст. Тавассути нашрия мардум саривақт аз амру фармонҳои Сарвари ҷумҳурӣ, қарорҳои Ҳукумат ва моҳияти қонунҳои қабулкардаи парлумони кишвар огаҳӣ пайдо кардаанду мекунанд. Ҳамчунин нашрия минбари муҳим ва имконпазири ироаи марому мақсади Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар маҳсуб меёбад.
Барои нашрия имкон фароҳам омад, ки бо инъикоси масъалаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар мундариҷаашро рангоранг гардонад. Ҳамчунин ҳамкории рӯзноманигорону публитсистон, сиёсатмадорону ҷомеашиносон, олимону муҳаққиқон, адибону омӯзгорон, коршиносону масъулини мақомоти давлатӣ ва намояндагони соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа дар инъикоси чунин масъалаҳо аз чанд ҷиҳат ҳам барои нашрия ва ҳам барои хонандагони он манфиатбор аст.
Дар маҷмуъ, мундариҷаи нашрия ба мароми он – ба хонанда расонидани ахбори дурусту санҷида, ба мардум аз рушди ҷомеа, беҳбуди зиндагонии ҳамдиёрон ва таҳкими дӯстиву рафоқат нақл намудан мувофиқ гардид. Болотар аз ин, мазмун ва мундариҷаи нашрия хусусияти соф миллӣ пайдо кард.
Имрӯз мундариҷаи нашрияи «Ҷумҳурият» гуногуну фарох буда, масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ ва умуман ағлаби ҷанбаъҳои ҳаёти иҷтимоии ҷумҳурӣ ва берун аз онро фаро мегирад. Муносибати нашрия ба воқеиёти иҷтимоӣ холисонаву касбӣ буда, фаъолияти он баҳри татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Президенти мамлакат, Ҳукумати Тоҷикистон равона карда шудааст. Ба ин маънӣ, ҷанбаи сиёсиву иҷтимоии мундариҷаи нашрияро самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумат, сулҳу ваҳдат, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, Паёму шодбошӣ ва суханрониҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати санаҳои таърихӣ, ҷашнҳои миллӣ, ифтитоҳи корхонаву муассисаҳо, вохӯриву мулоқотҳои Сарвари давлат бо коргарони иншоотҳои азим, зиёиён, аҳли маориф, фарҳангу дин, пешвоён ё намояндагони сиёсии мамолики хориҷӣ, ҳамкориҳои байналхалқӣ, хатарҳои ҷаҳони муосир, таҳдиди ҷиноятҳои трансмиллӣ, авзои сиёсии кишварҳои хориҷӣ, мубориза ба муқобили гурӯҳҳои экстремистӣ, терроризм, манфиатҳои миллӣ, иртиботи дину ҷомеа ва амсоли ин ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, рӯзнома дар инъикоси моҳият, хусусият ва мақсаду вазифаҳои хоса, ки ҳар сол дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод мегардад, нақши бориз мегузорад. Чунончи, нашрия дар соли 2024 ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» махсус таваҷҷуҳ намуда, бо интишори матолиби зиёд, аз як тараф, дар фаҳму дарки моҳияти маърифати ҳуқуқӣ, аз ҷониби дигар, дар боло бурдани дараҷаи маърифати ҳуқуқии мардум саҳм гирифт.
Нашрияи «Ҷумҳурият» дар инъикоси раванди сулҳоварӣ, расидан ба ваҳдати миллӣ ва гиромидошти ин санаи муҳимми таърихӣ нақши бориз дорад. Ин нақш бо шарҳу тавзеҳ ва баррасиву маънидоди арзиши ваҳдати миллӣ, кӯшишу талошҳо ва ҷоннисориҳои афроди ватандӯст дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат, зарурат ва аҳаммияти бештар пайдо кардани рӯҳияи ваҳдатсозӣ дар замони муосир ва амсоли ин сурат мегирад.
Идораи нашрия ба воқеиятҳо ва масъалаҳои марбут ба ҳаёти иқтисодӣ низ таваҷҷуҳ намуда, дар баробари таҳлилу баррасии омилҳои такондиҳандаи иқтисодиёти кишвар – ҳамкорӣ бо шарикони рушд, ба кор даровардани корхонаҳои истеҳсолӣ, асос гузоштан ба бунёди корхонаҳои азими саноатӣ, омилҳои буҳронии иқтисодиёти кишварро низ мавриди таваҷҷуҳ қарор додааст.
Ҳамин тавр, тарғиби сиёсат ва самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати кишвар, рушди илму маориф, фарҳангу ҳунар, саноат, хоҷагии қишлоқ, варзиш, беҳдошти муҳити зист, ҳаёти солим, эҳсоси худшиносиву ифтихори миллӣ, ватанпарастиву меҳнатдӯстӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, гиромидошти анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, поси хотири гузаштагону эҳтироми имрӯзиён ва амсоли ин муҳтаво ва мундариҷаи асосии нашрияи «Ҷумҳурият» дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба шумор мераванд.
Иқдоми дигари ин нашрия дар шакли маҷмуаҳои алоҳида бозчоп намудани маводи зери рубрикаҳои озмунӣ дар нашрия интишоргардида аст. Хусусан маҷмуаи мақолаҳое, ки доир ба қаҳрамонони Тоҷикистон устод Айнӣ, Шириншоҳ Шотемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ибтикори нашрия дар шакли китобҳои алоҳида ба табъ расидаанд, натанҳо дар шинохти илмиву оммавии шахсиятҳои машҳури иҷтимоиву сиёсӣ ва эҷодии тоҷикон ба хонандагони рӯзнома иттилоот фароҳам овардаанд, балки дар оянда низ барои дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли наврас хидмат хаҳанд кард. Ба хусус китобҳои «Забон ва ҳувияти миллӣ» (2018), «Бобоҷон Ғафуров ва шинохти тоҷикон» (2019), «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ ӯ» (2021) аҳаммияти муҳим доранд.
Умуман, нашрияи «Ҷумҳурият» ҳамчун нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пурпечутоб ва шарафнокеро тай намуда, дар тарғиби ғояҳои пешқадами давру замон, оммавикунонии қарору қонунҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, татбиқи сиёсати Ҳукумати кишвар, талқини рӯҳияи ободкориву созандагӣ, муаррифии дастовардҳои кишвар, болобурди ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ саҳми муносиб дорад. Нашрия бо ташкили низоми матбуоти даврии тоҷик, батадриҷ мактаби бузурги рӯзноманигории амалиро ба шакл даровардааст, ки дар рушди нашрияҳои дигар ва дар маҷмуъ матбуоти даврӣ нақши бориз гузоштааст.