Аз диловарони насри имрӯз

 Аз диловарони насри имрӯз

Диловари Мирзо аз зумраи носирони сермаҳсули имрӯзи тоҷик аст, ки ҷамол ва камоли суханаш дар хотираҳо нақш баставу дилҳоро тасхир кардааст. Асарҳои таърихии ӯ, аз қабили «Борон изҳоро мешӯяд…», «Нусратулло Махсум», «Алӣ Хуши Найистонӣ» «Хунёгар», «Қандил», «Қисмат», «Шаҳчинор», «Марди роҳ”, «Рашт дар даврони истиқлол» ва ғайра аз ҷониби хонандаи тоҷик хуш пазируфта шудаанд.

Дар байни анвои мухталифи жанрҳои насрии адабиёти кунунии тоҷик эҷодиёти ӯ, бахусус, маҷмӯаи ҳикоёти «Борон изҳоро мешӯяд…» мавқеи вижаро дорост. Ин маҷмуа аз як қиссаи воқеӣ ва чаҳор ҳикоя «Мурод», «Барфӣ», «Ҳайити морбоз», «Пушаймонӣ» иборат мебошад.

Дар қиссаи «Борон изҳоро мешӯяд…» ихтилофи иҷтимоӣ ва суварнигории нависандаи нозукхаёл муҷассам гардидааст. Ӯ тавассути сухани бадеӣ, бо истифода аз унсурҳои печидаи тасвир, илҳом, ташбеҳ, истиора, рамз, киноя… ва нақшҳои барҷаста ҳаёти воқеии солҳои бистуми асри гузаштаро инъикос намудааст. Қисса дар байни ҳодисаву воқеаҳои ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии он солҳо камназир аст. Ба таъкиди адабиётшиноси маъруфи тоҷик Атахон Сайфуллоев «Қиссаи мазкур баъд аз романи Сотим Улуғзода «Восеъ», ки низ кору пайкори қаҳрамони ҳамноми халқиро фаро мегирад, дувумин асар аст, ки корномаи бузурги Усмонро ба таври бадеӣ тадқиқ ва ҷамъбаст кардааст.  Вай яке аз намунаҳои хуби насри давраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад».

Нависанда дар ин қисса нақшҳои Усмон, Мулло Тош, Маҳмади Мазорӣ, Фузайл, Шоҳмуродхони манғит, Абдулҳафизхон, Мулло Икром…-ро бо камоли маҳорат тасвир намуда, лаҳзаҳои дардомез ва шодибахшу фараҳангези персонажҳоро бисёр бамаврид ва устокорона ба қалам додааст. Масалан, лаҳзаҳои расидани Усмон ба васли маҳбубааш Сафармо ба маврид ва шоирона рӯйи сафҳа дарҷ ёфтаанд.

Ҳикоёти маҷмӯаи мазкур аз ҷиҳати нигориш ва мавзӯъ хеле гуногунранг буда, паҳлуҳои мухталифи зиндагиро ба тасвир гирифтаанд. Забони асар ва лаҳни баёни он ширин, форам, содда, суфта, рехта ва диданиву рангоранг аст. Чунончӣ: «Борон бо шаст меборид. Заминро тумани ғафс пӯшида, як қадам дуртар чизеро дидан душвор буд. Ҳаво тиратар мешуд. Боди қаҳролуд савори аспи бидав бо тамоми ғурур ба дили мардум тухми тарс кошта, ҳамранги деви ҳафтсар бо шӯру шағаб болои деҳот ҷавлон мезад. Дарахтони ду бари роҳ гӯё аз ҳайбати шамоли сахт тарсида печу тоб мехӯрданд. Борон бо шиддат, бо як мароми хос меборид».

Бобои Мурод ва Ҳайити Морбоз қаҳрамонони ҳикояҳои «Мурод» ва «Ҳайити Морбоз» буда, сюжетҳо низ ба фикру хаёлҳои мӯйсафедон амаки Ориф ва бобои Пирназар вобаста мебошанд. Гиреҳи ҳамаи ин асарҳо дар оғози ҳикояҳо ба назар мерасад. Ҳикояи «Барфӣ»-ро низ аз қабили чунин ҳикояҳо метавон номбар кард.

Диловари Мирзо дар ҳикояҳои ин маҷмӯа пиромуни тақдири халқу миллат, моҳияти замон ва равандҳои муҳими ҷамъиятӣ андеша ронда, ватандӯстию ватанпарварӣ, ҳалимию хоксорӣ, покдилию покдоманӣ, донишомӯзию меҳнатпарварӣ, ростгӯиву ростқавлӣ ва дигар хислатҳои неки инсониро тараннум менамояд.

Ҳар ҳикоя хусусияти ба худ хос дорад, аммо тасвираш танҳо дар як мавзеъ водии Рашт нигошта мешавад. Аз омӯзиш ва таҳлилу баррасии маҷмӯаи «Борон изҳоро мешӯяд…» дарёфтам, ки Диловари Мирзо ба худ якчанд вижагии хоси эҷодӣ дорад: Аз истифодаи таъбиру ибораҳои забонзадаву обшуста каноргирӣ мекунад. Калимоту ибороти шевагиро, бахусус мақолу зарбулмасалҳои халқиро бисёр ба маврид ва устокорона ба кор мебарад. Банду баст ва сюжети асарҳояш бо як услуби хосса сохта шудаанд. Дар ҳикоя ақида ва андешаҳояшро бидуни тасвир шарҳ намедиҳад. Нигоштаҳояшро бештар бо рамз ва истиора ифода мекунад.

Романи «Алӣ Хуши Найистонӣ» мавриди истиқболи ташнагони каломи бадеъ, алоқамандону ҳаводорони адиби ҷавонмарги тоҷик Алӣ Хуш ва баҳсу мунозираи онҳо қарор гирифт. Муаллифи роман аз таърихи водӣ, ҷараёни зиндагии қаҳрамонони асар, урфу одат, вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, муносбатҳои оилавӣ, хулоса аз ҳамаи воқеаҳо ба хубӣ огоҳ аст. Зеро ӯ бо қаҳрамонони асар парвардаи як муҳит – кӯҳистони Раштонзамин аст.

Диди тозаи ӯ дар мавриди зиндагиномаи Алӣ Хуш низ рӯшан аст. Тасвири манзараҳои табиати Раштонзамин, нигоҳи сокинони маҳал ба шаклу русуми давлатдорӣ, орзуву омоли онҳо ва меҳнати сангину вазнини заҳматкашони Рашт дар он давра, ки дар оғози роман қаламдод гаштаанд, ҳангоми мутолиа дар навори тахаюлоти хонанда зинда падидор мегарданд, ки ин аз ҳунари тасвиргарии муаллиф гувоҳӣ медиҳад.

Нависанда хеле пештар дар яке аз суҳбатҳояш ёдовар шуда буд, ки мехоҳад аз рӯзгори адиби ҷавонмарг Алӣ Хуш, ҷангсолор Қаноатшо ва муҳандиси донишманд Халифа Ҳасан асар эҷод кунад. Соли 2016 ӯ дар бораи ба анҷом расонидани романе аз рӯзгори Алӣ Хуш ба мо шогирдон ва дӯстонаш хабар дода буд ва гуфта буд, ки ҳанӯз асар ба талаботи ӯ ҷавобгӯ нест. Ҳанӯз баъзе паҳлӯҳои зиндагиномаи Алӣ Хуш барояш номаҳфум мондааст.

Дар роман зинда кардани шахсиятҳои таърихии водӣ, тавассути нақли модар ба фарзанд ва ё нақли ҳамсар ба шавҳар, таваҷуҳи кӯдак ба нақлу ривоятҳои таърихӣ басо хушоянд қаламдод гардидаанд. Нақли қиссаи «Қаландаршоҳи исёнгар» аз ҷониби модар ба фарзанди хурдсолаш худ далели равшане ба ин гуфтаҳост.

Гуфтугӯи Абдукарим бо домодаш Хушмуҳаммад, Шарифмоҳ бо модари пираш, Алимаҳмад бо устодаш ва гуфтугӯи муйсафедон дар роман низ бисёр зебою дилнишин ба қалам омадаанд. Чуноне дар оғози қисмати дар Қазноқ деҳшӯро ташкил шудану Алимуҳаммади 13-соларо котиби ҷамоат интихоб кардан омадааст: «Сағираи паси дар соҳиби гап шуд. Шарифмоҳ даст ба гиребон бурд. Шукрона кард. Дар як муддати кӯтоҳ зиндагӣ рӯ ба беҳӣ овард. Мардуми камбағал ба хонаи Алимуҳаммад меомаданд…».

Дар ҷойи дигар: «– Аз қудратат гардам, Худо, – ба ҳамнишинҳояш рӯ оварда мегуфт Абдухалил. – Бачаи сенздаҳсоларо ба як вазифаи масъул гузоштанд. Худо кунад, ки аз ӯҳдааш барояд. Авлоди моро бадном накунад.

– Гӯсолаи мешуданӣ аз почакаш маълум, гуфтаанд, – лабханд зад мӯйсафеди Сироҷ. – Аз бачагиаш маълум буд, ки бачаи раҳматии Хушмуҳаммад одами машҳур мешавад. Худованд бесабаб ба вай қомати боло, чеҳраи зебо ва ақли расо надодааст. Агар умраш дароз бошад, ба вазифаҳои баланд мерасад.

– Садқаи ҳукумати камбағалпарвар шавам, – андешамандона ба суҳбат ҳамроҳ мешавад мӯйсафеди Сафол. – Дар замони амир одами соҳибсавод агар камбағал мешуд, ду танга арзиш надошт. Ҳукумати нав ба қадри чунин одамон мерасад. Кош Хушмуҳаммад чанд соли дигар умр медид. Бахту саодати бачаҳоро дида хурсанд мешуд…».

Сюжети дигаре, ки дар роман омадааст, ин пирамарди бемор – собиқ раиси деҳшӯро, яке аз гунаҳкорони марги қаҳрамони асосии асар мебошад. Зулму ситами мансабдорони вақт ба мардуми заҳматкаши Раштонзамин тавассути ҳамин образ бисёр бамаврид истифода шудаанд, ки ҳанӯз ҳам пирони рӯзгордида аз шунидаҳояшон дар ин маврид қисса мекунанд. Ҳамин қисмати роман низ аҳаммияти бузурги тарбиявӣ дорад.

Гуфтугӯи ӯ бо ҳамсараш, азоби руҳӣ кашидани ӯ, аз ҷониби ҳамасараш маломат шудани ӯ, ба хобаш даромадани Алӣ, пушаймон шудани ӯ ба ҳусну қубҳи роман ҷилои дигар мебахшад. Зани бадбахти бо сабаби зебогиаш дили раиси деҳшуроро мебарад ва барои ба даст овардани ӯ падару бародар ва шавҳари аввалаашро ба шаҳодат мерасонад, аз ин мард дар дил аламҳо дорад, вале аз тарс наметавонад садо баланд кунад. Медонад, ки агар хилофи хоҳиши раис рафтор кунад, ӯро низ нобуд мекунад. Ҳамин буд, ки то даврони осоиштагӣ ва аз по афтидани раис ба ҳама ҷабру зулми ӯ тоб меорад. Чунончӣ:

«– Як қулт чоям бидеҳ, очаш, – садо баланд кард бемор. – Шукр, ки ду-се шаби охир оромам гузошт. Шояд аз омаду рафт хаста шуда бошад.

– Касе ба суроғат намеояд, мардак, – пиёлаи чойро ба дасти лоғару ларзони бемор часпонда гуфт кампир. – Гуноҳҳои содиркардаат дар сурати ӯ пайдо мешаванд. Фардо дар Қиёмат дар ҳузури Худованд кӣ буданатро арза мекунанд. Тамоми узви баданат шаҳодати кирдорҳои носавобатро менамоянд. Ғами ҳисобу китоби фардоро фикр кун. Тавбаву надомат бикун, шояд каме ҳам бошад, борат сабук шавад.»

Дар ҳақиқат қисме аз раисони солҳои сиюму чилум дар Қаротегин бедодгарӣ кардаанд. Мӯйсафедон ҳикоя мекунанд, ки дар як деҳаи ин диёр раиси деҳшӯро марди паҳлавону неруманд ва золиме будааст. Ӯ ҳар бегоҳ қамчинашро ба дарвозаи хонае меовехтааст. Марди соҳиби хона он шаб ба хонааш наомада шабро дар чойхона рӯз мекардааст. Ин кор чанд сол идома ёфтааст. Билохира мардум ба ҷон омадаанд. Як шаб чанд нафар ҷавонони деҳа ба хонаи ӯ медароянд. Ҳамсараш огоҳ мешавад.

Фарзандонашро оҳиста гирифта аз хона мебарояд. Ҷавонони гирифтори ғазаб он раисро ба сутуни хона баста хонаро оташ мезананд. Ҳамсараш дар додгоҳ шоҳидӣ медиҳад, ки хона бо айби шавҳараш оташ гирифтааст ва ӯ дар меҳмонии хонаи бародараш будааст.

Лаҳзаҳои шодию хурсандӣ, аз қабили ба мавлуд расидани Нурмуҳаммад, Алӣ, Шоҳин, марги Хушмаҳмад, ҳабс шудани Алӣ ба суроғи Алӣ рафтани бародараш нолаву фиғони модар ва ҳамсари Алӣ бисёр устокорона тасвир ёфтаанд, ки ба хонанда ҳиссёти аҷиб мебахшанд.

Хулоса, романи нави Диловари Мирзо «Алихуши Найистонӣ» асари хонданиву шуниданӣ буда, нигоҳи тозаест дар зиндагиномаи адиби ҷавонмарги тоҷик.

Ҳамин тавр, навиштаҳои Диловари Мирзо дорои вижагиҳои хос буда, дар насри имрӯзи тоҷик мавқеи вижа доранд.

Ӯ дар назм низ қувваозмоӣ мекунад. Маҷмӯаи шеърҳояш бо унвони «Афсонаҳои қисмат» ба табъ расида, дастраси хонандагон гардидааст. Диловар бо офаридаҳои назмиву насрии худ дер боз дар байни ҳаводорони каломи бадеъ маҳбубият пайдо намудааст.

Худодод Зайниддин,
шоир ва рӯзноманигор

Дигар хабарҳо