АЗИЗИ АЗИЗ: «АДАБИЁТИ БАЧАГОНАРО ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН СОЗЕМ»

Мусоҳиба бо Азизи Азиз, нависандаи тоҷик

—  Шумо солҳост, ки барои насли наврас асарҳои хонданӣ эҷод менамоед ва ҳоло дар вазифаи мудири шуъбаи адабиёти бачагонаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон адои вазифа мекунед. Ҳамчун корогоҳи соҳа бигўед, ки  адабиёти бачагонаи мо  хонанда дорад?

— Дорад, онҳо якчанд миллион ва ҳама фаъоланд. Дар олам  адибони бачаҳо серхонандаанд, зеро ҳар кўдак то даҳ-дувоздаҳсолагӣ табиатан китобхону китобдўст ва ташнаи илму маърифат аст. Вақте донишмандону муҳаққиқон, ҳатто васоити ахбори омма ба хонанда будан ё набудани ягон халқу миллату кишвар баҳо медиҳанд, бачаҳоро сарфи назар мекунанд. Баҳо вобаста ба китобхонии  калонсолон дода мешавад. Масалан, мардуми Чин, Испаниё ва Русия аз ҳама зиёдтар китоб мехонанд. Мардуми мамолики араб чандон китобхон нестанд.

Бачаҳо ба ҳама мавзўъ ва ҳодисот таваҷҷуҳ доранд. Онҳо  баъзан ҳатто китоберо  мехонанд, ки каммазмуну фач аст. Маҳз аз ин сабаб бархе калонсолони адибтарош барои бачаҳо «китоб» навишта, ба мактабҳо мебаранд. Албатта, ин  ба таълиму тарбияи кўдак бетаъсир намемонад — завқаш мекоҳад, шавқаш барбод меравад, вале ин мавзўи гуфтугўи дигар аст.

— Адабиёти бачагона аз адабиёти  калонсолона  бо чӣ фарқ мекунад?

 — Байни ин ду тафовут аз замин то осмон аст. Асари барои калонсолон эҷод шударо бачаҳо намехонанд, вале калонсолон китобҳои бачагонаро бо шавқ мутолиа мекунанд. Масалан, «Парончакҳо»-и устод Абдулҳамид Самадро ҷавонон ҳам мехонанду мўйсафедон ҳам. Аммо то дувоздаҳсолагӣ бачаҳо адибу адабиёти худро доранд. Китобе ҳаст барои ду-сесолаҳо, асаре ҳаст танҳо барои хонандагони синфи якум, баъзе асарҳоро хонандаи синфи чорум мехонаду мефаҳмад, вале барои хонандаи синфҳои поёнтар душворфаҳм маҳсуб мешавад. Аз ин сабаб кўдак дар ҳар синну сол  адиби худро дорад ё бояд дошта бошад. 

Адабиёти бачагона дорои махсусиятҳо ва мураккабиҳои худ аст, инро на ҳар калонсол мефаҳмад. Масалан, барои бачаи шашсола асаре бояд навишт, ки ҳар ҷумлааш чор-шаш калима дошта бошад. Баъзе мегўянд: «Эҳа, ҳам нависему ҳам калимашумурӣ кунем?!» Чӣ илоҷ, ин талабу тақозои адабиёти бачаҳост. Аз ҳама душвортар барои асари бачагона пайдо кардани мавзўъ, мушкилот ва дарёфтани роҳи ҳалли он мушкилот аст. Агар дар ҳикоя бачаҳо ба боғе даромада, зардолу чинанд ва боғбон омада, онҳоро аввал танбеҳ диҳад, баъд насиҳат кунад, бачаҳо пушаймон шуда, ваъда диҳанд, ки дигар калонсолонро напурсида, ба боғ нахоҳанд даромад, ин асари бачагона намешавад. Аз ин рў, барои бача китоб навиштан душвор аст. Асари худро гаштаву баргашта таҳрир кардан лозим меояд, то барои мутолиаи бачаҳо арзанда шавад.

Аслан, барои ҳар асари бачагона ҳафт чиз муҳим аст: хурдсол будани қаҳрамони асар, то ҳадди имкон кўтоҳтар будани он, ҷой доштани як ё якчанд мушкилот, ҳалли ғайричашмдошти мушкилот, забони содаю хушоҳанг, насиҳат нахондан, муколамаи бачаҳо. Беҳтарин намунаҳои осори бачагонаро дар эҷодиёти Николай Носов ва Астрид Линдгрен метавон дарёфт кард. 

 — Зимни   «Мизи мудаввар»-е, ки моҳи январ дар Иттифоқи нависандагон доир шуд, кадоме пешниҳод намуд, ки адибони ҷавони моро мактабе бояд чун Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкийи Русия. Назари Шумо?

— Мактаб назария ва техникаи эҷодро меомўзонад, ҳамчунин метавонад истеъдодро такмил диҳад, вале ҳаргиз истеъдодро ба олам намеоварад. Пас, ҳама гап дар сари истеъдод аст. Агар ҷавоне соҳибистеъдод бошад, ҳамеша барои худ устоду мураббӣ пайдо карда метавонад. Гоҳо як устод шогирдро аз чунин мактаб бештару беҳтар таълим медиҳад. На ҳар кас, ки  хатмкардаи Донишкадаи адабии ба номи Горкий буд, машҳур шуд ва бисёр адибони машҳур ба остони ин мактаб қадам ҳам нагузоштаанд.

— Кадоме пешравтар аст: насри бачагона  ё назми бачагонаи мо?

— Назми бачагонаи тоҷик  дар ҳама давру замон боиси рўсурхии мо буд. Шеърҳои устод Айнӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Мирсаид Миршакар, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Убайд Раҷаб, Ҷўра Ҳошимӣ ва Юсуфҷон Аҳмадзодаро берун аз Тоҷикистон ҳам ҳар кас метавонад дар ҳузури ҳамзабононамон  хонад. Чанде аз ашъори  Юсуфҷон Аҳмадзода мисли  «Каду» ё «Мўрча» ба кўдакони  Афғонистону Эрон ҳам олам-олам завқу фараҳ мебахшанд.

Аммо насри бачагонаи мо ҳанўз ба пояи баланд нарасидааст. Мо дар ҳикояву повестамон пургўйӣ мекунем, бисёр насиҳат мехонем, тасвирҳо гоҳо дарозанд. Дар асари бачагона қаҳрамон бояд бача бошад ва адиб агар мушкиле барои ў пеш орад, бояд боз худи бача бартараф кунад. Ҳамин  зуҳурот дар ҳикояву қиссаҳои бачагонаи мо кам мушоҳида мешавад.

   — Барои нависандаи бачаҳо кадом донишу хислат муҳимтар аст?

   — Донистани табиати кўдак ва махсусиятҳои синнусолии адабиёти кўдакона, ҳамчунин огоҳ будан аз адабиёти бачагонаи олам, ҳар рўз хондан. Сад китоби беҳтарини бачагона ҳаст, ки ҳар адиб онҳоро бояд хонад ва омўзад. Ҳар кӣ дар ин кор қаноатманд шуду такаббур намуд, бохт.

Адиб бояд тасаввур карда тавонад, ки мазмуну ҳикмати асараш, ҳадафаш  барои  хонандаи хурдсол дастрас аст, ў бояд бехато дарк кунад, ки ҷумлаҳояш маҳз бачагонаанду моҷарои қисса шавқангез мебошад ва ҳар чӣ ў навишт, нав асту дар хотири бача мемонад.

Солҳои ҳаштодум як рўзноманигори машҳур ба идораи маҷаллаи «Чашма» ҳаждаҳ  афсона овард. Гуфтем, ки қобили чоп нестанд. Ранҷид ва далел овард, ки ин афсонаҳоро наберааш бо завқ гўш кардааст… Агар шумо ба фарзанду набераатон афсонае гуфтеду гўш дод ва хобаш бурд, ин чунин маънӣ надорад, ки он чӣ гуфта шуд,  моли адабиёт аст. Гоҳо метавонад оҳанги гуфтори шумо  бачаро мафтун кунад, аммо худи нақл бемаънӣ бошад.

— Баъзе донишмандон ба калонсолона ва бачагона тақсим кардани адабиётро инкор менамоянд. Ин фикр оё дуруст аст?

— Бачаҳо ғизо, либос, бозӣ, бозича, ҷисм, ақли кўдакона доранд. Адабиётро ҳам ба ин силсила илова кунед! Ягон кишвар нест, ки адабиёти бачагона надошта бошад. Тамоми кишварҳои пешрафта ба ин соҳаи адабиёт арҷ мегузоранд. Даъвои ин тоифа, ки шумо дар назар доред, бояд чунин бошад: «Мо адабиёти бачагона дорем ё на?»

— Мегўянд, ки адабиёти бачагонаи мо аз соли 1927 оғоз меёбад ва бори нахуст Тўрақул Зеҳнӣ барои бачаҳо китоб навиштааст…

— Адабиёти бачагона дар ҳар давру замон вуҷуд дошт, вале китоби бачагона набуд. Мавзўи баҳс ин аст.  Ин ду маъниро бояд фарқ кард. Вагарна баъзе ҳикояҳои «Гулистон»-и Саъдӣ  ба табъу завқи бачаҳо мувофиқанд. Ҳикоятеро оид ба  Шиблӣ мисол меорем. Шиблӣ дар роҳе мерафт. Дид, ки ду кўдак барои гирдуе, яъне чормағзе баҳс мекунанд. Шиблӣ гирдуро гирифту шикаст. Гирду тиҳӣ буд. Гуфт: «Як гирдуи тиҳӣ ва ин қадар хархаша?!»  То Тўрақул Зеҳнӣ мо барои бачаҳо махсус китоб чоп накардаем. Албатта, адабиёти мо оламгир аст, таърихи дароз дорад, вале адабиёти бачагонаамон чунин набуд, зеро китоби бачагона надоштем.

— Нуқси асосии китобҳое, ки имрўз барои бачаҳо чоп карда мешаванд, аз чӣ иборат аст?

— Ҳунари баланд ва риояи одоби чопи китоби бачагона дар Тоҷикистони мо аҳён-аҳён мушоҳида мешавад. Гоҳ-гоҳ  ягон асари арзандаро барои хурдсолон чоп мекунем ва ба намоишгоҳҳои байналмилалӣ мебарем, вале бештарини китобҳои моро бурдан хатост, ба беҳунарии мо хоҳанд хандид. Хуб, китобҳои мо боз чӣ нақс доранд? Нахуст матни беҳикмат, баъд  ороиши беҳавсалаёна, яъне аз интернет ҳар расму суратро гирифта, бо матн «мувофиқ» кардан, нодуруст интихоб намудани ҳуруфу коғаз, кам будани теъдоди нашр…

Имрўз барои бачаҳо китоби иттилоотӣ, омўзишӣ,  асарҳои хурд-хурди саҳнавӣ, асарҳои тарҷумашуда низ намерасанд. Фарз кардем, дар васфи  Роғун шеъри бисёр навиштем. Ҳоло як китобчаи ранга низ даркор аст, ки бачаҳо ба воситаи он чӣ хел пайдо шудани неруи барқро  донанд ва ҳам дар расмҳо тамошо кунанд. Бигузор бача огоҳ гардад, ки манбаи рўшноӣ дар сари кўҳу пуштаҳои мо хобидааст, ин барфу пиряхҳои мост. Бигузор кўдакон аз чӣ гуна сохта шудан ва кор кардани сарбанд, обанбор, нақбҳо, турбинаҳо, ноқилу симчўбу фурўзонак ва ғайра огоҳӣ ёбанд. Эҷоди ин гуна асарҳо дар таҷрибаи мо кам мушоҳида мешавад.

— Адабиёти бачагонаи  мо аз замон ақиб намондааст?

— Ақиб мондааст, махсусан насри бачагонаамон. Қаҳрамони асарҳои бачагонаи мо ҳанўз дар гирди дастархону боғу майдон мегардад. Дар асл бачаҳо имрўз бо техника ва таҷҳизоте сару кор мегиранд, истилоҳоте ба забон меоранд, аз гапу коре хабар доранд, ки калонсолон мутлақо бехабаранду сарфаҳм намераванд. Куҷост асарҳои саҳнавӣ ва фантастикии бачагона? Ҳатто наметавонем, ки асарҳои беҳтарини бачагонаи адибони оламро тарҷумаю пешкаш кунем. Бояд адабиёти кўдаконаро ҳамқадами замон созем. Ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор додани дастандаркорон зарур аст.

— Ба фикри Шумо,  ҷаласаи қарибулвуқўи  Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон метавонад ба рушди адабиёти бачагонаи мо таконе диҳад?

— Бояд такон диҳад. Умеди зиёд дорем. Баъди садорат семинари омўзишии панҷрўза доир хоҳад гашт, ки адибони бачаҳоро аз саросари ҷумҳурӣ гирд оварда, масъалаи насри бачагонаамонро бори дигар баррасӣ мекунем.

— Нақди адабиёти бачагонаи моро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

— Агар нақди мо фаъол мебуд, нисфи зиёди «адиб»-они бачагона аз майдони адабиёт  фирор мекарданд. Одатан таърифу тавсиф  ҳаст ва ҳамон ҳам беасос.

— Чаро ба асарҳои бади бачагонаи мо гоҳо адибони маъруф, номзаду докторҳои илм,  профессорон, устодони донишгоҳу донишкадаҳо  тақриз менависанд?

— Ман низ ҳайронам. Эҳтимол, рўйи одам гарму изои муъмин ҳаром гуфта, тақризу сарсухан менависанду фотеҳа медиҳанд, шояд худи «адиб»-он зораю таваллокунон ба онҳо дармеафтанд ва донишманди бечора ду-се ҷумла навишта, ҷонашро халос мекунад ё иҷозат медиҳад, ки ному насаби ўро ба сифати муҳарриру мушовир дар саҳифаи аввали китобашон қайд кунанд. Чунин муаллифон фаромўш кардаанд, ки бо таъриф шунидану тақриз нависондан метавонанд номи худро дар дафтару китобҳо сабт намоянд, вале дар дафтари адабиёт не. Ин масъала ҳам дар ҷаласаи Садорат бояд баррасӣ гардад.

-Барои суҳбат ташаккур!

Нигориши З. САЛИМ

Дигар хабарҳо