Адибони ӯзбек дар меҳмонии ИНТ
Дар доираи чорабиниҳои фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ адибони кишвари дӯсту ҳамсоя – раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Шоири халқии Ӯзбекистон Сироҷиддин Саид, адиб ва тарҷумони шинохта, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Одил Икром ва адиб Шерзод Ирзоев ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Рӯзи 18 апрел бо иштироки ин меҳмонон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нишасти хоси адабӣ баргузор гардид. Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар оғоз перомуни робитаҳои пурсамари адабии Тоҷикистону Ӯзбекистон, тарҷума ва чопи осори адибони ӯзбек дар Тоҷикистон ва осори адибони тоҷик дар Ӯзбекистон ва маҳфилу ҷашнвораҳои гуногуни адабӣ сухан гуфта, иброз дошт, ки ин робитаҳо ба шарофати дӯстиву ҳамкории ду ҷониб бештар таҳким меёбанд.
Дар ин бора ҳамчунин муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод ба таври васеъ изҳори назар кард ва баён намуд, ки ба баракати робитаҳои дӯстонаи ду кишвар дар чанд соли охир як зумра адибони тоҷики Ӯзбекистон, аз ҷумла Абдулло Субҳон, Муҳаммад Шодӣ, Юнуси Имомназар, Ҷаъфар Муҳаммад, Шариф Халил, Асадулло Шукуров ва дигарон ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуданд.
Раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саид дар бораи робитаҳои адабии ду кишвар, ихлосу самимияти тоҷикону ӯзбекон ва нақши муҳимми адабиёт дар тақвияти ин робита батафсил сухан гуфта, чанд китоби тозанашри адибони ӯзбекро ба китобхонаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тақдим намуд. Номбурда бо хушҳолӣ хабар дод, ки се адиби Тоҷикистон – шоири шинохта, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Акбар Абдулло, тарҷумон Сайфулло Қулаев ва нависанда Ҳасан Бердиқулов ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон қабул гардиданд. Шаҳодатномаҳои узвият дар фазои тантанавӣ ба адибони номбурда супорида шуданд.
Дар поёни маҳфил изҳори умедворӣ карда шуд, ки минбаъд низ робитаҳои адабии ин ду кишвари дӯст тақвияти бештар меёбад.