Адабиётшиносӣ ва нақд дар «Садои Шарқ»
Маҷаллаи миллии адабии “Садои Шарқ” ойинадори муҳимтарин рӯйдодҳои адабии замон буда, бо маводи пурмуҳтавояш ҷомеаи адабӣ ва дӯсторони адабиёту ҳунарро ба набзи ҳаёти адабиву фарҳангӣ ошно мекунад.
Аз замони таъсиси ин минбари баланди адабиёту ҳунар нақд ва адабиётшиносӣ ҳамеша яке аз бахшҳои муҳимми онро ташкил медод. Дар соли 2023 маҷалла ин суннати хешро идома дода, дар саҳифоти худ баҳсу мунозира, пажӯҳиш ва тақризу китобиёти зиёдеро ҷой додааст, ки ҳар кадоме аз онҳо дорои арзиши вижа мебошанд ва метавон дар бораи онҳо ба таври алоҳида сухан гуфт.
Мо бахши нақд ва адабиётшиносиро аз рӯйи дастабандии маҷалла, ки дар шумораи дувоздаҳум пешниҳод шудааст, мавриди баррасӣ қарор додем. Аз мундариҷаи маҷаллаи «Садои Шарқ» бардоште ҳосил мешавад, ки тайи солҳои охир бахши нақд ва адабиётшиносӣ рӯ ба таҳаввул дорад. Ҳамин ҷиҳат дар бахшҳои дигари маҷалла низ ба мушоҳида мерасад ва он матолибе, ки дар қолаби хотираву ёддошт, мубоҳиса ва асарҳои публитсистӣ манзури хонандагон мешаванд, маводи муфиде барои суханшиносию сухансанҷӣ мебошанд.
Дар бахшҳои “ёдбуд”, “мусоҳиба”«пажӯҳиш», «тақриз ва китобиёт»-и маҷалла дар соли 2023 муҳаққиқону суханшиносон оид ба паҳлуҳои гуногуни таърихи адабиёти гузаштаву муосир, падидаҳои тозаи адабӣ, махсусиятҳои назму насри шоирону нависандагони муосир, робитаҳои адабиву масъалҳои амалию назарии адабиёт изҳори назар карда, ба ин васила адабиётшиносиву танқиди адабиро фаъол нигоҳ доштаанд.
Дар бахши “Ёдбуд” хотира ва мақолаҳои Мисбоҳиддини Нарзиқул “Донишманди наҷиб” (№4), Атахон Сайфуллоев “Ваҳдати безавол” (№5), Соҳиб Табаров ”Саргузашти талхи Саъдулло Рабиӣ” (№5), Шафизода Фарҳод Ашӯр “Фараҳбахшии табиати шеъри Ашӯр Сафар” (№5), Ҳабиб Аҳрорӣ “Мулоқоти охирин” (№ 8), Яков Налский “Ҷавонии Роғун” (№8), Бадриддин Мақсудзода “Ҷойгоҳи профессор Абдуманнони Насриддин дар камолшиносӣ” (№11), Равшан Раҳмонӣ ”Низом Нурҷонов ва пажӯҳиши “драммаи гуфторӣ” (№12) мунташир шуда, дар онҳо шахсият, ҳунари нигорандагӣ ва дигар паҳлуҳои рӯзгору фаъолияти эҷодии ёдшудагон манзури хонандагон гардидаанд.
Дар бахши “Мусоҳиба” – “Ёри килку рангу коғаз” (Мусоҳибаи Суҳроби Зиё бо Сабзаалӣ Шарифзода, №9) ва “Ҳамнишини бузургон” (Мусоҳибаи Бузургмеҳри Ҳаким бо Низорамоҳ Зарифова, №11) ба нашр расидаанд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки жанри мусоҳиба дар тақвияти нақд саҳми бориз дорад. Мушоҳида мешавад, ки баъзе андешаҳо ва диду назаре, ки адибону ҳунармандон ва мунаққиду адабиётшиносон дар мақола ва ёддоштҳои худ баён каррда наметавонанд, дар мусоҳиба ошкор мегардад. Ва ба ин восита паҳлуҳои норавшани эҷодиёти ин ё он адиб ошкор шуда, андешаҳои ӯ дар бораи адабиёт ва раванди адабӣ бо гунае озодтар баён мешаванд.
Соли сипаришуда дар бахши “Пажӯҳиш”-и маҷалла 13 мақола нашр гардидааст, ки масъалаҳои гуногуни адабиёти гузаштаву муосир, забоншиносӣ, эҷодиёти шифоҳии мардумӣ, робитаҳои адабиро фаро гирифтаанд. Мақолаи Шаҳбоз Кабиров “Раванди ташаккули забони тоҷикӣ дар масири таърих” (№1) оид ба давраҳои ташаккули забони тоҷикӣ маълумот медиҳад. Забони тоҷикӣ дар муддати мавҷудияти худ пайваста, зина ба зина ғанӣ гардида, сайқал ёфта, то ба ҳадди равониву шевоӣ ва мавзуниву гӯшнавозӣ ба камоли балоғату салосат расида аст. Муаллиф бодарназадошти даврабандии то кунун роиҷ инкишофи забони тоҷикиро баррасӣ намуда, даврони Истиқлолро марҳилаи нави рушди забони тоҷикӣ медонад. Воқеан, дар замони Истиқлол дар тамоми сатҳҳои забон таҳаввулоти назаррас ба миён омад. Аз ҷумла, дар низоми савтиёт ҳарфҳои хоси забони русӣ аз алифбо хориҷ ва мувофиқи дастгоҳи тавлиди овозии забони тоҷикӣ муодилҳои тоҷикии онҳо манзур гардид. Ҳамзамон овозҳои ҳаммахраҷ дар алифбо паҳлуи ҳам ҷой дода шуданд, ки ин тартиби алифборо ба низом даровард. Гузашта аз ин, талаффузи вожаву истилоҳоти иқтибосӣ низ тибқи табиати забони тоҷикӣ роҳандозӣ гардиданд. Дар баробари ин, дар боби калимасозиву ибораофарӣ ва корбурди феълҳои таркибӣ низ таҳаввулоти зиёде ба вуҷуд омад, ки вобаста ба ин маҷмуи таҳаввулоти забон замони Истиқлолро марҳалаи навини рушду такомули забони тоҷикӣ эътироф намоем.
Дар ҳамин шумораи маҷалла Хуршеди Эҳсон аз китоби Ҷалол Холиқии Мутлақ “Суханҳои дерина (сӣ гуфтор дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ)” гуфтореро дар қолаби як мақола ба унвони «Аҳаммияти “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” таҳия кардааст, ки хеле ҷолиб аст. Дар мақола қайд мешавад, ки ““Шоҳнома” яке аз мафохири миллии мост… Ба сухани дигар, вақте мо аз аҳаммияти миллии “Шоҳнома” сухан мегӯем, ғолибан танҳо ба аҳаммияте, ки ин китоб барои миллияти мо дорад, назар дорем, вале аҳаммияти миллии “Шоҳнома” хеле беш аз ин аст”. Яъне ҳоло ҳам “Шоҳнома” ба таври лозима мавриди пажӯҳиш қарор нагирифтааст. Барои шинохти ҳамаи ҷиҳоти аҳаммияти “Шоҳнома” метавон бемуҳобот садҳо китобу ҳазорҳо мақолаи таҳқиқӣ навишт.
Дар мақола масъалаҳо, ба гунаи “Шоҳнома” ва метулужӣ”, “Шоҳнома” ва таърих”, “Шоҳнома” ва фарҳанги бостон”, ”Шоҳнома” ва адабиёти паҳлавӣ”, “Шоҳнома” ва фарҳанги Эрони исломӣ”, “Шоҳнома” ва забони форсӣ”, ”Шоҳнома” ва адабиёти форсӣ”, “Шоҳнома” ва ҳунари шоирӣ”, “Шоҳнома” ва миллияти эронӣ” матраҳ шудаанд. Паёми ин гуфтор ин аст, ки бо тамоми шаҳомату бузургии “Шоҳнома” мо онро ба таври лозима ба ҷаҳониён нашиносондаем, синамогарони мо наметавонанд силсилафилмҳо доир ба достонҳои ин шоҳасар офаранд, ки ҷои таассуф аст.
Мақолае дигари ҳамин шумораи маҷалла “Забони адабиёти гуфторӣ ё лингвофолклористика” унвон дошта, маҳсули қалами Равшан Раҳмонӣ мебошад. Мавзуи баҳси пажӯҳиши мавриди назар зуҳури бахши нави забоншиносӣ ва фолклоршиносӣ – «Лингвофолклористика» (забоншиносии фолклорӣ) аст. Ҳоло лингвофолклористика дар илми филология чун риштаи мустақил бо пажӯҳиши таъсири мутақобилаи забон ва матнҳои фолклории этнос машғул гардида, онро дар якҷоягии фарҳанги маънавӣ ва ё бадеӣ меомӯзад. Мақсади муаллиф аз ин навишта ҳамин аст, ки дар илми филологияи мо низ лингвофолклористика ҳамчун илми мустақил корбурд гардад. Забони матн ва поэтикаи он бояд дар пайвастагии вижагиҳои фолклоршиносӣ таҳқиқ шавад.
Мақолаи Урватулло Тоиров “Ибтикори Мавлавӣ дар мавриди вазн ва қолаби шеър” (№2) дар мавзуи тозакориву навпардозиҳои Ҷалолуддини Балхӣ дар вазн ва навъҳои шеърӣ баҳс мекунад. Бино ба гуфтаи муаллиф “Ибтикороти Мавлавӣ дар мавриди анвоъи адабӣ хеле аҷиб аст. Ӯ, ғолибан, вақте ки барои ифодаи ин ё он мафҳум қолаби мувофиқ пайдо намекунад, худ меёбад ва месозад ва ин ихтирои вай хеле шигифтангез ва дилнишину гуворост, зеро хонандаю шунаванда гӯё бо дарёфти он қолаби муносиб, он мафҳуми зарурӣ ташнагии маънавии худро шикаста, шодоб мешавад”. Мақола ба гунаи андешаҳое чун Ҷалолуддини Муҳаммади Балхӣ “дар авзоне ғазал гуфтааст, ки то ӯ касе шеъре нагуфтааст” ва “… дар 17 навъи баҳрҳое, ки то ӯ дар адабиёти форс-тоҷик шоире шеъре нагуфта буд, ғазал эҷод кардааст” анҷом меёбад.
Дар мақолаи Ҳафиз Раҳмон “Ривоятпардозӣ дар ҳикоёти Фазлиддин Муҳаммадиев” масъалаи ривоятпардозӣ дар сохтори асари бадеӣ баррасӣ шудааст. Ибтидо муаллиф дар адабиётшиносии ватанӣ ва хориҷа мавҷуд набудани таснифи умумӣ ва эътирофшудаи анвои ривоятпардозӣ ва ба ҷанбаҳои сохтории ривоятпардозӣ такя карда, комилан аз ҷанбаъҳои муҳтавоӣ канора гирифтаани муҳаққиқонро қайд мекунад. Баъдан дар асоси назарияҳои мавҷуда шеваи ривоятпардозӣ ва навъҳои онро дар мисоли ҳикояҳои Фазлиддин Муҳаммадиев таҳлил карда, тозакориҳои нависандаро нишон додааст. Хулосаи Ҳафиз Раҳмон ин аст, ки гуногунии равишҳои ривоятпардозӣ дар ҳикояҳои Ф. Муҳаммадиев ба инкишофи табиии анъанаҳои адабиёти романтикӣ ва реалистӣ асос ёфтааст. Қонунмандиҳои ривоятпардозӣ дар ҳикояҳо хусусиятҳои хоси насри нависандаро инъикос мекунанд. Дар маҷмуъ, усулҳои ривоятпардозии ҳикояҳои нависанда дигаргуниҳоеро инъикос мекунанд, ки дар адабиёти асри ХХ-и шуравӣ ба мушоҳида мерасад. Навиштаи Ҳафиз Раҳмон ҷолиб буда, дар оянда барои пажӯҳишгарон зимни баррасии масъалаи мавриди назар метавонад ёригар бошад.
Мавзуи баҳси мақолаи Абдуҷаббор Раҳмонзода “Сиддиқии Аҷзӣ ва бедории фикрии халқи тоҷик” (№3) баррасии мақоми Сайидаҳмадхоҷаи Сиддиқии Аҷзӣ ҳамчун равшанфикри тоҷик дар охири асри ХІХ ва аввали асри ХХ дар рушди адабиёти навини тоҷик ва тарғиби афкори ҷунбиши ҷадидия мебошад. Дар ин нигошта рӯзгор, шахсият ва фаъолияти ҷамъиятиву эҷодии Сайидаҳмадхоҷаи Сиддиқии Аҷзӣ ба тафсил мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Аз муҳтавои пажӯҳиш бармеояд, ки Сайидаҳмадхоҷаи Сиддиқии Аҷзӣ дар пайи босаводу бомаърифат намудани фарзандони халқ кӯшида, нахустин коре, ки дар ин самт анҷом додааст, мактаберо бо усули савтия мекушояд. Сиддиқии Аҷзӣ барои мактаб китоби дарсӣ навишта, ҳикояҳои нависандагони русро ба забони тоҷикӣ тарҷума карда, барои хониш ба толибилмони мактаб ва дигар муассисаҳои таълимии савтия тақдим мекунад.
Муаллиф қайд мекунад, ки “Сиддиқии Аҷзӣ бо сабку баёни тоза ба адабиёти нави садаи бист ворид шуда, дар шаклу мазмуни жанрҳои анъанавӣ навгониҳо ворид намуд. Ӯ мундариҷаи ғоявии баъзе шеърҳои худро тағйир дода, бештар ба тасвири воқеаҳои ҳаррӯзаи ҳаёт таваҷҷуҳ зоҳир кардааст”.
Мақсади Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ин нигошта таъйини мақоми Сиддиқии Аҷзӣ дар таъсиси мактабҳо, навиштани дастуру китобҳои дарсӣ, рушди матбуоти тоҷик ва, гузашта аз ин, нишон додани саҳми равшанфикрони аввали садаи бист дар худшиносиву худогоҳӣ ва расидан ба ормонҳои миллӣ мебошад.
Дар мақолаи “Нусхашиносӣ ва таърихчаи он” (№ 5) Бадриддин Мақсудзода дар маврди илми нусхашиносӣ, замони пайдоиши он дар Тоҷикистон, умумият ва тафовути нусхашиносӣ ва матншиносӣ, мавзуи баҳси илми нусхашиносӣ ва пешгомони имрӯзии илми нусхашиносӣ баҳс оростааст. Ҳадафи муаллифи матлаб ин аст, ки дар Тоҷикистони азизи мо низ бо омода кардани кадрҳои нусхашинос ин соҳа тараққӣ хоҳад кард ва феҳристи нусхаҳои хаттии китобхонаҳои кишвар, тавре ки бояд, бо навтарин равишҳои тавсифи нусах ба амал оварда мешавад. Ҳамзамон кадрҳои мутахассиси нусхашинос метавонанд дар пешгирӣ намудани амали қочоқи нусхаҳои хаттӣ, ки сарвати бебаҳои маънавии миллати мо мебошанд, низ ёрӣ расонанд.
Дар мақолаи “Шахсияти комил ва маорифпарвари беназир” Зоҳид Абдулҳаев (№5) дар мавриди фаъолияти маорифпарварии Садри Зиё аз назари С. Айнӣ сухан ронда, паҳлуҳои гуногуни ҳаёт, фаъолияти маорифпарварӣ ва ақидаҳои пешқадами ин марди донишманд ва равшанфикри гениалиро мавриди таҳқиқу таҳлил қарор додааст.
Илҳомҷон Бобомалаев дар мақолаи “Вижагиҳои услубии лирикаи Аминҷон Шукӯҳӣ” (№6) таҳаввулоти сабкию услубӣ ва бадеиву ҳунарии шеъри Аминҷон Шукӯҳиро баррасӣ кардааст. Муаллиф зимни таҳқиқи услуби эҷодии Аминҷон Шукӯҳӣ ба хулосае расидааст, ки дар услуби баён ва таносуби шаклу мазмун, инъикоси бадеии мавзуъ ва ғоя, воситаҳои тасвири бадеӣ ва анвои адабии шоир таъсири пурқуввати адабиёти классикӣ мушоҳида мешавад. “Аз ин дидгоҳ – мегӯяд муаллиф, – ба забон ва услуби эҷодии Аминҷон Шукӯҳӣ калимаю ибораҳои мубҳаму душворфаҳм хос набуда, сухани шоир бо риояти таносуби сухан ва фасоҳату балоғати он гуфта шуда, бетакаллуфу дилнишин, руҳнавозу ҳисбарангез садо медиҳад, дар он таъсири пурқуввати адабиёти классикӣ ва қабл аз ҳама, намояндагони сабки хуросонӣ ва бозгашт побарҷост”.
Хуршеди Эҳсон навиштаи Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ “Талаққии қудамо аз ватан”-ро аз (шумораи 75, фарвардин-тири 1389)-и маҷаллаи «Бухоро» баргардон намуда, манзури хонандагони маҷаллаи “Садои Шарқ” кардааст. Дар мақолаи мавриди назар шинохти мафҳуми «Ватан» ва шарҳи он аз дидгоҳи пешиниён матраҳ шудааст. Аз паёми ин гуфтор мушоҳида мешавад таваҷҷуҳи муаллиф бештар ба ҷанбаи иқлимии мафҳуми ватан равона шуда, ҷанбаи нажодӣ ва қавмии он дар канор аст.
Нигоштаи Мирзо Абдуллоҳ “Ташаккули шахсияти эҷодӣ” (№6) ба шахсияти заҳматкаши соҳаҳои матбуоту табъу нашр, эҷодгари каломи бадеъ – очерку ҳикояҳо, қиссаву асарҳои саҳнавӣ ва ходими намоёни ҷамъиятиву давлатӣ Ато Ҳамдам бахшида шудааст.
Мақолаи Атахон Сайфуллоев “Шоири рангинхаёл” (№7) ба эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод иртибот дошта, дар он вижагиҳои осори манзуми шоир бозгӯӣ шудаанд. Дар ин навишта аз миёни маҷмуаҳои сершумори шоир китобҳои «Ашки мармар» (Хуҷанд, 2002) ва «Номаи муҳрбанд» (Хуҷанд, 2010), ки аз камолоти эҷодӣ, вусъат ва умқи назар, диди волои зебоишиносӣ, маҳорати нигорандагӣ, забони шево ва тарзи баёни фасеҳу балеғи сарояндаашон шаҳодат медиҳад, баррасӣ шудааст.
Мақолаи “Ташаккули романи филологӣ дар адабиёти тоҷик” ба қалами Ҷамилаи Мурувватиён (№ 7) тааллуқ дорад. Дар навиштаи мавриди назар вижагиҳои романи филологӣ ва хусусиятҳои жанрии он баррасӣ шудаанд. Ҳадафи муаллиф аз ин навишта тавзеҳи ибораи романи филологӣ, муайян кардани хусусиятҳои хоси миллӣ, поэтика ва решаҳои инкишофи он дар адабиёти тоҷик мебошад.
Ҷамилаи Мурувватиён менависад, ки “Дар адабиётшиносии тоҷик боре ҳам кӯшиши аз лиҳози назариявӣ муайян кардани ин навъи роман сурат нагирифта, дар луғатҳо ва донишномаҳо низ дар ин бора ишорае нашудааст”. Бинобар ин, дар мавриди “романи филологӣ” навиштаи муҳаққиқ пажӯҳиши наву тоза аст. Мувофиқ ба гуфтаи муаллиф “Романи филологӣ асари тарҷумаиҳолии адибон нест. Меъёри аслии типологии романи филологӣ гузориш ва ҳалли филологии мавзуъ аст, ки онро раванди эҷод, коргоҳи эҷодии офаранда ташкил медиҳад. Романи филологӣ баррасии масъалаҳои муҳимми адабиётшиносӣ, фарҳангшиносӣ ва забоншиносиро фаро мегирад, ки дар он нисбат ба раванди эҷод муносибати касбӣ ҳарчи бештар таъкид мегардад. Дар чунин роман на танҳо худогоҳии шахсияти эҷодкор (озодии тафаккур, идеяҳои башардӯстонаи ба таҷдиди воқеият равонашуда) инъикос меёбад, балки – аз ҳама муҳимтар! – худи раванди эҷод бозгӯ мешавад”.
Пажӯҳиши Фаридун Исмоилов “Халқият дар “Модарнома”-и Лоиқ” (№ 8) унвон дорад. Муҳаққиқ мавқеи урфу одат, расму оин, ҷашну маросим ва умуман фарҳанги мардумиро, ки дар «Модарнома»-и устод Лоиқ ҷойгоҳи махсус доранд, мавриди пажӯҳиш қарор додааст.
Муаллиф таъкид мекунад, ки дар эҷодиёти устод Лоиқ калимаву ибора, мақолу зарбулмасал, чеҳраҳои афсонавию устураӣ, истилоҳоти фолклорӣ, номи ҳунару бозиҳои миллӣ, шахсиятҳои бузурги таърихию асотирӣ ба таври густарда истифода шудаанд.
Дар навиштаи Абдулҳаким Розиқзода “Мушкилоти рӯзгори устод Айнӣ” (№11) баҳс атрофи баъзе паҳлуҳои талху фоҷеабори зиндагии чеҳраи мондагори адабу фарҳанги халқи тоҷик устод Айнӣ, ки тамоми ҳастӣ, дониш ва истеъдоди хешро сарфи бақо ва ҳастии миллаташ намудааст, ҷараён мегирад. Мувофиқи андешаи муҳаққиқ ҳама саҳифаҳои фоҷеабори зиндагии ин чеҳраи дурахшони илму фарҳанги тоҷик пурра, илман таҳлил ва ба таври бояду шояд бозгӯ нашудаанд. Бино ба ҳамин андеша мавсуф кӯшиш намудааст, баъзе сояравшанҳои зиндагии устод Айниро бо истифода аз асарҳои худи устод ва баъзе маъхазу санадҳои маҳфузмонда намо диҳад.
Тақризҳое, ки дар бахши “Тақриз ва китобиёт”-и маҷалла чоп шудаанд, хонандаро ба ҷаҳони рамзу розҳои осори мавриди назар раҳнамоӣ мекунанд. Ҳар асари бадеӣ дунёи кашфношудаест, ки пажӯҳишгари пуртаҷрибаву розошно асрори онро кашф карда, хонандаро аз тариқи ҳидоят ва роҳнамоиҳои хеш ба ҷаҳони офаридаи адиб, ки тасвир ва шакли таҳриру такмилшудаи дунёи воқеии мост, ошно менамояд. Тақризҳое, ки дар шумораҳои соли 2023-юми маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шудаанд, ба хонанда барои дарки баъзе мушкилоти печидаи адабӣ, ки ҳалли онҳо бидуни раҳнамоии ихтисосмандони ин соҳа имконпазир нест, мусоидат мекунанд.
Дар соли сипаришуда маҷалла панҷ тақриз, тақризҳои Хуршеди Эҳсон “Сухан аз Ватан аст” (№ 3), Равшан Раҳмонӣ “Нигоҳе ба шеърҳои Асад Гулзодаи Бухороӣ” (№5), Замира Ӯлмасова “Махсусияти корбасти вожаҳо дар романи Бароти Абдураҳмон “Куруши Кабир” (№5), Абдулҳай Маҳмадаминов ва Лутфулло Шарифзода “Нақди солим” (№ 9), Муҳаммадуллоҳи Табарӣ “Эй доиразан, бигӯ, дар ин доира чист?!” (№ 10) манзури хонандагон гардид.
Дар тақризи Хуршеди Эҳсон “Сухан аз ватан аст” китоби “Нома аз сангари Ватан” (2020)-и Назрӣ Асадзода, ки ашъори дар солҳои гуногун навиштаи шоирро дар худ дорад, мавриди нақд қарор гирифтааст. Муқарриз кӯшидааст ба маҷмуаи мавриди нақд аз чанд зовия нигариста, бархе аз вижагиҳои онро баршуморад. Қайд мешавад, ки мавзуи меҳварии ин маҷмуа, чунон ки аз унвонаш ҳам пайдост, Ватан ва ватандорист. Ба назар мерасад, ки андешаи миллӣ ва фикри ватандорӣ дар ин асар решае бас амиқ ва паҳное бас густарда дорад. Дар ин китоб мавзуи меҳан ва меҳангароӣ танҳо ситоиш ва васфи марсум ва одатшуда нест, балки бо ҳадафе бас волотар ҳамроҳ аст, ки он ҷуз бедор ва огоҳ кардани шаҳрвандон ва фарзандони меҳан ва эҳсоси масъулияти ватандорӣ ва хештаншиносӣ дар онҳо нест. Ба равшанӣ мешавад шунид, ки садои гӯяндаи ин ашъор фақат ба худаш хос ва аз тамоми гӯяндагони дигар мутафовит аст.
Муқарриз гӯяндаи ашъори мавриду нақдро шоире андешаварз ва андешаманд мешиносад ва ҳадс мезанад, ки вусъати диди фарох ва дурандешию оянданигарии амиқ дорад. Чизҳоеро мебинад ва медонад, ки шояд дигарон намебинанд ва намедонанд. Пас, вазифаи худ медонад, ки барои огоҳ ва бедор кардани дигарон аз тамоми доштаҳо ва донистаҳои худ кумак бигирад, то ки худогоҳӣ ва худшиносии афрод зинда шавад, такмил ёбад ва боиси қавӣ шудани андешаи миллӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ гардад.
Масъалаҳои дигаре, ки мавриди арзёбии муқарриз қарор гирифтаанд, ҳунари шоирӣ ва забони шеърҳои Назрӣ Асадзода мебошанд. Муққарриз чанд нуктаро заъфу норасоии маҷмуа баршуморида, ислоҳи онҳоро дар оянда ба манфиати кор медонад.
Тақризи Равшан Раҳмонӣ “Нигоҳе ба шеърҳои Асад Гулзодаи Бухороӣ” (№5) ба нақди “Куллиёти осор” Асад Гулзодаи Бухороӣ (Дар 3 ҷилд. Ҷилди 1. Шеърҳо, ғазалҳо, мухаммасҳо, таронаҳо, дубайтиҳо, қитъаҳо, ҳаҷвияҳо, байтҳо. – Т.: “Yangi nashr”, 2017. – 456 саҳ.; Асад Гулзодаи Бухороӣ. Куллиёти осор. Дар 3 ҷилд. Ҷилди 2. Шеърҳо, достонҳо, ривоятҳо ва чистонҳо барои кӯдакону наврасон. – Т.: “Yangi nashr”, 2018. – 454 саҳ.; Асад Гулзодаи Бухороӣ. Куллиёти осор. Дар 3 ҷилд. Ҷилди 3. Шеърҳо, дубайтиҳо ва чаҳорпораҳо. – Т.: “Yangi nashr”, 2019. – 454 саҳ.» Бухороӣ, Асад Гулзода. Куллиёти осор. Ҷилди 4. Шеърҳо, ғазалҳо, дубайтиҳо ва чаҳорпораҳо. – Т.: “Yosh avlod matbaa”, 2022. – 432 саҳ.) ихтисос дорад. Бардошти муқарриз аз мутолиаи Куллиёти шоир чун аст: “Вақте “Куллиёт”-и Асад Гулзодаи Бухороиро мехонем, аз аввал то охир муҳаббати ӯро, пеш аз ҳама, нисбат ба Бухоро, гулгаштҳо, кӯчаҳо, мероси таърихӣ ва бузургони он мебинем. Нури маърифатпош, боди анбарфишони оромгоҳи Сомониён, ҳубобчаҳои оби зулоли сарҳавзи қалъаи соҳибдарвозаи Тали Поч, шуои зиёбахши зиёратгоҳи Зиндапил Аҳмади Ҷомӣ сарманшаи илҳоми Асад Гулзодаанд. Ин аст, ки дар шеърҳои худ бо ҳиссиёти баланду пурмеҳр нисбат ба ин шаҳри таърихӣ ва дӯстдоштанӣ эҳсоси хешро баён намудааст. Аз ин эҳсоси пурмуҳаббат метавон дарк кард, ки ӯ ба ҳар пораи ин хок, осори қадимӣ, донишмандони гузаштаю имрӯзии он эҳтироми зиёд дорад. Мехоҳад, ки шаҳри дӯстдоштааш ҳамон ҳашамату бузургии фарҳангпарвариро, ки дар гузаштаҳо дошт, имрӯзу оянда ҳам дошта бошад.
Муқарриз ба ин андеша аст, ки “Агар хонанда ҳанӯз ин шаҳрро нодида, “Куллиёт”-и шоирро аз аввал то охир бо диққат бихонад, ҳатман аз тариқи тасвирҳои содаю самимии шоир бо Бухоро бештар ошно мешавад. Масалан, аз ашъори ӯ дар бораи “Манораи калон”, “Ҳазрати Баҳоуддин”, “Мадрасаи Мири Араб”, “Масҷиди калон”, “Лаби ҳавз”, “Ҷуфт мадраса”, “Арки Мир”, “Чор манор”, “Қалъа”, “Мақбараи Сомонӣ”, “Масҷиди Мағоки Аттор”, “Майдони регистон”, “Мақбараи Чашмаи Аюб”, “Ҳавзи Шарбат”, “Тоқи Саррофон”, “Тоқи Телпакфурӯшон”, “Тоқи Заргарон”, “Чорбакр”, “Хонақоҳи Девонбегӣ”, “Мадрасаи Кӯкалтош”, “Мадрасаи Девонбегӣ” ва даҳҳо осори таърихӣ иттилоъ мегирад. Ин ҳамаро Асад Гулзода бо забони назм бо меҳр ситоиш намудааст”.
Дар тақризи Равшан Раҳмонӣ нуқсу камбудиҳои ашъори шоир баён нашудааст. Ва он бештар хусусияти тавсифӣ дорад.
Тақризи “Махсусияти корбасти вожаҳо дар романи Бароти Абдураҳмон «Куруши Кабир»”(№ 5) ба қалами Замира Ӯлмасова тааллуқ дорад. Муқарриз дар тақризаш забони романи «Куруши Кабир»-ро мавриди нақду баррасӣ қарор медиҳад. Аз назари муққариз “Забони романи «Куруши Кабир» намунаи хуби забони адабии тоҷикист.
Воқеан, забони асарҳои Бароти Абдураҳмон омафаҳм, равон, ҷаззоб, образнок, тарзи баёнаш содаю дилнишин аст, нависанда калимоту ибораҳоро дар ҷою мақоми худ корбурд мекунад. Барои қалами нависанда ҷумлаҳои мураккаби печдарпеч ва дандоншикан, шеваи нигориши хушки омиёна бегона аст. Забонаш дилнишин ва таркиби луғавиаш ғанист.
Дар радифи таъкиди сифатҳои хуби забони романи «Куруши Кабир» муқарриз баъзе нуқсони онро низ ёдрас шудаааст; аввал, истифода шудани калимаҳое, ки ба муҳити Куруш хос набудаанд; дуюм, корбасти бемавқеъ ва нодаркори калимаҳои туркӣ; сеюм, истифодаи ибораҳои тоҷикии муосирро, ки мавҷудияти онҳо дар қарни VI пеш аз милод зери суол аст; чаҳорум, дар забони асар нодуруст ё саҳеҳтар гӯем, бемавқею ноҷо истифода бурдани баъзе калимаҳо; панҷум, нодуруст сохтани баъзе калимаҳои мураккаб, ки решаашон саҳеҳанд; шашум, нависанда дар чанд маврид ҳангоми тасвиру тавсифи майдони набард ё ҳаракати сарбозон истилоҳҳои талояи пешсаф, талояи пешоҳанг, талояи пешгардро истифода бурдааст, ки тавсифҳои пешсаф, пешоҳанг, пешгард зиёдатианд; ҳафтум, дар роман баъзан вожаҳои арабие дучор меоянд, ки дар шакли ҷамъулҷамъ истифода шудаанд.
Тақризи Абдулҳай Маҳмадаминов ва Лутфулло Шарифзода зери унвони “Нақди солим” (№9) китоби Субҳони Аъзамзод “Ҷавҳари Айнӣ: дастранҷи пажӯҳишҳои айнишиносӣ. – Хуҷанд: СИ Файзибоев ММ «Меъроҷ», 2023. – 346 с.”-ро мавриди нақд қарор додааст. Ин тақризро метавон нақди нақд номид. Муқарризон ҳунари нуктасанҷиҳои С.Аъзамзодро баҳои баланд дода, қайд мекунанд, ки “Субҳони Аъзамзод дар се даҳсолаи охир яке аз чеҳраҳои намоёни илми адабиётшиносии тоҷик маҳсуб шуда, дар бахшҳои гуногуни адабиётшиносӣ ҳузури фаъол дорад”.
Баъдан муқарризон чаҳор боби китобро нуктасанҷона арзишдоварӣ намуда, ба баъзе нукоти барҷаставу қобили таваҷҷуҳ, ки дар маҷмуъ, ба тамоми мақолоти китоб марбут мешавад, ишора намудаанд.
Дар радифи муҳассаноти китоб баъзе камбудиҳои он низ аз назари муқарризон дур намондааст.
Хулоса, дар ҳамаи шумораҳои маҷаллаи “Садои Шарқ”-и соли 2023 матолиби хонданибоб оид ба масъалаҳои гуногуни адабиётшиносӣ ва накди адабӣ дарҷ гардидааст. Кормандони маҷалла барои рангину муассир шудани мундариҷаи ин минбари волои сухан ҳамаи кӯшишҳоро кардаанд. Вазифаи ноқидону сухансанҷон аст, ки минбаъд ҷанбаи интиқодии тақризу мақолаҳоро қавӣ гардонанд ва сараро аз носара ҷудо намуда, ҷиҳати тарбияи завқи зебоишиносии хонандагон хидмат намоянд.
Қарор Муҳаммадизода