АВВАЛИН СИМПОЗИУМИ НАЗМИ ФОРСӣ ДАР ТОҶИКИСТОН

Ба пешвози Ҳамоиши шоирони форсигӯи ҳавзаи Наврӯз

Симпозиуми назми форсӣ дар Тоҷикистон бо ибтикори устод Мирзо Турсунзода ба вуқўъ пайваст, ки дар шароити шўравӣ кори осон набуд. Шоир ва сиёсатмадори бузург ин ҳамоиши шоирони форсигўро дар рўзҳои таҷлили ҷашни 80-солагии устод Абулқосим Лоҳутӣ (12-13 декабри соли 1967) дар шаҳри зебоманзари Душанбе ташкил намуд, ки дар он худи устод Мирзо Турсунзода маърўза кард ва меҳмонони симпозиум низ ширкат варзида, суханҳои пурмаънӣ иброз доштанд. Чунончӣ, шоир ва донишманди маъруфи эронӣ Лутфалии Суратгар фармуда буд: «Каломи шоир ҳукми замон ва сарҳаду масофаро намеписандад. Эҷоди Лоҳутӣ аз ҳамин гурўҳ аст. То даврае, ки мардуми форсизабон зиндаанд, назми Абулқосим Лоҳутӣ пойдор хоҳад буд».

Бо саъю кўшиши устод Мирзо Турсунзода ҷашни Абулқосим Лоҳутӣ дар Маскав ҳам баргузор гардид, ки дар он шоир ва фозили шинохтаи эронӣ Парвиз Нотили Хонларӣ иштирок дошт ва суханронӣ кард.

Симпозиуми назми форсӣ 13-уми декабри соли 1967 дар толори Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз гардид, ки ин воқеаи тозаи гуворо дар ҳаёти илмӣ ва адабии ҷумҳурӣ буд. Ин мулоқоти дўстонаи илмию адабӣ метавон гуфт, ки аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе оғоз ёфта буд. Ба пойтахти Тоҷикистон ҳайъати вакилони Эрон доктор Парвиз Нотили Хонларӣ, доктор Лутфалии Суратгар, шоири овозадор Нодири Нодирпур ташриф оварданд. Вакилони илму адаби Афғонистон Абдулҳақи Вола, Накҳати Саидӣ, Моили Ҳиравӣ, Аҳмад Ҷавод буданд. Аз Ҳиндустон доктор Муниббурраҳмон, аз Маскаву Санкт-Петербург, аз Ўзбекистон як гурўҳ донишмандон ва нависандагон бо иштироки худ дар Симпозиум мулоқотҳои илмию адабиро шукўҳи хоса бахшиданд. Шоир Нодири Нодирпур умедҳои худро аз Симпозиум дар худи фурудгоҳи Душанбе изҳор дошт: «Симпозиум ба гумони ман, гуфт ў,–яке аз муҳимтарин корҳоест, ки барои густариши равобит дар миёни миллатҳои форсизабон анҷом гирифтааст. Мо дар ин симпозиум илова бар таҷлили масоили марбут ба шеър фурсати онро дорем, ки бо намояндагони миллати форсизабон суханони худро дар миён ниҳем ва тўшае аз ҳамдилӣ ва дўстӣ баргирем».

Симпозиуми назми форсӣ ба ҷашни дўстии намояндагони илму адаби Тоҷикистону Эрон, Афғонистону Ҳиндустон ва Русия табдил ёфт. Зиёда аз ин мухлисони назми форсӣ, ки муштоқи дидори гарми дўстони ҳамзабон, ба вижа эрониҳо буданд, дар маҷлисҳо бо шавқу рағбати зиёд, ҳамчун ташнаҳои шеъри муосири форсӣ ширкат варзиданд. Гўё аз ҳар ҷониб овои малакутии Хоҷа Ҳофизи лисонулғайб ба гўш мерасид:

Донӣ, ки чист давлат? Дидори ёр дидан,

Дар кўи ў гадоӣ бар хусравӣ гузидан.

Аз ҷон тамаъ буридан осон бувад, валекин,

Аз дўстони ҷонӣ мушкил тавон буридан.

Устод Мирзо Турсунзода, ки ба кори симпозиум ҳусни ифтитоҳ бахшид, вакилони ин базми сухан ва тафаккури рангинро бо як байти устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, падари адабиёти форсу тоҷик хайрамақдам гуфт ва табрик кард:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рўи дўстон.

Мирзо Турсунзода изҳори ақида кард, ки симпозиум дар ҳаллу фасли масоили баҳсталаби шеъри муосири форсӣ имконият ва шароити мусоид фароҳам хоҳад овард. Бино бар он, суханронӣ ва баҳсу мунозираҳое, ки дар ин толор ба вуқўъ хоҳанд омад, донишмандон ва шоирони форсигўро ба ҳамдигар бештару беҳтар наздик мекунанд. Дар фазои мулоқоти мо панди хирадмандонаи Мавлавии Балхӣ ҳамеша танинандоз хоҳад буд:

Ҳар касе, к-ў дур монд аз асли хеш,

Боз ҷўяд рўзгори васли хеш.

Дар маҷлиси якуми симпозиум, ки таҳти сарварии устод Муҳаммад Осимӣ, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ҷараён гирифт, аз олимон ва шоирони тоҷик Носирҷон Маъсумӣ, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар мавзўи «Сулҳ, дўстӣ ва гуманизм дар назм», профессор Шарифҷон Ҳусейнзода дар масъалаи «Шеъри классикӣ ва шеъри нав», Раҷаб Амонов оид ба «Тасвири табиат дар назми лафзӣ ва хаттӣ» суханрониҳои пурмўҳтаво карданд. Моили Ҳиравӣ, шоир, узви Анҷумани таърихи Афғонистон роҷеъ ба авзони арўз дар шеъри муосир андешаҳои судманд иброз дошт.

Устод Носирҷон Маъсумӣ суханронии худро чунин оғоз намуд:

«Тобистони соли гузашта (1966) бо иштироки намояндагони халқҳои форсизабон дар Кобул семинари тарҷима баргузор шуд. Ҳарчанд ки дар маркази диққати он анҷумани илмӣ асосан масъалаҳои тарҷима гузошта шуда буданд ва муҳокимаву музокираи аҳли маҷлис низ ба ҳамин мақсад тобеъ буд, масъалаи шеър ва ҷараёни тараққиёти имрўзаи он аз муҳокима берун намонд. Маълум шуд, ки музокира ва мубодилаи афкор дар масъалаи шеър ва хусусиятҳои инкишофи имрўзаи он ҳамчун талаби зиндагӣ хеле зарур мебошад.

Инак, имрўз, ки ин анҷумани илмӣ ва адабӣ бо иштироки намояндагони адабиёт ва адабиётшиносии халқҳои бо ҳам дўст (Иттифоқи Советӣ, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон) барои музокираи вазъияти назми муосири форсизабонон тартиб ёфтааст, ҳамчун давоми мантиқии он баҳсу музокироте ба назар мерасад, ки дар давоми 10-15 соли ахир чи дар дохили ҳар яке аз мамлакатҳои номбурда ва чи дар конгрессу конференсияҳои байналхалқии шарқшиносон воқеъ шудаанд.

Маълум аст, ки шеър ҳамеша ҳамроҳу ҳамдами ҷамъият, мўнису мададгори ҳар фард буд ва ҳаст. Ҳамчун аслиҳаи маънавии кўшишу кор ва муборизаи одамон хизмат дошт ва дорад. Акнун вазифаи он, қувваи таъсири амалкунандаи вай дар асри ХХ, хусусан дар замони мо, ки ҳаёт бо марг даст ба гиребон шуда, ҳаққоният ва қудрати мағлубнопазири худро намоиш медиҳад,–садчанд афзудааст. Ин аст, ки адабиёт, аз ҷумла назми имрўзаи халқҳои мо, мувофиқи рўҳи замон, бо заминаи иҷтимоии худ сахт марбут, бо ҳаёти мутараққии мамлакат ҳамқадам, бо хонандагони худ ҳамнафас ва дар мавридаш пешраву пешхабари ҳодисаҳои зиндагӣ гардидааст, ки назми шўравӣ ва ҳаракати фаъоли назми пешқадами форсизабонон далели барҷастаи он аст».

Устод Маъсумӣ дар бораи адабиёти форсизабон, аз он ҷумла адабиёти муосири Эрон чунин изҳори андеша кард:

«Чунон ки адабиёти манзуми имрўзаи форсизабонон гувоҳӣ медиҳад, суханварони равшанфикру тараққипарвар талош доранд, ки дар эҷодиёташон ҷунбиши умумии мардум, олами ҳиссу фикр ва орзую умеди ҳаётдўстонаю адолатхоҳонаи ў беш аз пеш пурратар, равшану муассиртар акс ёбад; яъне бо ибораи устод Парвиз Нотили Хонларӣ «дар маонӣ ва шеваи баён мутаносиб бо авзои имрўз бошад», ба хонандагони замони худ «дар идроки мафҳуми зиндагӣ, бо ҳамаи вусъат ва умқи он, ёрӣ кунад».

Вақте ки мо дар ашъори шоирони Эрон тасвири ҳақиқатнигоронаеро роҷеъ ба чораҳои беҳбудии зиндагии коргару деҳқон (чунончӣ, ашъори Афрошта, Пирўз, Парвин Эътисомӣ ва дигарон), ҳуқуқ ва мавқеи зан дар ҷамъият (масалан, ашъори шоира Фурўғи Фаррухзод, Рубоб, Жола ва амсоли инҳо), талош, умеди некӣ, ҳифзи шарафу эътибори инсон (масалан, дар ашъори Маликушшуаро Баҳор, Деҳхудо, Парвизи Хонларӣ, Нодир Нодирпур, Содиқ Сармад ва дигарон) ва амсоли ин масъалаҳои муҳими иҷтимоиро мехонем, мефаҳмем, ки адабиёти манзум чӣ андоза ҳаёту муборизаи халқро фаро гирифта, мазмунан ва шаклан тағйир ёфта пеш меравад.

Сатрҳои оташин дар дилу фикри оммаи хонандагон нишаста, раҳнамоӣ мекунад. Паймони Муҳаммад Пирўз – «Лаб зи гуфтори ҳақ намебандам!» (шеъри «Ҳақгўй»), таъкиди Фирўзи Фирўзиён «Инсон ҳақир нест!» (шеъри «Пирўзии башар»), даъвати Фаррухии Яздӣ «Ҳаққи худро аз даҳони шер мебояд гирифт» ва хитоби озодихоҳонаи Фаридаддини Кор:

…Лекин ба хасми дун

Бо қудрате фузун

Фарёд мезанем:

«Нобуд бардагӣ!

Пирўз зиндагӣ!»

ҳамчун нидои ҳаёт ва мубориза ба гўшҳо мерасад ва бо таъбири Муҳаммад Иқбол гўем, мехоҳад, ки «кавкаби тақдир»-и одамро мунаввар сохта бошад.

Талошу орзуҳои ҳаётҷўёнаи суханварони ҳар мамлакат пайваста бо эҳсосоти ватандўстии онҳо қувваи азим пайдо мекунад. Оё манзумаҳои Парвиз Нотили Хонларӣ «Моҳ дар мурдоб», «Ёд ва орзу», «Уқоб», манзумаи Маҳдии Ҳамидӣ «Байрақи Эрон дар боми ширкати нафт» ва бисёре аз ашъори «нав»-у анъанавӣ, ки табиати зебои Эронзамин, беҳтарин одамони он, ҳисси ватандўстии онон тараннум меёбад, пояндагии истиқлолияти мамлакати Эронро ифода намекунад?».

Дар суханронии устод Маъсумӣ баъзе умумиятҳои мундариҷавӣ, ғоявӣ ва шаклии адабиёти форсизабонони машриқзамин мавриди баррасӣ қарор ёфтанд.

Дар рўзи якуми симпозиум шоири пуркор ва донишманди заковатманди эронӣ устод Лутфалии Суратгар роҷеъ ба «Суннати адабӣ ва шеъри муосир» суханронии муфассали илмӣ кард. Ў дар ибтидои суханрониаш нисбат ба тоҷикон ва забони тоҷикӣ изҳори муҳаббат намуда, чунин гуфт:

«Қабл аз арзи нуктае чанд дар боби мероси адаби форсӣ мехостам ба хидмати хонумҳо ва оғоён арз кунам, ки ман аз шаҳре меоям, ки яке аз шуарои он ҷо азизтарин ва гаронбаҳотарин чизе, ки дар назар дошт, ба холи чунин яке аз дилрабоён бахшид ва он Самарқанд ва Бухоро буд, чизеро мебахшид, ки пеши ў аз ҳар чизе алоқааш зиёдтар буд. Бинобар он аз он рўз, ки Ҳофиз ин шеърро гуфт, то имрўз мо, эрониён, бахусус ва умуман ва мардуме, ки сокини хонаи Ҳофиз ва Саъдӣ ҳастанд, ба бародарони тоҷик, ки забони ширини форсиро ин тавр салис ва равон ва пок ва ноолуда нигоҳ доштаанд, як эҳсоси самимият ва бародарии қалбӣ ва қатъӣ бикунем. Аз ҳамин ҷиҳат хоҳиш мекунам, саломи муштоқона ва бародаронаи ҳамшаҳриёни ман – Шероз ва эрониёнро умуман бипазиред».

Доктор Лутфалии Суратгар дар бораи адабиёти форсӣ, таҳаввул ва вижагиҳои он аз аҳди Рўдакӣ то давраи ҷанги ҷаҳонии дуввум, таъсири забони арабӣ ва душвориҳое, ки забони бегона ба назму насри форсӣ ворид намуд, сухан ронд. Ў оид ба хусусиятҳои анвои адабии маснавӣ ва қасида, ғазал ва мусамман, тарҷеъбанд ва мустазод, рубоӣ, мураккаботи иртиботи шаклу мазмун ва ғайра изҳори андешаҳои судманд карду нақши Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хоқонии Шервонӣ, Сўзании Самарқандӣ ва Низомии Ганҷавиро дар таҳаввули шеъри форсӣ нишон дод, ҷустуҷўи калима, қофия ва радифи муносибро барои ифодаи матлаб таъкид кард ва то давраи Абдуарҳмони Ҷомӣ расида афзуд:

«Баъд аз Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ дар адаби форсӣ аз лиҳози фикр як вақфе пайдо шуда буд. Ба ин таъбир, ки афкори ирфонии мо аз замони Ҷомӣ ба ин самт он қадр ҷило ва равшанӣ ва фурўғро дигар надошт. Ғазалҳо ҳам аз он туғён ва хурўш афтода буд ва қасоиди мадеҳа ва он чӣ, ки мо дар боби табиат мегуфтем, дар ҳамон ҳудуд монда буд, ҳеҷ вақт боло намерафт. Мўътақадоти мазҳабӣ ё мўътақадоти иҷтимоӣ ҳам дар ин 600-400 сол аслан тафовут накарда буд. Вале дар қарни ХХ назар ба ошноии мардуми Эрон бо мамолики хориҷа ва назар ба тарҷумаи бисёре аз кутуби аврупоӣ ба забони форсӣ, аз ҷумла Пушкин, Лермонтов кам-кам як навъе кушодагӣ дар андеша ва афкори мардуми кишвари ман пайдо шуд…

Адабиёт мисли як рўдхона аст, ки бояд муттасил дар ҳаракат бошад ва ба дарё бирезад, ба дарёи адаб. Агар ҷилави ин адабиётро бигиранд, оби пушти сараш мурдор мешавад ва бўи бад медиҳад ва дуруст нест. Балки ин адабиёт бояд муттасил дар ҷараён бошад.

Аз тарафи дигар мулоҳиза бифармоед, ки мардуме, ки шеърро мешунаванд, бо мардуми қадим тафовут кардаанд, чӣ тавр тафовут кардаанд? Дар қадим як дастаи муайяне аз мардум, ки чандин соли умрашон ба китобу шеър сарукор доштанд, аз шеърҳо хушашон меомад ва шеъри Ҳоқониву ғайри Ҳоқониро мефаҳмид. Ба мардуми оддӣ як даста аз ашъор, ки марбут ба авзои эшон буд, хуш меомад. Одатан аз шеъри Саъдӣ хушашон меомад.

Вале имрўз дар асари заҳмати бисёр, ки давлатҳо мекашанд ва ҳамин тавр Тоҷикистон лобуд ин ҳолат дорад, ки мо дорем, як пораи зиёде аз мардум ҳар рўз босавод мешаванд. Ман хаёл мекунам, баъд аз даҳ соли дигар дар кишвари ман иддаи босавод ба 98-99 дар сад бирасад ва боистӣ, ки барои он хўроки завқӣ, хўроки рўҳонӣ, лаззати фикрӣ аз лиҳози шеър таҳия бикунем. Агар ин корро накунем, дастгоҳҳои дигаре, монанди синамо (кино), радио, телевизион ва ғайра ин ҳаққи мусаллами шоирро аз ў хоҳанд гирифт. Зеро, ки мо бояд мардумро ба тараб биоварем, агар натавонем, яъне барои ў ғизои тараб эҷод накунем, бо завқаш ҳамроҳӣ накунем, дилашро ба даст наёрем, ақиби синамо меравад ва ёдаш ба мо дигар намеафтад. Магар вақте бимирем санги мазорамон бинависанд ё лавҳаш бизананд ва тамошо биёянд.

Шеъру адабро бояд ҳар рўз ҷило ва сайқалӣ кард, ба тавре ки дурахшанда бошад» («Садои Шарқ», 1968, №2).

Дар рўзи дуюми симпозиуми назми форсӣ, ки бо роҳбарии олими афғон, профессор Аҳмад Ҷавод ҷараён гирифт, аз шуарои тоҷик устод Боқӣ Раҳимзода, аз донишмандони мо Бозор Тилавов, Абдуқодир Маниёзов, Сайфулло Саидов, Хуршеда Отахонова дар хусуси вазъи шеъри муосири тоҷик, таҳаввули достони миллӣ, муносибати назми лафзӣ ва хаттӣ мубодилаи афкор карданд. Шеъри нави тоҷикро яке аз шаклҳои таъсири назми муосири Эрон ба шумора оварданд, ки дар Эрон аз Нимо Юшич ва дар Тоҷикистон аз устод Айнӣ оғоз ёфта буд.

Шоир Абдулҳақи Вола, мудири раёсати нашри китоб дар ҳузури Вазорати ахбор ва фарҳанги Афғонистон дар бораи падидаҳои навҷўии шуарои Афғонистон, таърихи пайдоиш ва инкишофи шеъри нав дар Афғонистон мулоҳизоти худро арза дошт.

Маҷлиси сеюми (пагоҳии) симпозиум, ки таҳти роҳбарии мусташриқи номвар, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон профессор И. С. Брагинский давом кард, хеле гарм буд. Шоирони форсигў доктор Муҳаммад Накҳати Саидӣ (Афғонистон) дар мавзўи «Шеъри нав дар Афғонистон» ва Жола Бадеъ (Эрон) дар масъалаи «Шеъри нав чист?» суханронӣ карданд ва пайдоишу ташаккули шеъри навро дар мамолики форсизабон ҳамчун самараҳои ковишҳои бадеии шоирони асри ХХ арзёбӣ карданд. Дар ин ҷода навпардозиҳои шоирони Эронро аз Нимо Юшич то Нодири Нодирпур тазаккур доданд. Донишманди тоҷик Абдулғанӣ Мирзоев дар суханронии худ бо баъзе нуктаҳо дар маърўзаи Лутфалии Суратгар, ки шояд мақоми суннатҳои адабиро дар инкишофи назми муосир чунон ки бояд ба таври шоиста ташреҳ накарда бошад, домони баҳсу мунозира бикшод.

Академик Мирзоев ба ақидаи Суратгар розӣ нашуд, ки «Баъд аз Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ дар адаби форсӣ аз лиҳози фикр як вақфе пайдо шуда буд… Ғазалҳо ҳам аз он туғён ва хурўш афтода буд…».

Донишманди мазкур дар мисоли осори Бадриддин Ҳилолӣ, Сайидои Насафӣ, Мушфиқӣ ва дигар шоирон ба исбот расонд, ки дар адаби форсӣ фикру андешаҳои иҷтимоӣ, танқиди нуқсонҳои замона ва масъалаҳои ишқӣ ва ахлоқӣ таназзул наёфтаанд, ғазал низ бо маъниҳои тоза пеш мерафт.

15-уми декабр дар ҷаласаи пас аз зўҳрии симпозиум устод Парвиз Нотили Хонларӣ, мудири идораи маҷаллаи «Сухан» роҳбарӣ кард. Шоирони тоҷик Мирсаид Миршакар, Ғаффор Мирзо роҷеъ ба вазифа ва мақоми назм ва шоир дар ҳаёти ҷомеа андеша ва мулоҳизоти худро иброз доштанд. Ховаршинос Шараф-бону Пўлодова дар бораи таъсири осори Муҳаммад Иқбол, шоири шаҳири Покистон ба зиндагии халқҳои Шарқ ва инкишофи назми форсӣ гузориш дод.

Рўзи дигар Аҳмад Ҷавод роҷеъ ба мавзўи озодии занон дар назми дарии Афғонистон, шоири шинохтаи Эрон Нодири Нодирпур дар бораи кўҳна ва нав дар шеър суханрониҳои ҷолиби таваҷҷўҳ карданд. Ба вижа, Нодири Нодирпур бо дониши жарфу густардаи илмиву назарӣ, таҷрибаи фаровони адабӣ, хотираи мустаҳкам ва мантиқи устувори худ ҳозиринро мафтун кард. Хеле пурҳарорат, равшану возеҳ ва таъсирбахш буд суханронии ў. Ў фикру андешаҳои худро роҷеъ ба таҳаввулоти шеъри форсӣ ва қонуниятҳои тозаҷўйии он бо далелҳои фаровон аз назми классикии форсӣ ва ҷаҳонӣ, аз эҷодиёти шоирони муосири Эрон ба исбот мерасонд. Нодири Нодирпур тақрибан ду соат бе матни маърўза, яъне бе коғаз ва бетанаффус, бе рост кардани нафас суханронии зебою шоистаи номи пуршарафи худ кард. Нимаи дуюми моҳи декабр бошад ҳам, аз ҳарорати сўҳбат арақ кард. Зарраҳои арақ дар пешонӣ ва рухсори ў мезебиданд, зеро худи нотиқ ҷавонмарди зебо ва болобаланд буд, либосҳояш ҳам ба қомати ў шинам афтода буданд. Абдулҳақи Вола, ки раиси ҷаласа буд, ин ҳолро дида гуфт:

Нозанине, ки дар арақ тар шуд,

Нозанин буд, нозанинтар шуд.

Нодири Нодирпур алоқамандии навҷўиҳоро дар шеъри форсӣ бо ҳаёти иҷтимоӣ таъкид карда, маърўзаи худро чунин оғоз кард:

«Достони кўҳнаву нав дар шеър мисли тазоде, ки дар дохили ҳамин иборат ҳаст, ҳам кўҳна аст ва ҳам нав. Муҳақкиқан дер замонест, ки шеъри нав ҳаққонияти нисбиро исбот кардааст.

Гумони ман ин аст, ки ҳеҷ таҳаввуле дар шеър ё дар фарҳанги як миллат ё миллатҳо ба таври куллӣ пеш нахоҳад омад, магар ин ки ин таҳаввул решаи иҷтимоӣ дошта бошад. Ин дигаргунӣ ҳаргиз аз он дигаргунӣ, ки дар амн ва батни як ҷомеа сурат мегирад, ҷудо нест. Бо ин далел ҳаргиз набояд пиндошт, ки шеъри нав тафаннунест, ки тане чанд ба ибдоаш пардохтаанд. Аммо бояд ба ин нукта таваҷҷўҳ кард, ки мо дар рўзгоре ҳастем, ки бадбахтона, дар айни ҳаққонияти нисбӣ, ки шеъри нав ба худ пазируфтааст, дастхуши ошўбе шуда.

Ин ошўб хоси муонидон ва мухолифони шеъри нав нест, балки дар худи ўрдугоҳи шеъри нав ҳам чунин ошўбе ҳукмравост. Шояд ба далели ин аст, ки ҳанўз меърёҳо ва миқёсҳои собиқе, ки шеъри кўҳан дошт, барои шинохтани шеъри нав ин меъёрҳо ва миқёсҳо падид наёмада. Ва иллат ин аст, ки ҳанўз шеъри нав ҷавон аст. Бадеҳист, пайдоиши як мактаб ё навҳаи шеърӣ ё як идроки шеърии ҷадид ба идроки ҳунарии ҷадид таври куллӣ, баъд аз ин ки русуб мекунад, он вақт метавонем миқёсҳо ва меъёрҳои ақли барои нақд ба санҷиш ва баррасии он ба даст бидиҳем. Ва вақте чизе ҳанўз зинда, пуртакопў ва ҷўшон аст, муяссар нест, ки меъёрҳо ва миқёсҳои содиқеро интихоб бикунем, ё ин ки барои доварӣ ва баррасии ин падидаи ҷадид аз ҳамон меъёрҳо ва миқёсҳое, ки барои шеър ё ҳунари пешин истифода мекардем, дар ин ҷо ҳам истифода бикунем.

Ман кўшиш мекунам ба чанд нуктае, ки чи дар дохили ўрдугоҳи шеъри нав ва чи дар хориҷ чӣ касон бо ин падида мухолифат мекунанд ва чӣ касон, ки мудофеаш ҳастанд, ишора кунам.

Бештар аз ҳар чиз шеъри навро аз рўи шаклаш мешиносанд. Яъне аввалин меъёре, ки ба дасти муонидон дода мешавад, барои ин ки шеърро шеъри нав бигўянд, бидъатест, ки эҳтимолан дар шакли шеър вуҷуд дорад. Ба наҳви ин ки меъёрҳо ва миқёсҳоеро, ки дар шеъри қадими мо ва шеъри асили мо вуҷуд дошта, мунтабиқ мекунанд ба ин падидаи ҷадид ва намунаҳое, ки то ба ҳол ба даст дода шуда ва мебинанд, ки ин меъёрҳо ва миқёсҳо созгор нест, он вақт мегўянд, ки ин шеър нав аст ва бар ин калом талвеҳан таҳқиқ ё истеҳзое нуҳуфтааст. Яъне хулосатар ва соддатар бигўям, ин аст, ки агар шеъреро бибинанд, ки сурати ғазал, қасида, мухаммас, мусаддас ва ғайра надорад ва шакли дигаре ба худ гирифтааст, билофосила истинтоб мекунанд, ки ин шеъри ҷадид ва бидъатест дар шеър. Тардид нест, ки бидъате дар шакл аз чизҳоест, ки миқёс ё қазовати ин падида буда метавонад. Аммо ҳамаи он нест. Яъне пардохтани мутлақ ба шакл ҳаргиз наметавонад баррасии дақиқе, ки шеъри нав номида мешавад, ба мо диҳад.

Касоне ҳастанд, ки шеъри навро муттаҳам мекунанд ва шоиронро – ба як навъ формализм. Бидуни тарғиб дар ўрдугоҳи шоирони навпардоз чунин касоне ҳастанд, ки мутлақан ба шакл таваҷҷўҳ доранд.

Аммо ман мепурсам, оё шаклпарастӣ, суратпарастии мутлақ ин нест, ки мо ба чанд шакл, ба чанд қолибе, ки аз дер боз расида, вафодор бошем? Агар бардошт ин бошад, ки пардохтани мутлақ ба шакл дар шеъри ҷадид бояст, ки формализм хонда бишавад, ман аз тарафи дигар мегўям, ки худи вафодор будан ба чанд шакл ва қолиби класики шеър як нав формализм аст, зеро ки мо дар батни амр мебояст, ки шеърро аз лиҳози мубтақӣ баррасӣ бикунем ва баъд ба он бипардозем. Ва ин ҷо дар гуфторам ишора хоҳам кард, ки чӣ гуна шакл ва мубтақӣ доимо ба ҳам зода мешаванд ва доиман бо ҳам иртиботи дақиқ ва наздик доранд.

Ашколи дигаре, ки муонидон мегиранд, забони шеър аст. Яъне билофосила, вақте ки дар муқобили шеъре ҳарф мегиранд, ки дар он калимоти маҳзур омадааст, маҳкум мекунанд, ки ин шеър шеъри нав ҳаст. Ин ҷо ман ба ин нукта шуморо таваҷҷўҳ бидиҳам, ки калимот худ ба худ мисли ҳамон ашколи шеър ҷовидон нестанд. Калимот ҳам умр доранд, ҳамчунон ки шакли шеър умри муайяне доранд, ҳамчунон ки одамҳо умри маҳдуд ва муайяне доранд. Бидуни тардид калимот ҳам ва ашкол ва қолибҳои шеърӣ ҳам умр ва замони муайяне доранд. Ин умр ва замони муайян бо эҳтиёҷоти муҳит, эҳтиёҷоте, ки ин калимот ва ин ашколро ба вуҷуд меорад, мунтабиқ аст. Яъне имкони ин ҳаст, ки калимае ё калимоте дар рўзгоре сарзиндаву шодоб ва пурнирў бошад ва барои ба кор рафтани маонию мазомини хосе дар шеър ба кор меравад ва ҳамин калимот дар рўзгори дигар ба куллӣ аз маънӣ туҳӣ бошанд ва табдил ба лошаҳое шуда бошанд, ки фақат маъонии ҷони онҳоро дар фарҳангномаҳо ҷуст. Дар шеъри шоирони бузурги қадими мо муҳаққақан имрўз ба калимоте бармехўрем, ки дар замони худашон маъонии том ва зиндае доштаанд ва он тавре, ки мехостанд, ба дигарон мунтақил мекарданд. Аммо имрўз мо барои дарёфтани маънии онҳо бояст, ки ба китоби луғат руҷўъ бикунем. Айнан ин масъала дар шакли шеър ҳам ҳаст. Шакли шеър фақат бозгўкунандаи ниёзҳо ва ҳоҷоти замони хосе ҳаст, онро ба унвони чизҳои абадӣ набояд бипазирем. Ҳар замоне тақозо дорад, ки шеър бо калимоте ва бо ашколе иброз бишавад, ки ба беҳтарин навъ ва вазн мазмун ва мубтақо ва маънавиёти шоирро битавонад мунтақил бикунад.

Ашколи асосии дигар дар байни муонидон ин аст, ки фарқе байни фикр ва эҳсос намегузоранд. Ағлаб ин дуро ба ҳам махлут мекунанд. Ман бисёр ба касоне бархўрдаам, ки баъзан фикрҳои бисёр сатҳӣ ва обӣ, вале эҳтимолан муфидро ба наҳви ин ки бо вазн ва қофияи мураттаб иброз бишавад, шеър медонанд ва бидуни чунун чаро мепазиранд. Ман ба ёд дорам, ки имрўз ҳам дубора барои ёдоварӣ аз устоди арҷманд доктор Хонларӣ пурсидам ва ба кўмаки оқои доктор Суратгар як шеъри дигар ба ман ёдоварӣ карданд, ки ин ҷо мехонам. Фикр мекунам, ки шеър аз ҷиҳати фикр муфид аст ва дастурамалеро медиҳад, вале хаёл намекунам, ки ба замми ин ки қофия ва вазни дуруст дорад, мо битавонем ин суханҳоро унвони шеър бипазирем:

Ҳашт соат барои кор бас аст,

Беш аз ин ҷону тан набояд хаст.

Хуб, ин қофияҳо дуруст, калом ҳам. Аммо ман гумон мекунам, ки ҳеҷ чизи шеърӣ дар ин вуҷуд надорад. Ё:

Як зани хуб мардро кофист,

Беш аз ин ҳам дигар намебояд.

Ин ҳам шеърест, ки хеле мунсаҷим ва хуб суруда шуда. Аммо ман хаёл намекунам, ки кўчактарин мояи шеърӣ дар ин ҷо бошад. Инро ман барои намуна арз кардам ва илло адабиёти қадими мо ва шеъри асили мо пур аст аз ин гуна намунаҳо.

Аммо ба наҳве, ки ин гурўҳ эҳсоси латиферо, эҳсоси воқеан шоиронаеро дар вазнҳо ва абёти комилан мавзун ва муқаффо набинанд, ин эҳсос ба беҳтарин шакли шеър бошад, ба тамоми маъно шеър бошад ҳам, рад мекунанд. Эътиқоди ман дар ин аст, ки эҳсоси мутлақ мумкин аст шеър бошад, гарчӣ шеъри мутаолӣ набошад. Вале як фикри хом, бидуни ин ки аз софии эҳсоси шоир бигзарад, истеҳком ва қуввати баён ва лафз дошта бошад, шеър буда наметавонад. Яъне ин ки мебояд, албатта, дар як шеъри мутаолӣ бидуни ҳеҷ гуна тардид ҳар навъ фикр бо он омезаи ҷодуии хаёл ва эҳсос омехта мешавад ва пеш аз ин ки фикри моро мустақиман таъсир бикунад, аз роҳи инфиоли зеҳнӣ, аз роҳи эҳсосот таъсир дар авоқифи мост, ки ба мо мунтақил мешавад. Бинобар ин ғояи асосии шеърро фаромўш накунем, ки эҳсос ва тахайюл аст. Як эҳсос бидуни ин ки андешаи бузургеро доро бошад, гарчӣ гуфтам шеъри мутаолӣ набошад, шеър буда метавонад. Вале ҳаргиз як андешаи хом, ки аз ин омезаи ҷодуии ҳис ва тахайюл нагузаштааст, наметавонад шеър бошад. Гоҳо метавонад як намунаи эҳсос ба бадеътарин шакл ҳамчун шеър ҷилва кунад. Фақат як байт мансуб ба Боботоҳирро барои шумо мехонам, ки албатта, ҳовии ҳеҷ фикри бузурги фалсафӣ ва хосе нест, вале ба далели нобудани мислаш комилан онро ба унвони шеър мешиносем.

Чу шаб гирам хаёлатро дар оғўш,

Саҳар аз бистарам бўи гул ояд.

Ба назари ман бо вуҷуди ин ки дорои фикри бисёр муҳим ва бузург ё тозае нест, ин ҷо шеър ҳаст».

Нодири Нодирпур дар бораи мазмуну моҳияти анъана ва навоварӣ хеле муфассал таваққуф намуд, ки шоир бояд мазомини баландро бо шакли дилписанд баён намояд.

Бегоҳӣ як гурўҳ нависандагон, аксаран ҷавонон, ки дар байни онҳо Мўъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ҳам буданд, Нодири Нодирпурро ба Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон даъват карданд ва Нодирпур ин даъватро хуш пазируфт. Дар толори Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон як сўҳбати ғайрирасмӣ ва хеле дўстона баргузор шуд.

Ҷавонони Тоҷикистон ба ашъори Нодири Нодирпур тавассути маҷаллаву рўзномаҳои эронӣ ошноӣ доштанд, ба вижа «Шеъри ангур»-ро қариб ҳамаи шоирони ҷавони Тоҷикистон аз ёд медонистанд.

Бинобар он мухлис ва пайрави Нодирпур буданд. Ҳамон бегоҳ то шаб сўҳбати гарму ҷўшон ва мушоираи хотирмон ба вуқўъ пайваст Нодири Нодирпур ҳам шеърҳои худро қироат кард, ҳам андешаҳои хусусии худро дар бораи шеър иброз дошт, ҳам ба саволҳои сершумори ҷавонон ҷавобҳои қонеъкунанда дод.

Ҳусни маҷлиси хотимавии симпозиум бо лутфу меҳрубонӣ роҳбарӣ кардани устод Мирзо Турсунзода ва суханронии устод Хонларӣ дар мавзўи «Халқият дар назми форсӣ» буданд. Доктор Мунибурраҳмон низ бо изҳори фикру ақоиди худ роҷеъ ба мақоми назм дар рўзгори мо мазмуну моҳияти симпозиумро баланд бардошт. Ситсилия Бону оид ба навоварӣ дар назми Абулқосим Лоҳутӣ ибрози андеша кард. Расул Ҳодизода, муҳаққиқи варзидаи таърихи адабиёти тоҷик фикру мулоҳизоти муҳиме дар бораи назми форсӣ ва нақли адабӣ баён намуд.

Дар ҷаласаҳои симпозиуми назми форсӣ шоирон, олимон ва донишмандони Русия Анатолий Сафронов, Д. С. Комиссаров, З. И. Розенфелд, Л. А, Пригарина, муҳаққиқи озарӣ Ғазанфар Алиев, профессори самарқандӣ Раҳим Муқимов, нависанда ва олими Ўзбекистон Сарвар Азимов ва дигарон роҷеъ ба паҳлўҳои мухталифи назми форсӣ мубодилаи афкор ба вуқўъ оварданд. Ин ҳама далели равшани аҳамияти байналмилалии симпозиуми назми форсӣ маҳсуб мешаванд.

Мусташриқи рус З. Г. Османова, ки аз адабиёти тоҷик огоҳии хуб дошт, дар маърўзаи худ «Оё гули сурх пажмурда шудааст?», тақлид ва такрорро дар шеър мазаммат намуда, истифодаи эҷодкоронаи суннатҳои миллиро ба ҷаҳонбинӣ ва истеъдоди шоир вобаста ба шумор овард ва барои исботи фикри худ ба осори устод Мирзо Турсунзода муроҷиат кард. Ў гуфт: «Мирзо Турсунзода симои дилангези раққосаи ҳинду Тара Чандриро тавассути ташбеҳот ва таъбироти абрў ва зулфони сиёҳ, ки чеҳраи ўро аз нигоҳҳои номаҳрам ҳифз мекунанд ва ғайра, яъне ҳамон чизҳое, ки шоирони мутақаддими Шарқ нишонаи зебоии зан мепиндоштанд, дар айни ҳол ин ташбеҳот ва истиорот монеи муосир будани шеъри Турсунзода намешаванд.

Турсунзода қаҳрамони асари худро шарики ҳаводиси иҷтимоии муосир менамояд. Ҷавонии Тарачандрии зебо намудори ҷавонии Ҳинди кўҳан аст, ки ба остонаи таҳаввулоти бузурги иҷтимоии солҳои пас аз ҷанги ҷаҳонии дуюм қадам мегузошт.

Умеду орзуи халқи худро дар дилат ҷо кун,

Дили пурҳасрати онро ба мисли ғунчае во кун.

Ту, эй фарзанди маҳбуби диёру кишвари бебахт,

Сияҳчашму сияҳабрў, сияҳмў духтари сарсархт.

Ашъоре, ки Турсунзода дар бораи Ҳиндустон гуфтааст ва манзумаҳои баъдии ў монанди «Садои Осиё», «Чароғи абадӣ», «Ҷони ширин» ва низ ашъор дар бораи Африқо муваффақиятҳои зиёде ба даст овардааст.

Шоири тоҷик бо ин ашъори худ традитсияи интернатсионалиро дар адабиёти шўравӣ тараққӣ дод.

Бояд гуфт, ки навоварии ҳунарии ў, ки бо масоили хоси зиндагии муосир вобастагӣ дорад, аз суннатҳои адабии классик сарчашма гирифтааст.

Ба ҳама маълум аст, ки дар адабиёти халқҳои Осиёи Миёна, Кавказ, Эрон ва Туркия ва кишварҳои арабӣ аз замонҳои қадим гул, булбул, марворид, сарв, бунафша, лола, корвон ва ғайра истеъмол мешудааст. Яке аз ин кишварҳо зодгоҳи аввалияи ин калимот будааст ва баъдҳо дар асари тамосҳои гуногун ва таъсири мутақобил он калимот дар кишварҳои дигар низ реша давондааст.

Адиби донишманди рус Александр Василевский мўътақид аст, ки сирри зебоии шоиронаи ин ташбеҳот ва таъбирот дар ин аст, ки онҳо дорои маонӣ ва мафоҳими гуногун буда ва нафақат мазмунҳои миллии як кишварро ҳифз мекунанд, балки аз таҷрибаи адабии кишварҳои дигар ҳам ғанӣ ва баҳравар мешаванд. Масалан, дар бораи гули сурх Василевский навишт: «Гули сурх ибтидо дар Эрон рўида, сипас аз роҳи фариқаи Македония то Юнон ва Рум рафт ва дар асъори масеҳият аз кишварҳои Ховар ба Аврупои Шимолӣ расид. Гули сурх афсонаҳои ҷанубиро ҳамроҳи худ ба он кишварҳо бурд ва ин афсонаҳо ва ин символҳои шоирона барои мардуми он сарзаминҳое қобили фаҳм буд, ки дар он ҷо гули сурх нахустин пайки баҳор, пайки ишқ ва орзу ба шумор мерафт».

Бинобар ин масъалаи персонажҳои шоирона ва ташбеҳот ва таъбирот бо ҷараёни таъсири мутақобили адабиёт ва фарҳангҳои милали Осиёи Миёна, Кавказ ва Ховари Миёна ва Наздик бо кишварҳои Аврупои Ғарбӣ вобастагии фаровон дорад. Ва ин ҷараён аз замонҳои қадим оғоз шудааст. Воқеиятҳои таърихӣ, завқҳои отик ва назариёт ва идрокоти ҳунарӣ ба тадриҷ ташкил шуда, формаҳои ҳунарии мушаххасе падид оварда ва ин формаҳо бар асоси таҷрибаҳои эстетик ва иҷтимоии мардум устувор аст.

Аз ин ҷиҳат аст, ки лозим медонем ҳангоми таҷзия ва таҳлили персонажҳои шоирона на боистӣ дар чаҳорчўби адабиёти як миллати ҷудогона маҳдуд шавем, балки бояд онро ба миқёси адабиёти ҷаҳонӣ арзёбӣ кунем».

З. Г. Османова навпардозиро муҳимтарин қонуни инкишофи адабиёти ҷаҳонӣ ба шумор овард ва дар ин ҷода саҳми шоирони тавоноро нишон дода, андешаҳои худро чунин баён кард:

«Осори теъдоди фаровони нависандагони шўравӣ ва шоирон ва нависандагони мутараққии Аврупо ва махсусан суханварони кишварҳои Ховар, масалан Нозим Ҳикмат, Файз, Сиёвуши Касроӣ, Соя, Нодири Нодирпур, Абдулшукури Рашиди Қандаҳорӣ ва дигарон чунин замина ва итакоеро ба мо медиҳад, ки дар бораи нақши персонажҳои шоирона дар ваҳдати адабиёти байналмилалӣ амиқтар фикр кунем.

Дар осори ин шоирон намунаҳои фаровоне аз навовариҳо ва истифодаи органик аз суннатҳои классик вуҷуд дорад, ки тавассути онҳо шўр ва ҳаяҷон ва эҳсосоти иҷтимоӣ ва меҳанпарастиро нишон медиҳад.

Масалан, шоири Покистон Файз Аҳмади Файз дар ғазале, ки ба истиқболи шоири сатирики қарни XVIII милодӣ Масъуд навишта, ба персонажи шоиронаи маъмули классик, яъне гули сурх маънои инқилобӣ додааст. Ва дар ҷои дигар вобастагии инсони муосирро бо персонажҳои традитсионии классик хотирнишон карда ва масалан мегўяд: мо ҳастем, ки Маҷнунро ва ишқро дар ҷомае аз гули сурх ва ифтихори қаҳрамонони гузаштаро дар нағмаҳои худ тавсиф мекунем. Дар инҷост, ки худ ба худ ғазали машҳури Лоҳутиро ба ёд меоварем:

Нўшам ба шодмонии он дам шароби сурх,

К-аз Шарқи инқилоб дамад офтоби сурх.

Ин шеър мутааллиқ ба яке аз нахустин шоирони инқилобии Эрон аст, ки ба ганҷинаи тиллоии адабиёти Эрон ва Тоҷикистон афзуда шудааст.

Ва билохира масъалаи дигаре аз персонажҳои традитсиониро ба ёд меоварем ва ин марворид аст.

Мунаққидони муосир ғолибан аз кўҳнагии истифода аз ташбеҳи марворид баҳс мекунанд ва бояд гуфт, ки беасос ҳам нест, барои ин ки ин истифода дар осори бештар шоирони муқаллад холӣ аз рўҳ ва тозагӣ шудааст. Аммо, вақте ба осори шоирони воқеӣ, аз Рўдакӣ ва Шаҳиди Балхӣ гирифта, то Соя ва Сулаймони Лоиқ нигоҳ мекунем, мебинем, ки онҳо марворидро баҷо ва навоварона ба кор бурдаанд, ба марворид маонии амиқ ва рангоранге додаанд. Марворид на фақат намудори сафедӣ ва дурахшандагӣ ва зебоии дандон ва лабханд аст, балки нишонаи дониш ва хирадмандӣ, баландҳимматӣ ва покии рўҳ, тавфиқҳои камназир ва пирўзиҳои душвор мебошад. Барои ин ки ҷараёни кашф ва ба даст овардани марворид бо сахтӣ ва хатар барои зиндагӣ муяссар мешудааст, садҳо садафи тиҳиро боистӣ аз жарфнои дарёҳо берун кашид, то яке аз онҳо марвориде дар даруни худ нуҳуфта бошад.

Тасодуфӣ нест, ки ватани ин персонажҳои шоиронаи марворид кишварҳои Осиё ва Африқо мебошад, ки атрофи онҳоро дарёҳои гарм фаро гирифта ва дар он кишварҳо марворид, навъе аз даромадҳои мардуми бостонии Машриқ будааст.

«Марворид» дар шеъри Соя маънии муосиртар ва тозатареро ба худ гирифтааст:

Бистарам

Садафи холии як танҳоист.

Ва ту чун марворид

Гардановези касони дигарӣ.

Андўҳи талхи танҳоии инсонӣ дар чаҳор мисраи кўтоҳ мунъакис шудааст, ки дорои сюжети мушаххас ва ду навъ эҳсоси пуршўр ва зиндаи инсонист, ки марворид ҳалкунанда ва нишондиҳандаи он мебошад.

Барои мо ғайри мунтазира аст, ки мебинем шоири муосири русӣ Смеляков дар шеъри ба унвони «Забони русӣ» ба кор бурдааст. Ин шеър бахше аз китоби тозаи ў «Рўзи Россия» аст (1966). Дар ин шеър марворид лабханд ва ё дандон нест, балки калимоте аст, ки аз даҳони зани рязанӣ, шаҳри қадими русӣ суфта мешавад ва мерезад. Таърих ва забони русӣ аз ин калимоти марворид сарчашма гирифтааст. Шоир хитоб ба забони русӣ мегўяд:

Бар сари гаҳвораи фақири ту,

Рўзи бисёр орому хомўш шунида мешавад,

Ки занони Рязан мехонанд,

Ва калимотро монанди марворид аз даҳон берун мерезанд.

(Тарҷумаи таҳтулафзӣ)

Ин мисол таъкид мекунад, ки суннатҳо вақте зинда ва муассир мебошанд, ки фаъолона мунъакискунандаи эҳсосот ва ақоид ва назарот ва изтиробҳои инсони муосир мебошанд ва суннатҳое мурдаанд, ки фақат нақши зиннатро дар ҳунар ифо мекунанд.

Намешавад аз ёд бурд, ки гул ва булбул, сарв ва чинор, бунафша ва марворид худ ба худ пажмурда ва кўҳна намешаванд. Масъалаи ҳалкунанда дар чизи дигаре аст. Оё нависанда садои асри худ мебошад ё оҷизона ба гузашта нигоҳ мекунад?» («Садои Шарқ», 1968, №2).

Дар хотимаи ҷаласа устод Мирзо Турсунзода таъкид намуд, ки симпозиуми чаҳоррўза ва баҳсу мунозираи удабо ва уламо дар ин муддат хеле муфид буданд. Ин мубоҳисаҳо ба минбаъда такмил ва давом додани равияи инсондўстии назм, ба мустаҳкам гардидани равобити аҳли қалами мамолики форсизабон хеле кўмак хоҳад расонд.

Доктор Парвиз Нотили Хонларӣ аз номи ҳайати вакилони Эрон масъала ба миён гузошт, ки ин гуна мулоқот ва гуфтугў дар оянда низ давом дода шавад ва даъват кард, ки симпозиуми оянда бояд дар Теҳрон баргузор гардад. Тибқи хоҳиши ў даъвати мазкур ба қарори симпозиум, ки онро нависанда, мутарҷим ва адабиётшиноси тоҷик Раҳим Ҳошим қироат кард, шомил гардид.

Дар қарори мазкур таъкид шудааст, ки «равобити бевоситаи байниҳамдигарии аҳли адаби мамолики форсизабон муфид ва самарабахш аст, бояд ин суннат минбаъд идома ёбад ва рў ба тараққӣ биниҳад, аз ин ҷост, ки даъвати ҳайати вакилони эрониро аз хусуси дар Теҳрон гузоридани симпозиуми оянда ҳозирин хеле ҷоиз ва маъқул медонанд».

Ёд дорам, ки ҳамаи фаъолони симпозиум, аз он ҷумла Нодири Нодирпур изҳор дошт: симпозиум хеле самарабахш омад, дўстиҳо ва ошноиҳо ба миён овард ва мо, намояндагони миллати форсизабонро, ба ҳам наздиктар сохт.

Бегоҳии 16 декабр дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шаби байналмилалии назм баргузор гардид, ки дар он шоирони форсизабон–меҳмонони симпозиум ва шуарои тоҷик ширкат варзиданд, сўҳбат карданд ва аз ашъори тозаи худ қироат намуданд.

Меҳмонон дар муддати чанд рўз аз шаҳрҳои Душанбе, Норак, ноҳияҳои Ҳисору Варзоб дидан карданд ва таассуроти хуб бардоштанд. Субҳи 19 декабр меҳмонони симпозиум ба Маскав парвоз карданд, то дар маҷлиси ёдбуди устод Лоҳутӣ ширкат дошта бошанд. Ҷолиби таваҷҷўҳ аст, ки Нодири Нодирпур ҳангоми падруд чунин иттило дод:

–Дар таи якчанд рўз эҳсоси шодӣ доштам, вақте медидам, ки забони форсӣ бо он фарҳанги ғанӣ ва он ганҷинаи саршори адабӣ ва шеъраш ҳамчунон зинда аст ва калимоташ ба забони эрониён, тоҷикон, афғонон ва ҳиндуёну покистониён равон аст ва ин мардум, ки дар нуқоти мухталиф зиндагӣ мекунанд, ҳама дар амри забони форсӣ бо ҳам муттафиқ ва муштараканд.

Симпозиуми байналмилалии назми форсӣ дар Душанбе ба исбот расонд, ки таърих, фарҳанг, забон ва адабиёти халқҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон муштарак буда, ҷозибаи дўстии халқҳои форсизабон ба ҳамдигар тақозои ҳаёт ва амри воқеист. Вай марҳилаи тозае дар артиботи адабии Тоҷикистону Эрон ва дигар мамлакатҳои форсизабон эҷод намуд.

Иштирокдорони симпозиуми шеъри форсӣ пас аз бозгашт ба ватан таассуроти худро дар матбуоти Эрон ҳикоят карданд. Дар маҷаллаи «Сухан» мақолаи доктор Парвиз Нотили Хонларӣ чоп шуд.

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон давраи сифатан наве дар ин ҷода бикшод.

Атахон САЙФУЛЛОЕВ,

доктори илмњои суханшиносї, профессор

Дигар хабарҳо