Абурайҳони Берунӣ – забоншиноси бузург

 Абурайҳони Берунӣ – забоншиноси бузург

 

Дар забоншиносии муосир бунёди за­боншиносии муқоисавии таърихиро ба номи забоншинос ва ҳиндшиноси британӣ Вилям Ҷонс (William Jones) (1746-1794) марбут медонанд, ки дар як суханронияш соли 1786 дар бобати қаробати забонҳои юнонию ло­тинӣ бо санскрит изҳори назар кард ва дар доираҳои илмии онрӯзаи Аврупо аз мавҷуди­яти хонаводаи ягонаи забонҳои ҳиндуавру­поӣ хабар дод. Баъдан ин андеша расмияти илмӣ ва доираи густариши бештар пайдо намуд ва забоншиноси маъруфи амрикоӣ Леонард Блумфилд (Leonard Bloomfeld) (1887-1949) дар китоби “Забон”, ки соли 1933 дар Ню-Йорк ба нашр расид, қаробати байни забонҳои эронӣ ва санскритро бо таваҷҷуҳ ба хешовандии онҳо падидаи муқаррарӣ ба шумор овард.

Вале шоистаи таъкид аст, ки донишманди бузурги тоҷик Абурайҳони Берунӣ (973-1048) соли 1030, яъне бештар аз 750 сол пештар аз Вилям Ҷонс ва фузунтар аз 900 сол қабл аз Леонард Блумфилд дар китоби “Ҳинд” ё “Китобун мо ли-л-Ҳинди мин мақулатин мақбулатин фӣ-л-ақли ав марзулатин” (Ки­тоб дар бораи Ҳинд аз гуфторе, ки ақл онро мепазирад ё намепазирад) дар намунаи калимаи форсии “сусмор” ва вожаи ҳиндии “шишумара” оид ба ҳампайвандии забонҳои форсӣ ва ҳиндӣ (санскрит) ва дар оғоз ре­шаи ягона доштани онҳо ибрози андеша намуда буд.

Ба баёни дақиқтар, Берунӣ дар боби би­сту дувуми китоби “Ҳинд” ҳангоми тавзеҳи вожаи ҳиндии “шишумара” гуфта буд, ки “ба андешаи ман, ин “шишумара” хазандаи калон аст, ки ба форсӣ онро “сусмор” ме­гӯянд ва дар байни ҳарду ин ном қаробат мавҷуд аст”. Бегумон, матлаби дар байни номҳои “шишумара” ва “сусмор” “мавҷуд будани қаробат”, ки Берунӣ мегӯяд, ба маъ­нии хешовандӣ ва ҳампайвандии забонҳои форсию ҳиндист.

Бино бар ин, бо итминон метавон гуфт Абурайҳони Берунӣ дар таърихи илми забоншиносӣ яке аз нахустин донишман­донест, ки тарҳи масъалаи хешовандию ҳампайвандии забонҳои ҳиндуаврупоӣ дар мисоли забонҳои форсӣ (тоҷикӣ) ва ҳиндӣ (санскрит) ба вай тааллуқ мегирад ва маҳз Абурайҳони Берунӣ бо ин иқдоми худ ба падид омадани шохаи муҳимми забонши­носӣ – забоншиносии муқоисавии таърихӣ роҳ боз кардааст.

Зикри ин нукта ҳам муҳим аст, ки Берунӣ бо таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳу эътибори дастуру дастурнависӣ дар сарзамини Ҳинд ба ин самти муҳимми илм арҷ мениҳод ва пайгирию мулоҳизарониҳои ӯ дар бобати нақши дастури забон ва таърихи пайдоиши дастуру дастурнигорӣ дар байни ҳиндувон муҳим ва қобили мулоҳиза ба назар ме­расад. Масалан, вай дар боби сездаҳуми китоби дар боло ёдшудаи “Ҳинд”, ки ин боб дар бобати китобҳои дастур (грамматика) ва шеъри ҳиндувон ҳикоят мекунад, ба ин назар аст, ки илми дастур ва илми шеър ба сифати василаи илмҳои дигар хидмат мекунанд ва ҳиндувон аз байни ин ду илм ба илми дастур, ки дар забонашон вякарана ном бурда мешавад, бартарӣ медиҳанд. Ин илм, ба назари Берунӣ, аз қоидаҳои дастурӣ иборат буда, нутқи онҳоро мураттаб месозад ва решашиносӣ, ки ҳиндувон ба вай таваҷҷуҳ доранд, ба навишти фасеҳ ва баёни ширини онҳо сабаб мегардад.

Дар идомаи ҳамин матлаб Берунӣ аз ҳашт китоби дастури ҳиндӣ бо номҳои зер ёд мекунад:

  1. Китоби “Айндра”, ки таълифи онро ба сарвари фариштагон Индира нисбат медиҳанд.
  2. Китоби “Чандра”, ки онро Чандра – яке аз пайравони сурхпӯши Буддо таълиф кардааст.
  3. Китоби “Шаката”, ки Шаката ном до­нишманд таълиф кардааст.
  4. Китоби “Панини”, ки бо номи муаллифи он номгузорӣ шудааст.
  5. Китоби “Катантра”, ки Шарваварман таҳия кардааст.
  6. Китоби “Шашидевавритти”, ки Шаши­дева тасниф кардааст.
  7. Китоби “Дургавивритти”.
  8. Китоби “Шишяхитавритти”, ки Уграбҳу­ти таълиф намудааст.

Чунонки ба мушоҳида мерасад, аз ки­тобҳои ҳаштгонаи номбаршудаи дастури забони ҳиндӣ (санскрит) дар забоншиносии муосир танҳо дар хусуси мавҷудияти китоби Панини маълумот дарҷ шудааст ва Панини (асрҳои V-IV пеш аз мелод) дар забонши­носии муосир аз бунёдгузорони ин илм эътироф гардидааст.

Тавзеҳан, китоби манзуми дастури Пани­ни “Аштадҳайаи” (Ҳашткитоб) ном дошта, аз 3959 ё 3981 сутра (қоида) иборат будааст, ки ба таври муҷаз қоидаҳои овоӣ, сарфӣ ва наҳ­вии забони санскритро дар бар гирифтааст. Мегӯянд, ки ин китоби манзум нахуст гунаи шифоҳӣ дошт, ки аз насл ба насл интиқол меёфт ва танҳо пас аз чанд аср ба шакли хаттӣ даромад.

Дар бобати чигунагии пайдоиши илми дастур Берунӣ дар китоби “Ҳинд” ривояти ҷолиберо аз ҳиндувон нақл кардааст, ки муҳиммияти фаро гирифтани қоидаҳои да­стури забонро ба исбот мерасонад. Хулосаи ҳикоят ин аст, ки яке аз шоҳони ҳиндувон бо номи Самалваҳана ва ба забони фасеҳи эшон – Сатаваҳана рӯзе бо занони худ дар ҳавзе ба оббозӣ машғул буд ва ба яке аз занон гуфт: ма удакам деҳи, яъне ба ман об мапош. Зан гумон бурд, ки вай модакам деҳи, яъне ба ман ширинӣ биёр, мегӯяд ва рафта ба вай ширинӣ овард. Шоҳ ин рафтори занро написандид. Зан дар посух ба шоҳ суханони дурушт гуфт. Шоҳ сахт ранҷид ва чунонки расми онҳост, тарки хӯрок карда, хилватнишин шуд. Дар ниҳояти кор яке аз донишмандони дарбор дар бадали тоату ибодаташ аз худои бузурги ҳиндувон Маҳадева илтиҷо кард, ки ба хотири рафъи чунин мушкилот ба ӯ қоидаҳои дастур омӯ­зад. Маҳадева ба вай қоидаҳои аввалияи дастурро омӯхт. Донишманд ба назди шоҳ баргашт ва ин қоидаҳоро ба вай омӯзонд ва оғози пайдоиши ин илм чунин буд.

Берунӣ зимни ёдкарди ин ҳикоят тавзеҳ медиҳад, ки Маҳадева ба он донишманд қоидаҳои аввалияи забони ҳиндиро омӯхт, “чунонки Абуласвади Дуалӣ [ҳамчунин қои­даҳоро] барои забони арабӣ муқаррар кард”.

Ин матлаб ҳамчунин далели он аст, ки Бе­рунӣ дар баробари таърихи забоншиносии Ҳинд аз таърихи пайдоиши забоншиносии араб, ки ба эътирофи аҳли таҳқиқ Абуласва­ди Дуалӣ (603-688) бунёдгузори он маҳсуб мешавад, огоҳии комил дошт.

Гузашта аз ин, дар баробари тарҳи масъ­алаи куллии хешиву пайвандии забонҳои ҳиндуаврупоӣ дар намунаи забонҳои эронию ҳиндӣ, дар аксари асарҳои боқимондаи Берунӣ ҳамчунин масъалаи марбут ба ҳампайвандии забон ва қавмиятҳои эронию ориёӣ ба мушоҳида мерасад, ки андешаи болоиро дар робита ба зуҳури забоншино­сии муқоисавии таърихӣ тақвияти бештар мебахшад. Масалан, Берунӣ дар китоби “Осор-ул-боқия” ё “Ёдгори мондагор” мар­думи Хоразмро “шохае аз дарахти форсиён” ба қалам оварда, ҳамчунин сареҳан таъкид бар он дорад, ки “аҳли Хоразм ва аҳли Суғд дар оғози солу моҳ ҳамроҳанд” ё “расмҳои хоразмиён дар идҳо монанди расмҳои суғдиён аст”. Дар “Китоб-ут-тафҳим” дар бобати ҷашни хазон тавзеҳ медиҳад, ки “хазон суғдӣ нест, ҳарчанд суғдиён ба кор доранд, валекин тахорӣ аст. Ва тахориён инро нишони гаштани ҳаво доранд ба cap­мо…”. Аз ин ишораҳои Берунӣ ҳам ҳамин ҳақиқат ба назар мерасад, ки вай суғдиёну хоразмиёну тахориёнро аз нажоди ягонаи эронию ориёӣ ва зимнан забонҳои онҳоро низ ба ҳам пайванд медонад. Илова бар ин, Берунӣ матлаби накуҳиши худро нисбат ба Абумуҳаммад Абдуллоҳ ибни Муслим ибни Қутайбаи Ҷабалӣ, китоби ӯ “Дар бар­тарии Араб бар Аҷам” ва инкори ҳамагуна бартариҷӯйии арабро нисбат ба порсиён дар охири фасли марбут ба идҳои моҳҳои аҳли Хоразм овардааст, ки далели равшани андешаи ӯ оид ба ягонагию ҳампайвандии мардуми ориёинажод, аз ҷумла порсиёну хоразмиён аст.

Ин нукта, ки Абурайҳони Берунӣ аз устодони бузурги забони модарӣ ва аз са­ромадони забоншиносии мо барои ҳамаи давру замонҳост, ҷойи шакку тардид на­дорад. Вай дар баробари забони модарии мо ҳамчунин аз забонҳои хоразмию суғдӣ ва тахорӣ (бохтарӣ) ва лаҳҷаву гӯйишҳои мухталифи забони модарӣ ҳам ба хубӣ огоҳ буд. Шаҳодати возеҳи таваҷҷуҳи ӯ ба лаҳҷа­ву гӯйишҳои забони мо китоби “Сайдана” ё «Китоб-ус-сайдана фӣ тиб(б)» аст, ки дар он рустаниву маъдану доруҳоро ба гӯйишҳои гуногуни забони модарӣ, аз ҷумла гӯйиши бухороӣ, бустӣ, балхӣ, сиҷзӣ ё систонӣ, зобулӣ, тирмизӣ, самарқандӣ, нишопурӣ ва ғайра ном мебарад.

Масалан, дар ҳамин китоб дар бобати гиёҳи хурфа мегӯяд, ки «аҳли Ҷурҷон хур­фаро парпаҳн гӯянд… омма ва ҷоҳилони сайодина ӯро фарфир гӯянд ва нунро ба ро мубаддал кунанд. Ва фарфир араб бунафшаро гӯянд ва ранги арҷувонро низ фарфирӣ гӯянд. Ва ба луғати сиҷзӣ вашфанг гӯянд ва ба луғати бустӣ килнакак гӯянд ва аҳли Ҳарӣ (Ҳирот) синҷоб гӯянд ва аҳли Нишобур бавхал гӯянд ва аҳли Балху Зову­листон хафраҷ гӯянд».

Ё дар бораи гиёҳи фушоғ мегӯяд, ки «вайро ба (лаҳҷаи — Ҳ.С.) бухорӣ афзағанҷ, ба суғдӣ фажғанд, ба тирмизӣ фуҷ ва ба балхию тахорӣ ҷудрӣ гӯянд».

Ва ё дар бобати меваи коканҷ дар ин китоб мефармояд, ки «аҳли Марв коканҷро аруси дар қубба гӯянд ва аҳли Мовароун­наҳр аруси разонӣ (аз калимаи раз, ки ба маънии ангур аст. — Ҳ.С.) ва баъзе аруси дар парда гӯянд».

Ё дар бораи каттон чунин мегӯяд: «ба луғати порсӣ ӯро тухми каттон гӯянд ва дар баъзе мавозеъ кафшдонак гӯянд. Ва гуфта­анд, баъзе тухми ӯро базр гӯянд, бо касри бо (бизр) раво бувад ва ба фатҳ фасеҳтар аст. Ва ба Суғду Самарқанду Фарғона зағер ва зағера ҳам гӯянд».

Ё ин ки дар бобати рустании карафс ме­гӯяд, ки «аҳли Тирмизу Хутталу Тахористон карафсро сунбул гӯянд» .

Аз он чи гуфта омад, пайдост, ки Берунӣ лаҳҷаву гӯйишҳоро хазинаи муҳимми ғаноа­фзоии забон ба шумор меорад, ки калимаву номвожагони фаровони ноб дар ганҷинаи лаҳҷаву гӯйишҳо мавҷуд мебошанд.

Берунӣ ҳамчунин аз нахустин забонши­носони решашинос ва маънишинос аст, ки дар навиштаҳои худ ба аслу решаи калимаву истилоҳот ва маънию мазмуни онҳо ишора мекунад. Барои намуна, вай бо истинод ба Ҳамзаи Исфаҳонӣ мегӯяд, ки «ҳаббатул­хазроро усфурдона ва вандона гӯянд ва ванвашк хонанд. Ва ван дарахти ӯро гӯянд ва вашк ба луғати порсӣ донаро гӯянд ва чун донаро ба ӯ изофат кунанд, вандона… гӯянд….самғи ӯро ба порсӣ ванжад хонанд».

Дар шарҳи иҷҷос (=олу) чунин мефар­мояд: «….ва ба форсӣ гирди сиёҳ. Пеши мо номи тоҷикии олу машҳур аст, ки бо сиёҳ тав­сиф меёбад. Зардолу дар ном бо ӯ мушобеҳ аст ва бо сифати зард тафовут дорад. Яке зардолу, он дигар сиёҳолуст». Дар идомаи ҳамин матлаб менависад, ки олуи калони сафеду ширинро ба хотири афзалият аз анвои дигар аҳли Ироқ шоҳлуҷ мегӯянд, ки шоҳолу дар назар аст.

Дар бобати артамисо (бӯйи модарон) дар китоби “Сайдана” овардааст, ки «гоҳе дар кутуб марви шерон ва дар китоби Сиҳорбухт марви ардашерон вомехӯрад ва он бӯйи модарон аст».

Берунӣ бо мақсади ошкор намудани маънии аслии номи тоҷикии анвои дору, рустанӣ ё маъдан дар асарҳои худ маъмулан тарҷума ё муодили онро ба арабӣ, ҳамчунин зимни истифодаи истилоҳи арабӣ тарҷумаи онро ба форсӣ меорад. Масалан, дар бораи гиёҳи бодовард мегӯяд, ки исми форсист ва ба сабукии вазн далолат мекунад.

Доир ба бӯстонафрӯз мегӯяд, ки аҳли Бағ­дод бӯстонафрӯз гӯянд, яъне афрӯзандаи бӯстонҳо, ҳамчунин зинатуррайоҳин хонанд, яъне зинати гулҳо, ё рустании аснонуззиъб, ки ба тоҷикӣ дандони гург аст.

Дар ҳамаи асарҳои боқимондаи Берунӣ намунаи таҳқиқот дар иштиқоқ ва решаши­носии калимаҳои форсии тоҷикӣ ба назар мерасад. Берунӣ дар китоби “Шинохти гавҳарҳо” ё «Китоб-ул-ҷамоҳир фӣ маъри­фати-л-ҷавоҳир», ки дар бораи гавҳарҳо ва ҷисмҳои маъданӣ навиштааст, дар ба­робари он ки номи форсӣ-тоҷикии гавҳару маъданҳои зиёдеро, чун хушоб, хушкоб, хӯша, ширбом, шаҳвор, оромарворид, бо­дресакӣ, ҷавдона, камарбаст, шарроба — ан­вои дур(р); арҷувонӣ (=арғувонӣ), осмонҷунӣ (=осмонгунӣ), ҷулианорӣ (=гулианорӣ), обҷун (=обгун) — анвои ёқут; фирӯзаҷ, шир­фом — навъи фирӯза; испедчашм, озаршуст, оҳанрубой, каҳрабо, санги муҳра, чароғсанҷ, нӯшозар, нармоҳан ва ғайра ном мебарад, дар иштиқоқу решашиносии калимоти фор­сии тоҷикӣ кӯшиш ба харҷ додааст. Масалан, мегӯяд, ки «гумон мекунам, Миррих вобаста ба ранги сурхе, ки дорад, дар форсӣ Баҳром номгузорӣ шудааст».

Ё дар бобати калимаи туркмон мефармо­яд, ки «дар рӯзгори пешин ҳар турки ғузӣ, ки ислом меовард ва бо муслимин мепайваст, тарҷумони миёни ҳарду гурӯҳ мешуд … мусулмонон мегуфтанд, ки ба онҳо туркмон ҳамроҳ гардид, яъне монандаи турк».

Ва ё дар шарҳи калимаи нохудо дар ҳамин китоб чунин омадааст: «нохудо яъне соҳиби нова ё киштӣ».

Ё ин ки дар бораи калимаи арҷувон муаллиф овардааст, ки «Ибни Дурайд дар бобати калимаи урҷувон мегӯяд, ки он му­арраби (калимаи) форсист ба маънии сурхи баланд. Вале ин шакли арабист, форсии он гули арғувон аст».

Дар китоби “Ҳадгузории канораи маконҳо” ё «Китоб фӣ таҳдиди ниҳоёти-л-амокин» низ намунаи таҳқиқоти Берунӣ дар иштиқоқу ре­шашиносии калимаҳои асили форсии тоҷикӣ ба назар мерасад. Масалан, дар фасли тақсими ободонии Замин ба ҳафт кишвар калимаи кишварро аз решаи киш — киша ба маънии хат медонад.

Андешаи Берунӣ дар бобати дигаргунӣ ва падидаҳои овоии забон, аз ҷумла табдили овози ҳе ба ре дар калимаҳои тоҷикӣ ҷолиб ва қобили таваҷҷуҳ ба мушоҳида мерасад. Вай дар китоби “Сайдана” дар бораи шера­млаҷ мегӯяд, ки онро беҳтарин навъи амлаҷ хонанд, чун шоҳбалут, шоҳлуҷ, шоҳмуруд ва амсоли ин. Овози ҳе гоҳе ба ре мегузарад, аз ин рӯ, мегӯянд, шори Ғаршистон (лақаби шоҳони Гарчистон — Ҳ.С.) ва шери Бомиён. Ва шерамлаҷ шоҳамлаҷ гуфтан аст.

Берунӣ ҳамчунин аз донишмандони бу­зурги истилоҳшинос ва истилоҳнигор дар забони модарии мост. Беҳтарин намунаи маҳорату устодии ӯ дар истилоҳшиносию истилоҳнигорӣ ба забони модарии мо китоби “Тафҳим” ё «Китоб-ут-тафҳим ли авоили са­ноат-ит-танҷим» аст, ки бо хоҳиши Райҳона ном духтари навомӯз соли 1029 дар шаҳри Ғазна таълиф кардааст. Вай, ба андешаи ғолиб, дар ин китоб дар баробари истилоҳо­ти маъруфи арабии илмҳои машҳури замо­наш: ҳандасаву шумор, риёзиёту ҷуғрофия ва нуҷуму аҳкоми нуҷум муодили форсии тоҷикӣ сохтаву баргузида, дар маҷмуъ кори бузургу шоистаи таҳсине анҷом додааст, ки чунин иқдом дар таърихи ташаккули забони модарии мо ба сифати забони илм беназиру бесобиқа аст.

Илова бар китоби “Тафҳим”, ҳама осори дигари боқимондаи Берунӣ, аз ҷумла «ал- Осор-ул-боқийа ъан ил-қуруни-л-холия» (Осор-ул-боқия), «Китоб-ул-ҷамоҳир фӣ маърифат-ил-ҷавоҳир», «Китоб фӣ таҳдиди ниҳоёт-ил-амокин» низ хазинаи бемисли вожагону истилоҳоти асили форсии тоҷикӣ ба ҳисоб мераванд.

Аз ин мурури кӯтоҳ ба матолиби забон­шиносии осори боқимондаи Берунӣ метавон ба ҳамин натиҷа расид, ки вай натанҳо аз бунёдгузорони забоншиносии муқоисавии таърихӣ маҳсуб мегардад, балки азбаски дар шохаҳои ҷудогонаи забоншиносӣ, аз ҷумла лаҳҷашиносӣ (диалектология), овошиносӣ (фонология), решашиносӣ (эти­мология), маънишиносӣ (семасиология), вожашиносӣ (лексикология), истилоҳшиносӣ (терминология) андешаҳои ҷолиб ва қобили мулоҳиза баён кардааст, бе тардид аз са­ромадони забоншиносии форсии тоҷикӣ ба шумор меравад. Зарур аст, ки ин вижагии таълифоти ӯ аз тарафи муҳаққиқони забон­шинос мавриди таҳқиқу арзёбии ҷудогона ва густарда қарор бигирад.

Ҳасани СУЛТОН,

узви вобастаи АМИТ

Дигар хабарҳо