АБДУЛҲУСЕЙН ҚУЛМУҲАММАД

 АБДУЛҲУСЕЙН ҚУЛМУҲАММАД

ҚУЛМУҲАММАД АБДУЛҲУСЕЙН 29 октябри соли 1929 дар деҳаи Равмеди ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба ҷаҳон омадааст.

Соли 1953 Мактаби олии комсомолии Маскавро хатм карда, солҳои дароз дар корҳои комсомолӣ, аз ҷумла, котиби дувуми Кумитаи комсомоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мудири шуъбаи тарғиботи КМ ЛКСМ Тоҷикистон фаъолият бурдааст.

Чанде муовинии сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон»-ро бар уҳда доштааст. Солҳои ахир мудири умури хоҷагии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ будааст.

Аз соли 1961 асарҳояш чоп мешуданд.

Аслан қиссаҳои илмии тахайюлӣ меофарид, ки «Ниҳонхонаи Қамар», «Сайругашт дар Марс» ва «Истгоҳ дар мадор» аз он ҷумлаанд.

Қиссаҳои наваш «То ошёни Муштарӣ» (1988) ва «Баррачаҳои инкубаторӣ» (1992)-ро нашриёти «Адиб» ба чоп расондааст.

Аз соли 1986 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Соли 1992 аз ҷаҳон даргузашт.

Дигар хабарҳо