Абдулҳамид Самад: Алҳазар аз ёрони хасакӣ!

 Абдулҳамид Самад: Алҳазар аз ёрони хасакӣ!

— Дуруд, устоди гиромӣ! Хаста набошед. Аз ҳикояи нави «Озмоиш»-атон, ки чанде пеш дар «Адабиёт ва санъат» нашр шуд, аён мегардад, ки ҷазбаи қалам мисли ҳамеша Шуморо сари мизи кор мекашад ва ба навиштан водор мекунад. Оё боре шуда, ки аз шуғли якумраи худ – эҷоди асари бадеӣ эҳсоси хастагиву дилмондагӣ дошта бошед?

— Тандурусту комгор бошед. Дар суҳбате гуфта будам: «Ки ишқ осон намуд аввал…». Аҳли ҳунару илм, бешак, адиб низ, ибтидо аз рўйи ҳавову ҳавас, шояд шавқу ишқ ба ҷангалистони таҳқиқу офариниш ворид мешавад. Аз барору комёбиҳои нахустин шоду сарфароз, болу пар бароварда, пайроҳаеро интихоб мекунад, пайроҳаи беохир, пуршебу фароз. Замоне хаставу дилмонда ба худ меояд, ки нисф ё бештари умраш дар тай кардани ин пайроҳа сипарӣ шуда. Пушаймон ҳам бошад, роҳи пас ё ақиб гаштан надорад. Дигар ин «бадномӣ»-ро бар дўш гирифта. Бояд аз он пайроҳаи мушкилгузару азиятовар пеш биравад. То куҷо мерасад? Ҳамзамонон офаридаҳои ҳунарии ўро чӣ хел пазируфтанду боз аз ў чиро интизоранд? Вале зимни ин сафари беохир баногоҳ касе маънирас рўбарў меояд ва дар суҳбати сарипоӣ аз ҳусни офаридаҳои адибон ҳарф мезанад ва ғайричашмдошт мегўяд: «Ҳикояи «Кошки»-ро борҳо хондам. Бовар мекунед ё не, баъд муносибатамро дар хонавода тамоман дигар кардам…» Ин марди хушмутолиа камобеш 50-сола меамояд. Ҳикояи «Кошки» соли 1988 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», сипас дар китоби «Майдон» ва баъд борҳо нашр шудааст. Ана ҳамин ҷоизаи беҳтарин «эҳсоси хастагиву дилмондагӣ»-ро барҳам мезанад. Заҳмату ҷонкоҳонӣ то ҷое ба ҳадаф расидааст-ку. Шукр.

— Шумо аз зумраи он нависандагоне ҳастед, ки дар ду марҳалаи бузурги таҳаввули ҳаётӣ ва эҷодӣ –асри 20 ва 21, замони шўравӣ ва даврони Истиқлол зистанду эҷод карданд ва шукри Худо, имрўз ҳам дастбакоранд. Бинишҳову равишҳо, завқҳову салиқаҳо ва ҷаҳонбиниҳо комилан тағйир ёфтанд. Ин тағйирот ба ҳаёту эҷоди нависандае, ки ду марҳаларо тай кард, то чӣ ҳад таъсиргузор аст?

— Воқеан акнун ман ва ҳамсолону ҳамсафонам, ба қавле, одамони куҳна, ки дар ду аср зистаанду фаъолият кардаанд, маҳсуб мешавем. Мо парвардаи мактабу донишгоҳҳои шўравием. Инсони эҷодкор дар ҳама давру замон бо ҷомеае бештар пайванди ногусастанӣ дорад, ки дар он ба воя расидаастзамон барои аҳли эҷод имтиёзу бартариҳои ҳавасмандкунанда дошт. Яке дар ин роҳ комгору пешсаф мешавад, дигаре чун ноком ё ба таъбире «чандон ношинохтаву эътирофнашуда» норизову ноҳинҷор хуни дил мехўрад. Азият. Аммо хосияти майдони ҳунар аз қадим ҳамин будаасту чунин мемонад. Вале расидан ба озодии давлативу миллӣ, яъне истиқлол ин атои Худованд, муъҷизаи сарнавишт барои аҳли эҷод шуд. Озодӣ дар интихоби мавзўъ, қаҳрамон, истифодаи вожаву ғановати забон… Солҳо ин орзуи аҳли эҷод буд.

— Оё аз адибони имрўз, ки аксаран рўзгори эҳтиёҷмандона доранд, метавон умедвор шуд, ки дар ояндаи наздик асари аз ҷиҳати ҳунарӣ бузурге хоҳанд навишт?

— Аслан роҳи ҳунар, ки суханварӣ як шохаи он аст, аз оғоз сангину азиятовар будааст. Инро зиндагиномаи бузургтарин нобиғаҳои адабиёти мо ва дунё собит мекунад. Магар оғози эҷоду маҳбубият пайдо кардан ба Рўдакиву Фирдавсӣ, Пушкину Гогол, Достоевскийу Айнӣ, Лоҳутиву Шолохов … осон буд? Гап сари интихоби роҳу пеша меравад. Ин кор аз аввал сарвату роҳат не, талошу азият доштааст ба хотири нақши сазоворе гузоштан дар олами адаб ва соҳиби номи нек шудан. Барои ба ин ҳадаф расидан чи дарду азобҳои ҷисмониву равониро аҳли сухан аз сар гузарондаанду мегузаронанд. Барои ин иродаи оҳанин, тамкини чун кўҳ устувор, омўзишу офариниши якумра пеш меояд. Сабру заҳмат, тоб овардан ба нокомиву мушкилиҳо, талоши пайваста. Фидоӣ! Ба ин роҳ, ки умрашро бахшид, сарфи назар аз мушкилиҳо бояд биофарад, «асари аз ҷиҳати ҳунарӣ бузург» биофарад. Инсон баумед, шайтон ноумед мегўянд. Бояд комгор шавад, вагарна дар биёбони сўзони нокомӣ орзумарг хоҳад шуд.

Холисан, мо аҳли қалам, мебояд як падидаи замони муосирро бо хушӣ эътироф бикунем: дар ҳолатҳои зарурӣ мадади фаврии соҳибкор, корхонаву бонку сармоядор аз дуру наздик ба ҷомеа фавран мерасад. Адиб ба таъмини ғизои маънавии ҷомеа сару кор дорад. Вай то нафаси охирин дар сангари ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ ба воситаи эҷоди асарҳои аз ҳар ҷиҳат шоиста ба хотири тарбияи наслҳои имрўзу фардо ҷон мекоҳонад. Арзиши ин заҳмат пас аз солҳо маълум мешавад. Ин хидматро бо тамкину сабурӣ ба умеди подоши оянда аз сари сидқ адо бояд кард. Подоши оянда чист? Ҳамон аст, ки беҳтарин классикони адабиётамон дар анҷоми асарҳояшон таманно мекарданд: арзи сипос, ёди гиромӣ…

— Ба назар мерасад, имрўз адибон дар ҷомеа он мақому эътиборе, ки қаблан доштанд, надоранд. Ин ба шахсияти худи адибон вобаста аст ё ба тарзи бархурди ҷомеа ба адабиёт?

— Сохти идеологӣ ва иҷтимоӣ якбора дигар шуд. Он замон ва сохту давлат бисёр арзишҳои фарҳангии бунёдии пешинро ботил сохт, аз решааш нест кардан хосту одаму олами нав сохтанӣ шуд. Ва яке аз тарғибгарону тарбиятгарони одами ҷамъияти нав бештар адибон шинохта шуданд. Адибоне, ки ба он сохту он ғоя садоқат доштанд. Ниёзи давлату ҳукумат ба ин «хидматгорон»-и содиқ беш аз пеш афзуд. Ин бешак, барои ба майдони адабиёт омадани адибон ва офарида шудани асарҳои баландпоя, қаҳрамонҳои барҷастаи ормонӣ дар саросари давлати шўравӣ мусоидат ҳам кард. Имрўз дар паҳнои дунё бештар тамоюли сармояандўзӣ авҷ мегирад. Яъне ба қавли К. Маркс, «капитализми ваҳшӣ» бештар ҷилва мекунад. Дар ин маврид хоҳу нохоҳ шахсияти адибу осори адабӣ мекоҳад, мисли шабаҳ ба назар мерасад. Вале ин, ба гумонам, падидаи гузарост. Ва адиби асилу осори арзандааш, ки рўҳи тавоно, худшиносиву озодихоҳии миллиро васф мекунад, дар дилу дидаи мардум ҷо хоҳад гирифт.

Соли гузашта ду маҷмўаи ҳикояҳои Шумо –«Шаҳсутун» ва «Чароғи дил» ба дасти хонандагон расид. Ин китобҳо чеҳраи Шуморо чун ҳикоянависи чирадасту пуртаҷриба ба хубӣ нишон медиҳанд. Шумо аз оғози кори эҷодиятон бо қиссаҳои марғуби хеш, аз ҷумла «Паррончакҳо», «Баъд аз сари падар», «Аспи бобом», «Косаи давр» ва монанди инҳо шуҳрату маҳбубият доштед. Дар ин замина хеле таҷриба андўхтед, то ин ки бирасед ба иншои романи ягонаи худ «Гардиши девбод». Аммо имрўз мебинем, ки эҷоди роман кори маъмулӣ шудааст. Ҳар сол чандин роман аз тарафи нависандагонамон ба хонандагон пешкаш мешаванд. Ин нишонаи чист: содаву осон гирифтани кори романнависӣ ё қудрати бузурги эҷодӣ?

— «Шаҳсутун» ва «Чароғи дил» як китоб ё мунтахаби ҳикояҳо буданд, ки бо пешниҳоди Давлат Сафар, раиси вақти интишороти «Адиб», онро омодаи чоп кардам. Аз ин пешниҳод сипосгузорам, зеро ба ин сабаб гирдоварии ҳикояҳо, тасҳеҳу таҳрири онҳо бо дасти худам анҷом пазируфт. Аммо ҳаҷми китоб бузург шуду имкони молиявии «Адиб» барои нашр камтар. Чӣ бояд кард? Хушбахтона, раиси хайрхоҳи нашриёти «Русская литература» Сайфулло Фаттоев хоҳиши чопи як китобамро ба воситаи дўсте расонд. Нисфи ҷилди ҳикояҳои «Чароғи дил»-ро бо изҳори ташаккур ба ў супоридам.

Дар масъалаи афзун шудани романнависҳо. Ин фазоро Истиқлоли давлатӣ ва озодии сухан муҳайё сохт. Романҳои хуб дар мавзўъҳои гуногун низ эҷод шуданд. Сипас, ба қавли деҳқонҳо, палак лош шуду ба таъбири бузкашҳо, буз танӣ. Ҳар кас донисту дави аспаш. Ва хонанда каму романнавис афзуд… Аслан изҳори назар ба масъулияти романнависӣ ва ҷавобгў будани нигоштаҳо ба жанри роман салоҳияти муҳаққиқони варзидаи насри бадеист. Дар ҳар сурат, роман, ки дар адабиёти ҷаҳон ҷойгоҳи вижа дорад, ба талаботи жанр ҷавобгў бошад, беҳтар аст. Дар омади гап иқрор мекунам, ки барои ман аз ҷиҳати барҷаста офаридани симои қаҳрамон повести Мутеулло Наҷмиддинов – «Дарё маҷрои нав меҷўяд» ва боҳунаронаву хотирмон тасвир ёфтани мавзўъ ва қаҳрамонҳои армонӣ «Варта»-и Фазлиддин Муҳаммадиев нисбат ба романҳои хасакӣ баланду арзишманданд. Аммо дар романнависии нависандагони имрўзаи мо маърифат ва тарзи нигориши дилписанд низ вуҷуд дорад.

— Кадом романҳои солҳои охир нашршуда диққати Шуморо ҷалб карданд?

— Романи «Сарои санг»-и Ато Мирхоҷа, ки назари тозаест ба рўзгори печидаи гузаштаи мардуми Бадахшон, «Киштии Нўҳ»-и Юнус Юсуфӣ, ки ба сабку нигориши пешқадами насри муосир такя мекунад ва «Марг» — романи Абдулқодири Раҳим, ки аз ҷиҳати мавзўъ, бархўрди ақидаҳо, кўшиши кушодани дунёи маърифату маънавияти ботини қаҳрамонҳоро дар бар мегирад. Ва боз романи аз ҳар ҷиҳат барҷаста ва хондании Нодар Думбадзе – «Шаби офтобӣ» дар тарҷумаи Ҷўёи Самарқандӣ аз забони гурҷӣ, ки дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп шуда буд.

Лекин, ба назари банда, ба романнависе, ки умраш ба ҷое расидаасту ҷилд-ҷилд китоб дорад, маслиҳат додан бефоида менамояд.

Баъзеҳо ба ин назаранд, ки баъди нависандагони навнигару навнигоре чун Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Баҳманёр, Муҳаммадзамони Солеҳ ва Ҷонибеки Акобир, ки аз навоварони охири солҳои 80 ва солҳои 90-и қарни бистум маҳсуб мешаванд, дар насри тоҷик ҷилваҳои тозаи ҳунариву услубӣ ба назар намерасанд. Оё ин ҳақиқат дорад?

— Аслан майдони ҳунар, шохаҳои адабиёт низ бе талоши тозакорӣ, тозаҷўйӣ мекоҳад, шираву тароваташро гум мекунад ва якрангу дилбазан мешавад. Бубинед, агар устодони насри муосири мо Ҷ. Икромӣ ва С. Улуғзода аз чорчўбаи нахустроманҳояшон «Шодӣ» ва «Диёри навобод»-у «Навобод» намераҳиданд, чун нависандаи қолабӣ ё шаблоннавис мемонданд. Ҳарду нависандаи бузурги мо шурўъ аз охири солҳои 1950 ва оғози солҳои 1960 ба таҳқиқи бадеии мавзўъҳои таърихӣ, офаридани шахсиятҳои таърихӣ ё қаҳрамонҳои ормонӣ ҷасурона камар бастанд ва комгор шуданд. Беҳтарин роману қаҳрамонҳои барҷаста офариданд, ки имрўз ҳуснбахши насри муосири тоҷиканд. Нависандагони зиндаёд П. Толис ва Ф. Муҳаммадиев бо шева, назар, гирумони пешқадами асарнигорӣ насри моро бо ҷаззобиву рангинӣ ҳамрадифи насри пешгоми шўравӣ намуданд. Аз паси онҳо нависандагони дигаре бо бинишу ҳадафи тоза роҳу равиши пешқадами насрро фаротар бурданд. Вале ҳусну дилангезии ҳунар дар навовариву тозакорист. Ба нависандагони навнигару навнигори номбурда метавон зиндаёд Муаззамаро низ ҳамроҳ кард. Воқеан, ин насли нависандагон аз қадамҳои нахустин кўшиданд, ки дар сабку равияҳои тоза асару қаҳрамон офаранд ва ҳар кадом аз рўйи зарфияти бинишу пажўҳиши адабӣ ба қадри тавон муваффақ шуданд. Ин ҳам шоистаи зикр аст, ки онҳо – рўҳашон шод бод! – дар интихоби мавзўъ, қаҳрамони ормонӣ ва сабку шеваи нигориш ҳамдигарро нусхабардорӣ накардаанд.

Нигаронии муҳити адабӣ ва хонанда аз коҳилии нависандагони ҷавонамон сабаб дорад. Ҳайф аст, ки ангезаи чашмаи илҳоми шоирони ҷавон ба нависандагони ҷавон эҳсос намешавад. Кош онҳо карахтиву коҳилӣ ва баҳонаҳои нарасидани ину онро зуд аз дўш партофта, бо азми ҷазм аз пайи эҷоди асарҳо бишаванд. Вагарна дар панҷаи ин хоболудӣ «умр чун оби равон» мераваду зеҳну килк кунд мешаваду дареғу пушаймонӣ пеш меояд.

— Ахиран дар озмуни ҷумҳурияии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» номинаи «эҷоди назму наср» илова шуд. Шоҳид будем, ки дар озмуни соли гузашта носирони бисёр аз гўшаву канорҳои гуногуни кишварамон иштирок доштанд ва дар натиҷа чанд истеъдод кашфу муаррифӣ шуд. Ин дар ҳолест, ки баъзеҳо аз кам будани нависандагони ҷавон бонги изтироб мезананд. Ба назари Шумо, озмуни мазкур барои ба майдони адаб омадани носирони ҷавон то чӣ андоза муосидат мекунад?

— Аз ин падида шод шудам. Майдони хуби ҳавасмандгардонӣ, ангезаи бедор кардани шавқу ҳавас, санҷиши қалам, ҷустуҷў ва эҷод. Бешак, барои ба майдони Озмун баромадан ва ҳунару бартарии маҳорат нишон додан омўзиши назокатҳои забон, интихоби мавзўъ ва қаҳрамонҳои нави дилписанд, сабку шеваҳои хушоянди нигориш пеш меояд. Ва ин навқаламро батадриҷ зина ба зина ба олами афсункори эҷод ворид мекунад. Ва чанд сол баъд мебинем, ки аз байни довталабони ин риштаи Озмун нависандаи умедбахше арзи ҳастӣ мекунад. Эй хуш он рўзу сол.

— Аз ҳамнишинӣ ва дидору суҳбат бо шахсиятҳои номвари адабу илм ва фарҳанг чӣ бардошту хулосаҳое доред?

— Умри инсон кўтоҳ аст ва «чун боди баҳорон» зудгузар. Вале дар ҳамин фурсати ками зиндагӣ ҳам ягон-ягон шахсиятҳои пурҳунар ё дар ҳунар худододу модарзод бо офаридаҳое пурҷилову ҳайратангез маҳбуби миллат ва гули сари сабади ҷомеа мешаванд. Ба таври дигар гўем, онҳо ба кўзаи пуршаҳд, пурасал табдил меёбанд: машҳур, овозадор! Аз ҳар тоифа, касбу ҳунар номварону соҳибҳунарон каманди ошноӣ меафкананд, мисли пашша ба ў мечаспанд, ки ҳамнишину ҳамсуҳбаташ бишаванд. Албатта, беғараз не. Бояд атрофиён бинанду донанд, ки бо кӣ ёру ошнои ҷониянд, бо кӣ дар кўчаҳо паҳлу ба паҳлу қадам мезананд, бо кӣ гирди хон ё миз менишинанду қадаҳ мебардоранд ва «ҷавонмардӣ» нишон медиҳанд. Ин тофаи манфиатҷў ошнои машҳурро бо ҳазор ҳилаву найранг ба дом афтонда, дар ҳалли масъалаҳои мушкилаш чун сипар истифода мебарад. Шахсиятҳои баистеъдод, ки ҳалим, поку содадил ҳам мешаванд, ҳотамӣ ва ширинзабонии «ёрони ҷонӣ»-ро хуш мепазиранд ва ба андозае онҳоро ба худ наздик мекунанд, ки мепиндорӣ, аз байнашон мў ҳам намегузарад. Мепиндорӣ, ки Худо накунаду «дўст»-и машҳур бимирад, вай паҳлуи ҷасади раҳматӣ дар гўр мехобад ё сари турбаташ шабу рўз дар сўги ў менишинад. Аммо чун ин шахсияти нодиру нодиракор ба раҳмати Худо пайваст, тоифаи хабису манфиатҷў аз пайи ёфтани «дўст»-и шуҳратманди нав меафтад. Бегумон ин шеваи бадаъмолӣ аз чашми дилогоҳон пинҳон намемонад. Вале дареғу афсўс, ки ин ҳадис пайваста такрор меёбад ва гулҳои сари сабади адабу ҳунар асиру қурбони «ёрон»-и хасакӣ ва ғаразнок мешаванд.

Зимнан, баҳс сари дўстӣ буд. Ва ҳувайдост, ки ҷаҳон ва рўзгори одамон бе ёру дўст шириниву равнақ надорад. Аммо ёрони хасакӣ ё ғаразноки шахсиятҳои номвари адабиву ҳунарӣ душмани бераҳму маккореанд дар либоси дўст. Ин иблистинатон тороҷгари беҳтарин сарвати умр – вақт, илҳомкуш, суханчину иғвогар, низоъангезу шикамчарону ҳангомахоҳ буда, инсонҳои хушистеъдодро майзада, гирифтор, дардманд, коҳилу аз майдони эҷод бенасиб ва пас аз маргашон ба овозаҳое бадном низ мекунанд. Ин бонги изтироб кашфиёти банда нест. Гузаштагони бузургамон барои дурӣ ҷустан аз ин «қотилони вақт» ва нутфаҳои шайтон борҳо дар осорашон ишора кардаанд. Вале алҳол ин масъала бештар барои соҳибистеъдодҳои ҷавон хатарзост. Алҳазар аз «ёрон»-и хасакӣ, манфиатҷў ва садрўя!

-Вақте ки нависандаи ҷавон ба нийяти навиштан қалам ба даст мегирад, чӣ меъёрҳо, чӣ талабот, чӣ назокатҳо ва чӣ фазоеро бояд пеши назар дошта бошад? Шумо чун устоди кори хеш ва нависандаи варзидаву пуртаҷриба ба ин навқалам чӣ маслиҳат медиҳед?

— Адабиёт ва забони шукўҳманду пурғановати беш аз ҳазорсола, расму суннат, таърихи печида, талошҳои гузаштагони барўманди ҷоннисорамонро дар роҳи озодӣ, ҳифзи асолати бумӣ ва боз ифтихор аз миллату меҳани соҳибихтиёрро чун вориси сазовор пеши назар овардан. Бахти бузург аст, вале масъулияти сангин дорад. Мо чун меросбарони адибони ҷаҳоншумул хома ба даст мегирем. Бояд чизаке сазовор навишт.

Кош ҳамеша ёрони мувофиқу дилогоҳ дар каноратон мояи саодатмандиву шодмониятон бошанд. Барои суҳбат ташаккур, устоди гиромӣ!

Мусоҳиб Толиби ЛУҚМОН

Дигар хабарҳо