Абдуллоҳи Раҳнамо: «Сарзамини Ваҳдат»

 Абдуллоҳи Раҳнамо: «Сарзамини Ваҳдат»

 

САРЗАМИНИ ВАҲДАТ

Ин ватанро «нигар ба чашми хирад»,

Ҷавҳари он басе бузургтар аст.

Аз фиреби харита бояд раст,

Тоҷикистон басе бузургтар аст!

 БАРНОМАИ ВАҲДАТ

Ин кишваре, ки ин ҳама зебост, ваҳдат аст,

Ин ҷаннате, ки рашки сурайёст, ваҳдат аст.

Ин чорбоғи шаҳр, ки дар мавҷхези ранг,

Гӯйӣ магар қиёмати гулҳост, ваҳдат аст!

Кӯҳе, ки ҳамчу бурҷи баланди ғурури халқ

То осмон расидаву барҷост, ваҳдат аст.

В-ин чашмаи наҷиб, ки аз остини кӯҳ

Бар ҷӯйи шир рехта, дарёст, ваҳдат аст.

Тифле, ки бо навори хати парчами Ватан

Пешонии баланд биёрост, ваҳдат аст.

***

 

Он мактабе, ки саф зада бар зери як суруд,

Он вожае, ки сархати иншост, ваҳдат аст.

Ваҳдат ҳисоби саҳмияву шартнома нест,

Ҷое, ки халқ якдилу яктост, ваҳдат аст.

Рӯзе, ки пушти як ваҷаби марзи Исфаранг

Як кишваре чу зилзила бархост, ваҳдат аст.

Насле, ки вораҳида зи гирдоби ихтилоф,

Ҳампову ҳамнабарду ҳамовост, ваҳдат аст.

Он марди офтоб, ки баҳри бақои халқ

Аз умри худ чу моҳи фалак кост, ваҳдат аст.

Рози бақои давлату сирри суботи мулк

Ин назми устувор, ки барпост, ваҳдат аст.

Дар гирдбоди фитнаи бегонаву худӣ

Барномае, ки ҳалли муаммост, ваҳдат аст.

Ин аст мунтаҳои паёми паямбарон,

Тавҳид дар азал ба чӣ маъност? Ваҳдат аст.

Бар ресмони ваҳдати ҷовид чанг зан,

Андешае, ки аз ҳама болост, ваҳдат аст.

ХОТИРАИ ВАНҶ

Атри зилол роиҳаи бӯстони Ванҷ,

Боғи биҳишт пешкаши меҳмони Ванҷ.

Сангаш ҳама зумурраду ёқуту мармар аст,

Аз чормағзу тути мавиз аст нони Ванҷ.

Ванҷои мавҷпӯш, ки чун шир медамад,

Ҷорист бо дуои шаби модарони Ванҷ.

Ҳар пир пири ҳикмату ҳар кӯй кӯйи дӯст,

Меҳроби ишқ гӯшаи ҳар хонадони Ванҷ.

Бар ростии арари садсолааш қасам,

К-аз ростист гавҳари озодагони Ванҷ!

Шерози маҳфилаш ҳама лутфу латифа аст,

 Ҷовид бод мардуми ширинбаёни Ванҷ!

Симои хусравонаву фарҳанги хусравӣ,

Рустам равон ба руҳу раги ҳар ҷавони Ванҷ.

Ҳаргиз ғубори хоки заминро надидааст

Он шонаи баланди ҷаҳонпаҳлавони Ванҷ.

Тарсам, ки бутпараст шавад марди порсо,

Чун бигзарад ба кӯйи накӯи бутони Ванҷ.

Эй дил, агар зи ғуссаи офоқ хастаӣ,

Себе бигир аз сари дастархони Ванҷ…

Пойи Мазор пойи баланди саодаташ,

Мавлои Садру Бадри Валӣ посбони Ванҷ.

Чун осмон ба қуллаи ӯ такя мезанад,

Ё Раб, ситоразор бувад осмони Ванҷ!

 СИМОИ ИСТАРАВШАН

Аз санг лаъл созад устои Истаравшан,

Яъне, ки рӯшноист фардои Истаравшан.

Ҳар фард як такопӯ, ҳар чашм як тарозу,

Пайкору корзор аст симои Истаравшан.

Нақши гули пиёла чандинҳазорсола,

Рими Қадим пӯшад дебои Истаравшан.

Бар лашкари Сикандар оташ кушод ҳар дар,

Афшини Суғд бошад бобои Истаравшан.

Шаҳри хирадгароӣ, аз аҳди мӯмиёӣ,

Мулки Ҳазоршаҳр аст таҳҷойи Истаравшан.

Гулгашти шоиронаш ҳеҷ интиҳо надорад,

Дарёи шеър бошад дарёи Истаравшан.

Аз файзи меҳмонаш ё сӯзи ошиқонаш

Дуди кабоб дорад шабҳои Истаравшан.

Сарви равон наояд ҳампойи нозанинаш,

Зеботар аз сухан буд зебои Истаравшан.

Як шаҳр ошноӣ, як шаҳр рӯшноӣ,

Як шаҳр офтоб аст маънои Истаравшан.

 ҶОЙГОҲИ ИСФАРА

Ворух кунун бузургтар аз як ҷамоат аст,

Он меҳвари ҷамоату пайванди миллат аст.

Ё Чоркӯҳ низ дигар чор кӯҳ нест,

Он сангари баланди шукӯҳу шаҳомат аст.

Имрӯз ҳеҷ хоҷаву ҳоҷиву турбаташ

Бар хоки пойи Хоҷаи Аъло намерасад.

Ин ҷо барои хоки Ватан ҷон супурдаанд,

Ин аст он ғурур, ки бар мо намерасад….

 

Ин мардуми азиз ба хуни муқаддасаш

Аз гунаҳои хастаи мо доғи занг шуст.

Ин мардуми азиз ба хуни муқаддасаш

Аз номи тирагаштаи мо доғи нанг шуст.

 

Ин мардуми азиз ба ҷони азизи хеш

Бар миллати бузург тавони дубора дод.

Ин мардуми азиз ба ҷони азизи хеш

Бар ваҳдати бузург такони дубора дод.

 

Гар пештар барои ҳавою ғизои пок

Меомадам ба Исфара баҳри саёҳаташ,

Имрӯз он мадинаи Байту-л-муқаддас аст,

Акнун равам барои тавофу зиёраташ.

 

Маънии Исфаранг, ки боғи биҳишт буд,

Инак намоди ғайрату номусу нанг шуд.

Дарёи Исфаранг «Ватан» гуфту ҷӯш зад,

Ҳар мавҷ як камон шуду моҳӣ наҳанг шуд.

 

Ворух дигар ҷамоату сарбанду об нест,

Он имтиҳони давлату номуси миллат аст.

Ҳам Чоркӯҳ низ дигар чор кӯҳ нест,

Он ҳамрадифи кишвару девори ваҳдат аст.

 

 РӮЗГОРОНИ ҲИСОР

Шаҳсутуни арш бошад кӯҳсорони Ҳисор,

Кокули хуршед бошад обшорони Ҳисор.

 

Баски рӯйи гарм дорад мардуми бекинааш,

Файз меборад ба рӯйи рӯзгорони Ҳисор.

 

Дар кафи нозаш Душанберо ба ҷон мепарварад,

Атр меборад ба рӯи шаҳр борони Ҳисор.

 

Чун нишони пойдорӣ пойдор истодааст

Пойдевори баланди посдорони Ҳисор.

 

Моҳ хирман мезанад дар даштҳои Хирманак,

Рӯй мебинад ба рӯйи чашмасорони Ҳисор.

 

Хоки Охунди Шарифу хоки Эшони Калон,

Осмон паст аст пеши хоксорони Ҳисор.

 

Бо гули наврӯз ороянд дар наврӯзгоҳ

Ёли симини саманди шаҳсаворони Ҳисор.

 

Кӯҳҳо дар интизори руҳи Турсунзодаанд,

Номдори номдори номдорони Ҳисор.

 

ДАР ВОДИИ ВАХОН

Шаб ришта-ришта аст дар водии Вахон,

Одам фаришта аст дар водии Вахон.

Наврӯзи ҳафтранг дар лобалои санг,

Фирдавс киштааст дар водии Вахон.

 

Ҳар шеваи сухан, чашму лабу даҳан,

Аз гул сириштааст дар водии Вахон.

Номуси марду зан дар қалъаи куҳан

Бо хун набиштааст дар водии Вахон.

 

Дар нури моҳтоб, дар мавҷпӯши об,

Шаб ришта-ришта аст дар водии Вахон.

Бо рӯҳи содааш, рӯйи кушодааш,

Одам фариштааст дар водии Вахон…

 

 ФАСЛИ САБЗИ ХОВАЛИНГ

Ба Ховалинг расидам, ҳама баҳораш сабз,

Замину бому дару дашту кӯҳсораш сабз.

 

Зи гул фуромадаасту ба бор биншастаст,

Биҳишти боғ, ки ҳар нахлу ҳар қатораш сабз.

 

Чӣ маҳшарест ба даргоҳи Ҳазрати Султон,

Ҳама муҳит зи руҳи бузургвораш сабз.

 

Зи ҳафт чашмаи он оби зиндагӣ ҷорӣ,

Зилолу зираи паҳлуи ҷӯйбораш сабз.

 

Диёри ҳазрати Восеъу дарраи Мухтор,

Ҳанӯз қиссаву номусу ифтихораш сабз.

 

Чанори пир, ки ҳамтову ҳамнишинаш буд,

Ҳазор сол нишинад дар интизораш сабз.

 

Ба ноз хӯша гирифтаст соқаи гандум

Сараш хамидаву мижгони теғдораш сабз.

 

Чу парчами шарафу сарбаландии мардум,

Канори хонаи ӯ арари виқораш сабз.

 

Чу пойтахт қашанг аст маркази сабзаш,

Ки Боғи парчаму гулгашти Чилчанораш сабз

 

Зи Ховалинг фақат ёди сабз мемонад,

Ҳамеша бод сараш сабзу рӯзгораш сабз!

 

 ОИНАИ РАШТОНЗАМИН

Сарбаландӣ суннати деринаи Раштонзамин,

Осмон рафтан тавон бо зинаи Раштонзамин.

 

Порсоӣ рӯйи одамро мунаввар мекунад,

Дидаам ин роз дар оинаи Раштонзамин.

 

Дил агар биншаст, ҳаргиз барнахезад аз бараш,

Сеҳр дорад мардуми бекинаи Раштонзамин.

 

Аз бузургии муҳаббат Оби хингу Оби сурх

Мешавад пайванд андар синаи Раштонзамин.

 

Ҳар қадам ҷойи қадамгоҳи бузургони Худо,

Ҳафт водии сафо пешинаи Раштонзамин.

 

Аз ҳузури мӯсафедон нурборон мешавад

Ҳар намози ҷумъаи одинаи Раштонзамин.

 

Ҷаннати атри зилолу ҷаннати оби зулол,

Себи хубон гавҳари ганҷинаи Раштонзамин.

 

Баҳри таъмири замон фарзандҳо пар мекашанд,

Бо дуои модари оминаи Раштонзамин.

Абдуллоҳи РАҲНАМО

Дигар хабарҳо