Ҳамоиши илмӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ
Дар ҳамкорӣ бо Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии ИНТ дар факултети забон ва адабиёти рус бо иштироки мудири шуъбаи очерк ва публитсистикаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, драматург Ҷумъа Қуддус ва дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Ғайратшоҳ Раҳматов ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Ҳамоишро декани факултет ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ кард ва мақсади баргузории ҳамоишро шарҳ дод. Сипас, Ҷумъа Қуддус перомуни роҳҳои баланд бардоштани завқи бадеӣ ва эстетикии донишҷӯён баромад карда, зимнан иброз дошт, ки тарбияи эстететикӣ ба инкишофи ҳаматарафаи шахсият мусоидат мекунад. Ба тарбияи эстетикии халқ иттифоқҳои интеригенсияи эҷодкор – нависандагон, рассомон, бастакорон, кинематографистҳо ва ғ. саҳми арзанда мегузоранд.