Ёде аз устод Садриддин Айнӣ

 Ёде аз устод Садриддин Айнӣ

 

Ба муносибати зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ 13 апрел бо иштироки устодон ва донишҷӯён дар боғи устод Айнӣ маҳфили ёдбуд баргузор гардид. Онро журналисти варзида Қироншоҳ Шарифзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар бораи хизматҳои устод Айнӣ чанд сухан гуфт.
Сипас рӯзноманигори шинохта Сангин Гулов дар бораи публитсистикаи устод Айнӣ ҳарф зада, зикр намуд, ки “устод Айнӣ дар осори публитсистии худ ба мавзӯи ватан ва меҳанпарасӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, бо мақолаҳои шӯълавари худ кӯшиш намудаанд, ки халқи тоҷик соҳиби давлати мустақили худ гардад”.
Абдуллоҳи Раҳнамо – директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзӯи “Устод Айнӣ ҳамчун сиёсатмадор” чанд сухани судманд ироа намуд. Аз ҷумла қайд кард, ки “устод Айнӣ ҳамчун сиёсатмадор камтар мавриди таваҷҷӯҳи муҳаққиқон қарор гирифтааст. Бояд ин масъала ба таври бояду шояд мавриди таҳқиқи амиқ қарор гирад”.
Дар охир шеърҳои устод Айнӣ аз ҷониби донишҷӯён қироат гардиданд. Маҳфили мазкур маҳфили баёдмонданӣ ва самимиву озод буд.

 

Дигар хабарҳо