Хуршеди Эҳсон. Захми ҷигар (ҳикоя)
Мард бо нигаронию парешонӣ қадам мегузошт. Аз дишаб ҳолаш хуб набуд. На, аз ду-се рӯзи пеш, аз замоне ки он хабарро фаҳмид, дилаш сиёҳ буд. Саъй мекард, ки фикри бад накунад ва хаёлҳои беҳударо аз зеҳнаш биронад. Талош мекард ба корҳои рӯзмаррааш фикр кунад ва зиндагии маъмулии худро идома диҳад. Ӯ муаллим буд. Ба мактаб мерафт, то дарсашро бо тамаркуз ва тааммул баргузор кунад, ба хонандаҳо донистаниҳои нав ёд диҳад. Бархе хонандаҳо хуб мехонданд, ки ин боиси дилбастагию алоқаи бештари ӯ ба кораш мегардид. Аммо бархеи дигар гӯё санг ё кулӯх буданд, ҳарчи ба содатарин забону баён мефаҳмонд, ба фаҳми мавзуи дарс намерафтанд. Гоҳе ин ҳолат ӯро асабӣ мекард, аз худ берун мешуд, аммо дубора худро ба ҳолати аввалаш бармегардонд. Ба бачаҳои боҳуштар нигоҳ мекард ва дарсашро идома медод. Аз чашмҳои ин гурӯҳи бачаҳо меҳру самимият меборид. Дар чашмҳояшон умеду ангезаро медид ва бо худ фикр мекард, ки аз миёни инҳо чӣ инсонҳои бузургу шарифе метавонанд дар оянда ба камол расанд. Бачаҳо ҳам ҳар кадом орзуҳо ва ормонҳои баландпарвози худро доштанд. Гоҳе дар миёни дарсҳо аз орзуҳои бузургашон ё дар оянда кӣ шуданашон ҳарф мезаданд. Ӯ ором ба ҳарфҳои шогирдонаш гӯш медод ва дар лабонаш табассум медавид ва як “Худо хоҳад”-е мегуфту суҳбатро ба масири худаш ворид мекард; дарсашро идома медод. Гоҳе ба чашмони маъсумона ва шаффофи бачаҳо нигоҳ мекард ва ғарқ мешуд; худашро дар ҷои онҳо дар пушти ҳамин мизҳо медид ва бачагияшро ёд мекард. Баъд бачагияш аз паси мизи мактаб баланд мешуд ва ҳаракат мекард; ба кӯча мебурдаш, ба ҳамон кӯчаи 45-50 соли қабл, аз миёни кӯчаҳои хоколуди русто ба тарафи хонаашон мерафт. Дар роҳ аз дарахтоне, ки берун аз девори коҳгилии соҳибаш шохаи сабзу пурмева давонда буданд, дуздакӣ себ ё олу ё шафтолуе меканд ва ба роҳаш идома медод. Агар дар кӯча ё паскӯчае бачаҳои хурдтар ё ҳамсоли худашро медид, ки аз паси тӯби дарида ё чизе шабеҳ ба он, ки аз порчаҳои латтаҳо фароҳам омадаааст, ин тарафу он тараф медаванд, ӯ ҳам ба онҳо мепайваст. Ё агар зимистонҳо барфи сангин борида буду кӯчаҳо барои яхмол рафтан омода шуда, беихтиёр ӯро ба лағзидану лаззат бурдану ях кардан даъват мекарданд. Дар ин вақтҳо буд, ки ҳама чизро дар бораи замону макон ва таъкидҳои модараш бо ҷумлаи такрории “баъди дарс зудтар ба хона биё” фаромӯш мекард. Ба давидану афтидан он қадар машғул мешуд, ки медид ҳаво торик шудааст. Баъд бо либосҳои ҷо-ҷо чиркиншуда ба тарафи хона мерафт. Ин ҷо буд, ки аз ҳамон оҳистагӣ ва хушҳавсалагии пешинаш хабаре набуд ва ба қадамҳояш суръат мебахшиду мисли мардҳо ё ҷавонҳои тануманд роҳ мегашт. Ба хона мерасид ва нигарону тарсон аз даъвоҳои модару нигоҳи нофизу беҳарфи падараш, ки бадтар аз сад ҳарфи модар бар мағз- мағзи вуҷудаш таъсир мегузошт, оҳиста дарро боз мекард. Хонаашон иборат буд аз ду чордевории коҳгилии андовашуда бо сақфи пасту зинаҳои баланди вурудӣ, ки аз рӯиҳам гузоштани сангҳои сафеди зебо ба вуҷуд омада буд. Вориди чордевории аввал, ки мешуд, бо муҳити ошнои ҳаррӯза ва ҳавои гарми матбуъ рӯбарӯ мегашт. Болои бухорӣ об меҷӯшид ва модараш дар ҳоли дам кардани об ба чойники сафолии нисбатан бузург буд. Падараш бо ҷома ва тоқии чоргули тоҷикӣ дар тарафи боло нишаста ва пойҳояшро зери сандалии гарм кардааст. Агар баҳор ё тобистон бошад, сандалӣ ҳамчунон он ҷо ҳаст, аммо лахча надорад, фақат ба унвони мизи ғизохӯрӣ аз он истифода мешавад. Маъмулан, зимистонҳо падараш китобе, ки бо алифбои форсӣ буд ва ӯ намедонист, ки чист, рӯи зону гузошта буд ва ангушти саббобаашро рӯи сатрҳо нигоҳ доштаву ором-ором зери лаби мутолиа мекард. Боре аз модар дар бораи чӣ хондани падар пурсид ва “Чор дарвеш”-у “Девони Ҳофиз” будани китобҳоро фаҳмида буд. Аҷиб ин буд, ки дар хонаашон ғайр аз ҳамон се-чаҳор китоби падар, ки ҳама бо хатте буданд, ки ӯ он вақтҳо наметавонист бихонад, ва китобҳои дарсии худаш, ки ҳар сол иваз мешуданд, китоби дигаре набуд. Аҷибтар аз он ин буд, ки падар фақат ҳамон се-чаҳор китобро солҳо, ба хусус зимистонҳо, такрор ба такрор мехонд ва ғайр аз он китоби дигаре намехонд. Он вақтҳое, ки падар китоб мехонд, ҳама дар сукути мутлақ ба сар мебурданд, ба ғайр аз садои гоҳ-гоҳи деги модар ё ҷӯшидани обу садои дилнавози сӯхтани ҳезум дар бухории калони хона. Ҳанӯз ёдаш ҳаст, вақтҳое, ки модар оташро равшан мекард, ба нармию оҳистагӣ фазоро гармии ҷононае фаро мегирифт, аз деворҳо боло мерафт, ба сақф бармехӯрд, бармегашт, вориди либосҳояш мешуду зери пӯсташ роҳ меёфт ва дар тамоми рагҳояш медавид. Ин вақтҳо буд, ки хоб бар ӯ ғалаба мекард ва ӯ беихтиёр таслим мешуду ба як гӯшаи сандалии гарм мерафт ва бо садои “ҳай-ҳай” гуфтан ва сар ҷунбондани падар, ки ангор аз хушмаззагию ширинии мутолиаи кадом китобе буд, кам-кам чашмҳояш пӯшида мешуд. Гузашта ҳамин гуна буд, ширин, рангин ва шавқангез, пурнишот ва зинда. Ба назараш, дар гузашта, гузаштае, ки ҳоло ба назараш на наздик буд ва на бисёр дур, одамҳо самимитар, содатар, табиитар ва инсонтар буданд. Падар осиёбе дошт ва бо ҳамон осиёби обии кӯчак рӯзгори хонаводаро мечархонд. Ҷанги Гирмон солҳо пеш тамом шуда ва зиндагии маъмулии одамҳо ҷараён дошт. Падараш муъмини намозгузоре буд. Акнун, ки ба гузашта ва ба падар нигоҳ мекунад, ба назараш ҳеч каси муъминтару покизатар аз падараш дар олам вуҷуд надошта ва надорад. Тааммулу оҳистагӣ дар корҳо ҷойгоҳу шукӯҳашро назди ӯ дучандон мекард. Дар тасмимҳои зиндагӣ шитоб намекард, бо андеша, оҳиста ва дуруст амал мекард. Албатта, мушкилоти зиндагӣ зиёд буд. Мушкилот, ки мегӯям, корҳо ва иттифоқҳои содаи рӯзмаррае буданд, мисли харидани як кафши нав, фурӯхтани харе, ки дар оғил аст, орд кардани гандуми овардашуда ба осиё ва гирифтани ҳаққи кору заҳмати осиёббон аз гандуми ордшуда, дармони сулфаи ношӣ аз сардиҳои зиёд, қатъ кардани шохаи як дарахт ва хурду мувофиқ кардани он барои бухорӣ ё овардани як хар ҳезум аз кӯҳу пушта ва корҳои хурду резае мисли ҳаминҳо. Бузургтарин кор ё иттифоқи ҳар хонавода зан ё шавҳар додани фарзанди хонадон, ба сарбозӣ фиристодан ва истиқболи писари ҷавон аз хидмати сарбозӣ буд. Ҳамин гуна корҳоро падар ҷиддӣ мегирифт ва бо андеша ва тааммули зиёд анҷом медод. Мегуфт: “Оҳиста рав, пайваста рав”.
Ӯ падару модар, хона ва солҳои бачагиашро ин гуна дар ёд дорад. Падараш бо ҳар сахтие, ки буд, ӯро ба Душанбе фиристод ва донишҷӯ шуд. Панҷ сол дар муҳиту фазои хуб зиндагӣ кард ва дарс хонд. Азбаски писари ягонаи падару модараш буд, ба деҳа баргашт ва муаллими кимиёи мактаб шуд. Аз ҳамон замон то ҳоло бештар аз сӣ сол аст, ки дар ин мактаб кор мекунад. Бештари ҳамкоронаш дар ин миён омаданду рафтанд. Аммо ӯ на. Гоҳе мешунавад, ки шогирдонаш дар пойтахту кишварҳои дигар одамҳои намоёне шудаанд ва ӯ аз ин ифтихор мекунад. Муаллим дар деҳа ҳам муаллим аст ва ҳам кишоварз. Баъзе рӯзҳо ба мактаб меравад ва баъзе рӯзҳо ба тарафи заминаш, ки дар он полезиҳои гуногун кишт мекунад. Ягона писараш мисли бобояш тануманду ҷасур аст. Аммо намедонад ба чӣ сабабе гоҳе ба ҳарфи падар гӯш намедиҳад. Ба донишгоҳ дохил шуд, аммо дар соли дувум тарки таҳсил кард. Хеле насиҳаташ кард, ки ба ҳарфи падари муаллимаш гӯш ва сахтиҳои донишҷӯиро таҳаммул кунад. Мегуфт, ки “Ман бештар аз ту сахтӣ кашидаам. Рӯзгори имрӯзи ту сад баробар беҳтар аз замони таҳсили мост.” Аммо писараш ба ҳарфҳои ӯ эътино накард, намехост дар донишгоҳ таҳсил кунад, чуну чарояшро ба падар намегуфт. Намехост ва тамом. Чанд вақт дар Душанбе беҳудагардӣ кард. Дар бозор кор кард. Дар ресторан ҳам буд. Билохира, як рӯз хабар дод, ки бо дархости худаш ба хидмати сарбозӣ рафтааст. Дар марз хидмат мекунад. Ва баъд аз он ки падари муаллим шунид, ки дар марзи Исфара вазъият ноором аст, хотираш мушаввашу дилаш сиёҳу нигарон буд. Фикраш даргири ин андешаҳо ва гузаштаҳои хотираангез буд, ки телефони дастиаш занг зад. Солори деҳа буд. Рӯи аломати сабзи телефони дасташ ангушт кашид. Баъди салому алейк шунид, ки бояд ҳарчи зудтар ба маркази ноҳия равад, аз шаҳр ӯро пурсидаанд. Гуфт, ки чӣ кораш доранд? Посух нашунид. Бояд баъди нисфирӯзӣ бо аввалин мошине, ки ба марказ меравад, рафтагор шавад. Ба хонааш расид, ба ҳамсараш гуфт, ки агар хӯроке ҳаст, зудтар биёварад.
— Ин қадар саросемаед? Дарс доред -чӣ?
— Не, дарс надорам. Як кори муҳим аст. Бояд ба шаҳр равам.
— Ба шаҳр? Дар ин нисфи рӯз? Чӣ коратон мондаст?
— Намедонам. Бо ман кор доштаанд.
— Чӣ кор дошта бошанд, мардак?
— Намедонам. Зудтар биёр.
Баъд аз хӯрдани хӯрок, кастуми навтарашро ба тан кард ва ба роҳ даромад. Беихтиёр ба суҳбати як ҳафта пеш бо писараш фикр кард. Вақтҳои охир ӯ хеле бофаҳму дурандештар шудааст. Аз садояш як навъ оромиш ва матонати мардона эҳсос мешавад. Як соли дигар мондааст, ки муддати сарбозиаш ба поён бирасад. Ба модараш гуфтааст, ки барои ӯ арус пайдо кунанд, мехоҳад баъд аз сарбозӣ зан бигирад. Дар бораи духтарҳои деҳа пурсидааст. Ҳоло падару модар, ҳарду хушҳол буданд, ки писарашон бофаҳму оқил шудааст. Мард шудааст. Барои ояндаи худаш нақшаю барнома доштааст. Дигар давраи сабуксариҳои навҷавониаш пушти сар шудааст. Ғарқи ин хаёлот ба шаҳр расид. Аз мошин пиёда шуд. Чанде қадам дар пиёдарави хиёбони васеи шаҳр, ки хиёбони асосии шаҳр ҳам аст, гузошт. Ҳаво гарм буд. Эҳсос кард, ки пешониаш арақ кардааст. Ин лаҳза чизе ба ёдаш расид, ки аз роҳ рафтан бозистод. Даст ба ҷайбаш бурд ва телефонашро аз он берун овард. Ба деҳсолор занг зад ва пурсид, ки аз кадом ниҳод ӯро суроғ кардаанд. Посух гирифт, ки аз ҳукумати шаҳр. Ин посух боиси тааҷҷуби зиёди ӯ шуд. Ба идораи ҳукумат ворид шуд, худашро муаррифӣ кард ва гуфт: “Маро пурсидаанд”. Ӯро ба дафтари кори як масъул роҳнамоӣ карданд.
Масъул бо меҳрубонӣ ӯро дар рӯбарӯи худ ба нишастан даъват кард. Муаллим нишаст. Аз зоҳири ҳамсуҳбаташ фаҳмид, ки парешону ноором аст. Ҳар лаҳза рӯи курсиаш ҷобаҷо мешуд, тугмаи либосашро мебасту мекушод, гулӯяшро соф мекард. Билохира, ӯ ба гап задан даромад:
— Писари шумо дар хидмати ҳарбӣ аст, муаллим?
Муаллим ҳайрон шуд. Хатҳое рӯи пешонияш дамиданд. Чашмҳояш калон шуданд ва дар ҳоле ки оби даҳонашро ба сахтӣ фурӯ мебурд, бо садои ларзон ва паст ҷавоб дод:
— Бале.
— Шумо медонед, ки имрӯзҳо вазъ хеле ноором аст.
— Бохабарам.
— Мутаассифона, дишаб ба тарафи мо чанд гулӯла заданд.
Гӯё шабаҳе дида бошад, ранги сурати омӯзгор парид. Пушти сари ҳам пилк мезад.
— Хуб?
— Дар ин даргирӣ талафоти ҷонӣ ҳам доштем. Аз ҳарду тараф чандин тан кушта шуданд. Писари шумо…
— Писари ман чӣ? Пи…са…ри… ман дар…??
— Ҳамдардии маро қабул кунед… Номи қаҳрамонони Ватан ҷовидона аст.
Муаллим баъд аз шунидани калимаи “ҳамдардӣ” бо гуфтани “Вой… Худоё…” ба замин афтод.
***
Ҳоло аз рӯзи марги писарашон се моҳ гузашта буд. Ҳам муаллим ва ҳам ҳамсараш воқеиятро пазируфта ва ба тақдир тан додаанд. Дар рӯзи ҷаноза хешону бегонагони бисёре аз дуру наздик омада буданд. Ҳамсояҳо мегуфтанд, ки дар тамоми зиндагияшон ҷанозаеро бо ширкати ин қадар одами бисёр надидаанд. Баъд аз он рӯз ҳам ҳар рӯз одамҳои бисёре барои изҳори ҳамдардӣ ба хонааш омаданду ҳоло ҳам меоянд. Аз кормандони одӣ то баландпояҳои давлатӣ ҳам омаданд ва ҳамдардию андуҳашонро аз ин мусибати ҷонкоҳ баён карданд. Ҳамон рӯзҳо гуфта буданд, ки дар фалон деҳаю фалон дара низ падароне бо ӯ ҳамқисмат шудаанд. Писарони онҳо ҳам дар ҳамон даргирии марзӣ будаанд…
Дар он рӯзҳо ӯ эҳсос кард, ки ба омадани одамҳо ба хонааш хеле ниёзманд аст. Ӯ дарк кард, ки гоҳе як инсон ба танҳоӣ наметавонад мусибатеро таҳаммул ва пушти сар кунад. Дар ин гуна лаҳзаҳо ниёз ба инсонҳои дигар дорад. Он вақт аст, ки инсон қуввати қалб пайдо мекунад ва умеди идомаи зиндагӣ дар ӯ намемирад.
Ҳафтаи пеш лавҳаи бузургеро бо навиштаи “Фарзанди қаҳрамони диёру кишвар” ва акси писари ӯро дар девори берунии мактаб овехтанд. Дар ҷамъомади он рӯз аз ҷоннисорию қаҳрамонии фарзандони ватан, аз ҷумла фарзанди ӯ сухан гуфтанду ситоиши бисёр карданд. Ҳоло ӯ бо доштани чунин фарзанди қаҳрамон ифтихор мекунад. Ҳар рӯз ба мактаб меравад ва аввалин чизе, ки мебинад, акси писараш аст, ки дар либосҳои сарбозӣ бисёр зебо ба назар мерасад. Гӯё ҳар рӯз писараш аз ҳама қабл ба ӯ салом медиҳад ва ӯро пешвоз мегираду ба мактаб хушомадед мегӯяд. Муаллим ҳам ҳар рӯз гӯё барои дубора дидани фарзандаш ба мактаб меояд ва бо ин андеша худро тасаллӣ медиҳад, ки акнун ҳамаи фарзандони деҳа фарзандони ӯ ҳастанд