Фурқати Низом. Боми бегона (ҳикоя)
Борон башиддат меборид. Инак панҷ мавсими боронист, се баҳору ду поиз, ки мо зери боми бегона аз он панаҳ мебарем. Дар хона танҳо садои бархӯрди қатраҳои борон ба варақаҳои оҳанин, ки ба як навозиши муназзаму мубҳаме табдил меёфт, ба гӯш мерасид. Барқ набуд. Ин чордевори сангӣ нимторик шуда буд. Дар тақ-тақ садо дод. Хонуми хона гуфт:
– Шояд бенавое дар кӯча мондааст.
Рафту бо чеҳраи гирифта баргашт. Чизе напурсидам. Худ рафтам ба сӯи дар. Чашми ростамро пӯшидаму бо чашми чап аз чашмак ба берун нигаристам. Пушти дар соҳибхона чатри бузурге болои сар бесаброна пой мекӯбид. Бо дили нохоҳам дарро ба рӯяш боз кардам. Ворид нашуд ва аз остонаи дар бо нигоҳи нафратомезу чин ба ҷабин гуфт:
– Барои пул омадам!
Гуфтам:
– Ҳоло надорам, ду моҳ мешавад маош нагирифтаам.
Гуфт:
– Ба ман фарқе надорад, пуламро мехоҳам!
Гуфтам:
– Як ду рӯзи дигар фурсат бидеҳ, шояд аз ҷое пайдо кунам.
Гуфт:
– На, намешавад, се моҳ бароят фурсат додам. Дигар бас, то надиҳӣ, ба ҳеҷ куҷо намеравам! Садояш таҳдидомезу қатъӣ буд. Ҳанӯз ҳам чатри сиёҳро аз болои сараш намегирифт. Қатраҳои борон аз давродаври он чак-чак ба замин мерехт. Пойафзол, шим ва болопӯши сиёҳ дошт.
Гуфтам:
– Ҳоло дар ҷайбам маблағи кофӣ надорам. Шояд фардо ва ё пас фардо аз касе қарз бигирам!
Боз ҳам бо садои қатъиву инодкоронаи худ гуфт:
– Ё пуламро медиҳӣ ё худи ҳозир хонаро холӣ мекунӣ!!
Гуфтам:
– Охир, дар ин ҳавои боронӣ куҷо биравам? Аз барои Худо як ду рӯзи дигар сабр кун!
Гуфт:
– На, ба хубӣ ҳамин ҳоло хонаро холӣ кун! Ҷойи ту каси дигар меояд. Агар не, ба полис занг мезанам!
Сахт асабӣ шудам. Соҳибхона бо ҳамон қиёфаи ҷиддии худ ба ман нигоҳ мекард. Дилам мехост аз гулӯяш дораму хафааш кунам. Вале зуд фикрамро иваз кардам. Охир, гунаҳкор ин ҷо манам. Се моҳ аст маблағи иҷораро надодаам. Кори аблаҳонае мешавад, агар бо ӯ дастбагиребон шавам. Каме ором шудаму гуфтам:
– Пушти дар истодаӣ, биё дохил, то ба як фикр оем.
Ӯ бо пӯзханд гуфт:
– Хонаи худам аст. Дохил шудан ё нашудан ихтиёри ман аст. Ин туӣ, ки бояд иҷоза пурсӣ!
Мисле, ки санги бузурге ба сарам зада, чун шиша пораам кард. Як бор тасаввур кардам, ки ҷисми ман реза-реза шудаву зери пои соҳибхона афтодааст. Ва ӯ бо ҳамон пойафзолҳои сиёҳу пошнабаланди худ зарраҳои ҷисми маро боз ҳам резатар мекунад. Дигар маҷоли ҳарф задан надоштам. Ҳамин вақт садои хонуми хона маро ба худ овард. Ӯ барои рафтан аз ин хона омода мешуд. Соҳибхонаро пушти дар гузоштаму рафтам барои ҷамъугири бору буна мададаш кардам. Танҳо бори гарони мо китобҳои ман буд, ки дар ҷевони қадима қатор истода буданд. Хостам китобҳоро дар қуттиҳо ҷо ба ҷо кунам. Хонум чун раъду барқ ба шӯр омаду хитоб зад:
– Ё маро аз ин ҷо бибар ё китобҳоятро!
Аз оташи чашмонаш ҳис кардам, қаҳру ғазаби дар синааш ҷамъшуда метавонад мунфаҷир шавад. Нигоҳаш бо тамасхур мегуфт, чунонки қаблан худаш гуфта буд: «Аз ин китобҳои ғафсу бемаънии ту ҳеҷ суде нест. Ҳамеша ба ҷои бори рӯзгор бо худ китоб мегардонӣ. Беҳтараш аз баҳри онҳо гузар, агар китобҳоро бибарем, борҳои асосии рӯзгор – рахти хоб, дегу коса ин ҷо мемонанд».
Афзун бар ин, пули кофӣ барои киро кардани мошини боркаш надоштем, то ҳамаро бубарем. Аммо дар ин ҷо гузоштани китобҳо низ хатар дошт. Соҳибхона метавонист амдан барои қасос гирифтан онҳоро нобуд кунад. Чашмам ба духтараки шӯху ширину ноздонаамон афтод, ки бепарво болои кӯрпача ба хоби ноз рафта буд. Ӯ ҳанӯз ин ҳама оворагиву гирифтории моро дарк намекард. Хонаи ӯ оғӯши гарми ману модараш буд. Ногузир китобҳои гирифтаамро дубора ба рафҳо гузоштам. Рафтаму ӯро ба қадди худ бардоштам. Бо дастакони нозукаш сахт гарданамро дошта, сарашро ба китфам гузошт. Дар ин ҳама гирудор ҳастии ӯ оромиши аҷибе бароям бахшид. Аз ӯ бӯйи китобҳои ман меомад. Шояд ин субҳ онҳоро варақ зада буд. Ногоҳ ба ёдам холаи Розия расид, ҳамсояи хубамон, ки гоҳе агар бо хонуми хона ҳамроҳ ба бозор мерафтем ва ё ба меҳмонӣ даъват мешудем, духтарамонро ба парастории ӯ мегузоштем ва бо хотири осуда мерафтем.
Вақте аз хона берун омадем, борони сим-сим меборид. Шом оҳиста-оҳиста фаро мерасиду ҳаво торик мешуд, вале чароғҳои шаҳр ҷодаҳоро рӯшан мекарданд.