Умри ибратбахш

 Умри ибратбахш

Ба муносибати 140-солагии адабиётшинос Баҳром Сирус

Бузургон гуфтаанд, ки инсон бо қувваи фикрӣ ва ирода мумтоз аст. Инсоният ба василаи ин ду қувва дар ҳама ҷо ва ба ҳамаи чиз ғолиб шуда метавонад. Ин ду калима — «фикр» ва «ирода» таърихи ҷамъиятро хулоса ва тафсир мекунанд. Ҳар як халқ ва мардони пешқадами он аз ин ду қувваи ҷалол ва бузургӣ бебаҳра намондааст. Онҳое, ки аз кувва ба­ракат ёфтаанд, ҳамеша сарбаланд ва қобили эҳтироми мардум буда­анд. Яке аз онҳое, ки аз ин кимиёи саодат, яъне қувваи фикр ва ирода баҳраманд шудаанд, устод Баҳром Сирус аст.

Шарҳи зиндагӣ ва тағйироти аҳ­воли Сирус ниҳоятдараҷа ҷолиби диққат аст. Онҳое, ки бо саргуза­шти ин марди қавиирода шиносо ҳастанд, медонанд, ки ӯ дар роҳи наҷоти меҳнаткашон ҷони худро ба каф ниҳода будааст.

Дар бораи саргузашт, шахсият ва афкори илмию адабии Сирус дар ин маврид чизе намегӯям ва ҳоло ҳа­мин қадар гуфта метавонам, ки зин­дагонии пуринқилоб ва бомашаққат, иродаи қавӣ ва матонати ин шахси тавоно барои ҳар як шахс, ки орзуи хидмат кардан ба Ватан, ба халқ ва манфиати омоли бузург дорад, ниҳоятдараҷа ибратангез аст.

Вай бо як ишқи тараққихоҳӣ, ки дар қалби покаш шуъла мезанад, зиёда аз нисфи умри худро дар Тоҷикистон ба корҳои иҷтимоӣ, маданӣ, илмӣ ва адабӣ сарф кар­дааст. Ӯ яке аз онҳоест, ки тамоми таваҷҷуҳаш ба парвариш ва равшан кардани афкори халқи тоҷик равона буд.

Ман бори аввал бо ин марди бо­фазл ва соҳибматонат дар Тошканд шинос шудам. Дар он ҷо ҳангоми таҳсил дар факултети шарқшино­сии Университети давлатии Осиёи Миёна (САГУ) мақолае навишта будам. Яке аз рӯзҳои моҳи апре­ли соли 1930 ба идораи журнали «Раҳбари дониш», ки муҳаррираш устод буданд ва дар он сол дар Тошканд нашр мешуд, рафтам. Идораи журнал дар ошёнаи сеюми бинои рӯзномаи «Правда Востока», дар хоначае воқеъ буд. Вақте ба он хонача даромадам, мардеро, ки нишонаи заковат, нуру сафо ва самимияте дар чеҳрааш ҳувайдо буд, дар баробари худ дидам. Ӯ маро бо меҳрубонӣ пешвоз гирифт, аз таҳсил ва устодонам савол кард, аломати шодмонӣ дар гуфтораш намоён мешуд. Пас аз он ки устод алоқаи маро ба адабиёт дид, ташвиқ намуд… Акнун аз он рӯзҳо 45 сол гузаштааст. 45 сол! Чӣ қадар тез ва босуръат гузашта рафтанд. Солҳои вазнину мураккаб дар ақиб монданд, акнун солҳои ором ва пурбаҳра расиданд. Ҳарчанд мӯи сарамон аз гарду ғубори санги осиёби умр са­фед шудааст, аммо орзуҳо, умедҳо ҳанӯз мисли даврони ҷавонӣ дар авҷи ҷӯшу хурӯшанд.

Солҳои дароз бо устоди азиз дар як ҷо, дар Душанбе кор кардаем. Бояд қайд намоям, ки ин инсони комил, олими арҷманд содагӣ, са­мимият, гуманизм, зиндадилӣ ва дараҷаи баланди маданияти худро ҳеч дигар накардааст. Ҳамон сод­агӣ, фурӯтанӣ ва самимияте, ки 45 сол пеш дида будам, ҳанӯз давом дорад. Ман борҳо аз файзи маҳзар ва гуфтораш баҳра гирифтаам. Вай марди бисёр хоксор, дур аз сару садоҳо ва ҳангомаҳо, гарммаҳзар ва зарофатгӯ, шод ва хушрӯҳия, бағоятдараҷа хушқалбу салим аст. Латифаҳои бамазза ва шеъри бисёр медонад, гоҳ-гоҳ дар ҳангоми суҳбат онҳоро ба кор мебарад ва ба ин са­баб дӯстони бисёре ҳам дорад. Ман ҳам аз суҳбаташ лаззат мебурдам, гоҳе ба манзилаш мерафтам, ба лутф ва ҳақиқати тамом муҳаббат мекард, аз корҳои худ суханҳои дил­пазир мегуфт, ҳамеша ба дониш ва маслиҳатҳои пухта ба дигарон ҳам ёрӣ мерасонд.

Яке аз хусусиятҳои Баҳром Си­рус ин, ки ҳаргиз дар лаҳзаҳои ға­молуд ва ҳодисаҳои дардноктарини зиндагӣ, чунонки хислати мардони ҳақиқӣ аст, навмед намешавад. Боре дар ҳангоми суҳбат гуфта буд: «Ман ҳаргиз аз марг натарсидаам. Ман маргро, то онон зинда бимонанд, пешвоз гирифтаам». Оре, онҳое, ки аз марг наметарсанд, ҳаргиз на­мемиранд: нотарсӣ далели ҷуръат, шуҷоат ва пурдилии мардон аст!

Дигар ин ки Сирус дар маслаки худ устувор аст. Барои ҳамеша дар зиндагонӣ парастиши ҳақиқатро пешаи худ қарор додааст. Устуворӣ дар маслак ва фидокорӣ дар роҳи ҳақиқат дар сиришт ва характери ин пири солдида ба дараҷаи аъло вуҷуд дорад.

Сирус донишманд, адабиётши­нос аст. Дар илми арӯз ва кофия устод аст. Китобҳои он кас «Қофия дар шеъри тоҷик», «Арӯзи тоҷикӣ» аз китобҳои зериназарии аҳли илм ва таҳқиқ гардидаанд. Шӯру шавқи Сирус дар таҳқиқи масъалаҳои арӯз ва қофия ҳанӯз давом дорад, ҳаргиз кам нагардидааст.

Рӯзе хабар расид, ки дӯст ва ҳам­сабақи ман Акрам Ҷаъфар аз Боку омада, дар манзили он кас қарор гирифтааст. Рафтам, суҳбатамон хеле ширин буд. Устод дар он рӯзҳо бар сари асари нав дар бораи қофия дар назми тоҷик кор мекард. Дар бораи қофиясозӣ ва усулҳои нави он сухан мегуфт. Баъзе нуктаҳон адабиро ба таври дақиқ шарҳ медод, ҳамеша бо кунҷковӣ ва диққат дар шаклҳои қофия ва тарзи истеъмоли онҳо изҳори ақида менамуд. Мегуфт, ки дар масъалаи қофия дар шеъри муосири тоҷик баъзе хусусиятҳо ва тафовутҳо нисбат ба назми классикӣ ба назар мерасанд, ки бояд онҳоро ба муҳаққиқон ва хонандагон бира­сонам.

Чунонки маълум шуд, зеҳни туғёнгари Сирус ҳаргиз ором нест ва ӯ ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва такопӯ барои манфиати халқ аст. Бояд орзу ва меҳнатҳои ин марди пурдон ва беқарорро ситоиш кард.

Баҳром Сирус натанҳо бо таҳқиқу омӯзиши адабиёт қаноат кардаанд, дар айни ҳол тариқи дӯст доштани онро низ нишон додаанд. Ба наза­рам, ҷавононро ба дӯст доштани адабиёт тарғибу ташвиқ намудан, ганҷхонаҳои адабиётамонро ба онҳо нишон додан кори хеле бузург ва бошараф аст. Дар ёд дорам, боре гуфта буданд: «Таърих, маданият, шеъру адаби халқи худро дӯст надошта адибу донишманд шудан имконнопазир аст».

Албатта, камолоти инсон танҳо дар илму дониш нест, балки, пеш аз ҳама, дар одамист. Дар халқ масале ҳаст: «Олим шудан осон, вале одам шудан душвор». Аз ин масал маълум мешавад, ки халқ истеъдоди олимиро аз истеъдоди одамӣ ҷудо кардааст: яке ба эҷоди илмиву адабӣ тааллуқ дорад, дига­ре ба табиат, характер ва сиришти инсон. Аммо мо дар симои Баҳром Сирус ваҳдати ҳамин ду хусусиятро мушоҳида мекунем. Сирус ҳам олим ва ҳам, ба маънии ҳақиқии ин ма­фҳум, инсон буда, шоистаи эҳтиром ва дӯстдоштанист.

Шарифҷон Ҳусейнзода,
соли 1975

Дигар хабарҳо