Ӯлмас Ҷамол: «Тоҷикам гуфто писар…»

 Ӯлмас Ҷамол: «Тоҷикам гуфто писар…»

Ба муносибати 90-солагии шоир  маҳбуб Ӯлмас Ҷамол

Манзараи боҳашамати кӯҳсор бо қуллаҳои баланд, барфҳои сафед аз утоқи кории ман намоён меша­вад. Офтоб дар осмон медурахшад, аммо тафти ӯ баргаштааст. Иқлими муътадил ба кас лаззат мебахшад. Ин муъҷиза аст. Нигоҳи ман ба мин­тақаҳои васеъи қаторкӯҳҳо меафтад, ки аз чор тараф пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо иҳота кардаанд. Ба ин кӯҳҳо нигоҳ карда, дӯстии шоири маъруфи доғистонӣ Расул Ҳамзатов ва Шоири халқии Тоҷики­стон Мирзо Турсунзода ба ёд меояд. Воқеан, эҷодиёти ҳарду шоир аз ҷониби ӯзбекҳо низ қадр карда мешавад ва онҳоро ҳамчун шоири халқи худ эҳтиром мегу­зоранд…

Аз тиреза ба Душанбе нигариста, сӣ соли охири ҳаётам дар пеши наза­рам зинда мешавад. Аз фаъолияти журналисти­ям дар рӯзномаи «Халқ овози» сӣ сол пушти сар шудааст. Дар ин миён бо шахсиятҳои бузурги адабу фарҳанг суҳбатҳо оро­стам, дӯстӣ пайдо кардам.

«Халқ овози» дар­гоҳест, ки дар он намо­яндагони адабиёти ӯзбек­забони Тоҷикистон ба ка­мол расидаанд. Фаъолият намуда, шуҳрат ёфтаанд.

Яке аз онҳо шоири зуллисонайн, дорандаи ордени «Дӯстӣ», мунодии дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек устод Ӯлмас Ҷамол мебошад.

Ӯлмас Ҷамол 17 майи соли 1934 дар шаҳри Ургути вилояти Са­марқанд ба дунё омада, ду соли аввал дар мактаби миёнаи ҳамон ҷой таҳсил кардааст.

Соли 1947 ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе омада, мактаби миёнаро бо медали биринҷӣ ба итмом мерасонад. Соли 1961 факултаи таъриху филологияи До­нишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо баҳои аъло хатм менамояд. Чанд сол дар мактаби миёна ба ҳайси омӯзгор фаъолият кардааст.

Фаъолияти баъдияш ба эҷод ва рӯзноманигорӣ тавъам аст. Корро аввал аз рӯзномаи «Регар» (ҳоло «Диёри Турсунзода») ба сифати ко­тиби масъул шуруъ намуда, баъдан ба шабакаи Радиои Тоҷикистон гузаштааст.

Давраи бисёр пурмаҳсули эҷодии Ӯлмас Ҷамол ба нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Халқ овози» марбут аст. Аз соли 1964 то ба нафақа баромадан дар он дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.

Бештари осораш маҳз дар давраи фаъолияташ дар рӯзномаи маз­кур иншо ва чоп шудаанд. Авва­лин маҷмуааш бо номи «Чашмаи муҳаббат» соли 1969 ба табъ рас­ида, баъдан маҷмуаҳои «Гӯш ба дил» (1973), «Даъват ба дуродур» (1978), «Дар васфи Офтоб» (1980), «Фасли накукорӣ» (1984), «Эҳсос» (1985), «Ситораи орзу» (1988), «Гули ороста» (1988), «Дӯстнома» (2001), «Сарҳисоб» (2002), «Як ни­гоҳ» (2002) ва ғайраро ба ихтиёри хонанда гузоштааст. Ӯлмас Ҷамол соҳиби чор девон — «Сурур» (2004), «Масрур» (2009), «Манзур» (2011) ва «Маъмур» (2013) мебошад, ки дар нашриётҳои шаҳрҳои Душанбею Тошканд чоп шудаанд.

Устод Ӯлмас Ҷамол дар баробари публитсист ва шоир будан, маҳорати баланди тарҷумонӣ низ дошт.

Шеърҳои алоҳидаи Мирзо Тур­сунзода, Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Қутбӣ Киром, Мавҷуда Ҳа­кимова, Гулназар, Гулрухсор, маҷму­аҳои ашъори Аскар Ҳаким ва Меҳмон Бахтиро бо маҳорати биланд ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст.

Ҳамчунин, драмаҳои Раҳим Ҷа­лил, М. Назаров, А. Атобоев, Ҳоҷӣ Содиқ, Ш. Қиёмов, Ш. Солеҳ ва дигаронро хонандагони ӯзбек дар тарҷумаи Ӯлмас Ҷамол хондаанд.

Ман солҳои зиёд бо устод дар рӯзномаи «Халқ овози» якҷоя фаъо­лият намудаам. Хонанда ва шуна­вандаи аввалини ашъори нави шоир мо, ҳамкорон, будем. Ҳар як шеъри навашро аввал ба мо мехонд, фикру мулоҳизаҳои моро мепурсид.

Ӯлмас Ҷамол бо шоирони пешса­фи Ӯзбекистон – Абдулло Орипов, Эркин Воҳидов, Ҷамол Камол ва дигарон робитаҳои наздики эҷодӣ дошт. Дар даҳаҳои абадиёт ва санъ­ати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ҳамеша иштирок карда, мунодии дӯстӣ ва сафири адабии ду халқи баробар гардида буд.

Ба эҷодиёти устод Ӯлмас Ҷамол дар баробари адибону нависандаго­ни тоҷик, адабиётшиносон, аз ҷумла, академикҳо Абдуҷаббор Раҳмон­зода, Муҳаммадюсуф Имомзода, дотсент Муртазо Зайниддинов ва дигарон баҳои баланд дода буданд.

Дар ҷашни 60-солагии устод Ӯлмас Ҷамол Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан иштирок карда, шоирро табрик на­муда буданд, ки боиси ифтихор ва сарбаландии халқи узбек мебошад.

Эҷодиёти Ӯлмас Ҷамол, фаъо­лияти эшон дар роҳи рушди муноси­батҳои дӯстиву бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардида, бо ордени «Дӯстӣ», унвони Журналисти хизматнишондодаи Тоҷикистон ва Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ қадрдонӣ шуда буд.

Устод Ӯлмас Ҷамол дар шеъри машҳури худ бо номи «Дар васфи як халқи дузабона» барҳақ қайд кардааст:

Ӯзбекистон ӯғлидурман,

                                     тоҷикам гуфто писар,

Рост гӯям ҳар кадоме

                              севгилимдир жон қадар…

Мардуми тоҷик устод Ӯлмас Ҷа­молро ҳамчун фарзанди худ дӯст медоранд, эҳтиром мекунанд ва ба эҷодиёташ арҷ мегузоранд.

Бизгор дӯстии халқҳо поянда ва ашъори шоири зуллисонайни мо Ӯлмас Ҷамол садсолаҳо гиромӣ бошад.

Ёқубҷон Абдуманнонзода,

сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози»,

узви Иттифоқи нави­сандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо