Сироҷиддин Қосим. Неши ақраб.
Ҳикоя
Рӯзи аввали ҳафтаи нав мувофиқи рӯйхати тартибдодаи сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Марказии шаҳр, вазифаи сардори гуруҳи навбатдорӣ ба уҳдаи муфаттиш Баҳодур Ҳотамов гузошта шуда буд. Тахминан соатҳои ёздаҳи рӯз ба қисми навбатдории шуъба хабар доданд, ки дар маҳаллаи чилушашум молу амволи хонаҳои табибони шифохонаи Ёрии таъҷилӣ Галкина Галина Ивановна ва Родин Юрий Николаевичро шахсони номаълум дуздидаанд.
Гуруҳи кофтуковӣ-тафтишотӣ бо сардории муфаттиш Баҳодур Ҳотамов оҷилан ба ҷойи ҳодиса фиристода шуд. Ба ҳайати он нозирони бахши кофтуковӣ-ҷиноятӣ, капитани милитсия Ғайратшоҳи Иззат, коршинос-криминалист, лейтенанти калони милитсия Юрий Канаплитский ва нозири минтақавии маҳаллаи 46-ум майори милитсия Аҳмади Ҳусайн шомил буданд. Ҷойи содиршавии дуздӣ хонаҳои 26 ва 27 бинои рақами 74, воқеъ дар кӯчаи Соҳилӣ будааст. Дарҳои ҳарду манзили истиқоматӣ шикаста ва анҷомҳои ҳуҷраҳо паҳну парешон буданд…
Муфаттиш ба Ғайратшоҳи Иззат супориш дод, ки касонеро, ки дар қайди махсуси милитсия меистанду ҷойи зисташон маҳаллаи 46-ум аст, муайян намуда, даст доштани онҳоро дар содир кардани ин ҷиноят санҷад. Аҳмади Ҳусайн вазифадор шуд, ки бо ҳамсояҳо ва сокинони тарафи муқобили бино барои муайян кардани шоҳидони ин ҳодиса суҳбат доир намояд. Коршинос-криминалист супориш гирифт, ки дарҳои даромадгоҳ,ҷевону курсиҳо ва дигар анҷомҳои хонаҳоро аз назар гузаронда, изи даст, пой ва дигар нишонаҳоеро, ки ҷинояткор монда метавонад, муайян намояд ва нусхаи онро барои ҳамсонсозии ояндаи коршиносон (экспертҳо) гирад. Худаш бошад, бо ҳамроҳи ду шахси холис ба азназаргузаронии ҷойи ҳодиса шуруъ намуд, ки он зиёда аз се соат тӯл кашид. Дар ин муддат соҳибони хона Галина Ивановна ва Юрий Николаевич аз ҷойи корашон даъват карда шуданд.
Ҳамзамон дар бисёри ҳолатҳо, ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва гузаронидани чорабиниҳои тафтишотӣ, намояндагони бахши кофтукови ҷиноятии Раёсати шаҳрии милитсия низ ба ноҳияҳо рафта, ба гуруҳи навбатдор дар ҳаллу фасли масъалаҳои хизматӣ ёрии амалӣ мерасониданд ва корҳои ба ҷо овардаи онҳоро назорат мекарданд. Чунин ҳамкорӣ масъулияти кормандони гуруҳи навбатдорро зиёд гардонида, амалҳои фавриву тафтишотӣ дар муҳлати нисбатан кӯтоҳ иҷро мешуданд. Дар чунин мавридҳо бештари ҷиноятҳо ба истилоҳ «дар ҳолати гармиашон», давоми як ё ду шабонарӯз кушода мешуданд.
Ҳодисаи дуздӣ дар кӯчаи Соҳилӣ низ ба қисми навбатдории раёсати шаҳрӣ хабар дода шуда буд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии раёсати шаҳрӣ подполковник Дроздов Игор Савелевич ва муовинаш Сафари Довуд ба он ҷо ҳозир шуданд. Онҳо муфаттиш — Баҳодур Ҳотамовро хеле хуб медонистанд ва ба имконияту салоҳияти якдигар боварӣ доштанд. Игор Савелевич муфаттишро ба гӯшае даъват карда гуфт:
— Ба ростӣ, Баҳодур, дар кушодани бештари ҷиноятҳо шумо сарриштаеро аниқ мекардед ва он моро ба роҳу имкониятҳои дурусти кофтуковӣ ҳидоят месохт, имрӯз чӣ маслиҳат медиҳед? — ва бо ҳазл илова кард, — имрӯз ресмонаке пайдо кардаед? Ба мисли мӯй борик ҳам бошад, қобили қабул аст.
Муфаттиш табассум карда гуфт:
— Аслан нишонаҳои шахси ҷинояткор то дараҷае маълум шудааст, аммо намедонам, гуфтани онҳо ба шумо кумак мерасонад ё не. Аниқаш ҳамин ки аз ҳарду хона чизҳои тилоиву зебу зинати занона ва пулҳояшонро дуздиданд.
Игор Савелевич аз ҷавоби муфаттиш руҳ гирифта, ба ҳаяҷон гуфт:
— Хоҳиш мекунам, гӯед ки ҷинояткорон чӣ шахсиятеанд?
— Хуб шудааст, — гуфт Баҳодур Ҳотамов ва арз кард: — Аз рӯйи ақидаи ман, дузд миллати маҳаллӣ, тоҷик ё ӯзбек аст. Қадаш 165- 170 сантиметр, савияи донишаш ниҳоят паст, ба фикрам, мактаби миёнаро пурра нахондааст, шахси саросема, аз чизе дар ҳарос, мумкин аз ҳабс ба наздикӣ озод шуда бошад, бо ягон зан ё духтаре рафтуо ё муносибати қарин надорад, тахминан 25- 27-сола, падару модараш шояд ҳастанд, аммо тарбияи ахлоқии дуруст нагирифтааст. Мумкин ба онҳо алоқаи наздик ҳам надошта бошад. Аммо тарбияи кӯчагӣ доштанаш аз эҳтимол дур нест.
Дар ҳамин ҷо муфаттиш сукут карда, аз Игор Савелевич пурсид:
— Кифоя ё давом диҳам?
— Ба шумо ташаккур, — гуфт ӯ ва илова кард: — метавонед дар ҳамин ҷо моро як соат мунтазир шавед?
— Бале, — ҷавоб дод муфаттиш.
Игор Савелевич ва Сафари Довуд баромада рафтанд. Тахминан баъди 30-40 дақиқа онҳо як ҷавонмарди 25-26-солаеро, ки дар тан либосҳои ғиҷим ва дер боз ношуста дошт, оварда ба муфаттиш гуфтанд:
— Ин ҷавонмард бештари хусусиятҳо ва нишонаҳои гуфтаи шуморо дорад. Даст доштани ӯро дар ин дуздӣ санҷида бинем?
Баҳодур Ҳотамов ба рӯи он шахс назар андохт. Нигоҳаш тез, ҷозибанок, суолкунанда буд ва мехост бифаҳмад, ки чӣ гуна одамест боздоштшуда.
— Номат чист? — пурсид аз муфаттиш.
— Бердӣ,- посух дод ӯ ва сарашро хам карда, дастҳояшро ба паси пушт бурд.
— Номи падарат? — боз суол кард муфаттиш.
— Юлдош,- ҷавоб дод ҷавонмард ва дасти росташ беихтиёр ба тарафи кисаи шимаш рафт.
— Акнун ба ман нигоҳ кун! — гуфт Баҳодур Ҳотамов ба ӯ.
Ин дафъа ғайриихтиёр авзои Бердӣ тағйир ёфта, майли роҳи гурез ҷустан кард. Ҳамин лаҳза муфаттиш дасти рости ӯро бо як чолокӣ аз кисаи шимаш баровард ва аз байни панҷаҳои Бердӣ Юлдошев ангуштарӣ, гӯшвора, дастмонаҳои тилоӣ ба замин афтоданд. Фақат ду занҷираи тилоӣ байни панҷаҳояш дармонд. Галина Ивановна ва Юрий Николаевич, ки ҳамроҳи кормандони милитсия ин манзараро медиданд, бо як ҳаяҷон:
— Аз они мо, ба Худо, аз они худамон! — гуфта, болои чизҳои тилоӣ сар хам карданд…
Ғайратшоҳи Иззат ва Аҳмадшоҳи Ҳусейн супориш гирифтанд, ки Бердӣ Юлдошевро ба шуъбаи корҳои дохилӣ баранд. Ҷабрдидаҳо аз чунин ранг гирифтани воқеа гоҳо ба муфаттиш, гоҳо ба Дроздов «Раҳмат ба шумо» гуфта, ҳаяҷонашонро нигоҳ дошта наметавонистанд. Баҳодур Ҳотамов ва Игор Савелевичу Сафари Довуд қаноатманд буданд аз амали ба ҷо овардаашон. Онҳо ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Марказӣ омаданд. Муфаттиш ба дафтари кориаш рафт. Баъди чанд лаҳза Игор Савелевичу Сафари Довуд низ вориди ҳуҷраи кории ӯ шуданд. Дар чеҳраи кормандони бахши кофтукови ҷиноӣ аломати хурсандӣ ва кунҷковӣ ҳувайдо буду мехостанд чизеро пурсанд. Аз нигоҳи оромона ва хайрхоҳонаи муфаттиш дарк намуданд, ки ба ҳар як саволашон ҷавоб мегиранд.
— Баҳодур, — гуфт Игор Савелевич, — ҳамин Бердӣ Юлдошев чор рӯз пеш аз ҳасбхонаи рақами яки шаҳр озод шудааст. Мо то ҳол вайро надида будем, аммо якчанд рӯз қабл аз ин дар бораи ӯ маълумоти муфассал гирифтем, расму суроғаашро низ доштем. Шумо бошед, ӯро надида, надониста, тамоми хислатҳояшро гуфтед, ба ростӣ, мо дар ҳайратем. Шумо медонед, ки чунин маълумотҳо махфианд, барои амалҳои оҷиливу кофтуковӣ истифода мешаванд. Гузашта аз он, Бердӣ дар қисмати шимолии шаҳр зиндагӣ мекунад, ки он ба ноҳияи Марказӣ тааллуқ надорад. Агар махфӣ набошад, гуфта наметавонед, ки ба кадом ваҷҳ ба чунин хулосаҳо омадед?
Баҳодур Ҳотмов баъди каме сукут гуфт:
— Муайян сохтани нишонаҳои ҷинояткор мушкилие надошт. Медонед, ки аз амалҳои ҷинояткорон дар ҷойи ҳодиса албатта нишонае мемонад. Ман аз рӯйи пайи даст дар ҷевон қади ҷинояткорро муайян намудам. Ӯ дар он ҷо дасташро баробари қафаси синааш дароз карда метавонад. Агар аз қадаш боло ё поин дароз мекард, шакли пойгузориаш тағйир меёфт. Аз қафаси сина то болои сараш чанд сантиметр буданро ҳисоб кардан мушкилие пеш намеорад ва онро бо дарозии то ҷойи изи дасти гузошташуда зам мекунему қади шахси кофтуковкардаи ҷевон муайян мегардад. Саросемагиашро аз он дидам, ки аз даҳлез сар карда, барои тезтар ёфтани амволи арзишдор тамоми маводи хонаро парешон сохта, ба чизҳои антиқие, ки аз тилло ҳам қиматтаранд, аҳаммият надодааст ва аз ин ҷиҳат маълумоти казоӣ надоштани ӯ маълум буд. Ҷинояткор дар ҷевон атрҳои франсавии хеле арзишнокро дида бошад ҳам, аз байни онҳо як шиша атри маҳаллии «Гули насрин»-ро, ки дар ҳама дӯкону мағозаҳои шаҳр фурӯхта мешавад, гирифтааст. Ин амалаш ба занҳои озодаву духтарон шиносоӣ надоштан ва надонистани завқи онҳо буда, бетафовутиашро нисбат ба онҳо нишон медиҳад. Пастии фаросаташ аз он муайян гардид, ки ба коняку виски ва шаробҳои беҳтарини ҷевон даст нарасонда, ним шиша винои маҳаллии дар ошхона бударо нӯшидааст. Аз ҳабсхона баромаданаш аз он муайян буд, ки вақти ёфтани тиловориҳо дигар чизҳои қиматноки калонҳаҷмро нагирифтааст. Ин нишонаи бепулӣ ва танҳо будану бе нақшаи пешакӣ амал кардани ӯст, дар ҳарос аст, ки аз нав дастгир мешавад. Дигар ҷузъиётро ҳам гуфтан мумкин, вале ҳаминаш кофист, ки шахси босалоҳият аз онҳо баҳри кушодани ҷиноят истифода намояд. Аслан мову шумо медонем, ки дақиқона ва босалоҳият аз назар гузаронидани ҷойи ҳодиса дар бораи содир шудани он, шахс ё шахсони содиркардаи он маълумоти зиёде медиҳад. Аз ҳама муҳиммаш он аст, ки далелҳои раднашавандаи шайъии исботкунанда пайдо карда дар асоси талаботи Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ санад тартиб дода, онҳоро ба парвандаи ҷиноятӣ ҳамроҳ кардан лозим. Ин санадҳо дар оянда барои исбот намудани гуноҳи ҷинояткор ва агар ӯ маълум набошад барои кофтуковаш низ аҳаммияти калони амалӣ доранд. Аз таҷрибаи хизматӣ бошад, мову шумо бисёр дидаем, ки дузд боз дуздӣ мекунад ва дар ин маънӣ Шайх Саъдӣ фармудааст:
Неши ақраб на аз пайи кин аст,
Муқтазои табиаташ ин аст…
Муфаттиш ба Дроздов ҳикояти сангпушту ақраб (каждум)-ро овард. Суҳбат ба кормандони бахши кофтукови ҷиноятӣ тӯл кашид ва ҳангоми хайрухуш Дроздов ва Сафари Довуд аз он хушҳол буданд, ки илми муайян сохтану кушодани сирҳо донишмандиву хулосабарориҳои мантиқиро тақозо мекунад. Баҳодур Ҳотамов бошад, аз он шод буд, ки боз як ҷиноят кушода шуд ва нозирони бахши кофтуковӣ-ҷиноӣ маънои: «Як аср зиндагӣ бикуну як аср омӯз!»-ро аз нав дарк карданд.