САҲИФАҲОИ АФТОДАИ «ТАЪРИХИ ИНҚИЛОБИ БУХОРО»
Ё шарҳи баъзе масъалаҳо дар таърихнигории устод Айнӣ
Устод Садриддин Айнӣ дар илму фарҳанги тоҷикӣ ба сифати нахустин таърихнигори даврони нав эътироф гардидааст. Тафаккури таърихии устод ҳамроҳ бо афкори маорифпарварии вай зуҳур кардаву минбаъд ташаккул меёбад. Таърихнигории маорифпарварон, нисбат ба рӯйдоднависии ривоятии ҷабҳагаро, ки дар гузашта бештар роиҷ буд ва асосан вобаста ба кору корзори подшоҳон ва ҳаводису пайкорҳои мазҳабӣ рӯи коғаз меомад, моҳиятан ва аз рӯи мақсаду ният нав буд, зеро дар заминаи тақозои масоил ва муаммоҳои замон, кӯшиши пай бурдани равандҳои он, бахусус мушкилоти сиёсиву маънавии вақт таълиф мегардид. Агар дақиқтар бигӯем, таҳлилу баррасии таърих дар ин давра барои шинохти вазъи замон ва ҳоли кишвар ба амал бароварда мешуд, то маълум гардад, ки он чӣ гуна ба ин марҳалаи ногувор расидаасту минбаъд ба куҷо равона аст. Чунин меъёри шинохти раванди замон то ба ин вақт ба чашм намерасид. Намунаи равшани ин равиш асари аллома Аҳмади Дониш мебошад, ки дар бораи таърихи салтанати силсилаи Манғития таълиф шуда, бо номи «Таърихча…» машҳур аст.
Ҳаминро ҳам бояд афзуд, ки дар он давра ҳатто ба таърихи дуру наздики худу манотиқи дигари ҷаҳон низ ба ҳамин мақсад ба амал бароварда мешуд (масалан, таърихнигорӣ ва таваҷҷуҳ ба ҳаводиси гузаштаву замон ва вазъи ҷаҳон аз ҷониби Садри Зиё, пеш аз ҳама, аз ҳамин меъёр амалӣ шудааст ва ҳатто он як хатти асосии сужа ё муҳтавои «Рӯзнома»-и ӯро низ ташкил додааст). Дар ин росто, агар асарҳои Мирзо Азими Сомии Бухороӣ «Таърихи салотини манғития» ва «Таърихи нофеӣ» ва ғайраро ба хотир оварем, пас ба таври куллӣ метавон гуфт, ки таърихнависӣ дар даврони равшангарӣ хеле ривоҷ гирифта, зимнан тафаккури ҷомеа, ҳеч набошад, бахши огоҳ ва ислоҳотхоҳи он, ба воқеӣ дидани давру замони хеш ниёз пайдо карда будааст. Ҷараёни мазкурро замони ба амал омадани инқилобҳои ҷаҳонӣ дар ибтидои садаи ХХ суръати дигар бахшид ва ин омил ҳамчунин сатҳу савияи таърихнигории навро низ муайян намуд.
Устод Айнӣ аз нависандагонест, ки дар ҳамин замина ва дар ҳамин замон ба камол расида буд. Бинобар ин, гумон меравад, ки як сабаби дар марҳалаи аввали давраи фаъолияти пасазинқилобии худ якбора ба таълифи таърих пардохтани ӯ ба омилҳои болоӣ иртибот мегирад. Зиёда аз он, қазияи мазкур, пеш аз ҳама, ба фаъолияти иҷтимоии ӯ дар арафа ва баъди ду инқилоб – Инқилоби Октябр (1917) ва Инқилоби Бухоро (1920) пайванди мустақим дорад. Ин замоне буд, ки Айнӣ ба ҷараёни дигаргуниҳои сиёсиву иҷтимоии давр ворид гардида, ба сифати як шахсияти равшану фаъол дар ҳаёти иҷтимоӣ амал мекард ва табиист, ки мехост моҳияти раванди ҷомеа, ҳодисаҳое, ки дар зиндагӣ рух медоданд ва самти инкишофи онро ба сӯйи интибоҳ ва инқилоби илмиву маънавӣ савқ медоданд, ба таҳлил гирифта, ба сифати як шахси огоҳ аз масъалаҳо ва шоҳиди бевоситаи воқеаҳо самти ҳаракат ва моҳияти онҳоро пай бибарад ва ба хонандагон низ, ба қавли худаш, «росту дуруст» манзур карда бошад.
Ба ҳамин сабаб аст, ки ӯ дар ин даврон ҳамзамон бо навиштани даҳҳо мақолаи публитсистӣ, пайи ҳам се асари калонҳаҷми таърихӣ таълиф менамояд. Инҳо «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» (1918), «Таърихи инқилоби Бухоро» (1921) ва «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (тасҳеҳу таҳрири охир 1922) мебошанд. Аз ин осор китобҳои аввалу охирро Айнӣ аз пеши худ навиштааст, зеро эҳсос карда буд, ки сабти воқеаву ҳодисаҳои давраи мураккабу ҳассос аҳаммияти хосса дошта, барои аз байн бурдани сӯйитафоҳумҳо лозим мебошанд. Аммо таълифи таърихи инқилоби Бухоро супоришӣ буд ва бо қарори Нозироти маорифи Ҷумҳурии Бухоро таълифи он ба уҳдаи Айнӣ гузошта мешавад. Устод худ дар ин бора чунин изҳор доштааст: «Навиштани таърихи инқилоби Бухоро ба ман вогузор шуда буд. Ҳарчанд иҷрои ин вазифа аз иқтидорам хориҷ буд, ба қадри тавоноиям меҳнат карда, онро ба анҷом расонидам» («Таърихи инқилоби Бухоро». – Душанбе: Ирфон, 1987, саҳ. 232). Дар иртибот ба иқтибоси мазкур ҳаминро бояд гуфт, ки он ҷузъи аввали бахши ахир, яъне «Хотима»-и китоби мазкур аст, аммо дар тарҷумаи тоҷикӣ ҷузъи анҷоми бахши пеш аз хотима шуда омадааст. Бинобар ин, таъкид кардан лозим меояд, ки байни нусхаи аслии китоб (дастхати ӯзбекӣ) ва тарҷумаи тоҷикии он аз чунин носаҳеҳиву афтоданҳо зиёд набошанд ҳам, ба чашм мерасад, ки дар ин мавзуъ поёнтар гуфтугӯ хоҳем кард.
Аммо устод Айнӣ дар хотимаи китоби «Таърихи инқилоби Бухоро», дар канори он ки назари худро ба навиштани таърих ва сабки таърихнигории худ тавзеҳ додаву хонандаро огоҳ месозад, инчунин таъкид менамояд, ки нигоштаҳояш, ҳарчанд дар баъзе мавридҳо аз андешаи шахсӣ орӣ набудаанд, вале воқеӣ ва росту дуруст мебошанд. Сабаби чунин тавзеҳ он будааст, ки чун сухан аз воқеаву ҳодисаҳои начандон дур ва ҳатто рӯз, ки ҳанӯз ба ҳукми таърих надаромадаанд, меравад, пас дар ин маврид аз изҳори назари зеҳнӣ ба онҳо ҷойи гурез нест, вале муаллиф таъкид меамояд, ки дар навиштани воқеаҳо ҳеч гоҳ аз талқини боғаразонаи ақидаҳои худ кор нагирифта, ҳамеша ҳарфи ростро гуфтааст (Мазмунан аз «Таърихи инқилоби Бухоро», саҳ. 233). Ҳаминро низ бояд бигӯем, ки муаллифи пешгуфтори нашри маскавии мухтасари таърихи инқилоб – Тӯрақулов ҳам онро гӯиё таърих намеҳисобад ва изҳор медорад, ки «на ба таълифоти ривоятии ба таърихнигории суннатӣ хос ва на ба таърих ба маънии дақиқи ин калима» ҷавобгӯ нест (Бухоро инқилоби таърихи учун материаллар» — М., 1926, 4 бет.). Пас дар ин маврид ду асари худро бо номи «Таърих…» унвон кардани устод чӣ маънӣ дошта метавонад? Ҳол он ки чунонки дар боло ёдовар шудем, устод худ аз қазияи таърихнависӣ ва шарти ба ҳукми таърих даромадани ҳаводис огоҳ буд. Ӯ хуб медонист, ки ба воқеаҳои тоза бавуҷудомада «фурсат лозим аст, ки онҳо ба қатори ҳодисаҳои таърих гузаранд. Зотан ҳар воқеа барои гузаштан ба саҳифаҳои таърих фурсати зиёд металабад…» (Таърихи инқилоби Бухоро, саҳ. 233).
Дарвоқеъ, таърих илмест, ки зиндагии гузаштаи инсоният, ҷомеаи инсониро дар инкишофи қонунмандӣ ва дар вақту фазои муайян бо махсусиятҳои таҳаввулаш мушаххас меомӯзад. Мавзуи таърих баррасии ҷараёни зуҳуру ташаккул ва рушди ҷомеаи инсонӣ мебошад. Моҳияти таълифоти таърихӣ иборат аз ҳодисаву воқеаҳои зиндагиест, ки дар ёдгориҳо ва манобеи таърихӣ маҳфуз мондаанд. Замони таърих замони гузашта аст, маводи он низ бо гузашти замон ба шаклу қолаб даромада, сурати қонунмандро гирифтааст. Таърих дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагии кунунӣ дар шакли куллӣ бо моҳият ва раванди асосии худ равшан, аз паҳлуҳои ноаёнаш бештар зоҳир мегардад ва шинохта мешавад, яъне бо замони ҳол иртиботи ҳамешагӣ дорад. Бинобар ин, ду шакли таълифи таърих вуҷуд дошта метавонад: таърихнависии суннатии академӣ ва таърихнигории мавзуӣ. Дар канори онҳо ҳамеша таълифи таърихи замон ё гоҳномаӣ низ вуҷуд доштааст. Агар аз ин меъёр назар кунем, пас таърихнависии Айнӣ дар мавриди инқилоби Бухоро на академӣ, балки гоҳнома ё таърихи рӯз (иборат аз қайди воқеа ва ҳаводиси муҳимме, ки дар ҷомеа рух медиҳанд) аст. Дар ин мавридҳо ҳамин нукта бисёр муҳим аст, ки ин таърихро кӣ менависад: одамони тасодуфӣ, ҳақбину боадолат ва ё манфиатдор. Дарвоқеъ, барои он ки афроди ҳошиявӣ дар бораи воқеаҳои муҳим, гардишӣ ва инқилобии давр чизҳои тасодуфӣ нагуфта бошанд ва ё шоҳидони судҷӯйи таъсиргузор ба ин воқеаҳо амалҳои ғаразкоронаи худро ба ҳақ набароранд, пас таърихи рӯзи ин ҳаводисро навиштани онҳое, ки дар дохил ва ҷӯши ин воқеаҳо фаъолият дошта, ғаразашон манфиатҳои мардум, рушди иқтисодиву сиёсии кишвар ва огоҳии солими мардум будааст, коре дуруст ва мантиқист. Дар ин миён «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» аз назари илми таърихнигорӣ аз бисёр ҷиҳат ҳирфаӣ ва воқеӣ мебошад. Айнӣ таърихи ҳукмронии намояндагони хонадони манғитияро аз Раҳимхон то Олимхон дар дарозои наздик ба зиёда аз дусад сол ба таҳқиқ кашида, дар асоси сарчашмаҳо, далелу арқом ва дидаву шунидаҳояш дар бораи ҳар яке аз онҳо ва умуман замони ҳукмравоии онҳо дар вазъи нобасомон будани зиндагии сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавию ахлоқии кишвар маълумоти муфассал додааст…
Аммо дар бораи «Таърихи инқилоби Бухоро» нуктаи мавриди мулоҳиза он аст, ки устод дар ҷое изҳор доштааст, ки сабаби таълифи таърихи инқилоби Бухоро дар асл ба супориш ва ё иҷрои қарори мазкури ҳукумати Бухоро иртибот надошта, балки аз хостаҳои худи устод будааст. Вай дар мақолаи «Ҷавоби ман» дар ин бора чунин менависад: «Ҳақиқат ин аст, ки ман қисми бисёри «Таърихи инқилоби Бухороро солҳои 18-19 дар Самарқанд ба забони тоҷикӣ навишта будам. Пас аз инқилоби Бухоро назорати маорифи Бухоро дар шахсияти Қорӣ Йӯлдош Пӯлодов аз ман хоҳиш кард, ки он материалҳоро ӯзбекӣ карда диҳам. Ман аз моҳи ноябри соли 1920 то моҳи майи соли 1921 он материалҳои тоҷикиро ӯзбекӣ карда ва охирашро такмил намуда (воқеаҳои соли 20 ва ғалабаи инқилобро ба он дароварда) додам, аммо ин китоб дар Бухоро монд ва чоп нашуд. Пештар аз тақсимоти миллии Осиёи Миёна Нашриёти халқҳои СССР дар шахсияти рафиқ Тӯрақулов он дастхатро ба Маскав талаб намуда гирифт, дар соли 1926 чоп карда баромад. Ин аст ҳақиқат».
Ин ҷо дар бораи дақиқ будани мушаххасоти ин гуфтаҳо сухане намегӯем. Аммо маълум аст, ки устодро дар таълифи ба истилоҳ «таърихи инқилоби Бухоро» чӣ масоиле пеш омада ва чӣ роҳеро паймудааст. Ва сабаби ба таърихи рӯз, яъне воқеаҳои аз ҳайси замон наздик рӯй овардани ӯ дар чӣ будааст.
Ҳамин нуктаро низ бояд таъкид кард, ки ҳарчанд устод баъд аз ин ҳеч асари сирф таърихӣ нанавиштааст, вале осори илмиву адабиии ӯ ҳамеша ҷанбаи пурқуввати таърихӣ доштаанд. Романҳои таърихии инқилобӣ, «Ёддоштҳо», очеркҳои илмӣ-бадеии «Қаҳрамони халқи тоҷик — Темурмалик» ва «Исёни Муқаннаъ», ниҳоят «Намунаи адабиёти тоҷик» ва мақолаву рисолаҳои тадқиқотии ӯ дар бораи чеҳраҳои машҳури илму адаби тоҷик ҳама саршор аз мавод, хосса дақиқкориҳои асили воқеӣ ва таърихӣ мебошанд. Дар ин миён мақолаи устод «Калимаи тоҷик»-ро (1942), ки саршор аз маводи таърихӣ аз сарчашмаҳо мебошад, махсус қайд кардан лозим аст. Яъне Айнӣ натанҳо осори илмии сирф таърихӣ навиштааст, балки тафаккури адабии ӯ низ бар мабнои таърихназарии хоссе бунёд ёфта буд. Агар ба мавзуи аслӣ баргардем, пас бояд ёдовар шуд, ки сарнавишти осори мазкури таърихии устод Айнӣ пурмоҷаро будааст. Аввалан, устод онҳоро ҳарчанд ба забони тоҷикӣ навишта буд, вале дар интишори онҳо ба забони асл мушкилиҳо пеш меомад; сониян, аз он ҷо, ки ин осор ба масъалаҳои ҳассоси замон бахшида шуда ва иштирокдорони он ҳамзамону ҳамроҳони муаллиф буданду дар мансабҳои расмӣ кор мекарданд ва ба мулоҳизаву андешаи устод нисбат ба шахси онҳо, ба баҳои берӯю риёи ӯ нисбат ба фаъолияташон розӣ набуданд, ба нашри ин осор розӣ шуда наметавонистанд, агар бо истифода аз ҷойгоҳу мавқеи расмии худ дар ин кор мамониат эҷод накарда бошанд.
Ҳамин ҳассосиятҳои сиёсиву шахсӣ будааст, ки ин китобҳо дар шакли кӯтоҳшудаву ихтисоргардида ва на ба забони асл – форсии тоҷикӣ ба нашр расидаанд. Зиёда аз он, ба ҳамин сабабҳо баъзе аз онҳо даҳсолаҳо дар бойгониҳо пинҳон монда ва бар асари гирумонҳои рӯзгор саҳфаҳое аз онҳо аз байн рафтааст. Аз ҷумла «Таърихи инқилоби Бухоро», ки зоҳиран нусхаи хеле такмилу таҳрирхӯрдаи «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» мебошад, соли 1921 ба забони ӯзбекӣ таълиф шудааст. Ин китоб пас аз 65 соли таълиф аз ҷониби устод Раҳим Ҳошим ба тоҷикӣ баргардон шуд ва соли 1987 ба чоп расид. Ин ҳам бисёр муҳим аст, ки яке аз хаттотони китоби мазкур худи ӯ будааст.
Аммо дар тарҷумаи тоҷикии китоб, ба эътирофи мутарҷим, дар бахши оғозинаш он чанд саҳифаи афтида, сабаби торик мондани муҳтавои умумии он гардидааст. Аслан он ду саҳифа, яке аз бахши «Як-ду сухан» ва дигаре аз «Муқаддима»-и китоб аст. Аҳли таҳқиқ, аз ҷумла Раҳим Ҳошим ва Маъруф Раҷабӣ дар бораи муҳтавои саҳифаҳои гумшуда ҳар хел ҳадс задаанд. Устод Раҳим Ҳошим ақида дорад, ки дар онҳо шояд дар бораи румони ҳаҷвии Зайнулобидини Мароғаӣ баҳс шуда бошад («Тоҷикистони советӣ», 1987, 26 ноябр). Аммо Маъруф Раҷабӣ умедвор буд, ки дар ин ду саҳифаи оғозин ҳатман сухан бояд аз «Сомониён», қарнҳои IX-X» рафта бошад. (Ислом: ҷадидия ва инқилоб. – Душанбе: Дониш, 1997, саҳ. 18).
Хушбахтона, имрӯз шакли мукаммали «Бухоро инқилобининг таърихини» («Таърихи инқилоби Бухоро»)-ро ба забони ӯзбекӣ дар даст дорем. Чанде пеш муҳаққиқи ӯзбек, корманди Институти шарқшиносӣ Шарифа Тошева ва пажуҳишгари ҷопонӣ, корманди Донишгоҳи забонҳои хориҷии Жопун Шимида Шизуо нашри интиқодии матни ӯзбекии асари мазкурро (Токио, 2010) таҳия намуда, ба нашр расониданд. Дар бораи муҳаққиқи ҷопонӣ Шамида Шизуо ҳамин нуктаро афзудан лозим аст, ки вай ба фарҳангу адаби мардумони Осиёи Марказӣ муҳаббати хоссе дорад ва пеш аз ин «Библиографияи маҷаллаи «Оина»-и Маҳмудхоҷаи Беҳбудиро (…) низ чоп намуда буд…
Ҳол имконе ҳаст, ки он саҳфаҳои афтодаи «Таърих…» ва боз нуктаҳои дигарро дар тақобул ба нашри интиқодии ӯзбекӣ барқарор намуда, дар Куллиёти тозанашри устод шакли комилу саҳеҳи онро ҷой дода бошем. Саҳифае, ки аз бахши «Як-ду сухан» афтида, дар дастнавис мавҷуд аст, ба ин тартиб омадааст:
«…Ба саволҳои боло ҷавоб ёфтан ва хонандагонро қаноатманд кардан бисёр мушкил аст. Хусусан, ки дар ин бора мо дар даст як маълумоти муфассал ва як китоби таърихи мураттаб надорем. Ҳоло он ки агар масъалаҳои болоро ҳал накунем, китоби таърихи мо ноқис ва аз нақли воқеаҳои се-чорсола иборат мешаваду бас. Бинобар ин, мо маҷбур ҳастем, ки замони гузашта ва воқеаҳои онро аз рӯйи шунидаву дар китобҳои мухталиф тасодуфан ва иттифоқан дидаамон ба хотир оварем ва аз миёни онҳо модда ва матлабҳое, ки ба саволҳои дар боло гузоштаамон ҷавобгӯ ҳастанд, бигирем ва ҳамчунин мулоҳизаҳои худро нисбат ба онҳо афзуда, ба назди хонандагон як чизе омода карда гузорем. Табиист, ки чунин китоб як андоза тӯлонӣ ва бетартиб мешавад. Лекин барои хубтар ҳал шудани масъала ба ин берабтӣ нигоҳ накарда, мо ба нигориши муфассали воқеаҳо маҷбур ҳастем. Дар ин хусус аз хонандагон бахшиш мехоҳем».
Порае, ки аз бахши «Муқаддима» афтидаву дар дастнавис мавҷуд аст, ба ин тартиб мебошад:
«Аҳаммияти аввалиндараҷаи масъалаи ислоҳи мактабу мадорисро дар марҳалаи аввали ҷунбиши Инқилоби Бухоро ба назар гирифта, дар бораи аҳволи илмии дирӯзу имрӯзи Бухоро ва таъсиру муносибати уламо ба доираҳои ҳукумат қадаре маълумот дода гузаштан лозим мебошад.Маълум аст, ки се-чор аср пештар аз ин дар замони худ Бухоро аз марказҳои илмии олами ислом ба ҳисоб мерафт. Дар он замонҳо, ҳарчанд дар Бухоро мисли Аврупои имрӯза уламои кошифу мухтареъ ба камол нарасида бошанд ҳам, аммо мувофиқ ба замони худ олимони мутафаннин ва ихтисосмандони илмҳои маълум низ кам набуданд. Ҳатто кошифон ва мухтареин ба майдон баромада меистоданд, ки дар илмҳои ҳисоб, ҳандаса ва тиб баҳсу ковишҳои нав илова намуда, қоидаҳои тоза вазъ мекарданд».
Аз дарёфти Н. Ҳотамов маълум мегардад, ки дар «Мавод оид ба таърихи инқилоби Бухоро» (чопи Маскав, 1926) ин ду порае, ки мансуб ба бахшҳои пешгуфтор, яъне «Як-ду сухан» ва «Муқаддима» мебошанд, дар шакли омехта омадаанд, яъне дар ҷараёни мухтасаркунӣ онҳоро ба ҳам омехтаанд. Муаллифони чопи интиқодӣ (Токио) низ дар муқаддимаи ба китоб афзудаашон таъкид кардаанд, ки дар матни тоҷикӣ баъзе ҷумалот, хосса матнҳои ба дин марбут ҳазф карда шудаанд. Аз ҷумла онҳо гуфтаанд, ки дар бахши 75 чӯб задани устод ин ҷумла афтода: «Дуруст улимга яқинлашаётиб эдим. Шунинг учун энг охир нафасда ҳар бир мусулмоннинг вирди забон булган калимоти шарифани такрор қилмоқ ҳар бир нарсадан менга азизроқ эди. Бошқа нарсаларни анчайин бир уйинчоқ санамоқда эдим» (Китоби мазкур саҳ. ХХI; дастнавис, 442). Бинобар ин, дар нашрҳои оянда зарурати муқоисаи тарҷумаи тоҷикӣ бо матни интиқодии китоб, ки дар асоси дастнависи устод таҳия шудааст, пеш меояд. Маълум аст, ки дар даврони шуравӣ бо тақозои идеологияи атеистии ҳукмрони ҳизби коммунист хеле бахшҳои осори то инқилоб ва арафаи инқилоби устод, бахусус шеърҳояш, ҳазф карда шудаанд, ки барқарор кардани онҳо аз муҳимтарин талаботи пажуҳиши илмӣ ва одоби инсонӣ ба шумор меравад. Дар ин маврид аз андешаҳои омиёнаи онҳое, ки устод Айниро аз ҳар гуна таҳаввулоти маънавию ҷаҳоншиносӣ пок карда, аз оғоз ӯро чун «коммунисти мулҳид» ба қалам доданӣ мешаванд ва ё баръакс чеҳраи вайро чун як муллои одии хурофотӣ намудор кардан мехоҳанд, натанҳо мантиқӣ нест, балки беэҳтиромӣ ба асли шахсияти устод мебошад. Устод дар амал як марди адибу олими маърифатпарвари боимон, равшанфикр ва миллатдӯсту инсонгаро буд, ки дарҳақиқат ба сифати «падари миллат» шинохта шудаву имрӯз, барҳақ, нахустин «Қаҳрамони Тоҷикистон» унвон гирифтааст.
Боз як ҷузъ аз матни асосӣ, ки дар тарҷумаи тоҷикӣ афтидааст. Устод дар анҷоми китоб як мушкилеро, ки вай ҳангоми таълифи «Таърих…» ба он рӯ ба рӯ будааст, тавзеҳ медиҳад. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки он дар тарҷумаи тоҷикии китоб ҳазф шудааст. Ҳол он ки ин пора барои рӯшан кардани баъзе масъалаҳои эҷодиёти ӯ, хосса таълифоташ ба забони ӯзбекӣ ва чигунагии оғози ин кор ва кайфияти он бисёр муҳим мебошад. Зиёда аз он, ин пора бахши анҷоми китоб буда, он матн ин аст: «Дар вақти навиштани ин китоб боз ба як мушкили дигар рӯбарӯ гардидам,ки онро ҳам ба ҳамаи хонандагон арз карданам лозим аст. Таҷрибаи адабии ман асосан ба забони форсӣ ва адабиёти форсӣ шакл гирифтааст ва то синни 28-соагӣ ба адабиёти ӯзбекӣ ва туркӣ шуғл аварзида будам. Баъд ба туфайли мутолиаи газета, журнол ва китобҳо барои ифодаи мақсади худ то андозае забони туркиро ёд гирифтам. Аммо ин дониши ман барои таълифи китоб кифоят намекард. Зеро аз тамоми қоидаҳо ва лаҳҷаҳои он бохабар шуданам лозим буд. Ин ҳол, албатта, дар ҷараёни ифодаи мақсад, ба ман халал расонид ва гоҳе ҷумлаҳо носара, бе риояи қатъии қоидаҳо ва калимаҳо ноҳамвор баромаданд. Дар ин хусус аз кулли хонандагон узр мехоҳам». (Бухоронинг инқилоби таърихи, саҳ. 286; дастхат, саҳ.571).
Ҳамин тавр, маълум аст, ки дар таҳия, тарҷума ва тасҳеҳи китобҳои бахшида ба таърихи устод Айнӣ то ҳол масъалаҳои ҳалношуда кам нестанд ва умед аст, ки онҳо бо кӯшишҳои пайгиронаи аҳли илм ислоҳ хоҳанд шуд. Аммо дар анҷом боз ба як масъалаи дигари эҷодӣ равшанӣ андохтанро зарур мешуморем. Баъзеҳо, аз ҷумла устод Камол Айнӣ, ба нақли қавл аз Айнӣ изҳор медорад, ки гӯиё устод фармуда будааст: агар рӯзе китоби «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» пайдо шавад, онро ба сифати давоми «Ёддоштҳо», яъне ҷилди панҷуми он ба чоп бирасонад. Ба фикри банда, ин андеша аз чанд ҷиҳат қобили қабул нест. Аввалан, нақли қавл худи қавл нест. Чун нест Айнӣ – устод, маъзур дор моро! Сониян, саволе ба миён меояд, ки ба эътибори чӣ мазиятҳое устод ба ин китоб чунин мартабаеро қоил шуда метавонист? Ниҳоят, оё чунин тарзи муносибат ба дастури кори эҷодии устод Айнӣ хос будааст ё на?
Агар чунин зарурате пайдо шавад (аслан ки чунин кор ношуданӣ ва ғайримантиқист), ки мо шартан идомаи «Ёддоштҳо»-ро пайдо кунем, пас воқеан ба он осоре бояд такя кунем, ки он аз ҳайси маводи худ ва сабки таҳкия ва нақли бадеӣ ба асари мазкур ҳамхон бошад. Маълум аст, ки аз рӯи нияти ғоявӣ «Таърихи инқилоби фикрӣ…» бо ҳамаи аввалқадамиаш, асари таърихӣ, яъне илмӣ мебошад. Бинобар ин, вай дар заминаи мавзуи муайяне таълиф шуда, нияташ равшан кардани таҳаввул ва тағйири андешаи интибоҳхоҳона дар афкори сиёсиву иҷтимоии Аморати Бухорост. Ин ҷо, албатта, устод Айнӣ, аз он ҷо ки таърихи рӯзро менавишт, дар муҳокимаву мулоҳизаҳои илмии худ ба сифати намунаи мисол чи аз далелу арқом ва чи аз маводи ёддоштӣ (аз он ҷо ки худ шоҳиди воқеаҳо буд ва ин дар таълифи таърихи рӯз як чизи муқаррарист) кор гирифтааст, вале бояд бидонем, ки ташаккулдиҳандаи асари мазкур мантиқу афкори илмӣ ва таҳлилу таҳқиқ мебошад. Аммо «Ёддоштҳо» асарест фарогири ҳамаҷиҳатаи зиндагии мардум ва дар он диди бадеии қомусназарона таъйинкунандаи сохтор ва тору пуди поэтикаи тасвиру таҳкия мебошад. Бинобар ин, онҳо асарҳои дар зоти худ гуногун – яке таърихӣ ва дигаре бадеӣ мебошанд. Бамаврид аст ба хотир оварем, ки чун китобҳои аввали «Ёддоштҳо» таълиф шуд, баъзе аз аҳли нақд ва хосса ҳамкасбон устод Айниро талқин ба зудкорӣ ва тайи зудтари замони воқеаҳо карда, пешниҳод намуданд, ки «Ёддоштҳо» бояд маҷлиси қабул дар Кремлро (1941) фаро гирад. Устод ба ин пешниҳод қатъан розӣ нашуд, чун медонист, ки он сабаби аз роҳу равиш ва сабки пешгирифтааш берун рафтан, яъне вайрон шудани нияти бадеӣ ва дастурҳои эҷодиаш мегардад. Бинобар ин, дар баррасиҳои илмӣ аз шабоҳатҳои зоҳирӣ ва хоҳиши дил кор гирифтан самарабахш намебошад.
Ҳамин тавр, аз ин гузориши мухтасар маълум шуд, ки устод Айнӣ натанҳо аввалин таърихнигори муосири тоҷик аст, балки дар ин ришта, ба мавонеи илмӣ ва хосса сиёсиву мафкуравӣ ва қавмиву ҷиноҳӣ нигоҳ накарда, ҷӯяндагӣ ва ибтикор низ зоҳир кардааст. Шояд аз ҳамин сабабҳо ин осори устод дар замони худаш росту дуруст ба нашр нарасида, мувоҷеҳ ба мушкилот будаанд. Аз ҳамин сабаб аст, ки таҳия ва нашри онҳо бояд аз дақиқкории илмӣ бигзарад ва мо нусхаи сиҳҳат ва комили онҳоро ба даст дошта бошем.
Абдухолиқ НАБАВӢ,
адабиётшинос.