Рӯзгори бардавоми адиб

 Рӯзгори бардавоми адиб

НОМАҲОИ АДУШУКУР ПИРМУҲАММАДЗОДА ДЕҲОТӢ БА БАРОДАРАШ АБДУСАЛОМ ДЕҲОТӢ

Додари азиз!

Салом! Саломатиатонро хоҳонам.

Аҳволи ман аз ҷиҳати тандурустӣ ба дараҷаи хеле хуб аст. Масъалаи аз ин кор озод шуда, ба кори театр ва нашриёти Тоҷикистон машғул шудан акнун имрӯз, албатта, аз байн меравад.

Чунонки эълон шуд, фашистони Германия бо фармони сардори девонаашон ба хоки мо ҳамла оварданд. Ҳеҷ шакку шубҳае нест, ки ин хонаравшанкунии пеш аз марги фашизм аст. Партия ва ҳукумати мо ҷанги бузурги ҷиҳодӣ эълон карданд, чунон ҷанге, ки хомтамаони мастро ҳушёр ва хобидагонашонро бедор хоҳад кард. Ин чунон ҷанге мешавад, ки дар он тамоми гражданҳои мамлакати мо аз пир то ҷавон, зану мард (ҳар кадом бо роҳи худ ва дар соҳаи худ) феълан ва амалан иштирок мекунанд. Чунки ин ҷанг мудофиаи боғу бӯстони аз хуну арақи бо мубориза ва меҳнати қаҳрамонона парваришёфтаи мо мебошад. Гапи зиёд навишта истодани ман ҳоҷат нест. Хулосаи гaп, ин мудофиаи чунон заминест, ки даp ҳаққи он Маяковский бисёр дуруст гуфтааст:

Землю,

которую,

завоевал

и полуживую

вынянчил,

где с пулей встань,

с винтовкой ложись.

Где каплей

льешся с массами,—

с такой землёю,

найдёшь

на жизнь,

на труд,

на праздник

и на смерть…

Чунонки бо радио ва дар газетаҳо эълон карда шуд, дар як қисми мамлакат мобилизатсия эълон карда шудааст. Имрӯз рӯзи якуми мобилизатсия аст. Як қисми рафиқон (аз идораи мо ҳам) имрӯз рафтанд. Эҳтимол дорад, ки дар ин ду-се рӯз маро ҳам талаб кунанд. Бо кадом воситае, ки аз дастам меояд, дар ин ҷиҳоди умумӣ хизмат карданро вазифаи муқаддаси худ мешуморам.

Хоҳиши ман аз Шумо ҳамин, ки фаразан агар ҳамин тавр шуда монад, ба ҳавлӣ мактубе нависеду фаҳмонед, ки беҳуда ба воҳимаи зиёд наафтанд. Ман ҳам менависам.

Хайр, боқӣ ба ҳамаи рафиқон, муллоамакам, янгем аз ман бисёрҳо салом гӯед.

Бо салом Абдушукури Шумо. 23.VI.1941.

  1. S. Мебахшед, хат андак агитатсиянамо шуда рафт. Лекин ин ҳолати руҳии тамоми мамлакат аст, натанҳо ман.

Пайнавишт:

  • Тарҷумаи таҳтуллафзии ин шеър:

Сарзамине, ки

озод намуда соҳибаш шудаӣ,

Парасторӣ карда,

аз ҳолати нимҷонӣ

наҷоташ додаӣ.

Барои ҳифзи он

тиру тӯфанг ба даст бархостаӣ

Ва дар он

ҳамчун қатрае

ба ҷараёни омма ҳамроҳ ҳастӣ:

Ба хотири ин сарзамин

ба ҳаёт,

ба меҳнат,

ба ҷашн, ҳатто ба марг биравӣ,

Меарзад!

Абдушукур Пирмуҳаммадзода бинобар бемории иллати дил доштанаш дар аввали соли 1941 аз хондан яксола озод шуда, ба сифати тарҷумон ба хизмати Совети Комиссарони Халқии СССР даромада буд.

***

Додари арҷмандам!

Мактуби 21-ум навиштагиатонро имрӯз гирифтам. Як ҳафта пеш аз ин як мактуб ва ду-се рӯз баъд аз он ба телеграммаатон ҷавоби телеграфӣ ҳам фиристода будам. Аз чӣ будани аҳвол ва кору бор навишта нишастани ман ҳоҷат нест. Аҳволи тандурустии худам бисёр нағз. Ҳамин шабу рӯз тамоми бошандагони Москва, ҳамчун тамоми халқҳои мамлакатамон, мисли як оилаи тифоқ кору зиндагӣ мекунанд, ғайрату ҳаракати ҳама ба як мақсад – ба мустаҳкамкунии мудофиаи мамлакату пойтахти сурх тобеъ кунонида шудааст. Аз чеҳраи ҳама, аз ҳаракату кори ҳама як чиз – боварии комил ба зафарёбии кори бузурги армия ва халқи мо дида мешавад. Ин аст, ки бе ҳеҷ як воҳимаю талотӯби зиёдатӣ ҳама бо ғайрати комил машғули кори худ мебошанд. Вақте ки инҳоро мебинед, кас ғарқи эн- тузиазми умумӣ гашта, осуда мешавад. Лекин маро ҳамеша як чиз нохотирҷамъ медорад, ин ҳам ҷиҳати хотири падару модар аст. Ман ба онҳо хат навиштам, ки ба воҳимаҳои беҳуда наафтанд, ба баъзе овозаҳову «миш-миш» гӯш надиҳанд.

Аммо боз ҳам хотирам ноҷамъ аст, ки онҳо ташвиши бедарак мекашанд. Чунки худатон медонед, ки мардуми даҳонашон бефаровез ҳанӯз бисёранд ва, ғайр аз ин, хабари роҳи дур ҳамеша боиси тахминҳо ва пешгӯиҳои бисёр мешавад. Бинобар ин, аз Шумо илтимос дорам, ки Шумо ҳам дар хатҳоятон ҳамин ҷиҳатҳои масъаларо ба онҳо равшан кунед ва фаҳмонед, ки ҳозир худро ба ташвиши зиёдатӣ наандохта, осуда ба зиндагӣ ва кор машғул шудан кори азим аст.

Имрӯз рафиқ Сотим Улуғзода мобилизатсия шуда рафт. Ба ҳамаи Шумо, рафиқони сталинободӣ, бисёрҳо салом расониданро аз ман хоҳиш кард. Ман ҳоло дар ҳамон идора кор карда гаштаам. Агар лозим шуда монад, албатта, ман ҳам меравам.

Журналҳоро гирифтам, ба Улуғзода ҳам як нусхаашро додам, ташаккур. Ман бо ин хат як доверенность ҳам ба номи Шумо навишта мефиристонам. Дар нашриёт агар пул дошта бошам, гирифта ба Самарқанд фиристонед. Ман дар назди онҳо, падару модар, шарманда шудам: дар вақтҳои охир ба онҳо на пул фиристода тавонистам ва на ягон чиз. Бинобар ин, кам ҳам бошад (ба фикрам, дар нашриёт бояд ҳаққи ман бошад), ҳар чӣ-дия, гирифта фиристонед, боз зиндагӣ бошад, зиёдтарашро ҳам ёфта мефиристонам.

Ба дигар рафиқон саломи маро расонед.

Бо салом Абдушукури Шумо!

Ҳамин як хатчаро ба рафиқ Н. Л.

Сталин (1) расонед. 1.VII.1941

Пайнавишт:

(1) Н. А. Сталин – Николай Албертович Сталин, сарбухгалтери ҳамонвақтаи Нашриёти давлатии Тоҷикистон.

***

Додари азизу арҷмандам!

Якуми моҳи июл ба Шумо як хат навишта будам. Худи ҳамон шаб, соати 12-и шаб повестка гирифтам ва соати 7-и пагоҳии 2-юми июл ба пункти мобилизатсия ҳозир шудам. Азбаски куҷо рафтанамон маълум набуд, худи ҳамон рӯз хабар дода натавонистам. Соатҳои 12-и рӯзи 2-юми июл ба як гӯшаи шаҳри Маскав рафтем ва дар он ҷо моро ба ҳисоб гирифта, баъд аз тарошидани мӯйсарамон ва ҳаммомравӣ бевосита ба кор cap кардем. Ин ҷо курси округии тайёркунандаи политрукҳои хурд номида мешавад. Ана имрӯз рӯзи дувум аст, ки машғули таълиму таҳсил ҳастем. Бисёр кор кардан лозим мешавад. Аз хоб соати 5-и саҳар мехезем, соати 10-и шаб мехобем: Барои хатнависӣ вақту ҷои муносибе, ки ҳамаи мо (ман барин касон) одат кардаем, – дар ин ҷо ёфт намешавад. Ҳама кор бояд походӣ бошад. Акнун одат карда истодаем. Ана ҳамин хатро ҳозир дар вақти ужин шустушӯро аз рафиқон андак пештар тамом карда омада, cap кардам. Лекин ана ҳозир ба ужин даъват карданд. Рафтан даркор. Давомашро боз менависам.

Ана ужин ҳам гузашт. Шаб ҳам гуза- шт. Имрӯз то обед дақиқае вақти холӣ набуд. Ҳозир баъд аз обед андаке вақт ҷудо карда, хатро давом медиҳам. Барои гапи зиёдатӣ фурсат нест. Тамоми чизҳои ман дар ҳамон хонае, ки будам, монд. Аз Ҳамдӣ (1) ва яке аз вахтёрҳои ҳавлӣ илтимос кардам, ки печонда бо арғамчин баста монанд. Як қисми чизҳоям дар ҳавлии Ҷӯрабоева гуфтагӣ кампир. Адресат Москва, кӯчаи Боровский, ҳавлии № 8/1. Барои Музаффара (2) як соати дастӣ хapида будам. Ҳозир ба дасти Улуғзода (ӯ ҳам дар қисми мо) супурдам, ки дар вақти омадани занаш дода фиристонад. Як палтои чармин гирифта будам. Ман ба Ҳамдӣ менависам, агар Раҳимӣ (3) ба Сталинобод рафтанӣ бошанд, илтимос кунанд, ки ҳамонро бурда, ба Шумо супоранд. Ба- рои телеграмма додан имконият нест. Бинобар ин, натавонистам. Мо дар ин ҷо якчанд вақт мехонем. Баъд аз он ба иҷрои вазифаи граждании худ меравем. Ба падару модар нависед, ки ташвиш накашанд. Ман ҳам менависам. То ҳол адреси почтагии ин ҷоро надодаанд. Бинобар ин, мумкин аст, ки фиристодани хат боз ягон рӯзи дигар монад. Ҳоло чанд вақт истода, хонданамон ҳам маълум нест. Ба ҳамаи рафиқон саломи аскарии маро расонед.

Бо салом Абдушукури Шумо. 4.VII.1941.

Пайнавишт:

(1) Ҳамдӣ – Аҳмадҷон Абусаидзода

Ҳамдӣ (1875-1946), шоири муосири тоҷик.

(2) Музаффара — хоҳари хурдии Абдушукур Пирмуҳаммадзода.

(3) Раҳимӣ – Муҳаммадҷон Раҳимӣ (1901-1968), шоири муосири тоҷик.

Ба муносибати 110-солагии Эммануил Муллоқандов

Дигар хабарҳо