РАБИЕВ МУҲАММАДҶОН
МУҲАММАДҶОН РАБИЕВ 2 майи соли 1913 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1934, баъди хатми факултаи коргарӣ ва курси яксолаи муҳосиба, ба Помир ба кор рафтааст. Соли 1936 ба дастаи ҳунарпешагон ҳамроҳ шуда, дар театри навтаъсиси Хоруғ таҳиягар ва иҷрокунандаи нақшҳо будааст. Соли 1938 ба Раёсати санъат (Душанбе) ба кор омадааст.
Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанист.
Баъди ҷанг чанде директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва сармуҳаррири «Тоҷиктелефилм» будааст.
Муаллифи либреттои балети «Ду гул» (1941) будааст, ки дар рӯзҳои Даҳаи маданияти тоҷик дар Маскав ду бор намоиш дода шудааст. Либреттои балети «Дилбар» (1964), драмаҳои «Саодат» (1949, ҳамроҳи С. Саидмуродов), «Номи нек» (1956), «Офтобро ба шумо мерос мегузорам» (1965), «Бахти ноором» (1973), «Нишони нек» (1975) ва ғ. ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Филмномаҳои ӯ «Зумрад» (1961) ва «Дӯст бояд дошт» (1964) аз тарафи «Тоҷикфилм» наворбардорӣ шудаанд.
Драмаҳои солҳои охир офаридааш «Доруи ишқ» (1969), «Ҳаққи интихоб» (1978), «Назокат» (1979), «Шамшери бурро» (1979), «Таъбири хоб» (1972), «Таронаи муҳаббат» (1973), «Торҳои дӯстӣ» (1975) мебошанд.
Корманди шоистаи санъати Тоҷикистон (1964). Бо чанд нишону ифтихорномаи ҳукуматӣ мукофотонида шудааст.
Аз соли 1963 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
19 майи соли 1983 аз олам даргузашт.