Паёме пур аз муҳаббату саховат

Боз як соли дигар ба интиҳо расиду чун анъана дар охири сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кулли тоҷикистониён Паёми навбатиашонро ироа кар­данд. Ин Паём ҳам чун паёмҳои пешина созандаву бунёдкорона ва илҳомбахшу неруфизост. Боз ҳам аз ҷониби Сарвари давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ бозгӯ шуда, ҳамзамон вазифаҳои халқ барои фаро овардани ояндаи дурахшонтар муайян гардиданд. Аммо ин Паём бо мазмуну муҳта­вояш аз паёмҳои ҳарсола аз чанд ҷиҳат тафовут дошт. Ин буд, ки аҳли толор қариб барои ҳар ҷумлаи Пе­шво самимона кафкӯбӣ мекарданд. Сарвари муаззам аз пешрафтҳову дастовардҳои чашмраси яксолаи кишвари азиз ҳисобот медоданд ва аҳли нишаст аз ҳар комёбиву комго­рии шоистаи Ватани соҳибистиқло­ламон саршори ифтихори милливу ҳувияти ватанпарварӣ гардида, бо нишони эътиқоду эҳтиром ба Сарва­ри давлату ба халқи бунёдкори Тоҷи­кистон пурмавҷ қарсак мезаданд. Сарвари давлат ҳарф мезаданду эҳсос мешуд, ки он кас дар баробари Сарвари кишвар будан чун падари ғамхори халқ дар бораи имрӯзу ояндаи мардум фикр мекунанд. Ҳар як сухани Пешво падарона буду саршори дилсӯзиву роҳнамоии хирадмандона. Ба аҳли толор ва тамоми тоҷикистониён иттилоъ дода шуд, ки зиндагии мардум ба таври назаррас рӯ ба пешрафт дорад ва ин аст, ки сатҳи камбизоатӣ нисбат ба солҳои пеш хеле коҳиш ёфтааст. Давлат барои соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва амсоли инҳо чандин миллиард сомонӣ сарф кардааст ва дар натиҷа ин соҳаҳо ва тамоми соҳаҳои дигари хоҷагии халқ рӯ ба рушд овардаанд. Соҳаи энергетикаи кишвар ба назму низом даромадааст ва иқтидори энерге­тикии Тоҷикистони соҳибистиқлол беш аз пеш меафзояд. Сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард, роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа низ ба таври лозимӣ ба роҳ монда шудааст, — зикр гашт дар Паём. Дар ҳамин ҷо мехоҳам иброз дорам, ки ҳар гоҳе сухан аз роҳу роҳсозӣ меравад, ман ба ин масъала махсус таваҷҷуҳ мекунам. Зеро зодаи кӯҳистони Бадахшонаму азоби бероҳиро хеле кашидаам. Ман хуб дар ёд дорам, ки Бадахшон, як вилояти калони Тоҷикистон даҳсо­лаҳо аз ин пеш чӣ гуна дар чандин фаслҳои сол дар инзиво мемонду аз шароити мушкили ҷуғрофиаш бо маркази ҷумҳурӣ ва дигар манотиқи кишвар роҳе пайдо карда наметаво­нист. Танҳо тайёраҳои хурд ба Ба­дахшон парвоз мекарданд ва танҳо дар рӯзҳои офтобӣ. Агар ҳаво каме номусоид мешуд, парвози тайёраҳо аввал ба таъхир меафтод, пас та­моми рӯз ё тамоми ҳафта ё ҳатто тамоми моҳ номумкин мегардид. Ин буд, ки таътили зимистона ва гоҳе ҳатто тобистонаи мо, донишҷӯёни солҳои 80-уми асри гузашта, дар фурудгоҳи Душанбе ба охир мера­сиду ба кӯҳистонҳои зодгоҳамон рафта натавониста, боз ба таҳсили худ давом медодем. Ва агар ноилоҷ бо мошини боркаше аз тариқи ағбаи Сағирдашт озими Бадахшон мешу­дем, бо азоби алиме дар давоми ду шабонарӯз ва гоҳе ҳатто дар давоми чанд шабонарӯз мерасидем. Ва, шукрона, ки имрӯз ин роҳи чандша­бонарӯзиро аз тариқи роҳи Душан­бе-Кӯлоб-Хоруғ дар муддати 12 -13 соат тай мекунем. Пас, шукронаи Сарвари бунёдкор Эмомалӣ Раҳмон, шукронаи ваҳдату соҳибистиқлолӣ, шукронаи ободии Ватан!

Раҳбари муҳтарами давлат дар Паёмашон ба тамоми масъалаҳои лозими марбут ба ҳаёти мардуми Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Аз ҷумла ба сухани нишонрас гуфта­ну ба рисолати адибу адабиёт. Са­лоҳ диданд, ки барои таъмини зинда­гии шоистаи мардум маошу нафақа баланд бардошта шавад. Супориш доданд, ки азбаски рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сар­мояи инсонӣ номумкин мебошад ва ҳам рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тан­дурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ аст, бояд ба таври ҳамешагӣ дар маркази диққат бошад.

Як нуктае, ки дар Паём бароям хеле таъсиргузор монд, он буд, ки Президенти мамлакат номи муқад­даси Модарро бо эҳтироми басо зиёд ба забон оварданд. Гуфтанд: «Мо ҷашни бонувонро махсус Рӯзи модар ном ниҳодем, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳим­матии модарони поксиришту офа­рандагони ҳаёти инсонӣ собит созем. Зеро аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эхтироми беандоза нис­бат ба зан-модар ташкил медиҳанд. Худованд ба зан-модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зинда­гӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад. Пайғамбари ислом биҳиштро зери қадамҳои модарон гузошта, меҳри саршор ва муҳаббати гарми модарро бо файзу раҳмати Худованд баробар донистааст». Чун як нафар модари тоҷик аминам, ки ҳар як шаҳрванди кишвар баъди шунидани ин суха­нони пурмуҳаббати Пешвои миллат ҳатман ба зиндагӣ дилгармтар ме­шаваду талош меварзад, то барои ободу зебо нигоҳ доштани ҷомеа фарзандони лоиқу содиқеро ба Ва­тан эҳдо кунад.

Як мавзуи дигаре, ки дар Паём перомунаш сухан рафт, он буд, ки соли 2023-юм 15 ёдгории таърихи­ву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғаримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки бои­си эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид. Дар робита ба ин, Ҷаноби Олӣ гуфтанд: «Бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин рушди сайёҳӣ дар ин самт пешниҳод менамоям, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохто­ри алоҳида, Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад». Бо шунидани ин суханон ма­конҳои зебову басо дидании Ватан ёдам омаданд ва хаёлан онҳоро бо маконҳои зебои мулкҳои дуру назди­ки ҷаҳон муқоиса кардам. Ба ёд овар­дам, ки ҳамагӣ чанд моҳ пеш қариб тамоми мавзеъҳои тамошобоби Мас­кави Федератсияи Русияро гашта бу­дам, аммо дилам ҳамеша барои обу ҳавои Тоҷикистону барои гулгаштҳои зебояш гум мезад. Баъд аз он бо сафаре ба кишвари Эрон рафтам ва аз беҳтарин маконҳои гардишгарии Эрони бостон дидан кардам, аммо боз ҳам дилам дар Тоҷикистон мон­да буд. Гаштугузорамро дар дару даргоҳи Кремлу Москва ситиву дигар ҷойҳои чашмрабои кишвари Русия ва ҳам дар Исфаҳони нисфи ҷаҳону «Майдони Нақши ҷаҳон»-и Эрон, ки барои чашмрабоияш дар ЮНЕСКО низ сабти ном шудаасту аз боа­рзиштарин маконҳои гардишгарии ҷаҳон аст, ба ёд овардам ва ба ёдам омад, ки дар ҳамон гаштугузорҳо ҳам фақат мегуфтам: Не, барои ман оғӯ­ши Душанбеи нозанинам гармтару нармтару гуворотар аст. Имрӯз ҳам мегӯям, маконҳои дидание, ки Тоҷи­кистони мо дорад, аз ин маконҳои овозадортарини гардишгарии ҷаҳон камие надоранд. Фақат онҳоро ди­дан даркор, аммо танҳо бо чашми сар не, бо чашми дил бояд ба ҳар зебоии Ватанамон нигоҳ кунем. Ба қадрашон бояд расем, онҳоро ҳифз кунем ва маконҳои нави тафреҳиву сайёҳии диққатраборо бунёд созем.

Ҳамин тавр, аз шунидани Паёми Пешвои миллат як ҷаҳон маъно бардоштам ва ба хулосае омадам, ки кишвари мо обод асту боз ҳам ободтар мешавад, агар тамоми мар­дум дарк кунад, ки барои шукуфову зебову дилорову тавоно гаштани Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҳар шаҳрванд бояд саҳми шахсии худро гузорад. Агар чунин шавад, кишвари офтобии мо бо чунин обу ҳавои мусоидаш аз маконҳои ҷолиб­тарини ҷаҳон мешавад. Умед дорем, ки чунин хоҳад шуд!

Раънои Мубориз

Дигар хабарҳо