Номаи табрикии ИНТ ба Ҳакималӣ Назаралӣ
Муҳтарам Ҳакималӣ Назаралӣ!
Шумо пас аз хатми факултаи забон ва адабиёти тоҷики ДДОТ ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) фаъолияти кории хешро ба ҳайси омӯзгори мактаби № 17-и деҳаи Ғуриёти шаҳри Ҳисор ҳусни оғоз бахшида, то кунун ин рисолати бузургро идома медиҳед.
Ҳамзамон солҳои тулонӣ ба сифати котиби масъули маҷаллаҳои “Маорифи Ҳисор” ва “Ҳисори зарнисор” низ заҳмат кашидаед.
Шумо худро ҳамчун нависандаи соҳибмаҳорат ҳанӯз соли 1984 бо нашри маҷмуаи “Балогардон” ба хонандагон муаррифӣ кардаед. Имрӯз Шумо аз зумраи нависандагони муваффақи ҳаҷвнигор ҳастед. Дар осоратон Шумо камбудҳои ҷомеа бо корбурд аз ҳазлу зарофати ширин зери тозиёнаи танқид гирифта мешаванд. Ба ибораи дигар, нисбат ба падидаҳои номатлуби замон бетараф нестед ва барои рафъи онҳо тавассути офаридани асарҳои ҷолибу хонданӣ саҳми боризи худро мегузоред.
Маҷмуаҳои “Хоби даҳшатнок” (“Ирфон”,1989), “Шӯристон” (“Ирфон”,1996), “Тавқи лаънат” (“Ирфон”, 2000), “Чӣ айб аст?” (“Ирфон”, 2002), “Кӯза шикаст” (“Адиб”, 2004), “Ҳикоёти Олим Ҳомидов” (“Ирфон”, 2006), “Кордоне, дарёваше, номдоре” (ҳаммуаллиф, “Ирфон”, 2006), “Робеа” (“Ирфон”, 2011), “Зимоми мурод” (2011), “Устокории муаллим” (2011), “Сафед ва сиёҳ” (“Адиб”, 2011), “Воломақом” (2012), “Мактабдори шинохта” (ҳаммуаллиф, 2012), “Лабханди Ҳидоятуллоҳ” (“Ирфон”, 2013), “Гулчини иншоҳо” (“Ирфон” 2013), “Ҷавҳари мардумӣ” (“Ирфон”, 2014), “Ташвиш ва лутфи латифи донишноманигорӣ” (“Ирфон”, 2015), “Азми дуруст” (“Ирфон”, 2016), “Ҷозиба” (“Ирфон”, 2018), “Биҳиштӣ” (“Ирфон”, 2018), “Забони порсоён ва гиёҳи ҷонбахш” (2018), “Фанднома” (“Ирфон”, 2019) ва ғайра маҳсули зеҳни суханофари Шумо ҳастанд.
Намунаҳои осоратон ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва нашр шудаанд. Ҳамзамон худ низ дар кори тарҷума даст доред. Дар миёни осори тарҷумакардаи Шумо асарҳои як зумра адибони ӯзбек ҷойгоҳи хоса доранд.
Заҳмати Шумо бо нишони “Ҷамъияти китобдӯстони СССР” (1979), “Аълочии маорифи халқ” (1979), “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” (1996), “Аълочии матбуоти Тоҷикистон” (1998), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1999), “Нишони сухан” (2018), Ҷоизаи СММ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон (2011), Ҷоизаи ба номи Ҳабибулло Назаров (2015), Ҷоизаи озмуни “Сеҳри сухан” (2018) ва ғайра қадрдонӣ гардидааст.
Ҳампешаи гиромӣ, фарорасии 75-умин солгарди умрро сидқан ба Шумо табрик гуфта, таманнои онро дорем, ки ҳамеша табъатон болидаву хотиратон осуда бошад.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон