Маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 24 декабри соли 2025
Нашри ду асари устод Айнӣ ба забони англисӣ
Бо ибтикори Маркази тарҷумаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ду қиссаи устод С. Айнӣ «Марги судхӯр» ва «Ҷаллодони Бухоро» дар як ҷилд бо забони англисӣ ба табъ расид. Тарҷумаи асар мустақим аз забони тоҷикӣ ба забони англисӣ аз тарафи тарҷумони шинохта Абдусалом Мамадназаров анҷом пазируфтааст. Ба китоб академик Муҳаммадюсуф Имомзода пешгуфтори муфассал навишта, ба хонандагони англисзабон роҷеъ ба асарҳои мазкури устод Айнӣ маълумот додааст. Мавриди зикр аст, ки нашриёти машҳури «Рутлейҷ, Лондон Ню-йорк» соли 2023 асарҳои «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик»-ро низ ба табъ расонида буд.



