Мирзо Насриддин. Нони шарикӣ.

Пора аз роман

… Охири ҳамон ҳафта ҷонишини сардори участка Голубев бригадирҳо, комсомолон, зарбдорони меҳнатро ба мошинаш савор карда, ба Қӯрғонтеппа, ба маҷлиси сардори сохтмон, ки ба наздикӣ таъйин карда буданд, овард. Он ҷо аллакай дар саҳни штаб одамони зиёд ҷамъ омада буданд. Аз бисёрии мошин ва аспу одам ҷойи сӯзанпартоӣ набуд. Аз Душанбе коргарони Сека ва якчанд вазир, ки он вақт онҳоро «комиссари халқ» мегуфтанд, омадаанд. Дар ҳавои кушод, дар саҳни  штаб, барои одамони президиум мизу курсӣ гузоштанд. Коргарон дар болои замин нишастанд, қисме дар атроф рост истоданд. Нахусткотиби Сека Чинор Имомов сухан карду сипас сардори навтаъйинкарда Иван Толстопятов, марди зардинаи миёнқади синнаш аз панҷоҳ гузашта, ба минбар баромад. Баъдҳо коргарон он суханронии Толстопятовро ҳавасмандона ҳар гоҳ ёдовар мешуданд. Ӯ бо садои тозаву маҳкам гуфт:

–Дӯстон, дар тақдир будааст, ки мо якҷоя ба чӯлистони Вахш об оварда, онро гулфишон кунем. Ихтисоси ман мошинист. Солҳои охир дар Қафқоз, дар вазифаи раиси кумитаи пахтакорӣ кор кардам. Ҳоло ба назди шумо, ба сохтмони номдортарини замонамон – сохтмони Вахш омадам. Аллакай ҳашт рӯз шуд ин ҷо ҳастам. Пикетҳоеро (каналҳо дар назар аст), ки ҷониби қитъаҳои Вахш, Тупаланг, Тошработ, Кофар, Ҷӯйбор, Ҷиликӯл, Қумсангир мераванд, дидам. Ба коргарон суҳбат доштам. Дар бандари Панҷи Поён ҳам будам. Аҳволи он ҷоро дида, дурӯғ намегӯям, гиря кардам. Трактору мошинҳое, ки мо бояд ба онҳо кор кунем, экскаваторҳо, ки мо онҳоро аз кишварҳои хориҷа ба ивази тилло мехарем ва дигар масолеҳу таҷҳизот қисме шаш моҳ, баъзе як сол шудааст, ки он ҷо зери барфу борон хобанд. Вагон-вагон фанер аз бориши боронҳо варам карда, корношоям шудаанд. Нуҳсад сандуқи шиша, тол барои бом, дару тирезаҳо хобанд. Оҳанҳои дарозро, ки барои сохтани пулҳо лозиманд, оварда наметавонем. Дар истгоҳи Тирмиз сад трактори «Интернатсионал»-ро, ки ду моҳ пеш оварда будаанд, мошинҳо, қисса кӯтоҳ, алъон, дар ду бандар, камаш зиёда аз дувоздаҳ миллион тонна бор, ҳатто бештар аз ин, интизори мо мебошанд. Ҳеҷ имкон надорем, ки ҳамаи онро ба аспу ароба бор карда биёрем. Ман дидам, ки бушкаҳои сӯзишворӣ, семент ва дигар асбобу анҷомҳоро бо ароба, бо уштурҳо бор карда, ба ин ҷо мерасонанд. Дидам, ки аз симчӯбҳо чана сохта, болои онҳо шохҳоро баста, релсҳои роҳи оҳан, чӯбу тахта ва дигар анҷому таҳҷизҳоти вазнинро бор карда, ба уштуру барзаговҳо кашида меоранд. Дар пуштакӯҳҳо, кӯталу фарозҳо, дар қумзорҳои тафсон ва беодам симтобҳо канда мешаванд. Онҳоро мебанданд, боз канда мешаванд. Чандин маротиба онҳоро мебанданд, вале ба ҷойи даркорӣ расондан наметавонанд. Ба ман шоҳидҳо гуфтанд, ки аспҳову уштурҳо аз бори вазнин, аз сӯзишӣ офтоб дар роҳҳо афтидаю афгор мешудаанд, аз беобӣ сӯхта ҷон медодаанд. Охир, ба он ҷонварҳои безабон чунин ҷафо кардан уболи азим аст. Ба ман рӯзҳоеро ёдовар шуданд, ки дар биёбон одамон аз ташнагӣ беҳол шуда, ҷон бохтаанд. Дар он роҳ мошину тракторҳои вайроншударо, ки партофта рафтаанд, шумурдам, аз панҷоҳто ҳам зиёд аст. Инҳо мошинҳои нав аз завод баровардаю то Тирмиз расонида мебошанд. Ҳамаи ин меҳнатро сарварони сохтмон ба назар нагирифта, одамони тасодуфиро ба сари чанбари мошинҳо шинонда, фармудаанд: «Ҳай кардан гир, куҷое мондӣ, азпасомадаҳо ёрӣ мерасонанд». Дар он сойчаҳову пуштаҳои даромади Ҷиликӯл, ки шумо дидаед, магар каси тракторро надидаю нахонда, онро ронда метавонад?..

Ҷовид он лаҳза дар паҳлуи Каримҷон менишаст. Ба мушоҳидааш омад, ки бештари сарварони пештара, ки ҳоло дар президиум нишастаанд, суханони Толстопятовро бетаваҷҷуҳ гӯш мекунанд, балки он суханон ғазабашонро меоранд. Нигоҳашонро аз издиҳом мегурезонанд. Аммо Толстопятов торафт бо ҳарорати бештар ҳарф мезанад:

–Экскаваторҳои калонро, ки шумо онҳоро дидед, «Драгеронӣ» мегӯянд. Онҳоро дар 120 км роҳ бо «пойи» тасмачархашон ҳай карда оварданӣ шудаанд. Дар роҳ чандтояш аз кор баромадааст. Магар бо моликияти давлат чунин муносибат мекунанд? Он экскаваторҳоро аз Америка харида, то ин ҷо расондаанд. Ба вазнашон пул додагӣ ҳастанд. Ин магар бесоҳибӣ нест?!

Ин лаҳза марди фарбеҳтане аз ҷояш хеста, саллашро ба пеши сараш давонда гуфт:

–Дар бандари Панҷи Поён мошин-мошин чӯбу тахта, сементу дигар масолеҳро ба афғонҳо мефурӯшанд!

Каримҷон ва боз чанд нафар аз дуздиҳои дар участкаҳо рӯйдода низ сухан карданд. Толстопятов бо ишора онҳоро ором карда гуфт:

–Бародарон, ҳукумати Шуро пештар қуввааш бар зидди гвардиячиёни сафед равон буд. Алъон онҳоро аз кишвар берун карда, рӯ ба душманони дохилӣ овардааст. Касе дуздӣ ё душманӣ кард, ҷонаш дар азоб хоҳад буд.

Аз байни издиҳом кадоме бо овози шунаво садо дод:

–Вой бар ҳолашон!

Ин лаҳза марди сурхрӯй, ки дар гӯшаи президиум менишаст, аз ҷояш луқма партофт:

–Рафиқ Толстопятов, танга ду тараф дорад. Шумо фақат як тарафа нишон надиҳед. Дар бораи “Драгерҳо” гуфтед. Онҳоро ба чоҳбуни асосӣ, ки канданаш зарур аст, расондан лозим. Мо маҷбур шудем. Онҳоро ба осмон бардошта бурдан нашавад…

Толстопятов то суханаша гуфтани сурхрӯй сабр кард, сипас ба суханаш идома дод:

–Мо бояд нахуст сохтмони роҳи камбари Панҷи Поён – Сарбандро ба охир расонем. Пас, ҳама гуна қисмҳои мошинро бо поезд ба ҷои лозима расонда, он ҷо ҷамъу гир кардан мумкин. Дар ҳар бист километр истгоҳ сохтан лозим. Барои ин корҳоро ба субут расондан, пеш аз ҳама бояд мутахассисҳоро ба кор бигирем. Сабаби дигаре, ки қисме аз коргарон сарам-дилам кор мекунанд, баъзеҳо гурехта мераванд, набудани шароити зиндагиашон аст. Хаймаҳои брезентие, ки коргарон хоб мекунанд, беҳад гарманд. Бисёрашон аз гармии офтоб мулоим шуда, лахт шуда рафтаанд. Мо қарор додем, ки се-чор бригадаи сохтмон созмон диҳем. Онҳо ҳарчи зудтар барои мутахассисон, коргарон хона ва дигар биноҳои маишӣ созанд. Ба он найзорҳои атроф, ки аспро бо одамаш панаҳ мекунанд, хона сохтан мушкилӣ надорад.

Аз ҳар тараф садоҳо баланд шуданд.

–Офарин, мо розӣ!

–Ҳамин мардак куҷо буд, ки тезтар наомад?

Марди сурхрӯй боз луқма партофт:

–Аз най хона пӯшида намешавад.

Толстопятов ба сухани ӯ эътибор надода, бо оҳанги нармтар гуфт:

–Ман дирӯз аз Душанбе омадам. Ба ман занг зада буданд, ки мутахассисҳоятон омадаанд, онҳоро бурдан лозим. Ба вокзали Душанбе рафтам. Он ҷо ин рафиқон ҳам омада буданд. (Толстопятов ба нафарони паҳлуяш, комиссарҳои халқӣ, ишора кард). Вақте дидем, ки як эшелон коргар омадааст, ҳама моту мабҳут мондем. Омадаҳо муҳандис, роҳсоз, ронанда, харитакаш, устои мошин, устои барқ, бригадаҳои заминков, бетон мерехта. Он мардум дар сохтмонҳои калон кор кардаанд, ҳама соҳибтаҷриба мебошанд. Баъзеҳо бо оилаҳошон омадаанд.

Аз ҳар ҷониб садои «Ур-а-а! Ур-а-а, Вахшстрой!» баланд шуд.

–Истед! саросема нашавед! – Толстопятов хандаашро дошта, гуфт:

– Шумо медонед, ки ҳанӯз роҳи мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа пурра сохта нашудааст, ки онҳоро ба мошинҳо ин ҷо оварда тавонем. Як эшелон, шаст вагон одам… Аз ҳар тараф садои «В–о–ой!» ва ханда баланд шуд. –Ба ин қадар одам, аспу ароба ёфтаю онҳоро то ин ҷо расондан… Худатон мефаҳмед. – Толстопятов ба табассум ва ҳам қасдан истиҳола кардаю ба издиҳом зеҳн монд, аз ҷайбаш рӯймолча гирифта, арақи пешонияшро пок кард, сипас афзуд: – Мо онҳоро ба поезди омадаашон савор карда, ба ақиб баргардондем. Фармудем, ки Тирмиз рафта аз он ҷо ба роҳи дарё, ба киштиҳо савор шуда биёянд. Мо кӯшиш мекунем, ки дар давоми як ҳафта ҳамаи онҳоро ба кор таъмин кунем. – Толстопятов ба коғази наздаш хобида назар андохту ба оҳанги пештара афзуд: –Бояд ба шумо хотиррасон кунам: мо бо Масква гапзанон карда, сохтмони Вахшро ба «гуруҳи сохтмони махсуси зарбдор» гузарондем. Ин он маъноро дорад, ки минбаъд мо ҳама гуна молу маҳсулоти лозимиро дар вақташ гирифта метавонем. Моро минбаъд аз рӯйи гуруҳи дараҷааш «душвор» бо ғизои хуб таъмин мекунанд. Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳам чунин ваъдаро дод. Бовар дорам, корҳои шумо ҳам минбаъд сазовори таҳсин хоҳанд буд.

Аз ҷониби ҷамъомад садоҳо баланд шуданд.

–Корҳо хуб мешаванд!

–Зарбдор мешаванд!

Комиссарҳо ҳам сухан карданд. Сипас ҷамъомад хотима ёфт. Ҷовид дид, ки Каримҷон нигоҳашро ҷониби чанори бузурги паси саҳн, ки дар он зоғҳо чарх задаю шинухез доранд, дӯхтааст. Каримҷон нигоҳи вайро пай бурд ва ба таҳсин сар ҷунбонду гуфт.

–Мегӯянд чун мард воло шуд, гуфтааш волост. Ва раҳораҳ илова кард: – Ба бахти мо марди кордон сарвар шуда омадааст.

Коргарон аз ҷамъомад хушҳол баргаштанд. Сардори нав ҳамаро ба кораш, ба оянда дилпур карда буд. Навомадаҳоро аввал ба сохтмони роҳи оҳани камбари поезд фиристоданд, то ки зудтар роҳро то охир созанд. Қисмеро ба бригадаҳое, ки хона месохтанд, ҳамроҳ карданд. Ҳамон рӯзҳо бригадаи Каримҷонро ба кори чоҳбуни асосӣ партофтанд. Як ҳафта, ки кор карданд, Каримҷон талаб кард, ки пули дастранҷашонро зиёд кунанд. Дар ин асос баҳсҳо карданд, бригада як рӯз ба нишони эътироз ба кор набаромад. Оқибат натиҷа ин шуд, ки ба ҷояшон як бригадаеро, ки ҳама комсомолони таҷрибадошта буданд, ба кори роҳсозӣ машғул карданд. Он рӯзҳо дар аксари участкаҳо, ячейкаҳои партиявию комсомолӣ кушоданд. Ҷавонони қобилиятдоштаро ба аъзогӣ қабул карданд. Иттифоқи касаба созмон доданд. Аз ҳисоби комсомолони чақон гуруҳҳо созмон доданд. Дар ячейкаи зери роҳбарии Ҷовид наздики шаст нафар комсомол буд. Онҳоро ба гуруҳҳо ҷудо карда, ба баъзе тапонча дода, фармуданд, ки бегумон ба деҳаҳо рафта, дар бораи босмачиҳо маълумот фароҳам биёранд, ҳамчунон посбонии масолеҳи участкаҳо, пикетҳоро ба онҳо вогузор карданд. Сардори нав корҳоро бо усули «мусобиқаи сотсиалистӣ”, ки он дар Русия маъмулу машҳур буд, роҳандозӣ кард. Аз байн тахминан чор моҳ гузашту Ҷовид аз рӯйи талаби профсоюз чор нафар фаъолони гуруҳашро ҳамроҳ гирифта, ба толори штаб (ташкили корҳо), ки он ҷо конференсияи иттифоқи касаба баргузор мешудааст, овард. Ҷовид дар даромади саҳн Максимро дид. Максим аз он ки ба кори гараж гузаштааст, хурсанд буд. Хабарҳои навро ба Ҷовид расонд. Гуфт, ки дар дохили гараж курси трактору мошинронӣ кушоданд. Талабгорон ба ин курсҳо бисёр меоянд. Дорои ҳамсинфамон он ҷо дар курси ронандагӣ ва Фурқат дар курси тракторронӣ мехонанд. Сардори кумитаи иттифоқи касаба марди миёнсини айнакдошта – Михайлов ба даъваткардаҳо чунин хабарҳоро расонд:

–Бо ташаббуси профсоюз ва бо иштироки намояндаи партком ва комсомол байни бригадаҳои роҳсозон, заминковон, бетонрезон, пулсозон, харсангканон, инчунин сехҳо, кранчиҳо муоҳидаи корӣ баста, байни коргарон сабқат оғоз шуд. Корхона ҳам ҳаққи дастранҷашон ва ҳам мукофотпулӣ дод. Чунин муносибат коргаронро ба кор сахт дилгарм кард. Ронандаҳо барои он, ки мошинҳояшон бекор намонанд, худашон давутоз карда, усто ёфта, онҳоро дуруст мекарданд. Бригадаҳои заминкову роҳсоз бо хоҳиши худашон даҳ-дувоздаҳ соат кор карда, нақшаро то дусаду сесад дарсад иҷро мекардагӣ шуданд. Аз ҷониби профсоюз ба чунин бригадаҳо, унвони «бригадаи ҳаракати «зарбдор», «стахановчӣ» дода шуд, ки аз соҳибимтиёз буданашон шумо хабар доред. Яъне гилему рӯймолу дигар чизҳои камёб ба пардохти маблағаш метавонанд дастрас бикунанд.

Михайлов сиву ҳашт бригадаро ном гирифта, онҳоро зарбдор эълон намуду бригадаи Каримҷонро ном нагирифт. Ҳарчанд дар тахтаи фахрӣ ҳар ҳафта номи бригадаи онҳо ҳам навишта мешуд. Ҷовид интизор буд, ки Каримҷон хеста мепурсад: «Ба чӣ сабаб бригадаи онҳо аз қатори зарбдорон берун мондааст?». Вале Каримҷон хомӯш буд. Баъде, ки аз толор баромаданд, нигоҳи норозии ҳамкоронро дида гуфт:

–Михайлов дар баромадаш гуфт-ку “Кадом бригадае, ки як соат корпартоӣ карда буд, аз имтиёз маҳрум карда шуд. Мо ҳангоми дар чоҳбуни асосӣ кор карданамон маош кам гуфта як рӯз кор набаромадем, ҳамон боис шудаасту моро аз рӯйхати «зарбдор»-он берун кардаанд. – Ва боз илова кард: – «Ин кори Голубеви бахтак аст! Дуздиҳояшонро ки ба рӯяш мегӯям, қасос меситонад!».

Тирамоҳ омаду ҳаво салқин шуда буд. Ҳоло боз як ду–се ҳафта баҳузур таги курта гаштан мумкин. Баъд боронҳои пайиҳам шуруъ мешаванд. Имрӯзҳо дар ҳама участкаҳо аз пешравии корашон хабар мерасонданд. Дирӯз паровоз се вагон борро то километри сиюм овардааст. Омадани поезд коргаронро руҳбаланд карда буд. Дар суҳбатҳояшон бо ҳамдигар изҳор мекарданд: «Акнун нигоҳ карда намешинем, ки бо хар кай ду халта семент меоранд». Боре Ҷовид бо ҳамкораш Иқбол чархи аробаеро ки дар роҳ шикаста буд, оварда ба усто дода, дигарашро гирифтанд. Чун вақти корбаро наздик буд, Ҷовид онро ба Иқбол дод, ки барад ва худаш ба бошишгоҳ баргашт. Ӯ аз баландии даромади гараж дид, ки бошишгоҳашон ба ду тараф «ёзида», қариб ба деҳа монанд шудааст. Дар мобайн бинои мактаб ва клуб, он тараф хонаҳо батартиб тӯл кашидаанд. Дар атрофи ошхона хаймаҳои брезентӣ ва юртҳои ҳамсояҳо – қазоқу қирғизҳо ҳам ду баробар афзудаанд. Дар гӯшае каппаву козаҳои афғонҳо ба мисли кафтарҳои ҷамъшуда намудоранд. Афғонҳои аз он сӯйи Ҷайҳун омада тахминан сад нафаранд. Дар ботини Ҷовид аз он ки ин қадар одамони касбу кори гуногун аз ҷойҳои дур омада, дар ватанаш бо ҷушӯ хурӯш кору пайкор мекунанд, ҳисси ифтихор рӯ зад. Моҳи гузашта дар бари мактаб боз ду бинои нав пӯшиданд. Онҳо «мактабҳои маҳви бесаводӣ» мебошанд. Кадом рӯз аз шаҳр он ҷо китоб овардаанд. Дар яке, ки калонтар аст, бригадирҳо, устоҳо ва дигар талабгорон баъди кор як ё ду соат ҷамъ омада, савод меомӯзанд. Он солҳо бисёриҳо савод надоштанд. Қисме аз русҳо ҳам хондану навиштанро наметавонистанд. Ҳоло, ки ба як гӯшаи дури ватан омадаанд, дарк карда буданд, ки минбаъд бесаводӣ касро ба бероҳӣ ва берӯзигӣ мебарад. Бояд ҳисобу китобро донӣ, ки ақаллан, бо корфармо шартнома баста тавонӣ. Аз ин боис буд, ки дар хонаи калонтар саводомӯзон зиёд буданд. Ба онҳо муҳандисон, занони дипломдошта дарс медоданд. Ҷовид чанд дафъа баҳри дарсгирӣ ба бинои хурдтар даромада буд. Ин ҷо коргарони ҳизб ва комсомолон дарс мехонданд. Муаллимонро ба ин ҷо бештар аз шаҳр меоварданд. Онҳо аз таърихи ҳизб, қарору қонунҳо ва вазъияти байналмилалӣ суҳбат мекарданд, аз китобҳои бадеии дар он солҳо нашршуда, аз мақсаду муроди нависанда мегуфтанд. Дарсашон бештар ба тарзи саволу ҷавоб мегузашт. Ҷовид аз паҳлуи бинои мактаб гузашту мағозаҳоро чарх зада баромад. Дар як мағоза, ки калонтар аст, хӯрокворӣ мефурӯшанд, дар дуи дигар ҳар гуна либосу матоъворӣ. Чунин мағозаҳо қариб дар ҳама участкаҳо фаъолият доранд. Дар ин мағозаҳо борҳоро бештар аз Русия меоранд. Ростӣ, агар аз як тараф маоши хуб мардумро ин ҷо ба кор ҷалб кунад, аз тарафи дигар ҳамин мағозаҳои сермолу маҳсулот, ки нархи арзон доранд, кашола карда меорад. Ин ҷо дар канортари роҳ як мағозаи дигар ҳам ҳаст. Ҷовид ҳар вақте аз паҳлуи ин мағоза гузарад, вуҷудашро аламу озор фаро мегирад. Ҳангоме ки дар бригадаи Каримҷон кор мекард, боре ба он мағоза даромада дид, ки палто омадааст: онро ба танаш чен карда, хариданӣ шуд, ки фурӯшанда гуфт: «Ин молҳо фақат барои онҳое фурӯхта мешаванд, ки дафтарчаи «зарбдор» ё «стахановчӣ» доранд». Ҷовид ноумед шуда, аз мағоза баромад. Аммо он лаҳза аз худаш дида, ба Каримҷон бештар дилаш сӯхт. Ӯ ба умеде, ки бригадаашонро ба қатори зарбдорҳо гузаронанд, чор моҳ ҳам худаш сахт кор кард, ҳам дигаронро нагузошт, ки даме биосоянд. Гоҳе ба тариқи шӯхӣ ёдовар мешуд: «Як мақол аст, шумо шунидагӣ ҳастед? «Хар аз хар қафо монад, гӯшашро мебуранд». Гоҳе, ки дар охири рӯз сахт монда мешуданд, Ғоиб тоқат накарда, бухси дилашро кафонд: «Ака, зарбдор нашудем, не–дия! О, ин обилаҳои дастҳомона бинед!». Каримҷон ҷавоб дод: «Ман намехоҳам олуфтаҳои моро дар қатори кашолаҳо номнавис кунанд». Боз мегуфт: «Якто гилем ё якто рӯймоли бирешим гирифта, хона барем, занҳомон қусури дер рафтанамонро мебахшанд». Албатта, Каримҷон ҳам аз он ки нисбаташ бетарафӣ, беқадрӣ карданд, сахт озурда шуд…

Дигар хабарҳо