Калиди бахт (Очерк)

 Калиди бахт (Очерк)

?????????????

Садамае ба вуқуъ пайваст, ки тақдири Баҳодурро тағйир дод.
– Амалиёти ҷарроҳӣ… фавран…
Баҳодур одаму оламро хира-хира, гӯё дар ҳолати нимхобу нимбедорӣ медид, ки ин калимаҳо ба гӯшаш роҳ ёфтанд. Таъсири наркоз гузашта бошад ҳам, пайкари ӯ карахту вазнин буд. Хеле кӯшид, ки чашмонашро кушояд. Дандон ба дандон монда, дардро фурӯ бурду хонаро ҳайрон-ҳайрон аз назар гузаронид. Нигоҳаш одамони дар палата хобидаро палмосида гузашт. Сараш сахт дард мекарду дилаш беҳузур мешуд. Ҳамон замон ҳамшираи шафқат дар наздаш ҳозир гашт.
– Ту кистӣ? – базӯр лабони Баҳодур ҷунбиданд. – Фариштаӣ?
– Не, ҳамшираи шафқат.
– Ман дар куҷоям…
– Дар беморхонаи Роғун.
– Дар Неругоҳи «Роғун»?
– Не, дар беморхонаи шаҳри Роғун, – гуфт ҳамшираи шафқат. – Бахтат хандид, ки туро ба ин ҷо оварданд. Шаб дар беморхонаи Файзобод барқ набудааст. Агар туро ба он ҷо мебурданд, аз сад ҷон як ҷонат ҳам намераҳид.
Баҳодур оҳиста чашмонашро пӯшонид. Ашки шӯру сӯзон ба рӯяш таровид. Маълум, ки ба садама дучор шуд. Ҳеҷ ба хотир оварда наметавонист, ки ин ҳодиса чӣ тавр иттифоқ афтод. Вақте ки ҷавоби падари Нозанинро аз забони модараш шунид, гӯё барқ зада бошадаш, такон хӯрд, вуҷудаш ба шӯр омад. Ба мототсикл нишасту сӯи роҳи калон тозонд. Дилашро панҷаи шахшӯле мефишурд, сараш ғуввос мезад, дуруст сарфаҳм намерафт, ки ба куҷо рафта истодааст. Раъд гулдуррос мезад. Барқ оташ меафрӯхт. Борон якзайл меборид. Боди қаҳролуд фиғон мекашид. Вале Баҳодур парвое надошт, суръати мототсиклро баланд мекард. Талу теппаҳоро қафо гузошта, ба пеш метохт. Борон беш аз пеш шиддат меёфт. Шамол мисли гурги гурусна уллос мекашид. Баногоҳ ӯ ду чароғи фурӯзонро дид. «Мошини калон», – гузашт аз дилаш. Шояд ҳамон мошин ӯро пахш кардааст? Не, агар он мошин ӯро пахш мекард, маҷақ мешуд ва ҳоло дар ин ҷо намехобид. Аранге ёд дорад, ки дар канори роҳ Нозанинро дид. Вай шип-шилта тар шуда, аз хунукӣ меларзид.
– Нозанинҷон, – нидо зад Баҳодур ва чанбари мототсиклро ба тарафи рост тоб дод, то ки маҳбубаашро бо худ гирад. Вале ба чизе бархӯрд… Дигар ҳеҷ чизро ёд надорад; на Нозанин буду на раъду барқу на борон. Баҳодур гӯё дар биёбони сӯзоне қарор дошт, ки аз ташнагӣ забон дар комаш часпида буд. Лабҳои парсингбастаашро базӯр кушода, «об» гуфт.
– Ҳоло ба ту об мумкин нест, – меҳрубонона ҷавоб дод ҳамшираи шафқат ва лабони ӯро бо пахта тар кард.
– Ман зери мошин мондам?
– Не, ба дарахт бархӯрдӣ.
– Дарахт шикастааст?
– Намедонам.

***

Баъди чанд рӯз Баҳодурро аз беморхона ҷавоб доданд. Вай азми тамошои шаҳри Роғун намуд. Шаҳреро дид, ки ба афсонаи модаркалон шабоҳат дошт. Кӯҳу пуштаҳое, ки шаҳрро ҳалқавор печонида буданд, пероҳани сабз дар бар карда, дилрабо менамуданд. Биноҳои бисёрошёна, ки яке аз дигаре зеботар ба назар мерасиданд, беҳисоб буданд. Онҳоро дарахтони сарсабз ба оғӯш гирифта буданд. Роҳи олиҷаноби мошингард, сутунҳои барқ, ки шаб ҳама ҷоро чароғон мекунанд, ба ҳусни шаҳр ҳусни дигар зам менамуданд. Дар ду бари роҳ гулҳои рангоранг шукуфону дарахтони сояафкан қад кашидаанд. Роҳравҳои ду ҷониб кушоду озодаанд. Одамон дар бар либосҳои идона дар хиёбони марказӣ аз ҳавои атромез нафас кашида, сайр мекарданд. Баъзеҳо бо ҳам рози дил мегуфтанд. Бархе аз муҷассамаи баланди алюминии мунаққаш, ки рамзи дӯстиро дошт, чашм наканда, дар ҳавои орзуҳояшон хумор мешикастанд. Дар чеҳраҳои шукуфони ҳамаи онҳо осори ҳаёти осоишта, иттиҳоду бародарӣ, бахту саодат ҳувайдо буд. Парандаҳо ба ҳар мақом хушхонӣ доштанд.
Ба рӯи Баҳодур олами нав, оламе, ки тавассути Неругоҳи барқи обии «Роғун» дараш боз мешавад, ҷилва намуд. Ҳаво на гарм буду на сард. Насимаке вазида, сару рӯи Баҳодурро нарм-нарм навозиш мекард. Аз чаҳор сӯ бӯи хуши гулу гиёҳҳо ба машомаш мерасад. Бо дидани азамату шукӯҳи нақши дастони одам чашмаш ҷило гирифт, ҷонаш ҳаловат бурд ва шайдои шаҳри Роғун шуд. Ногоҳ чашмаш ба ҷавонмарди бокитфубозуи чеҳракушоде афтид. Баҳодур ба ӯ бо эҳтиром салому алайк кард.
– Мумкин ба шумо як суол диҳам?
– Марҳамат.
– Дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» кор мекунед?
– Бале, нақбкан ҳастам, – бо ифтихор ҷавоб дод ҷавонмард.
– Ман ҳам мехоҳам нақбкан шавам. Барои ин чӣ кор кардан лозим аст?
Мард ба рӯйи Баҳодур синчакунон нигариста гуфт:
– Тавре мегӯянд, хоҳӣ, ки жарфои оби рӯдро бидонӣ, ба он ғӯта бизан.

***

Волидайн «ҳоло пурра шифо наёфтаӣ» гуфта, намегузоштанд, ки Баҳодур даст ба оби хунук занад. Баҳодур ба сартарошхона рафта, ришашро тоза тарошид, мӯйи сарашро кӯтоҳ кард. Ба хона баргашта, ғусл карду либосҳои тозаашро пӯшид. Атр пошид ба гардану рӯяш. Ба орият рӯйи курсӣ нишаст. Чашм пӯшиду худро дар Роғун тасаввур кард.
Аз ин рафтори ӯ падар рамуз бардошта, гуфт:
– Офарин, писарам! – Ба мулоқот меравӣ?
– Не, ба ҷое меравам, ки дар тамоми дунё машҳур аст.
– Ин хел ҷо куҷо будааст?
– Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун». Аз Роғун қарздорам, – дарҳол ҷавоб дод Баҳодур.
– Қарздорӣ? – ҳайрон шуд падар.
– Қарзат чанд сум аст?
– Пул не, падар, – ҷиддӣ гуфт Баҳодур. – Ҷон қарздорам! Охир, Роғун маро аз марг наҷот дод. Агар Роғун намебуд, ҳоло шумо дар сари қабрам нишаста, ашк мерехтед. –
Ҳа-а, – мад кашид қиблагоҳ ва дақиқае ба фикр фурӯ рафт. Сонӣ суханонеро ба забон овард, ки Баҳодур ҳеҷ чашмдор набуд: – Писарам, Роғунро бе ту ҳам месозанд.
Баҳодур аз ин суханони ногаҳонӣ ҳатто якбора ба худ ларзид. Ҳамзамон аз умқи дилаш мавҷи хашм бархест. Вале Баҳодур онро саркӯб карду ба падар рӯй овард:
– Бобокалонам бе ягон дудилагӣ ба сафи Калтакдорони сурх пайваста, муддати ду сол муқобили босмачиҳо ҷангид, хун рехт, вале зинда монду ғолиб омад. Вай неруманд буд, хастагиро намедонист. Мегуфт, ки дар обу оташи муборизаҳо бо душманони синфии он замон – босмачиён чун пӯлод обутоб ёфтаам. Бобоям нагуфт, ки «бигузор дигарон ба муқобили фашистон биҷанганд». Рӯзи аввали ҷанг ихтиёрӣ ба фронт рафт. Панҷ сол ҷон ба каф гирифту аз миёни обу оташ гузашта, фашистонро саркӯб кард. Як дасташро бой дода бошад ҳам, бо зафар баргашт. Бе иддаову миннат касби чӯпониро идома дод. На хона гуфт, на дар. На шаб хоб рафту на рӯз ҳаловат бурд. Шиори ӯ дар зиндагӣ: бигузор одам каҷ бошаду дилаш рост.
Ҷигарбандаш ҳеҷ гоҳ ба ӯ чунин суханонро нагуфта буд. Аз ин рӯ, бо ҳайрати тамом аз ӯ чашм намеканд.
– Ҳайрон нашавед, падар. Ин суханҳо бофтаи ман нестанд. Шумо бо ифтихор қисса карда будед. Ё дурӯғ мегӯям?
Қиблагоҳ бо азми чизе гуфтан сулфа зад, баъд аз раъяш гашту нигоҳашро аз писар гурезонд. Баҳодур суханашро идома дод:
– Агар ҳар падар мисли шумо ба писараш бигӯяд, ки бе ту ҳам Роғунро месозанд, он гоҳ тақдири ин сохтмон чӣ мешавад? Оё бегонаҳо омада, ин неругоҳро месозанд? Бигӯед, падар, оё дигарон ба ҷои мо неругоҳро месозанд?
Падар ба ӯ нигарист, вале забонаш ба гап напечид. Баҳодур афзуд:
– Ҳеҷ кас ҳеҷ гоҳ омада ба ҷои мо Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро намесозад. Ҳа, аз ҳеҷ кас бӯи умед нест. Ҳама дар ғами худ, ҳама тамошогар. Мо бояд онро худамон созем. Шиорамон имрӯз бояд ин мисраи шоир бошад: «Ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунам, кӣ мекунад?!» Ҳамин тавр не, падар?
–Писарам, аз уҳдаи кор мебароӣ? Боз сари моро назди мардум хам накунӣ?
– Ҳаргиз! Ҷавоби қатъии Баҳодур падару модарро хурсанд кард.
– Хуб шудааст, писарам. Кай ба Роғун меравӣ?
– Худи ҳозир.
– Не, ин хел намешавад, писарам. Бегоҳ зиёфат ороста, апаҳоят ва хешу таборро даъват мекунем.
– Ҳангома чӣ лозим? – эътироз намуд Баҳодур.
– Дар кори хайр ҳоҷати ҳеҷ истихора нест, – гуфт амаки Давлат ва аз Каломуллоҳ оятеро қироат карду ба ҷигарбандаш дуо дод: – Илоҳо, ба муроду мақсад бирасӣ!

***

Роғун Баҳодурро хуш қабул кард ва бахташ хандид, ки ба корфармои хуб афтод. Аз лаҳзаи аввал нақбкани моҳиру номдор ба Баҳодур маъқул шуд ва дар симои ӯ такягоҳу мураббии худро ёфт. Ҳоло ӯ аз ин ки шона ба шонаи мард қадам зада, ҳамсуҳбаташ буд, лаззате васфнопазир мебурд. Дар қалбаш чизе мисли нурҳои офтоб сар бармедошт, вуҷудашро гарм менамуд ва дар ниҳодаш нисбат ба Давлат Баҳодур эҳсоси ихлосу муҳаббат бедор мешуд.
Давлат Баҳодур ӯро ба майдончаи тамошо овард. Аз он ҷо кӯҳҳои Роғун чун дар кафи даст намоён буданд.
– Ба ин кӯҳҳо нигар. Чӣ қадар боҳашамат ва зебоянд, – гуфт ӯ. – Наваду се дар сади Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ки сарвати беназир мебошанд. Дар қалби онҳо он қадар ганҷ нуҳуфтааст, ки Тоҷикистонро ба биҳишт табдил медиҳад. Агар ин кӯҳҳо намебуданд, дарғоти Роғунро ҳам сохтан имкон надошт.
Пас аз каме андеша Давлат Баҳодур суханашро идома дод:
– Деҳаи мо дар домани кӯҳи бузурге ҷойгир шудааст. Кӯҳ аз айёми бачагӣ диққати маро ба худ ҷалб мекард. Ба он менигаристаму як эҳсоси аҷибе маро фаро мегирифт. Баъдтар ба назарам чунин мерасид, ки кӯҳ маро сӯи худ мехонад. Боре ҳамроҳи ҳамсояамон Мансур ба кӯҳ ҳезумчинӣ рафтаму онро аз наздик дидам ва ба он дил бастам. Ин воқеа дар ёздаҳсолагиам ба вуқуъ пайваст.
Давлат боре аз рӯи ҳавову ҳавас ҳамроҳи ҳамсояашон Мансур ба кӯҳ ҳезумчинӣ рафт. Вақте ки ба кӯҳпоя расиданд, офтоби дурахшони баҳорӣ анвори худро ҳимматбаландона фурӯ мерехт ва насими роҳатбахш оҳанги гӯшнавозе менавохт. Садои кадом парандае низ ба гӯш мерасид. Ин садоро Давлат бори аввал мешунид.
– Ин овози уқоб аст, – шарҳ дод акаи Мансур.
– Уқоб?
– Уқобро надидаӣ?
– Не.
– Ҳеҷ гап не, як рӯз не, як рӯз мебинӣ, – гапро кӯтоҳ кард Мансур.
Кӯҳпоя аҷаб тамошобоб буд, ба кас ҳаловат мебахшид. Виқор, салобат ва шукӯҳи кӯҳи ба осмон саркашида Давлатро мафтун кард. Мансур сурудхонон навдаҳои хушкшудаи дарахтонро ҷамъ меовард. Давлат ба ӯ пайравӣ кард. Як дарза ҳезум сари китф Давлат ба хона омад. Модар чашм ба роҳи ӯ буд.
– Куҷо будӣ? Ин чӣ?
Модар ба назар хеле парешонхотир менамуд. Дар овози ӯ хастагӣ ва оташинӣ эҳсос мегардад.
– Ҳезум. Аз кӯҳ чидам.
– Аз кӯҳ? Вой ман мурам. Кай рафтӣ, бо кӣ рафтӣ?
– Бо ҳамсояамон Мансур. Модар аз ӯ чашм наканда, ба фикр фурӯ рафт.
– Оча. Кӯҳ рафтанамро ба падарам нагӯед?
– Агар ваъда диҳӣ, ки дигар ба кӯҳ намеравам, намегӯям.
Давлат ваъда дод, аммо ба ваъдааш вафо карда натавонист. Меҳри кӯҳ ғолиб омад. Рӯзи сеюм ба назди кӯҳ рафт. Садоҳои шинос ба гӯш расид. Онҳо ба дили Давлат ҳамовоз гашт. Вай кафи дастонашро пеши даҳон карнай карда, бо тамоми овоз фарёд зад:
– Салом!
Дар посух «Салом» ба гӯш расид.
– Ман туро дӯст медорам!
Дар посух «ман туро дӯст медорам» ба гӯш расид.
Шомгоҳ ба хона баргашт. Хайрият, ки падар дар хона набуд. Модар абрӯ дарҳам кашида, норозиёна ба ӯ чашм дӯхт. – Ваъда чӣ шуд?
Давлат гунаҳкорона сар хам кард.
– Писарам, беҳуда вақтатро зоеъ накун, – насиҳатомез гуфт модар.
Давлат саросема хӯроки шомро хӯрду хоб рафт. Акнун зуд-зуд ба назди кӯҳ меомад. Рӯзе он қадар ғарқи тамошо шуд, ки чӣ тавр шаб шуданро нафаҳмида монд. Падар бо қавоқи гирифта ӯро пешвоз гирифт.
– Дар куҷо будӣ? – бо қаҳр пурсид падар.
Давлат рости гапро гуфта натавонист. Дурӯғ бофт.
– Дар хонаи амаки Қурбон.
– Дар он ҷо чӣ кор кардӣ?
– Бо писараш, Тоҷиддин дарс тайёр кардем.
– Ку, пеш даро, – ӯро ба хонаи амаки Қурбон бурд падар.
Ҳамсари Қурбон холаи Соҷида ба пешвозашон баромад.
– Тоҷиддин дар хона аст? – пурсид падар аз ӯ.
– Не, – ҷавоб дод холаи Соҷида.
– Пагоҳӣ ба хонаи холааш рафта буд.
Дурӯғи Давлат фош шуд. Падар оташ гирифт.
– Агар росташро гӯӣ, ин гуноҳатро мебахшам, – гуфт падар дар хона. – Агар не, ҷазо медиҳам.
Падар химчаеро ба даст гирифт.
– Дар кӯҳ будам. Барои тамошо.
Падар бо химча ӯро мезаду мегуфт:
– Ба ҷойи анҷоми корҳои хона ва нигоҳубини гову мол кӯҳро тамошо мекунӣ? Боз ба кӯҳ меравӣ?
– Не, дигар намеравам.
Қавл дод ба падар. Вале боз ба қавлаш вафо карда натавонист. Рӯзе дид, ки уқобе дар қуллаи кӯҳ лона сохт, тухм гузошт, бача баровард. Ӯ хост ба кӯҳ баромада, бачаҳои уқобро гираду ба хона оварда, ром созад. Падар аз ин нияти ӯ огоҳ шуда, дод зад:
– Ту девона шудӣ магар?! Ҳаргиз ин корро накун!
– Чаро?
– Аввалан, чӯҷаро аз модараш ҷудо кардан убол аст. Сониян, уқоб ҳатман ҷазо медиҳад.
– Чӣ хел ҷазо медиҳад?
– Метавонад чашмонатро канда гирад ва ё туро ба осмон бардошта, ба замин партояд.
Вай хандаашро дошта натавонист.
– Наход як паранда маро бардошта тавонад?
– Метавонад.
– Наздик омада ҳам бинад, бо асо гарданашро мешиканам.
Рӯзе дар деҳа навбати подабонии Давлатшон буд. Саҳари рӯз ҳамроҳи рафиқонаш подаро аз деҳа берун карда, ба чарогоҳ бурд. Вақте ки офтоб ба чошт наздик омад, ба гӯши Давлат садое расид. Як қад парида, ба осмон нигарист. Уқобе дар осмон мечархад ва аз он баландӣ ба пода менигарад. «Тамошо мекунад», худ ба худ гуфт Давлат. Сипас рӯ ба уқоб оварду дод зад:
– Тамошо кун, уқоб. Зӯрат ба ин ҷонварон намерасад.
Баногоҳ уқоб дар як мижа задан тирвор поин шуду бо чанголҳои тези худ бузеро ба ҳаво бардошт. Аз тарс Давлат «воҳ» гӯён нидо намуду ба замин нишаст, вале аз уқоб чашм намеканд. Буз бо садои ҷонхарош мехост худро аз чанголи оҳанини уқоб раҳо кунад, вале ин ба ӯ муяссар намегашт. Уқоб бузро ҷониби кӯҳ бурд ва пас аз лаҳзае аз назар ғоиб шуд. Дили Давлатро изтироб фишурд. Дандон ба лаб зер карду аз сараш гузашт: хайрият уқоб маро набурд.
Бегоҳ маълум шуд, ки уқоб ягона бузи холаи Садафмоҳро бурда будааст. Бегоҳӣ холаи Садафмоҳ омада, товони бузашро талаб намуд.
– Охир, бузатро уқоб бурд.
– Ту бояд онро аз чанголи уқоб раҳо мекардӣ.
Падар ноилоҷ бузи худро ба холаи Садафмоҳ дод.
–  Ана, дидӣ, – гуфт падар. – Хостӣ бачаи уқобро бигирӣ. Уқоб ҷазо дод.
Давлат нақлашро чунин ҷамъбаст намуд:
– Ҳамин тавр, меҳри кӯҳ маро ба Роғун овард.
Баҳодур аз кӯҳ чашм наканда, ба фикр фурӯ рафт. Лаҳзае пас садо баланд кард:
– Эҳ, ин қадар абрҳо дар осмон ҷамъ шудаанд!
Давлат боло нигарист.
– Ба фикрам, онҳо ба тамошои Роғун омадаанд, – идома дод Баҳодур.
– Офарин! – нидо намуд Давлат. – Мушоҳидакор будаӣ. Лекин онҳо барои тамошо не, барои он омадаанд, ки оби худро ба дарёи Вахш бирезанд ва ба неругоҳ ёрӣ расонанд, то зудтар баҳри Роғун бунёд ёбад. Ин баҳр оинаи бузургеро мемонад, ки осмон, офтобу моҳу ситораҳо чеҳраи худро дида метавонанд.
Лаҳзае раъд синаи осмонро бо садои гӯшхарош гӯё дарид, ки борон ба боридан шуруъ кард.
– Ин фоли нек аст,  гуфт Давлат.

***

Нақбҳои дар қалби кӯҳ кандашуда Баҳодурро маҳви ҳайрат намуданд.
– Ростӣ, ин ҳама ба афсона монанд аст, – ба шавқ омад Баҳодур.
– Беихтиёр қиссаи Фарҳоду Ширин ба ёд меояд.
– Не, додар, ин афсонаи Фарҳоду Ширин нест, ин ҳама бо арақи ҷабин ва заҳмати сангин бунёд ёфтааст. Дар зери ин кӯҳҳо медонӣ чӣ қадар нақб сохта шудааст?
Баҳодур ба маънои «намедонам» китф дарҳам кашид.
– Қариб ҳаштод ҳазор метр.
– Воҳ, ҳазорхонаи говро мемондааст-ку.
Давлат хандиду гуфт:
– Ту аз рӯи касби подабониат андеша меронӣ. Ин ҷо дунёи афсона аст. Ба қавли як рӯзноманигор: «тамаддуни зеризаминӣ».
Баҳодур шарм дошт, сурх шуд, сар хам кард. Баъд худ надонист, ки ин ҳарф чӣ гуна аз забонаш баромад.
– Ҳеҷ гап не, дар ин касби подабонӣ ҳам ба кор меояд. Масалан, говзӯрӣ.
Боз хандид Давлат ва гуфт:
– Не, додар, дар ин ҷо говзӯрӣ ба кор намеояд. Дар ин ҷо илму дониш, ҳунар, ҷасорат ва ғурури миллӣ зарур аст. Фаҳмидӣ?
– Фаҳмидам, – ҷавоб дод Баҳодур ва пас аз каме андеша пурсид.
– Қалби кӯҳҳоро ин қадар сӯрох кардед, магар онҳо фурӯ намераванд?
– Не, ҳаргиз! Мо гӯё кӯҳҳоро ҷарроҳӣ намуда, қабурғаҳои оҳанину бетонии нав мондем, ки ҳеҷ гоҳ газанд нахоҳанд ёфт.

***

Дар назди Баҳодур роҳи нави ҳаёт кушода шуд. Ба хаёлаш ҳам наомада буд, ки рӯзе ба Роғун меояду ба он дил мебандад. Либоси махсуси коргарӣ ба тан карду ба по мӯзаи резинӣ пӯшид. Вале дилаш нашуд тоқиро аз сар гирифта, ба ҷояш кулоҳи пластмасии ҷилодор пӯшад.
– Бо тоқӣ кор кардан мумкин нест, – гуфт Рустам, ки ӯро раҳнамоӣ мекард. – Бояд кулоҳи пластмасӣ бипӯшӣ.
– Тоқии ман аз ин кулоҳи пластмасӣ бақувваттар аст.
Ба хотири Рустам чизе расиду ба Баҳодур рӯй оварда, гуфт:
– Гӯш кун, ки шоир чӣ мегӯяд:

Ҷойи тоқӣ ман кулоҳи оҳанин мепӯшам акнун,
Мешавам ман корманди НОБ-и Роғун,
Чунки андар ин набарди нуру зулмат
Ҳал шавад тақдири Истиқлоли миллат.

Баҳодур оҳиста тоқиро аз сар гирифту кулоҳи пластмасии ҷилодорро пӯшид. Ӯро шинохта намешуд.
– Ба ту зебид! – хитоб намуд яке аз коргарон.
– Акнун ба ҷойи кор меравем, – гуфт Давлат
Онҳо вориди нақб шуданд. Дар байни нақб ҷӯйчаи об ҷорӣ буд.
– Ин об аз куҷо меояд?
– Аз пармаҳо. Ҳангоми бо парма шикоф кардани кӯҳ парма чӣ мешавад?
– Гарм! – хитоб намуд Баҳодур. – Чунон гарм мешавад, ки суп-сурх мегардад. Агар хунук накунем, шикаста пора-пора мешавад.
– Офарин, барои чӣ?
– Барои он ки парма бо ҷинсҳои сахти кӯҳӣ соиш мехӯрад.
– Ту инро аз куҷо медонӣ?
– Дар устохонаи мактабамон дастгоҳи пармагарӣ доштем, дар он кор мекардем.
– Эҳа, ту пармагари тайёр будаӣ-ку. Лекин пармаҳои мо аз пармаҳои мактаби ту фарқ доранд. Онҳо ба ҷойи кори бригада омаданд.
Ҷавонмарди қадбаланди лоғарандом дар сар тоскулоҳи пластмасӣ, дар бар нимтанаи брезентӣ, дар по мӯзаи кирз бо дастгоҳи азим синаи кӯҳро мешикофт.
– Ана бо ҳамин Фарҳоди замон ҳамроҳ кор мекунӣ, – ба Баҳодур гуфт бригадир. – Пӯсту устухон бошад ҳам, дар кор моҳир аст. Мегӯянд-ку: «Кор шамшер мекунад, на ғилоф».
– Номи ман Ғафсиддин, – худро шиносонд ҷавонмард.
– Ғафсиддин? – Баҳодур хандаашро дошта натавонист. Баъд узр пурсид.
– Бахшиш напурс. Одат кардаам. Дар авлоди мо ҳама мисли ман лоғаранд. Маро бо умед Ғафсиддин ном ниҳоданд, то ки фарбеҳ шавам. Вале умедашон ботил баромад. Аз афташ, решаи авлоди мо ҳамин хел аст.
Ғафсиддин суханро аз сифати бригадир оғоз намуд:
– Давлат инсони ҳақиқист. Дилаш соф, нияташ пок. Ба ҳама ёрӣ мерасонад, некӣ мекунад. Ба ғаму шодии дигарон шарик аст. Шояд аз ҳамин сабаб ӯ нисбат ба синну солаш хеле ҷавон менамояд. Бояд одаму одамгариро аз ӯ омӯзем! – Шиори бригадаи мо ин сатрҳои шоир аст:

Бесутун садди раҳи Кӯҳкану Ширин аст,
Мард он аст, ки кӯҳ аз сари раҳ бардорад.

Баҳодур болу пар баровард, бо дили гарм, бо шавқу завқ ва ғайрати беандоза пайи аз худ кардани касби нақбканӣ гашт. Ғафсиддин, ки ӯро Баҳодур ҳамеша бо эҳтиром «бародар» мегуфт, ба вай чун бародари меҳрубон ва ғамхор муносибат менамуд ва бо рағбати тамом нозукиҳои касби нақбканиро меомӯзонд. Тарзи истифодаи дастгоҳи пармагариро амалан нишон дода, мегуфт, ки бештар ба ҳаракати дастонаш нигарад. Баҳодур ба ӯ зеҳн баста, ҳарчи фармоиш медод, зуд ба сомон мерасонд. Воқеан Ғафсиддин дар кор устухон надошт. Бақувват ва девкор буд.
– Хаста намешавед? – боре пурсид Баҳодур аз устодаш.
– Не. Чунки кор ба табъи дилам аст.
Ғафсиддин ҳамеша имконият медод, ки Баҳодур мустақил кор ва андеша карданро ёд гирад. Ҳар гоҳ, ки мушкиле пеш меомад, байти пири хирад Саъдиро ба забон меовард:

Мард бояд, ки ҳаросон нашавад,
Мушкиле нест, ки осон нашавад!

***

Инак, ба Баҳодур дастгоҳи пармагариро бовар карданд.
Ҳафиз ба ӯ дуо дод. Баҳодур бе ягон тарсу ҳарос дастгоҳи пармагариро ба кор андохту ба қалби кӯҳ равон кард. Дар замираш эҳсосе рӯ зад, ки гӯё бо пулемёти «Максимка» ба ҷанг даромада бошад. Вай ин пулемётро дар филмҳо бисёр дида буд. Пулемёт ба фашистон имкони сар бардоштан намедод. Тир борон барин мерехт аз осмон.
Аз соиши парма бо ҷинси кӯҳӣ садои гӯшхароше бармехест. Лекин Баҳодур ба ин садо одат кард. Бо мурури вақт ба гӯшаш фораму гуворо мерасид. Инчунин бӯи тунде ба атроф паҳн гашта, ӯро иҳота менамуд ва гӯё тела дода, аз нақб берун кардан мехост. Аммо Баҳодур сар намефуровард ва бо неруи зиёдтар пармаро ба қалби кӯҳ равон менамуд. Бад-ин минвол, дар қалби кӯҳ сад сӯрохӣ бо диаметри 37 милиметр, дарозии 3,5 метр барои ҷойгир кардани борут омода гаштанд. Саъю кӯшишаш ба бригадир хуш омад, ки гуфт:
–  Дар устохонаи мактаб вақтро беҳуда нагузаронда будаӣ. Дастгоҳро ба ту бовар мекунем. Метавонӣ мустақилона кор кунӣ.

***

–Барои Нозанин! – вай номи маҳбубаашро ҳамчун дуо ба забон меовард ва дастгоҳи пармагариро ба қалби кӯҳ равон месохт. – Барои Нозанин!
Ҳамин тавр, номи Нозанин дар забон, ёдаш дар дил заҳмат мекашид. Нақбканӣ барои Баҳодур ба мактаби зиндагӣ, такмили донишу маҳорат, ҷасорат, майдони корнамоӣ табдил ёфта буд. Рӯз ба рӯз, ҳафта ба ҳафта, моҳ ба моҳ маҳорати ӯ сайқал меёфт. Китобҳои заруриро мутолиа мекард. Зоҳиран ва ботинан тағйир меёфт. Шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, ҷонашро дареғ намедошт, дилу ҷигар месӯхт. Ба қавле, дигар на об мегуфту на алоб. Валекин аз чӣ бошад, ҷонфидоии Баҳодур ба муҳандиси техникаи бехатарӣ хуш наомаду насиҳатомез гуфт:
– «Гоҳ гирди кору гаҳ гирди ёр» гуфтаанд. Мегӯянд, ки кор гург нест, ки ба ҷангал гурезад. Калиди ҳамаи ганҷҳо саломатӣ аст.
– Суханҳоятон дуруст аст, бародар, – гуфт Баҳодур.
– Дуруст, ки бошанд, қонуни меҳнатро риоя кун. Фаҳмидӣ?
– Фаҳмидам, бародар.
Вале Баҳодур реҷаи корашро тағйир надод. Боз муҳандиси техникаи бехатарӣ ба ӯ часпид.
Ҳафиз бо ғазаб ба ӯ нигаристу сахт гуфт:
– Ин қадар воҳима накунед.
– Воҳима намекунам, ҳақиқатро мегӯям.
Ҳафиз арақҳои сарди пешониашро бо пушти даст пок намудаву ғазабашро пинҳон надошта, ҷеғ кашид:
– Э, монед ҳамин ҳақиқати бемаъниатонро! Магар ғури порина доред, ки кана барин ба Баҳодур часпидед? Баҳодур нақбкани моҳир аст, шабу рӯз ҷон мекоҳонад, нақшаро барзиёд иҷро мекунад. Тайёр аст ҷонашро барои Роғун фидо кунад. Фаҳмидед?
Ҳафиз даме ба андоми ошуфтаи муҳандиси техникаи бехатарӣ нигоҳ карда истоду баъд пурсид:
– Оё шумо метавонед ҷонатонро барои Роғун фидо кунед?
Ӯ ҳар қадар худро маҷбур кард, аз гулӯяш садои «ҳа» набаромад. Забонаш лол гардида, ба ҳолати ногувор афтод.
– Бигӯед, охир! Хост чизе бигӯяд, аммо аз нигоҳи тези Ҳафиз ибо карда, лаб фурӯ баст.
– Метавонед ё не? Аз гулӯи ӯ базӯр садои «надонам» баромад.
– Шумо надонед, кӣ медонад? Яъне, ки наметавонед. Пас аз ӯ чӣ мехоҳед?
Ӯ аз аспи ҷаҳл поин шуда буд, лекин пой аз рикоб набардошта, гуфт:
– Мехоҳам, ки Баҳодурات дар маҷлис муҳокима кунед…
Айнан дар ҳамин лаҳза Давлат пайдо шуд.
– Хафа нашавед, – хандон дасти ӯро фишурда, такон дод Давлат . – Ҳоло ӯро муҳокима не, табрик мекунем.
– Чӣ-ӣ? Табрик мекунед? Барои чӣ? Чаро?
– Барои мукофоти давлатӣ. Медали «Хидмати шоиста».
Гӯё ҳуш аз сари ӯ парид. Даме лол монд. Баъд ба худ омаду чашмонашро калон кушода, ба чеҳраи Давлат нигарист.
–Чӣ хел? Чаро? Шӯхӣ будагист. Ё маро масхара мекунед? Айб нест?
– Ҷиддӣ, — гуфт Давлат . – Дар редаксия ин хабари хушро расониданд.
– Оҳо, дар вақташ омадаам, – хурсандона хитоб кард мухбири рӯзномаи шаҳрӣ.
– Бале, хушдоманат дӯстат медоштааст, – бо табассум гуфт Ғафсиддин.
Рӯзноманигор хост сурати Баҳодурро бигирад ва мақолае навишта, дар рӯзнома чоп намояд. Баҳодур розӣ нашуд.
– Ба ин шоиста нестам, – гуфт ӯ. – Зеро коре накардаам, ки кирои таъриф бошад.
Вале ҳамкорон ӯро розӣ намуданд. Рӯзноманигор сураташро гирифту бо ӯ суҳбат кард. Мақола бо сураташ дар рӯзномаи шаҳрӣ чоп шуд. Ҳама ӯро табрик мекарданд, дасташро мефишурданд, аммо хаёли ӯ дар дигар ҷо буд. «Кош ин рӯзнома ба дасти Нозанин бирасад», – мегуфт худ ба худ. Вале ҳоло намедонист, ки рӯзнома натанҳо ба дасти Нозанин расидааст, балки калиди бахташ гардидааст.

Шералӣ Мӯсо

Дигар хабарҳо