Заҳматкаши неруманди таърихнигорӣ

 Заҳматкаши неруманди таърихнигорӣ

Муаррих ва публитсисти пуркор, профессор Усмонҷон Ғаффоров бо осори сазовор дар заминаи таърихи фарҳанги миллии тоҷикони садаи бист ва ҷойгоҳи чеҳраҳои номии сиёсат, адабиёт, фарҳанг ва маорифи миллии даврони нав шуҳрат дошт. Беш аз сад китоб ва шояд беш аз ҳазор мақола оид ба гузаштаву имрӯзи миллат ва корномаи бузургон хидмати муҳимму мондание ба таърих аст ва бурун аз андоза хидматгузории ин марди соҳиб­ганҷро собит менамояд.

Дар осори Усмонҷон Ғаффоров силсилаи зиёди аснод ва маводи таърихиву адабӣ ҷойгоҳе ёфта буданд. Муаллиф чун равшангари беминнат барои равнақи маърифати ҳамзамонон нақши арзанда гузошта, бо истифода аз маводи ганҷинаи нодиру рангини худ барои бознамоиву рӯйи саҳифа овардани нуктаҳои аз назарҳо дурмон­да, вале муҳимми рӯзгори шахсиятҳои барҷаста ва беназири миллат иқдом намудааст.

Ному мақоми Усмонҷон Ғаффоров дар таърих бо осори арзишмандаш боқӣ мемонад. Ӯ аз табори равшанга­ронест, ки аз дер боз бо маънавияти олӣ унс доштанд. Пояи хонаводагиаш аз китобу китобхона устувор гардида буд. Хислати вежаи худододаи ӯ ишқу муҳаббат ба китоб ва навиштан буд. Эътиқод ба қаламу коғазу китоб дар сиришташ реша дар умқи хонаводагӣ дорад. Ба ҳамин ҷиҳат баҳрамандӣ аз равишу суннати хонаводагии мавсуф ва хонаводагоне амсоли онҳо имрӯз ба мо муҳим ва кирои тааммул аст.

Китобҳояш “Равшангари таърих” (1990), “Марди зарифу шариф” (1996), “Бобоҷон Ғафуров – фарзанди фарзо­наи миллат” (1996), “Фарзанди замон” (1997), “Ҳамдами халқ” (1997), “Наху­ствазирзани тоҷик” (1998), “Алломаи замон” (1998), “Марди накӯном” (1998), “Турсун Ӯлҷабоев” (1999), “Академик Қорӣ Ниёзии Хуҷандӣ” (2000), “Нобиғаи айём” (2000), “Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев” (2001), “Султони диёри сухан” (2001), “Миллат аз афрод меёбад мақом” (2004), “Назаршо Додхудоев” (2005), “Фурӯғи ҳиндшиносии тоҷик” (2006), “Падарам – тоҷи сарам” (2006), “Ду шохаи пурбор” (2006), “Шаҳбози осмо­ни сухан” (2007), “Абдулаҳад Қаҳҳо­ров” (2009), “Кишваршиноси асили Хистеварз” (2011), “Лоиқ Шералӣ” (2012), “Карим Абдулов” (2014), “Ахта­рони беғуруб” (2014), “Ҳодӣ Кенҷаев” (2014), “Генерал Темурҷон Раҳимбоев” (2014), “Зебуннисо Рустамова” (2015), “Баҳодури даштҳои ташналаб” (2015), “Фурӯзандаи маърифат” (2015), “Чоряк аср ҳамнафас” (2019) ва ғайра худ гувоҳанд.

Китобҳои таълифкардаи Усмонҷон Ғаффоров дар 20-25 соли охир дар қиёс ба солҳои пеш хеле зиёд буданд, ки кам касе ба ин кор вақту имкону ҳавсала дорад. Дар ин синну сол ғо­либан маҳсули зеҳни инсон назар ба давраи пеш кам мешавад. Аммо олим хеле зиёд менавишту хаста намешуд. Баъзе солҳо ҳатто то панҷ-шаш китоби муаллим бо ҳаҷми хеле зиёд ба табъ мерасиданд. Ин нишони пуркорӣ ва пурҳавсалагии ӯст.

Фикр мекунам, як худи феҳрасти номи ашхос дар таълифоти муаллим ба ҳаҷми як китоби бузург баробар аст. Дар ин асарҳо лаҳзаҳои зиндагии аф­роди равшанзамир дар заминаи даҳҳо ва садҳо маводи бойгонӣ, матбуот, китобу маҷмуаҳои илмӣ, шаҷараву ёд­дошту хотира ва мусоҳибаҳои ҳамна­слон, ҳамкорон, шогирдон, пайвандон таснифу тадвин гардидаанд. Усули асосии чунин нигоришот баҳраҷӯии том аз санади фаровон, нақли муфассалу густардаи рӯйдод ва зуҳуроти таърих, бозоварии гуфтаҳои аҳли замон аст, ки равиши кори муаллифро ба сифати муҳаққиқи санадгаро (фактолог) хеле равшан муаррифӣ менамояд.

Маъмулан китобхонаҳо ва махзани асноди шахсии олимону адибон ҷузъи таърих ва тамаддуни миллианд, ки бояд онҳо чун гавҳараки чашм ҳифз шаванд. Аз ин ҷиҳат имрӯз баҳраман­дӣ аз осорхонаҳои шахсии адибону олимони тоҷик С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, Р. Ҷалил, Ш. Ҳусейнзода, Л. Бузургзода, Л. Шералӣ ва дигарон барои адибон, муҳаққиқон ва кулли алоқамандони мероси таърихиву фарҳангӣ чӣ қадар муфид аст ва мушкили ононро хеле сабук мегар­донад.

Мероси пурбори Усмонҷон Ғаф­форов низ ба ояндагон ганҷинаи китобҳоест, ки дар хонааш бунёд карда, аз15-20 ҳазор ҷилд китоб фароҳам омадаанд. Ӯ соҳиби ки­тобхона ва бойгонии ғанӣ буд.

Дар бораи профессор Усмонҷон Ғаффоров хеле зиёд навиштаанд, дар 70-солагиаш ҳам ҳамкорону шо­гирдонаш китобе бо номи “Усмонҷон Ғаффоров – устод, олим, адиб ва ходими ҷамъиятӣ” (2015) тартиб дода буданд. Хотираҳои ҷолибе аз У. Ғаффоров монда, ҳам одамига­рияш аъло буду ҳам сатҳи нигариши олимияш боло, ҳам ҳамсуҳбатиаш ҷиддӣ буду ҳам зарофатҳояш ран­гин. Мавридро хеле хуб мешинохт ва дар дилу дидаи инсонҳо ҷой мегирифт.

Ҳар олим ва ё адиби номвар ба Хуҷандзамин меомад,Усмонҷон Ғаф­форов ба хонаашон таклиф мекард. Як маротиба мо ҳам ба Душанбе – ба ҳа­моиши илмие рафтему ҳангоми анҷоми он муаллим аз куҷое омадани моро фаҳмида, Абдулманнони Насриддин, Нуралӣ Нурзод ва маро ба хонаашон даъват намуда, гуфтанд:

— Ҳамаатон дар ҳалқаи барномаи ҳамоиш ҳастед, ки ягон нафаратонро намешавад аз он канд, аммо як маври­ди муносиб – вақти субҳона ҳаст, ки ҳеҷ барномаро вайрон намекунад.

Ҳамин тавр, субҳи дигар, соати 7:30 ба хонаи муаллим, воқеъ дар хонаи депутатҳо омадем ва суҳбат сари як пиёла чой идома ёфт. Ҳамсояашон, вакили онвақта Абдуҷалил Бобокало­новро (равоншод) низ даъват карда бу­даанд. Умеда ва Замира Ғаффороваҳо ҳам ҳузур доштанд. Он суҳбати хушро ҳаргиз фаромӯш наметавонам кард.

Чи дар Душанбе, чи Хистеварз, чи Хуҷанд дам ба дам китобҳои нав ба навро оварда, муаррифӣ мекард. Дар баробари дастурхони пурнозу неъмат гӯё дигар зиёфаташон фақат китоб ба ҳисоб мерафт. Хаёл мекардед, хонааш маркази муаррифии китобҳои нав буд. Дар бораи кадом китобе сухан мерафт, муаллим дарҳол ба завҷааш мефар­муд, ки рафта, он китобро ёфта биёр.

Раванди занушавҳарии маънавии бархе аҳли илму адабро аз даҳҳо китоб хондаем, масалан раванди зиндагии шахсии Садриддину Салоҳат Айнӣ, Абулқосим Лоҳутиву Ситсилия-бону, Раҳим Ҳошиму Фаина Борисовна, Сотим Улуғзодаву Клавдия Благове­шенская, Камол Айниву Муқаддима Ашрафӣ ва… чӣ қадар сабақомӯзанд, чӣ қадар назокатшиносонаанд ин ан­дӯхтаҳо ва нишонаҳои вежаи садоқат­мандӣ доранд. Дар омади гап мегӯянд, ки зани Раҳим Ҳошим беш аз бист сол шавҳарашро аз ҳабси даврони сталинӣ интизор шуда будааст. Афзун бар ин, баъзе аз хонадориву ҳамзистии аҳли илму адаб – Муҳаммадҷони Шакуриву Дилафрӯз Икромӣ, Атахон Сайфуллое­ву Мавҷуда Сайфуллоева, Абдуллоҷон Собитович Сатторови Хуҷандиву Раъ­но Охунбобоевна Самадова, Фарзона­ву Озарахш… Чӣ қадар матлабҳо дар ин замина гуфтан имкон дорад.

Тасаввур кунед, ҳоло ҳама компу­тернависем, ҳамаи нигоштаҳоямонро аз фикр ба рӯйи саҳифаи компутер мерезем. Китоб ҳам, ки даркор шуд, ба китобҳои электронӣ нигоҳ карда, иқтибосҳоро аз онҳо мекӯчонем. Аммо У. Ғаффоров барин муҳаққиқон фа­рзанди айёми дигар буда ва ин ҳама корро дастӣ анҷом медоданд. Маҳсули ранҷу бедорхобиашонро анбуҳи даст­нависҳояш исбот мекунад.

Доктор Саид Нафисии эронӣ беш аз 700 китоб таълиф, тасниф ва ё таҳия карда, зубдаи осори гузаштагонро ба нашр омода намудааст ва ҳамаи ин кори дастӣ будааст. Ё Евгений Бертелси ховаршиноси рус корҳое кардааст, ки ҳоло як институти илмӣ хеле ба душворӣ ба анҷом расонида метавонад.

Имрӯз агар аз ин ҷиҳат ба фикр равем, талафоти воқеан маънавии мо будани фавти Усмонҷон Ғаффоров барин инсонҳоро дарк мекунем. Фикр мекунам, дар бойгонии Ғаффоров баста-баста дастнависҳои 80-100 кито­башу беш аз ҳазор мақола нигаҳдорӣ мешавад, ки ҳамаи он асарҳоро дастӣ навиштааст. Ин меҳнати сангин заҳмат металабад, бедорхобиҳо, ранҷҳо… Оё фикр мекунед, муаллим дар дарозои умраш, ба иғроқ ҳам бошад, милли­онҳо саҳифаро хонда ва садҳо ҳазор саҳифаро сиёҳ кардааст…

Дигар чӣ ҳам метавонам гӯям?!… Бори дигар рафтани устоди азизи ҳа­маи мо, Усмонҷон Ғаффоровро маҳз аз ҳамин лиҳоз фикр кардам. Бешак, Усмонҷон Ғаффоров як паҳлавони нодиру неруманди таърихнигорӣ буд.

Ҷояш, воқеан, холӣ монд. Ин хел одамҳои сириштан олим шояд хеле кам мондаанд.

Субҳони Аъзамзод

Дигар хабарҳо