Гулпарасте зи гулистони сухан

 Гулпарасте зи гулистони сухан

?????????????????????????????????????????????????????????

Нависанда Гулсифат Шаҳидӣ 70-сола шуд

Оғоз

Ҳафт даҳсола пеш аз ин, 1 янва­ри соли 1955, дар рӯзи аввали оғози Соли нави мелодӣ, дар хонадони шахсиятҳои шинохтаву фарҳехта Ғаффор Сатторов ва Масрурахон Сатторова духтарчаи фариштарӯе ба дунё омад. Духтарчаро бо меҳру муҳаббати беандоза Гулсифат ном ниҳоданд. Нақл мекунанд, ки Гулси­фати зебо ҳанӯз аз айёми тифлиаш аз тамоми тифлакони ҳамсинну со­лаш фарқ мекард. Хеле закиву доно буд. Дар давраи мактабхониаш бо зеҳни аҷиби худ муаллимонро дар ҳайрат мегузошт. Дар донишгоҳи олӣ ҳам. Ва ниҳоят дар зиндагӣ ҳам.

Ҳадисе аз кору рӯзгори Гулсифат Шаҳидӣ

Гулсифат Шаҳидӣ аз нависандагони камшумори тоҷик аст, ки китобҳояшро ба забони русӣ менависад. Ба забони ғайр навиштан кори саҳлу сода нест ва на ҳар кас дар ин ҷода муваффақ мешавад. Аммо бону Гулсифат Шаҳидӣ дар ин кор хеле муваффақ аст. Шояд барои он ки ӯ дар шаҳри Ленингради Федератсияи Русия ба дунё омадааст. Ё шояд барои он ки ҳангоми дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳсил кардан ӯ донишҷӯи хеле сермутолиа будааст. Ё шояд барои он ки ӯ ҳамсари бастакори сатҳи ҷаҳонӣ Толибхон Шаҳидисту се шаҳписари шоиставу арзандаи онҳо имрӯз дар мамолики мухталифи дунё тоҷику Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанду сарчашмаи илҳоми модари эҷодкорашон гаштаанд. Писарони тарбияти олӣ гирифтаашон Табрез, Ҳофиз ва Фирдавс дар кишварҳои Русияву Бритониёву Фаронсаву дигар мулкҳо кору эҷод мекунанду ҳар яке дар зиндагӣ мақоми шоистаи худро ёфтаанд. Онҳо исбот карда тавонистанд, ки набераҳои номбардори авлоди машҳури бастакори номдор Зиёдулло Шаҳидӣ ва ходими баландмақоми давлатӣ Ғаффор Сатторов ва фарзандони Толибхон Шаҳидиву Гулсифат Шаҳидии азизанд. Бале, ҳамаи ин омилҳо сабаб буда метавонанд. Ва ҳамаи инҳо сабаб шудаанд, ки Гулсифат Шаҳидӣ ба забони русӣ эҷод кунаду ба ин васила фарҳангу адабиёти тоҷикро муаррифӣ намояд. Ӯ гоҳе дар Бритониёсту гоҳе дар Русия ва гоҳи дигар барои муаррифии китобҳои наваш ба кишварҳои дигари ҷаҳон даъват мешавад. Гуфтан мумкин аст, ки Гулсифат тоҷикест, аз ҳама ҷойи дунё!

Сухане аз эҷоди бо­нуи қаламкаш

Гулсифат Шаҳидӣ донишгоҳи олиро бо дипломи сурх ба итмом расонида, дар чанд нашрия, аз ҷум­ла матбуоти ҷумҳуриявӣ, ширкати радиои «Мир» ва амсоли инҳо ба сифати журналист ва тарҷумон кор кардааст. Феълан ӯ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, номзади илми филология, журналист, тарҷу­мон, насрнавис, адабиётшинос, ака­демики Академияи байналмилалии рушди адабиёт ва санъат, барандаи чандин ҷоизаҳои байналмилалист. Аз ҷумла Ҷоизаи миллии Русия – «Адиби сол».

Ӯ узви Созмони эҷодии Авру­осиё мебошад. Соли 2021 аз рӯи номинатсияи “Адабиёти бачаҳо” дар Русия “Адиби сол” эътироф шуд. Муаллифи романҳо, повестҳо, ма­толиби илмиву тадқиқоти адабист. То имрӯз 28 китоби ӯ ба нашр раси­даанд, ки «Шаҳре, ки орзуҳо дар он амалӣ мешаванд», «Нигоҳам ҷониби Машриқ равона», «Хуршеди нурбори ман», «Фарҳод аз Навгилем», «Ҳам­сояҳо» аз ҷумлаи онҳоанд. Китобҳо ба забони русӣ навишта шуда, ба забонҳои мухталифи дунё тарҷума гардидаанд ва ҳам дар чандин мам­лакати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Бритониё, Амрико, Фаронса, Изроил, Италия, Ӯзбекистон мав­риди муаррифиву баррасӣ қарор гирифтаанд.

«Акси осмон дар чашм»

Мо замоне бо хонум Гулсифат Шаҳидӣ дар нашрияе ҳамкор бу­дем. Медидем, ки тамоми ҳамкорон ӯро зиёд дӯст медоштанду эҳтиром мекарданд. Аммо ҳамон рӯзҳо ба кишваре даъват шуду берун аз Тоҷикистон рафт. Дигар ӯро фақат тавассути Интернет медидему огоҳ мешудем, ки чи китобҳои наве на­виштааст. Ва, инак, хушбахтона, моҳи майи соли 2024 боз ба дидори ҳам расидем. Ба ифтихори омада­наш дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон романи тахайюлии ӯ «Акси осмон дар чашм» муаррифӣ гардид. Нишастро раиси ИНТ Ни­зом Қосим ифтитоҳ намуда гуфт, ки дар китобе, ки муаррифӣ мегардад, лаҳзаҳое ҳастанд, ки касро ба ҳа­яҷону изтироб меоранд. Ин китоб фантастикист ва мисли асарҳои адиби фантастики тоҷик Абдумалик Баҳорӣ саршор аз лаҳзаҳои аҷиб, қаҳрамонони хаёлӣ ва сужаҳои ҷо­либу хонданист. Муовини раиси ИНТ Равшани Махсумзод қайд кард, ки китоби мазкур аз тарафи адиб ва тарҷумони хуб Салими Зарафшон­фар устокорона тарҷума шудааст. Нависандаи халқии Тоҷикистон Аб­дуғаффори Абдуҷаббор, тарҷумони китоб Салими Зарафшонфар, адиби ҷавон Сайидо Шарафӣ ва ҳозирини дигар низ перомуни ин асари фанта­стикӣ ва дигар китобҳои нависанда ҳарф заданд. Гуфта шуд, ки муто­лиаи романи мазкур мутмаинамон гардонд, ки он барои пешкаш шудан ба хонандаи тоҷик арзанда аст. Қайд гардид, ки ин роман дар жанри тахайюлӣ эҷод шудааст ва фанта­стика аз нависанда на фақат донишу маҳорати адабӣ, балки ҳамчунин донишу фаҳмиши кайҳоншиносӣ, табиатшиносӣ, кимиёӣ, ҷуғрофӣ ва ҳоказоро талаб мекунад. Аммо ба ин нигоҳ накарда, он ба мисли асарҳои адибони фантастики дунё Жюл Верн, Ҳерберт Уеллс, Рэй Брэдбери таваҷҷуҳангез аст.

Анҷом

Гулсифат Шаҳидӣ 1 январи имсол 70-сола шуд. Ӯ ҳанӯз пайи эҷодҳои тоза ба тоза аз кишваре ба кишваре равонасту мутмаинем, ки бо китобҳои наваш моро шод мегардонад. Тавре адабиётшинос Тилав Расулзода дар ҷое мениго­рад, «Гулсифат Шаҳидӣ ҳарчанд асарҳои хешро ба забони русӣ мена­висад, вале тору пуди онҳо милливу тоҷикӣ мебошад. Номи маҳалҳо, номи инсонҳо, номи китобҳояш ҳама хушоҳангу дилпазиру миллианд. На­висанда дар лобалои қиссаҳои хеш аз зарбулмасалу мақол ва ашъори классикони адабиёти форсу тоҷик бамавриду фаровон ва дар аксари мавридҳо дар забони асл истифода мебарад ва бад-ин тартиб, дар дили хонандаи хеш эҳсоси муҳаббат ва ишқу алоқаро ба забону адабиёти тоҷику форс бедор мегардонад». Бале, ҳамагон аз Гулсифат ҳамин чизро мехоҳанд. Баҳору барорҳои нави эҷодӣ насибашон бод!

Раънои Мубориз

 

*  *  *

Гулсифат моро тавассути асарҳои худ ба расму таомул, арзишҳои хонаводаҳои шарқӣ, некиву муҳаббат ба тарзи хос ва ғайримаъмул пайванд медиҳад. Ӯ моро водор мекунад, ки ба ҳодисаву рӯйдодҳо аз чашмандози дигар нигарем.

Инги Шер,
Русия

*  *  *

Қаҳрамони асарҳои ӯ одамони одӣ ва шиносанд. Муаллиф кӯшиш намекунад, ки симои ононро бо рангубори зиёдатӣ ва маснуӣ ороиш диҳад. Нависанда аз ҳодисаҳо ва одамоне, ки дар гирду атрофи мо зиндагӣ менамоянд, зинда ва муассир нақл мекунад.

Ҳангоми хондани асарҳои Гулсифат Шаҳидӣ нохудогоҳ эҳсос мекунед, ки дар пеши назари шумо дунёи номаълуме кушода мешавад ва қаҳрамонони он одӣ, рафторашон маъмулист ва шабеҳи амалкардҳои шумост. Аммо дар айни ҳол бо хондани ин осор ҳамчунин эҳсос мекунед, ки ба олами зебоии бузурге пайвастаед.

Василий Колин,
нависандаи рус

Дигар хабарҳо