АЗИЗӢ ШАРИФБЕК

 АЗИЗӢ ШАРИФБЕК

ШАРИФБЕК АЗИЗӢ 24 апрели соли 1955 дар деҳаи Сағирдашти ноҳияи Дарвози ВМКБ таваллуд ёфтааст.
Соли 1981 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм карда, барои кор ба ВКД ҶТ фиристода шудааст.
Аз январи соли 1982 то июни 2010 дар мақомоти милитсияи кишвар ифои вазифа на-мудааст.
Майори мустаъфии милитсия мебошад.
Ба саҳнаи адабиёт аз охири солҳои наваду-ми асри мозӣ ворид омадааст ва дар муддати кӯтоҳе худро чун қаламкаши касбӣ муаррифӣ намудааст.
Аввалин қиссаи ӯ «Ҷосус» дар давоми моҳҳои ноябри соли 2001 – июни 2002 дар сию чор шумораи ҳафтаномаи «Озодӣ ва ин-кишоф» дастраси хонандагон гардидааст.
Маҷмӯаи аввалини навиштаҳояш «Дурахши алмос», ки қиссаҳои моҷаройии «Ҷосус» ва «Дурахши алмос»-ро дар бар мегирад, соли 2004 интишор ёфтааст.
Соли 2005 маҷмӯаи дувуми осораш «Порикоб» қиссаҳои моҷаройии «Оҳ, Тамара!», «Пораи қанд» ва «Порикоб»-ро дастраси ҳаводорони муаллиф гардонидааст.
Маҷмӯаи савуми нависанда «Парвоз» соли 2007 аз чоп баромадааст.
Соли 2012 порае аз қиссаи детективии ӯ «Кунҷи нигоҳ» дар маҷмӯаи дастҷамъии «Наврӯзи мо», соли 2013 порае аз романи «То реша дар об аст..» дар моҳномаи «Садои Шарқ» (№9) ба табъ расидаанд.
Соли 2013 романи «Сангчарх»-ашро (дар ҳамқаламӣ бо бародараш Ҳокими Азиз) пеш-каши хонандагон намудааст.
Дар навиштаҳояш асосмандона собит наму-дааст, ки нафси баду мансабхоҳию вазифаталошӣ, булҳавасию фориғболӣ оқибати шуме дошта, одамонро то курсии ҷиноят мебаранд.
Соли 2007 ба узвияти Иттифоқи нависанда-гони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Дигар хабарҳо