АЗИЗӢ ШАРИФБЕК

 АЗИЗӢ ШАРИФБЕК

ШАРИФБЕК АЗИЗӢ 24 апрели соли 1955 дар деҳаи Сағирдашти ноҳияи Дарвози ВМКБ таваллуд ёфтааст.
Соли 1981 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм карда, барои кор ба ВКД ҶТ фиристода шудааст. Аз январи соли 1982 то июни 2010 дар вазифаҳои гуногуни мақомоти милисаи кишвар фаъолият намудааст. Майори мустаъфии милитсия мебошад.

Ба саҳнаи адабиёт аз охири солҳои навадуми асри гузашта қадам ниҳода, дар як муддати кӯтоҳ худро чун нависандаи касбӣ муаррифӣ намуд. Аввалин қиссаи ӯ “Ҷосус” солҳои 2001-2002 дар сию чор шумораи ҳафтаномаи “Озодӣ ва инкишоф” ба дасти хонандагон расид. Муаллифи китобҳои “Дурахши алмос” (нашриёти “Деваштич”, 2004), “Порикоб” (нашриёти “Деваштич”, 2005), “Парвоз” (нашриёти “Сифат”, 2007) мебошад. Дар ин китобҳо қиссаҳои  “Ҷосус”, “Дурахши алмос”, “Оҳ,Тамара”, “Порикоб”, “Пораи қанд” ва “Парвоз” ба нашр расидаанд. Соли 2020 нависанда тасмим гирифт, ки маҳсули эҷодашро дар даҳ ҷилди “Асарҳои мунтахаб” рӯи чоп оварад. То имрӯз ҳашт ҷилди ин асарҳо ба нашр расидааст.  Дар онҳо қиссаҳои қабл аз ин чопшудааш дар таҳрири нав бо иловаи қиссаҳои “Ҳодисае дар бӯстонсаро”, “Мактуби беимзо”, “Духтаре бо вашми гули лола”, “Мафия”, “Кунҷи нигоҳ”, ҳикояи “Алимент”, романҳои “Нигоҳе бо баҳои ҷон”, “То реша дар об аст…”, “Рӯзгор оинаро…”, “Сангҳои сари роҳ”, “Ҷадвали тақдир”, “Нуқта дар хатти  буриш”, “Афлотун дӯсти ман аст… ”, “Бодовардаро мебарад бод…”, “Хокистари сӯзон”, “Гули марг”, “Шикасти руҳ” ва “Оҳанги тавба” ҷоӣ дода шуда, аз тарафи ҳаводорони каломи бадеъ хуш пазируфта шуданд. Ҳамчунин дар ду ҷилди аввали “Асарҳои мунтахаб” тақризҳо ба навиштаҳои адиб ва чанде аз суҳбатҳояш, ки дар матбуоти даврӣ ба нашр расида буданд, ҷой дода шуданд.

    Адиб дар ҳаммуаллифӣ бо бародараш Ҳокими Азиз (руҳаш шод бод!) романҳои “Сангчарх” (нашриёти  “Адиб,” 2013), “Теғи сухан” ва “Бо навои борон” (нашриёти “Меҳроҷ Граф,” 2016) нашр намуда, ба хонандагон ҳадя намуданд. Соли 2012 порае аз қиссаи детективии ӯ “Кунҷи нигоҳ” дар маҷмуаи дастҷамъии “Наврӯзи мо” нашр шуд. Лозим ба ёдоварист, ки маҷаллаи миллии “Садои Шарқ”соли 2013 дар шумораи 9 порае аз романи ӯ “То реша дар об аст…”, соли 2021 дар шумораи 10 қиссаи ӯ “Духтаре бо вашми гули лола”  ва соли 2023  дар шумораи 7 романи таълифнамудааш “Шикасти руҳ”-ро мухтасаран рӯи  чоп овард. Соли 2019 телевизиони “Синамо” аз рӯи қиссаи Шарифбек Азизӣ “Дурахши алмос” дар коргардонии  Муҳаммадрабии Исмоил филми ҳамноми бадеиеро ба навор гирифт.

    Шарифбек Азизӣ маҷаллаҳои “Гемофилия, чӣ тавр бояд зиндагӣ карду натарсид,” “Гемофилия дар тасвирҳо” (дастур барои муаллимон), “Гемофилия дар мусаввараҳо” ва китоби  Р. Осипова “Машқҳои табобатӣ барои беморони гемофилия”-ро  аз забони русӣ ба тоҷикӣ бозгардон ва нашр намудааст, ки ин як иқдоми нек барои дастгирии бемориҳои  ирсист.

Соли 2007 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Дигар хабарҳо