АБДУРАҲ­МОН БАРОТ

 АБДУРАҲ­МОН БАРОТ

БАРОТИ АБДУРАҲ­МОН 15 сентябри соли 1947 дар деҳаи Чашмаи Ҷӯшони ноҳияи Кӯлоб ба ҷаҳон омадааст.

Соли 1971 факултаи филологияи тоҷики Дониш­гоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст.

Баъдан устоди Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода, сармуҳаррири барномаҳои адабию драмавии телевизиони тоҷик, муҳаррири калони илмии сарредаксияи илмии энсиклопедияи советии тоҷик, муовини сармуҳаррири моҳномаи «Илм ва ҳаёт», мушовири калон ва мудири Маркази таҳлил ва ёвари Президенти ҶТ будааст.

Аз соли 2011 нафақагири сатҳи ҷумҳурӣ, ҳамзамон, аз ноябри соли 2012, мудири редаксияи бачагон ва наврасони ЭМТ мебошад.

Муаллифи маҷмӯаи ҳикояҳои «Шабҳои маҳтобӣ» (1986), қиссаҳои «Кимиёкаҳ» (1984) ва «Давлати сарам, модарам» (1988), китоби қиссаву ҳикояҳои «Розҳои шабҳангом» (1990), романи «Дунёи сабзи ишқ» (2002), силсилақиссаи «Ҳафт мӯъҷизаи олам» (1995), силсилароманҳои «Камбуҷия» ва «Дорои Бузург» (2013) аст.

Ҳамчунин, сенарияи филмҳои ҳуҷҷатии «Тифли домони туям, модар!» (1959), «Мӯъҷизаи ҳаштуми олам» (2001), филми сегонаи ҳуҷҷатии «Васвасаҳои хунафшон» (2003-2006), кинороманҳои таърихии «Искандари Мақдунӣ ва Спитамен» (2005), «Рухшона» (2006), «Куруш ва Томирис» (2009), филмҳои бадеии «Алвидоъ, ишқ» (2007), «Метис» (2000), «Фариштаҳои бадманиш» (2010) ва силсилаи драмаҳои таърихӣ мутааллиқи хомаи ӯстанд.

Романи Н.Думбадзе «Бақои одамият» (1986), қиссаҳои Ч.Айтматов «Турнаҳои бармаҳал» (1988) ва В.Беляев «Асрори шаҳраки махфӣ» (1990), чанде аз ҳикояҳои А.П.Чехов (1988)-ро ба тоҷикӣ гардондааст.

Барои Энсиклопедияи миллии тоҷик мақолаҳои зиёде навиштааст.

Бештар аз 100 эссе ва очерку мақолаи публитсистияш дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд.

Чанде аз асарҳояш ба забонҳои русӣ, булғорӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008) ва Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (2004), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2010), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013), Нависандаи халқии Тоҷикистон (2017).

Бо ордени «Шараф», медали «Хидмати шоиста» ва ғ. мукофотонида шудааст.

Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо