Муҳтарам Ҳалима Хушқадамова ! Шумо баъди бо дипломи сурх хатм кардани шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолияти худро дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳозира «Ҷавонони Тоҷикистон») ҳусни оғоз бахшидед. Тули ҳафт сол дар идораи рӯзнома сарварии шуъбаҳои гуногунро ба уҳда доштед. Соли 1988 вазифаи муҳарририи рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон» ва «Пионер Таджикистана» (ҳозира «Анбоз») […]
Муҳтарам Аҳлиддин Ҳисорӣ Шумо аз чеҳраҳои адабие ҳастед, ки ҳам бо осори шоиста ва ҳам бо фаъолияти хидматии хеш байни аҳли илму адаб ва хонандагон шинохта шудаед ва ҳамеша фурӯтанона ба хидмати адабиёт ва адибон камар бастаед. Нашриёти давлатии «Ирфон», ки коргоҳи аввалинатон буд, роҳи Шуморо сӯи дунёи китобу адаб ҳамвор кард ва меҳратонро ба […]Идома...
Муҳтарам Абдулҳайи Қаландар! Шумо умри пурбаракати худро дар ду роҳ – эҷоди шеър ва таълими донишҷӯён сарф карда, соҳиби обрӯву эътибор гардидаед. Аз кӯдакӣ табъи Шумо дар мактаби зиндаву табиии ҳаёт — ҳалқаи хонавода ва пирони ҳикматшиноси зодгоҳатон – ноҳияи Ховалинг бо сухани баланду ширадор тарбият ёфт ва маҳз ҳамин муҳити созанда меҳратонро ба шеъру […]Идома...
Муҳтарам Муҳаммад Ғоиб! Шумо аз қадамҳои аввал дар ҷодаи адабиёт худро чун қаламкаши баистеъдоду ҳунарманд муаррифӣ кардед ва бо эҷодиёти гуногунпаҳлуи худ дар муддати кўтоҳ дар олами адаб ҷойгоҳи вижа пайдо намудед. Дар оғози солҳои 80-уми қарни гузашта нахустин навиштаҳоятон таваҷҷуҳи устодони варзидаи суханро ҷалб намуда, чароғи умеду бовар ба фардои равшани Шуморо дар дилашон […]Идома...
Муҳтарам Давлатхоҷа Назиров! Шумо баъди хатми мактаби миёнаи ба номи Калинини ноҳияи Фархор (1956) ва факултаи биологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1961) ба ҳайси омўзгори мактаби миёнаи №1-и ҳамин ноҳия фаъолияти меҳнатии хешро оғоз бахшида, баъдан ба сифати котиби якуми Кумитаи комсомоли ноҳия (1962-1963) ва корманди Кумитаи бехатарии давлатии Тоҷикистон онро […]Идома...
Муҳтарам Муҳсин Аминзода! Шумо чун вориси содиқу собитқадами падари маъруфи худ – Муҳиддин Аминзода по ба арсаи шеър ниҳода, солҳои дароз чароғи ин сулолаи машҳури адабиро фурӯзон нигоҳ доштед. Муҳити адабии хонавода барои парвариши завқу табъи Шумо ва ташаккули маҳорати суханвариятон бисёр мусоидат кард ва сарнавиштатонро барои ҳамеша бо шеъру сухан пайваст. Ҳанӯз овони донишҷӯӣ, […]Идома...
Муҳтарам Маҳбуба Неъматзода! Шумо дар силки бонувони сухангӯйи машҳуру маҳбуби адабиёти бачаҳо зиёда аз чил сол аст, ки заҳмат мекашед. Шавқи эҷод ва муҳаббат ба адабиёти хурдсолон ҳанӯз соли 1971, баъди хатми факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шуморо ба даргоҳи идораи рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» оварда буд ва аз он замон то имрӯз Маҳбуба маҳбуби дилу […]Идома...
Муҳтарам Назруллоҳи Назар! Шумо беш аз ним аср аст, ки дар як риштаи хоса ва пурмасъулияти адабиёт заҳмат мекашед, робитаҳои адабии тоҷикон ва ҷаҳони арабро, ки анъанаҳои хеле дерин ва ғанӣ дорад, эҳё менамоед ва такмил медиҳед. Шавқу завқ ва кўшиши омўхтани забони арабӣ Шуморо аз овони наврасӣ машғул дошта, боис шуд, ки бо ташвиқи […]Идома...
Зиё Раҳмони гиромӣ! Шумо аз зумраи қаламкашоне ҳастед, ки дар рўзгор ва фаъолияти худ ду риштаи муҳим – тиб ва шеърро пайванд додаед ва ҳам бо доруву дармон, ҳам бо сухани зебову мавзун шифобахши дардҳо ва таскинбахши дилҳо будаед. Ҳарчанд ки хатмкардаи Омўзишгоҳи тиббии шаҳри Кўлоб ва риштаи биологияи Донишгоҳи миллӣ ҳастед, бо худомўзӣ ва […]Идома...
Муҳтарам Нурмуҳаммад Исҳоқӣ! Шумо аз хурдӣ ба қалам ва сухан муҳаббат доштед. Навиштаҳоятон ҳамон вақт дар нашрияҳои маҳаллӣ чоп мешуданд ва аз азми ҷазму иродаи қавиятон дар ин роҳи душворпаймо дарак медоданд. Ибтидои фаъолияти эҷодиятон бо рўзноманигорӣ вобаста аст, зеро нахустин чакидаҳои хомаатон мақолаву лавҳаҳо буданд. Ҳамин меҳри сухан буд, ки Шуморо соли 1980 ба […]Идома...