ДИД ВА АНДЕШАҲОИ ШОИРОНАИ АЙЮБӢ Сафармуҳаммад Айюбӣ аз онҳоест, ки банда ба ӯ ҳам чун ба инсон ва ҳам чун ба адиб арҷи баланд қоил ҳастам. Як инсони содиқ, хайрхоҳу некбин, ватандӯст, инсондӯст, пуртакопӯ ва хеле заҳматкаш буд Сафармуҳаммад Айюбӣ. Аз ин рӯ аз худ асарҳои зиёде ба мерос гузошт, ки имрӯз номи ӯро зинда […]Идома...
14 декабр адиби маҳбуби бачаҳо, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Султонмурод Ҳоҷибоев аз дунё гузашт. Султонмурод Ҳоҷибоев аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагон аст. Ӯ 10-уми декабри соли 1943 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Баъди ба итмом расонидани мактаби миёна ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б. […]Идома...
Тибқи қарори ҳайати доварони Озмуни VII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои ИДМ китоби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» дар номинаи «Муколамаи фарҳангҳо» сазовори ҷойи аввал гардид. Дар умум, ноширони тоҷик дар ин озмун дар номинаҳои мухталиф соҳиби 9 ҷоизаи байналмилалӣ шуданд. Маросими ҷоизасупории ғолибони Озмун 4-уми декабри соли […]Идома...
Шоми дуюми декабри соли 2025 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд, ки дар он муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода, ҳамтои чинии ӯ муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин Лу Инчуан иштирок ва суханронӣ намуданд. Манучеҳр Шарифзода зимни […]Идома...
Қариб бист сол боз дар маҷлисҳои Ҳукумати мамлакат, ки охири ҳар моҳ барпо мешаванд, иштирок мекунам ва шоҳиди ҳолам, ки дар ҳар кадоми онҳо масъалаҳои муҳимми давлатдорию раъиятдорӣ мавриди гуфтугӯйи ҷиддию қатъӣ ва самимонаю дилсӯзона қарор мегиранд. Ва гоҳ-гоҳ, вобастаи мавзуи маҷлис, байту мисраъҳое рӯйи коғаз меоянд. Аз он ҷумла: Кафили барқамон гар нохалаф буд, […]Идома...
Устод Бозор Собир аз зумраи шоиронест, ки бо тасвирҳои тару тоза ва навпардозиҳои фаровонаш дар адабиёти муосири тоҷик шуҳратёр шудааст. Ӯ дар деҳа ба олам омадаву ба камол расидааст ва аз овони тифлӣ ба ин макон дилбастагиву алоқамандӣ пайдо кардааст. Аз ин ваҷҳ, дар бисёре аз шеърҳои дар солиёни гуногун эҷоднамудааш бо эҳсоси отифӣ аз […]Идома...
Дар ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим дар қиёс бо ашъори ситоишии гузаштагон образи Пешво асоси воқеӣ ва замонӣ дошта, дар онҳо ҷанбаҳои ривоятӣ мушоҳида намешаванд. Танҳо дар тарзи образофаринӣ, шеърият, рамзу санъатҳои бадеӣ монандиҳо мушоҳида мекунем. Муаллифи пешгуфтори маҷмуаи Низом Қосим «Рамзи Ватан» Асадулло Раҳмон дар мавриди саҳми шоир дар офариниши образи Пешвои миллат […]Идома...
Даромади сухан Номи Нуқраи Суннатниё аз охири солҳои 70-ум дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар иқболи боландагӣ ёфт. Сурудани шеърро аз замони таҳсил дар мактаби зодгоҳи хеш, деҳаи Роғи ноҳияи Ванҷ шуруъ кард ва замоне ки таҳсилро дар факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома медод, ба унвони як шоири ҷавону хушқареҳа матраҳ шуд. Дар соли 1973 […]Идома...
Сотим Улуғзода дар силсилаи он шахсиятҳои адабии соҳибмактабу соҳибнуфуз дар таърихи муосири тоҷикон аст, ки кору пайкори ӯ аз оғози фаъолияти давлатдорӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат буд. Ҳанӯз соли 1996-97, ки дар мамлакат оташи ҷанги бародаркуш аланга мезад, гурезагони зиёдеро ба Ватан баргадонидан, муносибати сиёсиву иқтисодии кишварамонро бо дигар давлатҳо ба роҳ мондан […]Идома...
Бо ибтикори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 12-уми ноябр дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода ба пешвози Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили вежаи адибони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зери унвони «Бадахшон бо Пешвои муаззами миллат» доир гардид. Дар оғози маҳфил Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ин созмон ба истиқболи 35-солагии […]Идома...



