ТАРҶУМА ЗАБОНИ ДИЛ АСТ

29 октябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нишасти илмӣ-адабӣ баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои тарҷумаву тарҷумонӣ баррасӣ гардиданд. Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа дар оғоз аз фаъолияти Маркази тарҷума сухан карда, иброз дошт, ки барои пешравии кори тарҷумонӣ бояд дар ин соҳа як қатор дигаргуниҳо ворид карда шаванд. Аз ҷумла, тариқи озмун ба кор пазируфтани тарҷумонҳо, тарҷума кардани асарҳо ба забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, ӯзбекӣ ва ғайраҳо, ба воситаи тарҷума муаррифӣ кардани асарҳои дар замони Истиқлол батабърасида ба мардуми кишварҳои дигар.

Тарҷумон ва адабиётшиноси маъруф Абдураҳмони Абдуманнон аз корҳои то имрӯз ба сомон расонидаи Маркази тарҷумаи ИНТ, комёбиҳову нақшаҳои ояндааш сухан кард.

Маврид ба ёдоварист, ки соли гузашта алманахи солона бо забони русӣ таъсис ёфт, ки «Литературный Таджикистан» ном дорад. Сармуҳарририи онро Раиси ИНТ Низом Қосим ба уҳда дошта, Абдураҳмони Абдуманнон ба ҳайси муовини сармуҳаррир фаъолият мекунад. Аввалин шумораи алманах ба нашр расидааст ва тавре Абдураҳмони Абдуманнон дар нишаст зикр кард, шумораи дуюми он дар ҳоли омодашавӣ аст. Номбурда гуфт, ки дар асоси озмуни пешбинишуда ҳафт нафар тарҷумон ва ду нафар мудири шуъба дар Маркази тарҷума ба кор пазируфта мешаванд. Онҳо то се моҳи аввал аз санҷиш гузаронида шуда, баъди хуб баромадани натиҷаи санҷиш фаъолиятро дар марказ метавонанд   идома диҳанд.

Абдураҳмони Абдуманнон дар идомаи суҳбат гуфт, ки нашриёти «Русская литература» чанде пеш маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадро ба забони русӣ ба нашр расонд. Мувофиқи гуфтаи мавсуф кормандони Маркази тарҷума ният доранд, ки то соли 2020 ба ҷуз нашри шумораи навбатии алманахи солона, маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои нависандагони замонро ба забонҳои русиву ӯзбекӣ омода карда, ба чоп супоранд. Соли 2021 ҳамин гуна маҷмӯаи шеърҳои шоирони даврони Истиқлол ба забонҳои русиву ӯзбекӣ ба нашр мерасад.

Мудири бахши робитаҳои адабӣ, тарҷума ва драматургияи ИНТ Ато Ҳамдам оид ба фаъолияти тарҷумониву робитаҳои адабӣ сухан карда, ёдовар шуд, ки бо вуҷуди ҷой доштани мушкилиҳои моддӣ, масъулон тавонистанд корҳои зиёдро ҷиҳати муаррифӣ кардани адабиёти навини тоҷик ба анҷом расонанд. 

Сармуҳаррири маҷаллаи русии «Помир» Ҷумъа Қуддус дар навбати худ гуфт, ки бояд бо дастгирии масъулин маҷаллаи мазкур бо теъдоди бештар ба нашр расад ва ба доираи васеътари хонандагон пешниҳод гардад ва хонандагони русзабони кишварҳои дигар ҳам намуди электронии онро дастрас карда тавонанд. Бо ин роҳ ҳам метавон адабиёти тоҷикро ба таври дигар муаррифӣ кард.

Нур Табаров, Мирзо Шукурзода, Комила Камолова ва дигарон низ барои пешрафти кори тарҷума маслиҳатҳои муфид доданд. Зикр гардид, ки ба тарҷумонҳои касбӣ имрӯзҳо ниёз зиёд аст ва онҳо бояд дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагон аз пайи тарҷумаи асарҳои хонданибоб бошанд.     

Бузургмеҳри ТОҶИДДИН, «АС»

Дигар хабарҳо