РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН
16-уми ноябри соли равон ба ифтихори Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи ИНТ ҷаласа баргузор гардид. Дар маҷлис кормандони ИНТ, нашрияҳои адабӣ ва аҳли сухан ширкат варзиданд.
Раиси Иттифоқи нависандагони мамлакат Низом Қосим ба ин муносибат ҳамаро муборакбод гуфта, изҳор дошт, ки ин сана хеле муҳим ба шумор меравад. Номбурда дар бораи хидматҳои бузургу беназири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ростои давлатдориву давлатсозӣ сухан гуфта, аз ҷумла талошҳову ҷонбозиҳои Роҳбари давлатро барои амалӣ гаштани се ҳадафи асосӣ – истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти комунникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ бо мисолҳои мушаххас зикр намуд.
Ҳамчунин Раиси ИНТ баён дошт, ки Президенти кишварамон аз оғози фаъолияти худ ба фарҳангу маънавиёт диққати махсус дода, барои ҳарчи бештар густариш ёфтани он ҳама имконотро фароҳам оварданд. Ў афзуд, ки ҳамасола аз ҳисоби фонди захиравии Президент ҷудо шудани маблағ барои нашри осори бадеӣ, таҷлили пайвастаи солҷашнҳои адибони классику муосир, ба роҳ андохтани озмунҳое мисли «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва даҳҳо тадбирҳои дигари фарҳангиву адабӣ ҳамагӣ гувоҳи равшани маънавиятмеҳвар будани сиёсати Роҳбари давлатанд.
Дар бораи хидматҳои бузурги Президенти кишвар ҳамчунин муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа, мудири бахши очерк ва публитсистика Ҷумъа Қуддус, мудири бахши адабиёти кўдак Азизи Азиз, Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо ва дигарон бо зикри факту далелҳои мушаххас ибрози назар намуданд.