ҚИССАҲОИ ХУДОГОҲӢ ВА ХУДШИНОСӢ

Дар Иттифоқи нависандагони Тољикистон 20 ноябр нишасти илмиву адабӣ дар мавзўи «Инкишофи жанри қисса дар замони Истиқлол» баргузор гардид. Дар маҳфил Раиси Иттифоқи нависандагони Тољикистон Низом Қосим, Нависандагони халқии Тољикистон Кароматуллоҳи Мирзо, Абдулҳамид Самад, нависандаи шинохта Қодири Рустам, профессор Мисбоҳиддин Нарзиқул ва дигарон суханронӣ намуданд.  

Низом Қосим, Раиси ИНТ, дар оѓози маҳфил иброз дошт, ки дар адабиёти мо аз ҳама жанрҳо жанри повест муқаддамтар буда, беҳтарин саҳнаҳои ҳаёти халқамон низ дар повестҳои нависандаҳои мо тасвир ёфтаанд.

Муовини директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ЉТ, муҳаққиқ Хуршеда Ҳошимова дар ин мавзўъ маърўзаи хешро пешниҳоди иштирокдорони чорабинӣ кард. Ў рољеъ ба ивазшавии номи жанрҳои адабӣ дар даврони Истиқлол ва дастовардҳои жанри қисса андешаҳояшро баён намуд (маърўза дар шумораҳои наздиктарини «АС» чоп мешавад). Нависандаи љавон, корманди моҳномаи «Садои Шарқ» Баҳманёр Муродӣ дар маърўзаи худ аз нашри қисса дар даҳ соли охир дар маљаллаи мазкур ибрози назар карда, ба хулоса омад, ки аксари қиссаҳои даҳ соли охир дар маљаллаи «Садои Шарқ» нашршуда аз љониби мунаққидони мо нақд нашудаанд ва баҳои сазовори худро нагирифтаанд.

Дар идомаи маҳфил  Қодири Рустам оид ба талаботи нашри қисса дар ҳафтанамои «Адабиёт ва санъат» ва моҳномаи «Садои Шарқ» ибрози андеша кард ва барои беҳтар кардани он маслиҳатҳои муфид дод. Ў гуфт, ки насри даврони шўравӣ реалистӣ буд, вале аз он замон адабиёт хеле таѓйир ёфтааст ва мактабҳои гуногун ба миён омадаанд. Махсусан дар адабиёти тољик асарҳои бисёр љиддиву тозае пайдо шудаанд. Мутаассифона, аз љониби мунаққидон аксарияти онҳо нақд нашудаанд.

Ба андешаи нависанда Шодӣ Раљабзод, дар адабиёти даврони Истиқлол ҳастанд нависандаҳое, ки повестҳои љолибу хонданӣ навиштаанд. Аз љумла, асарҳои Кароматуллоҳи Мирзо, Саттор Турсун, Сорбон, Юнус Юсуфӣ, Равшани Махсумзод ва як зумра адибони дигарро метавон мисол овард.

Профессор Мисбоҳиддин Нарзиқул  зимни суханронӣ истифодаи истилоҳи қиссаро ба љои повест ба риштаи баҳс кашид ва чунин андешаронӣ намуд: «Қисса дар адабиёти классикии мо љойгоҳи муайяни худро дошт ва то ҳол ҳудуди жанрии он таҳқиқ нашудааст. Повест бошад, истилоҳи нав пайдошуда аст. Навиштаҳое, ки баъдҳо ба унвони қисса ба табъ мерасанд, дар натиљаи таљрибаҳои навиштани повест ба амал омадаанд, беҳтар аст, ки ба унвони повест ном бурда шаванд».

Дар охир Нависандаи халқии Тољикистон Кароматуллоҳи Мирзо изҳор дошт, ки қисса аз давраҳои хеле қадим ба мо боқӣ мондааст. Ҳатто маърака ва маҳфилҳои гуногуни мардум бо қиссахонӣ мегузашт. Вале қиссаҳое, ки имрўз навишта мешаванд, повест буда наметавонанд. Талаботи повест хеле вазнин аст ва фарогири бисёр мавзўву паҳлуҳо мебошад.

Ҳозирин иброз доштанд, ки таҳлилу баррасии мавзўи мазкур бояд таври васеъ ва густарда идома дода шавад.

ШАҲЁД, «АС»

Дигар хабарҳо